Таҳрими ҳукумати Курдистони Ироқ, меҳвари гуфтугӯи Ардуғон бо мақомоти эронӣ дар сафар ба ин кишвар

Ардуғон қарор аст рӯзи чаҳоршанбе ба Эрон биёяд. Ӯ дирӯз дар нишасте дар Ню-йорк гуфт, Эрон ва Туркия мумкин аст ҳукумати Иқлими Курдистони Ироқро ба таври муштарак таҳти таҳрим қарор диҳанд.

Ба гузориши хабаргузории Reuters, ҳамзамон бо эъломи сафари Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия ба Эрон, мақомоти Иқлими Курдистони Ироқ аз дирӯз ба таври расмӣ раъйгирии ҳамапурсӣ барои истиқлоли Курдистони Ироқро дар хориҷ аз Иқлими Курдистон оғоз карданд.

Ҳамзамон, Масъуди Боризонӣ, раиси Иқлими Курдистони Ироқ, дар суханони рӯзи ҷумъаи худ дар роҳпаймоии бузурги ҳомиёни истиқлол дар шаҳри Арбил, гуфт, курдҳо ҳозиранд барои озодии худ ҳар ҳазинаеро ба ҷон бихаранд.

Ӯ бори дигар бо таъкид бар баргузории ҳамапурсии истиқлоли Курдистони Ироқ, дархостҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои лағви ин ҳамапурсиро рад кард.

Интизор меравад, мавзӯи ҳамапурсии Иқлими Курдистони Ироқ ва натоиҷи он, дар садри ройзаниҳои раисиҷумҳури Туркия дар Теҳрон бошад. Эрон ва Туркия то кунун борҳо нисбат ба баргузории ин ҳамапурсӣ, ба ҳукумати Арбил ҳушдор дода ва хостори лағви он шудаанд.

Дар ҳафтаҳои гузашта матраҳ шудани мавзӯи ҳамапурсии Иқлими Курдистони Ироқ мавозеъи Эрон ва Туркияро беш аз пеш ба ҳам наздик кардааст.

Раъйгирии ҳамапурсии истиқлоли Курдистони Ироқ қарор аст рӯзи душанбе (25 сентябр) баргузор шавад.

Давлати Туркия ҳанӯз ҷузъиёти таҳримҳои эҳтимолии худ алайҳи Иқлими Курдистони Ироқро эълом накардааст. Туркия равобити иқтисодии густардае бо ҳукумати Иқлими Курдистони Ироқ дорад.

Раҷаб Тайиб Ардуғон дирӯз дар Ню-йорк дар нишасте бо асҳоби расонаҳои Туркия, бори дигар бо ҳушдор нисбат ба ҳамапурсӣ ба ҳукумати Иқлими Курдистони Ироқ, эълом кард, ки: “Эрон ва Туркия мумкин аст тасмим ба иҷрои таҳримҳои муштарак алайҳи Курдистони Ироқ бигиранд.

Ардуғон гуфт: “Минтақаи таҳти тасаллути ҳукумати Иқлими Курдистони Ироқ, минтақае нест, ки танҳо курдҳо дар он бошанд, балки минтақаест, ки дар он туркмонҳо ва арабҳо низ зиндагӣ мекунанд.”

Масъуд Боризонӣ, раиси Иқлими Курдистони Ироқ, ба давлати Ироқ фурсат додааст, ки ё дар се рӯзи оянда бар сари як “роҳи ҳалли ҷойгузин, ки дар ниҳоят ба истиқлоли Курдистони Ироқ мунҷар шавад” бо давлати ин иқлим тавофуқ кунад, ё Иқлими Курдистон ҳамапурсии истиқлоли ин минтақаро дар вақти муқаррар баргузор хоҳад кард.

Боризонӣ дар як таҷаммӯъ дар ҳимоят аз истиқлоли Курдистони Ироқ дар шаҳри Сурони Арбил гуфт, чунин тавофуқе бо тазмини иҷроии он аз сӯи Омрико ва Урупо, мавриди қабул аст.

Ин шароит дар ҳоле матраҳ мешавад, ки давлати марказии Ироқ мавозеъи тунде алайҳи иқлим иттихоз кардааст. Нурӣ Моликӣ, муовини аввали раисиҷумҳури Ироқ, дар гуфтугӯ бо сафири Омрико дар Бағдод, ташкили кишвари Курдистони мустақилро бо ташкили давлати Исроил муқоиса карда ва гуфтааст, ки иҷоза нахоҳем дод, ки Исроили дигаре дар минтақа шакл бигирад.

Бархе нозирон мӯътақиданд, пешниҳоди Боризонӣ 5 рӯз монда ба ҳамапурсӣ, барои амалӣ нашудан матраҳ шудааст.

Ҳамапурсӣ дар се устони ташкилдиҳандаи минтақаи худмухтори Курдистон ва ҳамчунин манотиқе баргузор хоҳад шуд, ки таҳти контроли нерӯҳои курд ҳастанд, аммо Ироқ бар таъаллуқи онҳо ба ҳукумати марказӣ таъкид дорад.

Яке аз ин манотиқ Каркук аст. Устони нафтхез, ки сокинони онро курдҳо, арабҳо ва туркмонҳо ташкил медиҳанд. Ин устон наздик ба чиҳил дарсади нафти Ироқро тавлид мекунад.

Дар рӯзҳои гузашта Каркук шоҳиди даргириҳои қавмиятӣ будааст. Туркмонҳо ва арабҳо мухолифи баргузории ҳамапурсӣ дар ин минтақа ҳастанд.

Бино бар гузоришҳо, ин даргирӣ замоне рӯй дод, ки корвони худравҳои курдҳое, ки эъломи ҳамапурсии истиқлоли Курдистонро ҷашн гирифта буданд, аз муқобили дафтари як гурӯҳи сиёсӣ, ки туркмонҳо аз он ҳимоят мекунанд убур мекарданд.

Гуфта мешавад, дар ин даргириҳо як шаҳрванди курд кушта шудааст. Бар асоси гузориши расонаҳо, пас аз ин даргирӣ, нерӯҳои амниятӣ ва пулис дар Каркук мустақар шудаанд.

Ҳайдар ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ эълом кард, ки агар ҳамапурсии Курдистон ба хушунат мунҷар шавад, Бағдод омодаи дахолати низомӣ дар ин минтақа хоҳад буд.

Ал-Ибодӣ дар мусоҳибаи худ, хитоб ба масъулони Курдистони Ироқ гуфт: “Агар шумо қонуни асосӣ ва марзҳои Ироқ ва минтақаро ба чолиш бикашед, ба маънии даъвати умумӣ ба соири кишварҳои минтақа барои таҷовуз ба қаламрави Ироқ аст, ки абъоди он ба тарзи хатарноке афзоиш хоҳад ёфт.”

Ал-Ибодӣ эълом кардааст, ки омодаи гуфтугӯ бо мақомоти иқлим аст.

Давлати Ироқ ҳамапурсии Курдистонро мухолифи қонуни асосӣ медонад ва додгоҳи олии Ироқ низ раъй ба лағви он додааст.

Ғайр аз давлати марказии Ироқ, гурӯҳи низомии Ҳашдуш-шаъбӣ низ эҳтимоли тақобули низомиро матраҳ кардааст.

Дар ин бора ду рӯз пеш сойти Al-monitor дар гузорише ба нақл аз як манбаъи наздик ба Иттиҳодияи Миҳании Курдистон навиштааст, ки женерол Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Сипоҳи Қудси Эрон, ки дар ҷараёни мубориза бо ДОЪИШ дар бисёре аз мавоқеъ дар Ироқ ҳузур дорад, ба мақомот Иттиҳодияи Миҳании Курдистон ҳушдор додааст: “То кунун монеъи ҳамлаи Ҳашдуш-шаъбӣ ба шумо будем, аммо ман дигар ин корро анҷом нахоҳам дод.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: