Шарҳи Маснавӣ (215)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (41)

* * *

Тафсири “Мошоаллоҳу кона” (2)

* * *

Садҳазорон зидд зидро мекушад,

Бозашон ҳукми ту берун мекашад.

Садҳо ҳазор падидаи зидд падидаҳои зидди худро мекушад, яъне зиддҳо якдигарро нобуд мекунанд, вале боз машиат ва ҳукми нофизи ту дубора он маҳвшудаҳоро ба арсаи вуҷуд меоварад.

Аз адамҳо сӯйи ҳастӣ ҳар замон,

Ҳаст, ё Раб, корвон дар корвон.

Эй Парвардигор! Ҳар лаҳза корвони мавҷудот аз ниҳонгоҳи нестӣ даста-даста ба арсаи ҳастӣ роҳ месупоранд.

Хоса ҳар шаб ҷумла афкору уқул

Нест гардад, ғарқ дар баҳри нуғул.

Ба вежа ки ҳар шаб ҳамаи афкору уқул дар дарёи жарфу бепоёни қудрату ҷалоли Ҳақ гӯӣ ки ба нестӣ мераванд. Яъне аксари ҳавосс ба гоҳи хоб аз кор меафтад.

Нуғул: жарфу амиқ.

Боз вақти субҳ он аллоҳиён

Барзананд аз баҳр сар чун моҳиён.

Дубора ба гоҳи бомдод, он уқул ва афкори мансуб ба Худо монанди моҳиён аз дарёи қудрату асрори илоҳӣ сар берун мекунанд ва зоҳир мешаванд.

Дар хазон он садҳазорон шоху барг

Аз ҳазимат рафта дар дарёи марг.

Он гоҳ, ки хазон дармерасад, ҳазорон шохаву барг рӯ ба нестӣ мераванд ва ба дарёи марг гом мениҳанд.

Ҳазимат: шикаст.

Зоғ пӯшида сияҳ чун навҳагар,

Дар гулистон навҳа карда бар хузар.

Зоғ монанди мотамзадагони навҳагар сиёҳ пӯшида ва дар гулистон барои нобудии сабзазорон шуюну навҳа сар медиҳад.

Хузар: ҷамъи хузра ба маънии сабза ва сабзӣ.

Боз фармон ояд аз солори деҳ,

Мар адамро, к-он чӣ хӯрдӣ боздеҳ.

Дубора фармони Худои Таъоло бо фасли баҳор дармерасад, аз кадхудо ва ҳокими русто яъне машиати қоҳири илоҳӣ фармоне ба нестӣ ва адам мерасад ва мегӯяд: ҳар чиро нест кардаӣ пасбидеҳ ва сари ҷояш бигузор.

Солори деҳ: ба киноя баҳор ё Худои Таъоло.

Он чӣ хӯрдӣ, водеҳ, эй марги сиёҳ!

Аз наботу доруву баргу гиёҳ.

Эй марги сиёҳ! Он чи ки хӯрдӣ, аз наботу барги гиёҳони тиббӣ пасбидеҳ!

Марги сиёҳ: марги сахт ва ҳавлангез.

Нукта: Тамсилест бисёр латиф ва шоирона аз манзари хазону зимистону бозомадани баҳор. Ва муроди Мавлоно исботи қудрати Худост бар мирондан ва зинда карда ва рафтаро бозовардан. Ин гуна истидлол, мутобиқи услуби Қуръони Карим аст, ки ҳашру нашрро ба қиёси хазону баҳор дар чанд маврид исбот мекунад, монанди ояти 57 аз сураи Аъроф:

وَهُوَ الَّذِي يُرْسِلُ الرِّيَاحَ بُشْرًا بَيْنَ يَدَيْ رَحْمَتِهِ حَتَّى إِذَا أَقَلَّتْ سَحَابًا ثِقَالًا سُقْنَاهُ لِبَلَدٍ مَّيِّتٍ فَأَنزَلْنَا بِهِ الْمَاء فَأَخْرَجْنَا بِهِ مِن كُلِّ الثَّمَرَاتِ كَذَلِكَ نُخْرِجُ الْموْتَى لَعَلَّكُمْ تَذَكَّرُونَ

Ва ӯст (Худо), ки бодҳоро пешопеш (-и борони раҳматаш) муждарасон мефиристад, то он гоҳ ки абрҳои гаронборро бардоранд, онро ба сӯи сарзамине мурда биронем ва аз он борон фурӯ оварем ва аз ҳар гуна мевае (аз хок) бароварем. Бад-ин сон мурдагонро (низ аз қабрҳо) хориҷ месозем, бошад, ки шумо панд гиред.” (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.586)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: