Номаи саргушоди як рӯзноманигори тоҷик ба нахуствазири Конодо

Амруллоҳи Низом, рӯзноманигори мустақилли тоҷик, дар номае саргушод ба нахствазири Конодо, нороҳатӣ ва ранҷиши худро аз дидор ва гуфтугӯ ва дастфишории ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон иброз доштааст.

Матни ин нома ба нақл аз сафҳаи Амруллоҳи Низом дар Фейсбук, ба шарҳи зерин аст:

* * *

Бо арзи салом ва адабу эҳтиром ҷаноби Ҷостин Трюдо,

Сарвазири мӯҳтарами Конодо

Умедворам Шумо ва милллати шарифу озодаи Конодо ҳамеша шоду хуррам ва саломатии бардавому зиндагии шарофатмандонае дошта бошед!

Ҷаноби Сарвазир

Дур аз адаб аст, ки мани хабарнигор, он ҳам на шаҳрванде аз Конодо, балки шаҳрванди Тоҷикистон аз Шумо эрод бигираму биранҷам. Аммо чун нагӯям, ором намегирам.

Аз замони сари қудрат омадани Шумо аксар маврид ахбори Конодоро пайгирӣ мекунам ва аз комёбӣ ва муваффақиятҳои Шумо хушҳол мешавам. Озодаву мардумдӯст будани Шуморо меписандам, аммо пас як мулоқоти ахиратон бо диктатор Эмомалӣ Раҳмон хотирам аз Шумо ранҷид.

Бале, ранҷидам вақте озодае чун Шумо дасти як диктаторро мефишорад! Он ҳам дар ҳошияи 72-умин Иҷлоси Созмони Миллали Муттаҳид дар Ню-Йорк, маҳди демокросӣ.

Ин диктаторе, ки Шумо дасташро фишурдед, он қадар золиму худхоҳ ва худкома аст, ки ба хотири бақои қудрат сари ҳазорон нафар аз ҳаммиллатонашро хӯрдаасту рақибонашро қатл, зиндон ва ё аз ватан фирорӣ додааст. Ҳазорҳо озодаву озодихоҳро зиндониую ҳазорҳо мағзи мутаффакири кишварашро аз ватани азизашон рондааст ва ё онҳоро маҷбур кардааст, ки мисли ман тарки ватан кунанд.

Кори асосии ин диктатор дар 25 соли ҳукмрониаш аксар айёшиву бадмаъошӣ, фасодкориву табоҳкорӣ аст. Ӯ дар ин муддат на ба наздикону ҳамкешонаш садоқат нишон дода, ба аҳдаш вафо кардаасту на ба рақибонаш.

Вақте Шумо дасти ӯро фишурдед, корномаи ӯ пеши назарам омаду хотирам ранҷид, ва ин ранҷиши хотири танҳо ман нест, фикр мекунам ин ранҷиши хотири як миллати озода, вале мазлуму ситамдида аз дасти режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмон аст.

Боқӣ бароятон муваффақият ва ба мардуми шарифи Конодо озодагиву сарбаландӣ мехоҳам!

Бо эҳтиром,

Амруллоҳи Низом, хабарнигори мустақили Тоҷики муқими Лаҳистон

 

* * *

 

Justin Pierre James Trudeau

Prime Minister of Canada

Dear Prime Minister,

I wish you and the noble nation of Canada all the best of luck and success and a lot of joy.
Dear Prime Minister, as a journalist who is not a citizen of Canada, it is not good for me to criticize youor complain about you, but I want to tell you what is going in my mind. Since your arrival to the post of Premiership, I follow the news about Canada and enjoy your success and achievements. I really appreciate your commitment to freedom and your love towards people of Canada and humanity.
But the meeting between you and the dictator Emomali Rahmon, president of Tajikistan, hurt me too much. Yes, it hurt me; when I saw you, a noble person, shake the hand of a dictator on the sideline of UNGA in New-York, the stronghold of freedom.

The dictator, whose hands you shake, is very cruel, selfish and brutal, that for the sake of power he has arrested thousands of activists and citizens, sent thousands of educated peoples to exile and forced others, as me, to leave the country. During 25 years he has ruled the country, his main task has mostly been to produce hatred, injustices and poverty. He was loyal neither towards his own relatives nor towards his opponents.

When you shake his hands, I remembered his brutality and cruelty and I felt sorry for that. I think, I am not the one who complain about your meeting with this dictator, but all my people who suffered too much from the cruel regime of Emomali Rahmon, have complaint about this.
I wish you and the noble nation of Canada the best of luck and success in future.

With regard,

Amrullah Nizom,

Tajik independent journalist living in Poland

Реклама


Рубрики:Пароканда, Сиёсат, Ҷомеа

Метки: , ,

12 replies

  1. Ин гуна ночавонмардонро, ки ношукри аз фазои ободи Точикистон мекунанд мо нафрат мехонем. Ин нома саропо дуругу фитна аст. чунин хоинон набояд худро точик гуянд

    Нравится

  2. Амрулохи Низом ту худ хоини миллати точик хасти хукуки маънави надори ки худро точик ном бари зеро хамагон медонанд,ки ту низ бо пайсаи ночиз ба хочагони хоричии худ фурухташудаи

    Саидчони Рашти

    Нравится

  3. Амруллохи Низом худ як хоини миллати точик, чи хакки номанависи ба сарвазири Канада дорад?? Фикр мекуни у номаи туро мехонад? Туи як лаъини бефаросоти беакл, ки миллати худо пеши як бегона паст мезаниву нисбати сарвари худ инкадар нохаккиву дуругро раво мебини!!! Шахсе ки сарвари худро инкадар паст зад, метавонад хамаи сарварони давлатхоро паст занад, барои хамин фикр дорам Чаноби Чостин Трюдо туро бо ин номаат лаънат мехонаду бас!!! Хоинони миллати точик шарм доред, дигар худро точик нагуедам мешавад!!!

    Нравится

  4. Бар падарт лаънат худозада. Харром хоин.. намаки миллат кур кна тра…ватан фуруш… т модарта мефуруши ба ивази 2 тангаи харром…

    Нравится

  5. Ба мисли ту чантахо харомира дидем ту хам ба мисли хамон харомихо хастенки аз берун ба овози баланд гап мезанен бе акл

    Нравится

  6. Амруллоҳи Низом ту аслан хабарнигор нести, ту як худобехабар ва оки падари, туро агар Худо намезад дар гариби умр ба сар намебурдию даст ба номанависи намезади. Шумо бехабарони лаъинро аслан нукс дар чашматон аст, ки аз пешрафт ва рушди хамарузаи кишвар дида наметавонед. ту хукуки аз номи миллати точик гап заданро надори, зеро таркшудаи ватани. Марг Ба ту

    Нравится

  7. Мо чавонони созандаи Ватан рафтори ночавонмардонаи ту хоини миллатро хамачониба махкум карда, гуфтанием ки шумо хоинони ноодамро коратон танхо фитнаву найранг ва худнамоиву пуштибонии хочагонатон аст. Ту киву худатро дар баробари Хукумати кишвар гузоштан ки. Аз навиштаат маълумки ту тамоман шири модар нахурдаи. Хамон саволе, ки Ба Кабири дода будам, Ба ту хам медихам, ки:

    Эй наҷас, оқи падар, эй аблаҳ,
    Ту магар дар дами ширхорагиву ҳам тифлӣ,
    Зи ба ҷои шири испеду малеҳи модар,
    Шири айрон ва ё хар хурдӣ?

    Эй ҳаромзодаи шармандаи бехонаву дар,
    Эй ту хоину ва ҳам ронда зи даргоҳи падар,
    Эй ту беақли касофат ва ҳам кони хатар,

    Мо туву тинати нопоки туро медонем!
    Мо ҳамеша зи касифию лаъинии ту ҳам медонем!
    Халқи тоҷик ҳамагӣ хурду бузург,
    Рӯи нопоку разилонаву манфури туро медонем!
    Мо турову ҳамагӣ он ҳама гумроҳонро
    Мисли сагбаччаву ҳам рондаи даргоҳи Худо
    Зи дару буми биҳиштиву маонии Ватан меронем…
    Мо туву тинати нопоки туро медонем!

    Нравится

  8. Амруллои Нозим ту як хоини миллатӣ, ту бешараф худатро чӣ фикр мекуникӣ, боз аз номи мардуми Тоҷикистон ҳарф мезанӣ, мо ту беномусро маҳкум мекунем. Ту аслан ҳуқуқи аз номи ҷавонони бонангу номус гап заданро надорӣ чунки ту беномусӣ.

    Нравится

  9. аслан шумо хоинон дар кишвар қарор надоред ва дар пеши ким кадом хоҷаҳаконатон қарор доред. Мо нисбати шумо хоинон, ки болои миллат худ санг мезанед нафрат дорем. Илоҳо шири сафеди модари тоҷик, ки ба ту додааст кӯрат кунад. Илоҳо садқаи обу хоки Ватан шавӣ. Шумо бешарафони беномус рондаи даргоҳи падару модар ҳастед. Мо бо чашми сар мебинем, ки чигуна дар фироқи шумо волидонатон зиндагӣ доранд ва аз шумо назди Аллоҳ шикоят мебаранд. Ҳатто буданд ҳолатҳое, ки волидонатон шуморо расман оқ карданд ва гуфтанд, ки аз чунин фарзандон безорем. Муред бешарафо

    Нравится

  10. Ин на рузноманигор аст, балки як хоин ва ифродгар аст, ки мехохад байни мардум шур андозад. Аммо имруза мардуми точик сиёхро аз сафед фарк мекунад ва харгуна суханхои ахмакона бовар намекунад. Хама шохиди хамаруза гулгулшукуфоии миллати азизамон хастанд. Мо шукрона мекунем, ки чунин Ватани обод дорем.

    Нравится

  11. Амруллохи Низом ту як зархариди хочагони хоричи хасти. Бовар кун аз суханхои ту оромии Точикистони азизи мо ягон зиён намебенад. Бекора худатро азоб нате.

    Нравится

  12. Рост гуфти бародар ин хоинон хамеша шармсору шарманда хоханд монд. Мо ба игво дигар бовар намекунем мо насли солимфикр хастем

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: