Иртиботи Курдистони Ироқ аз замину ҳаво бо дунё комилан қатъ шуд

Эрон ва Туркия ба дархости давлати марказии Ироқ, Курдистони Ироқро таҳрими ҳавоӣ карданд.

Сухангӯи Шӯрои Олии Амнияти Миллии Эрон эълом кард: “Ба дархости давлати марказии Ироқ, куллияи парвозҳои Эрон ба мақсади фурудгоҳҳои Сулаймония ва Арбил ва ҳамчунин парвозҳои убурӣ аз фазои кишварамон аз мабдаи Иқлими Курдистон мутаваққиф шуд.

Ба гузориши расонаҳои эронӣ, Кайвон Хусравӣ бо ишора ба баргузории ҷаласаи фавқулъодаи Шӯроии Олии Амнияти Миллии кишвараш, ки субҳи рӯзи якшанбе ба манзур баррасии дархости давлати марказии Ироқ дар хусуси бастани марзҳои Эрон бо Иқлими Курдистон баргузор шуд изҳор дошт: “Бо таваҷҷӯҳ ба муассир воқеъ нашудани талошҳои сиёсии хайрхоҳонаи кишварамон ва исрори масъулони Иқлими Курдистон барои баргузории ҳамапурсӣ дар ин минтақа, бо дархости давлати марказии Ироқ марзҳои ҳавоии Эрон бар рӯи парвозҳое, ки мабдаи он Иқлими Курдистон аст масдуд шуд.”

Вай афзуд: “Бар асоси ин тасмим, куллияи парвозҳои Эрон ба мақсади фурудгоҳҳои Иқлими Курдистон низ мутаваққиф шудааст.”

Хусравӣ дар поён хотирнишон кард: “Тасмимҳои аҷулонаи бархе масъулони Иқлими Курдистон зимни маҳдуд кардани роҳҳои гуфтугӯи созанда, амнияти мардуми курд, кишвари Ироқ ва минтақаро бо чолишҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳад кард.”

Ва ин дар ҳоле аст, ки Шӯрои Амнияти Миллии Туркия низ эълом кард, ба дархости давлати Ироқ, марзҳои ҳавоиашро дар муқобили Курдистони Ироқ мебандад.

Шамхонӣ, дабири Шӯрои Олии Амнияти Миллии Эрон пеш аз ин эълом карда буд: “Тавофуқоти марзӣ сирфан бо меҳварияти давлати марказии Ироқ побарҷо буда ва ҷудоии Иқлими Курдистон аз давлати марказии Ироқ ба маънои масдуд шудани тамомии маъобир ва гузаргоҳҳои муштараки марзӣ хоҳад буд. Пас аз он, Эрон дар чорчӯби таъмини амнияти марзҳои муштарак дар рӯйкарди худ барои муқобила бо ҳузур ва фаъолияти зиддиинқилоби эронӣ, ки дар манотиқе аз Курдистони Ироқ тараддуд доранд, ба сурати ҷиддӣ таҷдиди назар карда ва бо шеваҳои комилан мутафовит нисбат ба гузашта рафтор хоҳад кард.”

Бо иқдоми Эрон, Туркия ва давлати марказии Ироқ дар бастани марзҳои ҳавоии худ дар баробари Курдистони Ироқ, ин минтақа дар муҳосираи комили ҳавоӣ қарор гирифт ва Курдистони Ироқ ҳеч роҳ ва масире барои рафту омади ҳавоӣ надорад.



Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки: , , ,

1 reply

  1. Фикр мекунам,ки барпо шудани Курдистон хамчун давлат зарба ба Туркия ва Эрон аст. Ин дасисаи навбатии Исроил ва Амрико барои заиф кардани Эрон ва Туркия ва тамоми давлатхои исломи!

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: