Фалсафа ва равиши реализм (120)

Иллат ва маълул (2)

Матни мақола:

Роҳи дигар

Роҳе, ки гуфта шуд, роҳе буд, ки инсон ба назари содда мепаймояд. Назари фалсафии дақиқ низ ҳамин натиҷаро таъйид мекунад. (1)

* * *

Таълиқот:

(1)

Оё қонуни иллият қонунест ҳақиқӣ? (1)

Дар поварақии пеш гуфтем, ки тасаввуре, ки ҳар кас аз “иллият ва маълулият” дорад ин аст, ки аз ду амр якеро ба унвони “вуҷуддиҳанда” ва “воқеиятдиҳанда” ва дигареро ба унвони “вуҷудёфта” ва “воқеиятёфта” мешиносад. Ҳар ду чизе, ки нисбати болоро бо якдигар дошта бошанд, мегӯем, ки байни онҳо робитаи иллӣ ва маълулӣ барқарор аст. Дар мақолаи 8 гуфтем, ки гоҳе дар истилоҳи фалосифа, иллият ва маълулият мафҳуми васеътаре аз он чӣ дар боло гузашт пайдо мекунад ва ба мутлақи ашёе, ки дар вуҷуди чизе дахолат доранд ва вуҷуди он чиз вобаста ба вуҷуди онҳост “иллат” гуфта мешавад, ҳарчанд он ашё вуҷуддиҳанда набошанд, ва аз ин рӯ, ба аҷзои ташкилдиҳандаи вуҷуди як шайъ ё шароит ва муқаддимоти махсуси вуҷуди шайъ низ аҳёнан унвони “илал” дода мешавад, ва ҳол он ки дар мавриди ин умур мафҳуми “эҷод” ва “вуҷуддиҳандагӣ” содиқ нест.

Агар мафҳуми иллият ва маълулиятро ба маънои аъамм дар назар бигирем, робитаи иллият ва маълулият иборат аст аз: “истиноди воқеияте ба воқеияти дигар” ва албатта баъдан бояд таҳлил ба амал оварем ва бибинем, ин истинодро ба чӣ наҳв бояд дар назар бигирем, то бо воқеъ мутобиқат кунад.

Ҳоло мехоҳем ба суоле, ки дар поварақии пеш тарҳ кардем — мабнӣ бар ин ки: “оё қонуни иллату маълул қонунест ҳақиқӣ ва воқеӣ ё илқои мавҳум ва козибист, ки азҳонро ориз шуда?” — посух бидиҳем.

Муқаддиматан лозим аст тазаккур диҳем, ки агар бино бишавад робитаи иллату маълулро напазирем, бояд иртибот ва вобастагии воқеиятҳоро бо якдигар якбора мункир шавем. Зеро агар байни ашё робитаи иллӣ ва маълулӣ барқарор набошад, ё аз он ҷиҳат аст, ки ҷамиъи мавҷудот дорои вуҷуби зотӣ ҳастанд ва “имкон” — ки лозимаи маълулият аст — мавҳум ва ботил аст ва дар натиҷа ҳар чӣ мавҷуд аст, азалан ва абадан мавҷуд аст, ва ҳар чӣ маъдум аст, азалан ва абадан маъдум аст ва ҳудусу заволу тағйиру такомул мафоҳими бемисдоқ ҳастанд, ва ё аз он ҷиҳат аст, ки вуҷуд ва адами ашё рӯи судфа ва иттифоқ сурат мегирад; шиққи солисе надорад.

Ҳар як аз ин ду шиққро, ки бигирем, лозимааш адами иртибот ва вобастагии воқеиятҳо бо якдигар аст ва дар ин сурат инъикоси ҷаҳони айнӣ дар зеҳни мо ба сурати воқеиятҳои мунфарид ва нопайваста хоҳад буд ва мо нахоҳем тавонист маҷмӯи ҷаҳонро ба сурати як дастгоҳи воҳид тасаввур кунем, балки ҳеч маҷмӯаи кучаке аз мавҷудоти ин ҷаҳонро нахоҳем тавонист ба сурати як дастгоҳи муртабитулаҷзоъ дар зеҳни худ муҷассам созем.

Мумкин аст ибтидо чунин бипиндорем, ки фаразан робитаи иллӣ ва маълулӣ байни мавҷудот набошад, мумкин аст як робитаи дигар байни мавҷудот дар кор бошад, ки онҳоро ба якдигар бипайвандад. Масалан, агар назарияи маъруфи мансуб ба Димукротис (Демокрит)-ро, ки дар қарни 19-ум мақбулияти томм ёфт бипазирем ва аҷсомро мураккаб аз зарроти кучаки таҷзиянопазир бидонем ва ба қавли Моксвел (Maxwell), донишманди шаҳири қарни 19-ум, онҳоро “сангҳои фанонопазири пойи кохи ҷаҳон” бидонем ва мӯътақид бошем, ки худи ин заррот азалӣ ва абадӣ ва қоим ба зот мебошанд ва ба онҳо “ҳодиса” (чизе, ки набуд ва буд шуд) наметавон гуфт ва аз ин рӯ вуҷудашон ношӣ аз иллате нест, дар ин сурат, ҳеч гуна робитаи иллӣ ва маълулӣ байни аҷзоъи ҷаҳон қоил нашудаем ва дар айни ҳол аҷзоъи ин дастгоҳ бо якдигар муртабит аст ва ҳамин иртибототи аҷзоъи ҷаҳон аст, ки анвоъи мураккаботро аз ҷамодот ва наботот ва ҳайвонот ба вуҷуд овардааст.

Вале возеҳ аст, ки назарияи фалсафии мансуб ба Демукротис мубтанӣ бар нафйи қонуни иллият нест, зеро ҳарчанд тибқи ин назария байни худи заррот робитаи иллӣ ва маълулӣ нест — яъне на баъзе аз заррот иллати вуҷуди баъзе дигар ҳастанд ва на дар як иллати аввалӣ ширкат доранд — вале тибқи ин назария низ ҳар як аз заррот дорои хоссият ё хоссиятҳои муайян аст ва ба воситаи ҳамон хоссиятҳост, ки қобили таркиб бо якдигар ҳастанд ва мураккаботи мухталиф бо осори мухталиф ба вуҷуд меоваранд, ва албатта робитаи ҳар зарра бо хоссият ё хоссиятҳои худ ва ҳамчунин робитаи (ҳар) зарра бо мураккаби сохташудаи худ, робитаи иллият ва маълулият аст. Пас, назарияи атомизм низ мубтанӣ бар нафйи иллият нест ва ҳамон тавре, ки гуфтем, нафйи куллии қонуни иллият мусталзими нафйи ҳар гуна пайвастагӣ ва иртиботи воқеии мавҷудот аст ва тамоми иртибототи воқеӣ аз робитаи иллӣ ва маълулӣ сарчашма мегирад ва бо адами робитаи иллӣ ва маълулӣ ҳеч гуна иртиботи воқеӣ суратпазир нест. Оре, инсон аҳёнан равобити дигаре миёни ашё эътибор мекунад, мисли робитаи моликият, завҷият, риёсат ва ғайра, вале ин гуна равобит аз марҳилаи зеҳн таҷовуз намекунад ва ҷанбаи айнӣ надорад.

Ва аммо агар қоил ба иллият бошем ва ҷаҳонро бо либоси иллият ва маълулият бибинем, ночор вобастагӣ ва иртиботи воқеиятҳоро бо якдигар пазируфтаем ва ҷаҳони айнӣ дар назари мо дастгоҳи пайваста ва муртабитулаҷзоъ ҷилвагар хоҳад шуд.

Бинобар ин, гуфтугӯ дар қонуни иллият айнан гуфтугӯ дар иртибот ва пайвастагии мавҷудоти ҷаҳон аст.

Аз қонуни асли иллият, қонунҳои фаръии зиёде муншаъиб мешавад ва ду тои аз он қонунҳост, ки агар ба субут напайвандад, танҳо қонуни куллии иллият кофӣ нест, ки низоми ҷаҳони ҳастиро тавҷеҳ кунад. Яке аз он ду қонун ин аст, ки: “иллатҳои муайян ҳамвора маълулҳои муайян ба дунболи худ меоваранд”. Маънои ин қонун ин аст, ки дар қонуни куллии иллият синхият мӯътабар аст (яъне чунин нест, ки) аз ҳар иллате ҳар маълуле сиҳҳат дошта бошад ва ҳар маълуле ба ҳар иллате қобили истинод бошад, балки иллатҳои хосс ҳамвора маълулҳои хоссе ба дунболи худ меоваранд. Ҳукамо ин қонуниро “қонуни синхияти иллату маълул” мехонанд. Агар мо қонуни куллии иллиятро бипазирем ва қонуни синхиятро напазирем, бояд бипазирем, ки ҳарчанд ҳеч ҳодисае худ ба худ ва билосабаб пайдо намешавад, вале судури ҳар чизе аз ҳар чизе ҷоиз аст, ва дар ин сурат, ҳарчанд ҷаҳон дар назари мо ба сурати мавҷудоти мунфарид ва нопайваста нест, вале муҳаққақан ба сурати як низоми муайян низ таҷассум пайдо нахоҳад кард.

Қонуни дигаре, ки аз асли куллии иллият муншаъиб мешавад, қонуни “адами имкони инфикоки маълул аз иллати томма” аст, ки аз он ба “қонуни вуҷуби тараттуби маълул бар иллати томма” ё “қонуни зарурати иллӣ ва маълулӣ” ё “ҷабри иллӣ ва маълулӣ” таъбир мекунем ва ин қонун ҳамон аст, ки дар мақолаи 8 машрӯҳан дар атрофи он баҳс кардем.

Аз қонуни иллият ва қонуни синхият ва қонуни ҷабри иллӣ ва маълулӣ, ба тартиб, се матлаб натиҷа мешавад:

1) Иртибот ва пайвастагии мавҷудот;

2) Низоми муайяни мавҷудот;

3) Вуҷуб ва зарурати низоми муайяни мавҷудот.

Бо дар назар гирифтани се матлаби мо ва дар назар гирифтани “имтиноъи тасалсули иллатҳо ва интиҳои силсилаи иллатҳо ба иллати биззот” (дар мақолаи 8 гузашт) ва дар назар гирифтани ваҳдати иллати биззот (дар мақолаи 14 хоҳад омад), маҷмӯи ҷаҳон ҳарчанд дорои абъоди ғайримутаноҳии замонӣ ва маконӣ бошад, як дастгоҳи воҳиди комилулаёр хоҳад буд, ки байни тамоми аҷзоъ ва абъози ғайримутаноҳии ин дастгоҳ иртибот ва пайвастагӣ барқарор аст.

Фалосифаи Урупо мактаби иллиятро “меконизм” истилоҳ кардаанд аз он рӯ, ки ин мактаб ҷаҳонро ба сурати як дастгоҳи меконикӣ, ки олот ва аҷзоъи мухталифи вай ба якдигар пайвастааст ва ба таври муназзам ҳаракоти меконикӣ анҷом медиҳанд муҷассам месозад, вале мо баъдан хоҳем гуфт, ки тарзи тасаввури мо аз иллият бо тасаввури мактаби меконизм, ки равобитро мунҳасир ба равобити моддӣ медонад мутафовит аст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: