Ҳама чиз дар бораи додгоҳи Бузургмеҳр Ёров аз забони хоҳараш (1)

Ёддоштҳои Хоссият Ёрова (Бахши аввал)

Ҳафтаи оянда расо 2 сол мешавад аз рӯзи дастгиркунии бародарам Бузургмеҳр Ёров. Тӯли ин ду сол, сар карда аз рӯзи аввалин, аз дақиқаҳои аввалини дастгиршавӣ, ман пайваста ҷомеаро аз аҳволи бародарам, аз гуфтаҳояш хабар медодам. Ман 2 моҳ хомӯш будам, чун бархе “доно”-ҳо ба аҳли оилаи мо, махсусан ба ҳамсари Ёров, ваъдаҳои пучу дурӯғ доданд, ки аз хомӯшии мо гӯё чизе иваз мешуда бошад. Вале мо аз дақиқаи аввалин медонистем, ки ин ҳама дурӯғ асту ҳеч! Вале барои хотири хешовандонро наранҷондан хомӯширо пеша кардам.

Акнун, ки ҳама мурофиаҳо паси сар шуду ҳама молу амвол мусодира, ба фикрам боз вақти сухан гуфтану пахш кардани сабти мурофиаҳои Ёров расид.

Ин аксе, ки мебинед, ман шахсан худам дар таҳхонаи бинои суди Шоҳмансур гирифтаам. Ва шахсан худам бо автомобилам Бузургмеҳрро то онҷо мебурдам. Дар вақти баррасии парвандаи муфаттиш Ҳакимов Музаффар, ки ӯ суистифода аз вазифа намуда буд, ман таъкид карда будам, ки тариқи камераҳои назди бинои Упоб, гардиши бонки миллӣ, мағозаи Пайкар ва назди бинои суди Шоҳмансур, ҳама далелҳо мавҷуданд. Маҳз ҳамон камераҳо нишон медоданд, ки чӣ тавр ман бародарамро бурда меовардам. Ва ин бо розигии муфаттиш буд, аммо ин ҳамаро муфаттиши прократура мадди назар кард. Оиди ин воқеа баъдтар муфассал найл мекунам.

Ин акс дар рӯзи зодрӯзи худам, 11 феврали соли 2016 гирифта шудааст. Ман ба ӯ гуфтам, як акс гирем, то дӯстон ва хешу ақрабо бубинанд, ки аҳволат хуб аст. Ӯ аз ҷой бархоста, бо ҳамон ғурури ба худ хосс, ба ман нигарист.

* * *

Дар рӯзи якуми мурофиа, Ёров Бузургмеҳр, аз ҳайати суд ва айбдоркунандаи давлатӣ талаб карда буд, ки шаҳодатномаҳои хидматии худро ба ӯ ва ба толор пешниҳод кунанд. Чунки мурофиаи судӣ, дар бинои суди дигар ноҳия мегузашт ва дар асл кӣ будани кӣ маьлум набуд. Ин дархости Бузургмеҳрро судя рад карда, санад нисбаташ тартиб доданд. Ҳол он ки ду шахсе, ки судяро ҳамроҳӣ мекарданд ва дар суд чун машваратчиёни халқӣ ширкат меварзиданд, ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда, ки онҳо чунин ваколатро доранд, пешниҳод карда натавонистанд. (То охири мурофиаи судӣ на судя, на машваратчии халқӣ ва на айбдоркунандаи давлатӣ ягон шаҳодатномаи хидматӣ пешниҳод карда натавонистанд, ки салоҳияти онҳоро тасдиқ кунад.)

Дар поён рафти суханронии Бузургмеҳр Ёров дар мурофиаи дуюмаш пешниҳоди шумо мегардад.

* * *

Мӯҳтарам суд!

Хоҳиш менамоям, ки бо санади ғайриқонунӣ ва беасоси Шумо – ки имрӯз 24.05.2016 дар асоси моддаи 292 КМҶ ҶТ оиди огоҳӣ додан ба ман, ки ҳангоми қироати раддия нисбати суд тартиб додед — шинос шавам. Суд ҳуқуқи шинос накардани маро ба ин санад надорад. Зеро ман ба он бояд шинос шуда, норозигии худро изҳор намоям. Дида мешавад, ки суд ғаразнок кор карда истодааст, вагарна чӣ тарс аз шинос кардани санад ва навиштани норозигии ман дорад?! Пас суд – норозигии маро дар протоколи маҷлиси судӣ нависад.

Модоме, ки суд ин санадро намедиҳад, норозигии маро навиштан намехоҳад, пас бори дигар боздоштшудаи сиёсӣ будани моро тасдиқ менамояд.

Суд якуним саҳифаи норозигии навиштаи моро гӯш намуда, ба мо фишор доданӣ мебошад, ки мо Президент Эмомалӣ Раҳмонро таҳқир кардаем. Суд танқидро аз таҳқир фарқ карда наметавонад. Ё суд хуб медонад, ки нисбати мо таъқиби сиёсию адвокатӣ рафта истодааст. Дар даст мо садҳо далел дар ин хусус дорем.

Имрӯзҳо рӯзноманигорон, хешони мо ва шаҳрвандон ҷамъ омадаанд, ки мурофиаи судиро бинанд. Аммо суд аз тарси миллати тоҷик дар зери фишори Ҳукумат қарор дошта, ба Конститутсия ва Қонун итоат накарда, мардумро ба толори судӣ роҳ намедиҳад.

Суд аниқ медонад, ки дар ин ҳолат мардуми шарифи Тоҷикистон бори дигар таъқибҳои онҳоро дарк менамоянд. Суд ҳуқуқи огоҳӣ доданро ба мо надорад. Мо ягон тартиботи судиро халадор ва ё ин ки вайрон накардаем. Суд мехоҳад, ки дар ин мурофиа мо сухан нагӯем, хомӯш бошем, озодии сухан вуҷуд надошта бошад.

Пас ин суд чӣ лозим аст?! Суде, ки овози миллатро шуниданӣ набошад ва нахоҳад!

Мутобиқи талаботи моддаи 291 КМҶ ҶТ агар мо аз ҷой нахезем, вақте, ки суд ба мо муроҷиат менамояд, бо ибораи “мӯҳтарам суд” нисбаташ муроҷиат нанамоем, ба иштирокчиёни мурофиаи судӣ таҳдид намоем, кори мӯътадили судиро вайрон намоем – ин вайрон кардани тартиботи судӣ мебошад.

Дар ҳоле, ки мо паси панҷараем, аз ду тараф кормандони милиса моро посбонӣ менамоянд, пас чӣ тавр мо касеро таҳдид менамоем? Чӣ тавр тартиботи мӯътадили судиро мо вайрон менамоем?! Ин худ фишори суд ба мо мебошад.

Мо нисбати ин суд эътироз дорем. Бигзор раддия навиштаи мо барои ташхис ба дилхоҳ институтҳои демократии байналхалқӣ бо иштироки мо барои ташхис равона карда шавад. Боварии комил дорем, ки дар он ягон сухане дар хусуси тӯҳмати Президенту Прокурори генералӣ нест. Сухан оиди таъқиби сиёсии мо ва фишоре, ки ба суд рафта истодааст, на таҳқири онҳо ва на вайрон намудани тартиботи судӣ мебошад.

Суд нав аз мо – боздоштшудагони сиёсӣ узр пурсид. Узри судро қабул менамоем. Зеро ба ҷуз аз Худо ҳама хато мекунанд. Дар натиҷаи қонунро аз тарафи мо нишон додан, суд хатогиашро дарк кард, ки бе пурсидани ақидаи мову прокурор ҳуқуқи баровардани таъиноти судиро дар асоси моддаи 308 КМҶ ҶТ оиди муқаррар кардани далелҳоро надорад, бояд ақидаи моро пурсад!
Ёров Б.Р. ва Махкамов Н.П. ва адвокат:

— Пурсиш аз боздоштшудаҳои сиёсӣ, баъдан ҷабрдидаҳо, шоҳидон, мутахассисон, ташхисгарон, шоҳидони иловагӣ ва таҳқиқи далелҳои дар парванда буда, сар карда шавад.

Прокурор:

— Ҷабрдидагон беморанд, касаланд, аз пурсиши ҷабрдидагон тафтишоти суд оғоз карда шавад.

Таъиноти суд:

— Пурсиш аз судшавандагон баъдан ҷабрдидахо, шоҳидон, мутахассисон, ташхисгарон, шоҳидони иловагӣ ва таҳқиқи далелҳои дар парванда буда, оғоз карда шавад.

Ёров Бузургмеҳр Равшанович:

— Хуб аст, ки суд таҳқиқи далелҳоро аз рӯи нақшаи пешниҳоднамудаи мо мегузаронад. Ин барои дарк кардани далелҳо, баҳодиҳии он аҳамияти калон дорад. Ман аз тарҷумаи ҳоли худ аз 09.07.1971 сол нишондод медҳам, зеро моҳҳои сентябр-октябри соли 2015 бо супориш барои фитнаву иғво андохтан дар байни ҷомеъа манро зодаи Ӯзбекистон, вилояти Сурхондарё ва ӯзбек нишон доданӣ мешаванд. Ҳол он, ки қисми маводҳо аз соли 2007 буданд, паспорти ман дар дасти кормандони ВКД буд. Соли 2010 ман дар минтақае, ки Президент истиқомат менамояд, номзадиамро ба Маҷлиси вакилони халқӣ н. Исмоили Сомонӣ ва шаҳри Душанбе монда будам, ки дар тамоми плакатҳо ва варақаҳои тарғиботӣ дар зери расми ман, тарҷумаи ҳолам, бо нишон додани макони зистам – ш. Душанбе нишон дода шуда буд.

Суду прокурор:

— Тарқумаи ҳоли Шумо лозим нест, шахсияти Шуморо мо медонем, лаҳза ба лаҳза гузаред.

Ёров Б.Р.:

— Чӣ тавр!? Суд бояд шахсияти манро дар асоси нишондоди мо оиди тарҷумаи ҳоламон омӯзад! Ба мо бо моддаи 189, 307, 307 (1) айб дар асоси тӯҳмат эълон намудаанд. Суд бояд донад, ки барои барқарор намудани ин Ҳукумат мо чӣ корҳо кардаем!

Суду прокурор:

— Ҷабрдидагон беморанд, Шумо инро фаҳмед. (Ба маьнои он ки беморанду вақти гӯш кардани Ёровро надоранд)

Ёров Б.Р.:

— Илоҳо ин “ҷабрдидагон” ҳеч гоҳ бемор нашаванд, 100 сола шаванду баъд аз ин пир шаванд. Суд, агар қонунро донад, метавонад, ки баррасии парвандаро то табобат ёфтани “ҷабрдида” мавқуф ё ин ки боздорад. Ҳар гоҳе, ки “ҷабрдидагон” сиҳҳат шуданд, корро давом медиҳем. Мо шитоб надорем!

Ман боздоштшудаи сиёсӣ Ёров Бузургмеҳр Равшанович 09.07.1971 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудам. Падарам Равшан Ёров журналист, шарқшинос, нависанда буда, солиёни дароз аз 1974 то 1986 бо фосилаҳо дар Афғонистон кор намуда буд, аз ин рӯ маоши хеле баланд мегирифт ва сатҳи зисти оилаи мо хеле баланд буд. Модарам Исҳоқова Ҳуриниссо дар комбинати бофандагӣ, заводи хишти ш. Душанбе, китобхонаи ба номи А. Фирдавсӣ кор менамуд. Ӯ низ маоши хуб мегирифт. Дар оила мо 3 писар ва 4 духтар будем, ки 5 нафарамон маълумоти олии педагогӣ, таърих, шарқшиносӣ, биологӣ ва ҳуқуқшиносиро доро мебошем. То соли 1974 боғчаи кӯдаконаи заводи хишт мерафтам. Сатҳи зиндагии мо нисбати дигар шаҳрвандони Шӯравӣ садҳо маротиба баланд буд.

Мо дар кӯчаи Парвина, ҳоло Мирсаид Миршакар, хонаи № 66 истиқомат менамудем. 4 метр дуртар аз хонаи мо хонаи духтари Раиси ҷумҳур — Озода Раҳмон ва дар хамин кқча дар масофаи 130 метр — дар кӯчаи Парвина 6 – Раиси ҷумҳур истиқомат менамояд, фақат фарқ ҳамин аст, ки ман дар ин кӯча аз соли 1971 истиқомат дорам, онҳо бошанд аз соли 1992. Байни мо ва ин “тоҷикҳои нав” ягон хел рафту омад дар маҳалла нест.

Солҳои 1974-1976 ман бо ҳамроҳии падару модарам, вақти сафари хидматии онҳо дар шаҳри Кобули Афғонистон истиқомат намуда будам ва ҳаёти мардуми афғон, сатҳи зиндагии онҳоро медидам. Яъне ман тасаввуроти амиқ аллакай оиди сатҳи зандагии мардум, вобаста ба давлатдориҳои онҳо доштам.

Соли 1978 ба синфи 1-уми мактаби миёнаи №78 ш. Душанбе рафтам. Соли 1980-ум сохтмончиён мактаби миёнаи №88 сохтмонашро ба итмом расониданд ва моро барои идомаи таҳсил ба онҷо гузарониданд. Солҳои 1981-1988 ман дар мактаби миёнаи № 11 ш. Душанбе таҳсил кардам ва маълумоти миёнаи пурраро гирифтам. Дар ин мактаб дар чунин ташкилотҳои сиёсӣ – мисли Октябрёнок, пионер ва аъзои Комсомол шомил шуда будам. Котиби комитети комсомолии мактаб будам. Дар мактаб иловаги ихтисоси суратгирӣ ва дуредгариро доро шудам. Чандин раҳматномаҳо барои хониш ва ихтисосҳои доштаам, аз роҳбарияти мактабу дигар ташкилотҳо гирифтам.

Соли 1988 ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи “иқтисодиёти сиёсӣ”-и Донишгоҳи Давлатии Ленинград супурдам. Баъди дохил нашудан, муддати 1 сол дар мактаби миёнаи № 10-и ш. Душанбе сифати Сарпионервожатый кор намудам. Моҳи сентябри соли 1989 ба бахши якуми факультети ҳуқуқшиносии ДДТ ба номи В.И. Ленин дохил шудам. Соли 1990 моҳи феврал, ҳангоме, ки аз дарс ба хона бармегаштем, шоҳиди ҳодисаҳои февралӣ шудем. Зеро самти роҳи мо аз болои кӯпруки Путовский ва бинои КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон мегузашт. Дар майдон он рӯзҳо мо дигар чизҳоро медидем, аз телевизиони марказии СССР бошад, мафҳумҳои “экстремизм”, “ифротгароӣ”-ро бори аввал мешунидем.

Соли 1991 – 9 сентябр ҳангоме, ки ба китобхонаи ба номи Фирдавсӣ мерафтем, дар майдони Ленин бо талаби мо ва дигарон Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қабул ва эълон шуд. Дар он рӯзҳо таҷовузу куштору ғорату роҳзанӣ ҳар рӯз ва ҳар лаҳза содир мешуд. Пештар, бештари кормандони милиса зодагони Бадахшон ва дигарон буданд, ки бархе гуреза, дигаре кушта, сеюме ба ватанҳои аслии худ рафта буданд. Дар ин маврид Ҳукумати навро дастгирӣ намудан лозим буд ва аз ВКД ҶТ мутасаддиён ба факултаи мо омада хоҳиш намуданд, ки барои то мӯътадил намудани вазъ, нигоҳ доштани тартиботи ҷаъмиятӣ, дастгирии Ҳукумат тахсилро дар бахши ғоибона давом диҳем ва ба кор шурӯъ намоем. Вазъ номуайян буд, ки ин Ҳукумат боқӣ мемонад ё не? Бинобар ин, аз байни 1000 донишҷӯи шӯъбаи рӯзонаву ғоибона фақат ман омодагиамро дар мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ ва дастгирии Ҳукумат изҳор намуда, ба ин тариқ аз курси 4-уми бахши рӯзона ба курси 6-уми шӯъбаи ғоибонаи факултаи ҳуқуқшиносӣ гузаштам.

Ва соли 1993 ба сифати муфаттиш ба кор ба шӯъбаи тафтишотии ШКД н. Октябри ш. Душанбе – ҳоло н. И. Сомонӣ шурӯъ кардам. Тӯли 3 солу 6 моҳ дар ин мақом кор карда, зиёда аз 30 муфаттиши шогирд тайёр намудам. Он солҳо бино бар нарасидани мутахассис мактаби милисаро ба Академия табдил дода, тамоми шӯъбаҳои рӯзонаи онро ба шӯъбаи ғоибона табдил дода буданду хонандагонашро ба ШКД-ҳо ба кор равона намуда буданд.

Дар чунин шароити вазнин кор намуда мо ҳар рӯз аз аҳолӣ яроқ ҷамъ мекардем, ҷиноятҳоро мекушодем, мардумро ҳимоя мекардем, дар амалиётҳои ҷангӣ дар минтақаи Рӯдакӣ ва Рашт муддати 6 моҳ иштирок доштам.

Соли 1994 бо шаҳрванд Ятимова (Ёрова) Давлатмоҳ Ҳокимовна хонадор шудам, аз ӯ соли 1996 соҳиби писар Ёров Анӯшервон ва соли 1998 соҳиби духтар Ёрова Нӯшофарин шудам.

Соли 1996 моҳи декабр аз вазифаи муфаттиши ШТ ШКД н. Октябр барканор шудам, тӯли 8 моҳ ба ман вазифаҳои зерин пешниҳод карда шуда буд:

— Сардори гурӯҳи «А»-и Шӯъбаи кофтукоби ҷиноятии ШКД н. Октябри ш. Душанбе;

— Ҷонишини сардори шӯъбаи кофтукоби ҷиноятии ШКД ш. Кофарниҳон;

— Референти Вазири корҳои дохилаи ҶТ.

Ман ягон вазифаро қабул накардам. Моҳи августи соли 1997 бино бар ихтисори штатҳо аз сафи ВКД ҶТ хориқ карда шудам. Сабаби пешниҳод кардани вазифаҳои номбурда – дар он буд, ки Мӯсоев Сайғанӣ – сардори ШКД-и н. Октябр – минбаъд Сардори Раёсати кадрҳои ВКД ҶТ таъин шуда буд ва қобилияти кордонии манро медонист. 3 солу 6 моҳи корнамудаи ман дар милитсия ба тариқи имтиёзнок 8 солу 3 моҳ ҳисобида шудааст. Зеро он солҳо як рӯзи корӣ 2 ва 3 рӯз ҳисоб карда мешуд.

Соли 1994, бино бар он ки шабу рӯз дар милиса кор мекардем, имкони давом додани таҳсил пайдо нашуд ва ман нав соли 1995 худамро дар сафи донишҷӯёни ғоибона барқарор карда, соли 1995 диплом бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ гирифтам.

* * *

(Мавод шахсан ба дасти Ёров Бузургмеҳр навишта шуда, пасон ба дасти ман барои чопи компютерӣ дода шуда буд. Дархост қисм-қисм, дар ҳар дафтару ҳар варақчаҳо навишта мешуд ва бо воситаи дӯстони хайрхоҳ ба мо расида буд.)

Дархости Бузургмеҳр вобаста ба айбҳои эълонкардашуда нисбати ӯ

(марти 2016)

ДАРХОСТ

(Оиди қать намудани парвандаи ҷиноятӣ, бино бар мавҷуд набудани таркиби ҷиноят)

Дар истеҳсолоти РТ ВКД ҶТ парвандаи ҷиноятии №75038 бо моддаҳои б «г» к.2 моддаи 189, б «б» к.4 модди 247 б «г» к.2 моддаи 307, к.2 моддаи 307, б «а,б,в» к.2 моддаи 340 КЧ ҶТ нисбати ман, адвокати коллегияи адвокатҳои ҶТ Сипар, ходими ҷамъиятӣ, сардори шӯъбаи табъу нашри КА ҶТ «Сипар», Раиси комиссияи интизомии Иттифоқи Адвокатҳои ҶТ ва Раиси Кумитаи ҷамъиятии “Рафъ ва пешгирии боздошту дастгиршавию ҳабсҳои ғайриқонунию ғайримурофиавии шаҳрвандону амвол ва кофтукобҳои ғайриқонуниву ғайримурофиавӣ” Ёров Б.Р. мавҷуд буд.

11.02.2016 айби беасос ва ғайриқонунӣ эълон карда шуд. Ҳангоми шиносшавӣ 7.03.2016 муфаттиш Ҳакимов Музаффар нусхаи қарори супурдаро аз дасти ман гирифта , 09.03.2016 ба дасти ман умуман дигар нусхаи айбро дод, ки он аз ҷиҳати ҷумлабандӣ, ҷобаҷогузории далелҳо ба куллӣ фарқ дошт, ки дар қарори пештара умуман он вуҷуд надошт. Аз сабаби бо дастгирии муфаттиш Ҳакимов М. қарори номбурдаи якум ба дасти ман адвокат Ёров Б. чанд нусха дода шуда буд ва имкони он дода шуда буд, ки қарори номбурда дар утоқи кории ӯ дар РВКД-и ш.Душанбе ба оилаам Набиева З. бо нусхаи хулосаи ташхиси комплекси аз 28.01.2016 дода шавад. Бино бар мавҷуд будани ҳазорҳо нусхаҳои он, дар дархости номбурда, ба ҳар ду қарорҳо; ҳам қарори асли аз 11.02.2016 ва ҳам ба қарори сохтакоронаи он такя карда мешавад.
3.03.2016 аз дасти ман муфатиш Фатҳуллоев Самеъ бо баҳонаи он ки ба прокурор Нуронов Имрон нусхаи хулосаи ташхисро аз 28.01.2016 супоридан лозим аст, нусхаи дар дасти ман бударо гирифт. Аз ин рӯ, пурра шубҳа оиди он вуҷуд дорад, ки баъди 03.03.2016 ташхисгарон дар хулосаи ташхиси ғайриқонуниву ғаразноки додаи худ – боз чи сохтакорие ҷой додаанд. Муқоисаи хулосаи ташхис, қарорҳои айби аслӣ ва айби баъдан, сохтакорона бо протоколи пурсиши пурраи айбдоршавандаи ман ин ҳолатро бараъло нишон медиҳад.

Айби эълоннамуда 18 лаҳза бо моддаҳои 247, се лаҳза бо моддаи 340 ва се лаҳза бо моддаҳои 189 к.2, 307 к.2 ва 307 к.2 КҶ ҶТ-ро дарбар мегирад. Сабаби айби беасос ва ғайриқонунӣ, ин таъқиби адвокатӣ ва таъқиби сиёсие мебошад, ки он вобаста ба иҷро намудани вазифаҳои касбии ман ҳамчун адвокат, ҳамчун аъзои ҲСДТ, ҳамчун ходими ҷамъиятӣ ва ҳамчун шаҳрванди ҶТ аз тарафи Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф мебошад. Ҳолатҳои ин таъқибҳо аз тарафи ман бо даст дар 90 саҳифаи боқимондаи протоколи пурсиш дар таърихҳои 23-25.02.2016, ҳангоми пурсиши айбдоршаванда нишон дода шудаанд. Аз ин рӯ, барои такрор накардани нуқтаи ин таъқибҳо протоколи пурсиши ман аз 11.02.2016 қисми таркибии ин дархост эътироф карда шавад.

Сабаби дигари дидаву дониста ва ғаразнок аз тарафи Абдурасулзода А. тартиб додани Қарор “Дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда ва эълон кардани айби нав” аз он иборат мебошад, ки Абдурасулзода А. оиди фаъолияти кории адвокат, вазифаву ҳуқуқҳои адвокат, ҳуқуқу ӯҳдадорихое, ки ба адвокат муштариёну Ваколатдиҳандаҳо муроҷиат менамоянд, умуман тасаввурот надорад. То ҳатто оиди қонунгузории адвокатура, нуктаҳои мухталифи Сарқонуни ҶТ, нуктаҳои шартномаи супориши Кодекси Граждании ҶТ, КМҶ ҶТ ва дигар қонунҳо, ки ба фаъолияти адвокатӣ алоқаманд мебошанд, умуман маълумот надорад. Аз ин рӯ, барои пурра кардани фаҳмиши ҳолии Абдурасулзода А, ки аз гуфти муфаттиш Ҳакимов М. боз ҷияни вазири корҳои дохили Раҳимзода Рамазон будаааст, аввало дар дархости мазкур моҳияти умумии қонунҳои адвокатура оварда мешавад. Баъдан бо 23 лаҳза аз рӯи қарори аслӣ ва 24 лаҳза аз рӯи қарори сохтакорона ҳар қисмати айб бо муқоисаи далелҳои ҷамънамудаи тафтишот ва далелҳои пешкашнамудаи ман, дар дархост беасос будани айби эълон шуда нишон дода мешавад.

Барои ба хатокорӣ роҳ надодани Абдурасулзода А. ва муфаттишони ӯ аз тарафи мо ба онҳо дар асоси моддаҳои 8-10 Қонуни ҶТ “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” ва моддаҳои 53, 175 КМҶ ҶТ аз тарафи мо, дархости рақами 823 аз 23.11.15 равона шуда буд. Аммо он фақат дар қисмати Ҷӯраева Олия ва Тӯраева Адолат қонеъ шуда, дар қисмати зиёди дигар умуман иҷро нашудааст. Чунончи бо дархости номбурда, мо дар назди тафтишот оиди он масъала гузошта будем, ки:

Чи тавре, ки дида мешавад нуктаҳои муҳими ин дархост аз тарафи Абдурасулзода иҷро нашудаанд. Дар натиҷа тафтишот чизеро муқаррар накардааст. Дур намеравем дар лаҳзаи Ҳоҷизода Фирдавс – 4 нафар Ҳоҷизода Фирдавс, Қодирқулова Раъно бародару апаи Қодирқулова Раъно ва Юсуфҷонов Саид оиди он нишондод медиҳанд, ки дар меҳмонхонаи Сирдарёи ш.Хуҷанд ба дасти адвокат Ёров Б. 15000$ додаанд. Аммо аз сабабе, ки ин пулро надодаанд, умуман ягон таърихи рӯз, ягон номи моҳ, ягон солро номбар карда наметавонанд. Ҳамроҳони Қодирқулова Раъно оиди он нишон медиҳанд, ки маҳз барои шоҳиди додани пули Қодирқулова Раъно ҷамъ шуда буданд, аммо ин таърихро гӯё дар хотир надоранд, зеро ягон пуле надодаанд. Дар дигар парвандаҳо агар мисли Абдурасулзода А. муфатишон васеъ аз таблаграммаҳои телефонии тарафҳо ҳамчун далели исбот истифода баранд, дар 12 ҷилди парванда умуман ягон детализатсияи телефонҳо нест. Абдурасулзода А. рақами телефонҳои ман ва телефонҳои ҷабрдидаҳои сохтаи Раҳмон Юсуфу УБОП-ро медонанд, лекин аз ширкатҳои мобилӣ ин рақамҳои телефонҳоро барои муқоиса намегиранд. Зеро хело хуб оиди он медонанд, ки ягон ҷабрдида ба ман занг назадааст, ягон доду гирифти пулӣ нашудааст.

Равшан дида мешавад, ки худи онҳо бардурӯғ ба сохтакориҳои далелҳо машғул ҳастанд.
Ё ин ки ман дар нишондодҳоям оиди он нишон медиҳам, ки тӯли зиёда аз се сол телефонҳои шахсии манро кормандони УБОП ва прокуратура, бе ягон қарори суд, бино бар иҷро намудани вазифаҳои адвокатии ман ҳамчун ходими ҷамъиятӣ ва аъзои ҲСДТ гӯш менамуданд. Сабтҳои тамоми сӯҳбатҳои ман дар ин мақомҳо вуҷуд доранд, аммо ягон сабтро тафтишот истифода намебарад, зеро Абдурасулзода А. оиди он медонад, ки ҳамаи ин сабтҳои ғайриқонунӣ намудаи онҳо ба муқобили сохтакории далелҳои онҳо мебошад. Вагарна корманди УБОП Давронов Фаридун ҳанӯз рӯзи якуми таъқиби сиёсӣ ва адвокатӣ 28.09.15 оиди он гуфта буд, ки тамоми сӯҳбатҳои намудаи ман дар дасти онҳо мавҷуд мебошанд. Зеро ҳамчун адвокат, ман бо ҳамроҳии Раҳматилло Зоиров раиси ҲСДТ, Муҳидин Кабирӣ – раиси ҲНИТ, руҳонии маъруфи тоҷик Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва дар парвандаҳое иштирок намудаам, ки дар он як тарафаш хусурбачаи Президент Хасан Муҳимбулло, Раҳматулло ва дигарон мебошанд.

Барои тақвият додани таъқиби сиёсӣ ва адвокатии ман, бо супориши Раҳмон Юсуф, корманди УБОП Давронов Фаридун оиди он гузориш менависад, ки гӯё дар утоқи кориаш рӯзи 28.09.15 ман пагонҳои ӯро канда бошам. Оиди ин ҳолат шаби 28.09.15 ба 29.09.15 тахминан соатҳои 23.00 дар УБОП баёноти маро корманди Прокуратури Генералии ҶТ бо номи Аскар гирифта буд. Тӯли зиёда аз панҷ моҳи ғайриқонунӣ дар ҳабс нишастаам, на Абдурасулзода А . ва на дигарон оиди ин ҳолат умуман маро напурсидаанд. Нисбати амалҳои ғайриқонунии мақомоти тафтишоти пешакӣ ва кормандони УБОП, мо ба Прокуратураи Генералии ҶТ шикоят навишта будем, аммо ба шикояти навиштаи мо то имрӯз ҷавобе гирифта нашудааст. Моҳияту матлаби шикояти мо, ки то имрӯз ба он ҷавоб дода нашудааст, чунин мебошад, ки дар дархост вобаста ба он волоияти қонунро мо хоҳиш не, балки талаб менамоем.

Барои он ки таъқиби сиёсӣ ва адвокатии ман ба ҷомеа маълум нашавад, Раҳмон Юсуф тамоми имкониятҳоро истифода бурдани шуда ва мехост, ки маро дар ҷомеа ҳамчун қаллоб нишон диҳанд. Аммо ин ба ӯ муяссар нашуд. Ҳанӯз 10 рӯз пеш аз боздошти ғайриқонунии ман, ҳолати он ки бо асосҳои сиёсӣ боздошти ман ба вуҷуд меояд, аввалин шуда адвокат Бегматов Низомуддин хабар дод. Баъдан муфаттиш Спитамен Ф. ин гуфтаҳоро тасдиқ кард. Дар охир муфаттиш Ҳакимов Музаффар, ба хотири устоди қадрдонаш, собиқ сардори ШТ ШВКД дар н.И.Сомони ва ҳоло адвокати коллегияи адвокатҳои ҶТ Сипар Кассиров Бахтиёр, аз рӯи аҳду мушоҳида ин нақшаҳои Ҳукуматро дар ин қисм ба хок яксон намуданд. Маълумотҳоро оиди бегуноҳии ман ба тамоми ҷаҳон паҳн намуданд, ки ин боиси дар сатҳи байналхалқӣ сохтани хатти ҳимояи қонунии ман мусоидат кард.

Агар ба аввали пурсиши ман аз 11.02.16 ва дигар пурсишҳо диққат карда шавад, борҳо муфаттишон ба муроҷиатҳои ман оиди пешниҳод намудани далелҳои бегуноҳии ман, ки дар компютер мавҷуд ҳастанд ва он дар ошёнаи дуюми РТ ВКД ҶТ ҷойгир аст, диққат намекарданд. Дар таърихи 23-24.02.16 хушбахтона муфаттиш Ҳакимов М. Бар хилофи фармони рақами 600-и муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ аз 5.10.2015 амал карда, ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон дода, ҳуҷҷатҳои зиёдро вобаста ба лаҳзаҳои Ҳоҷизода Ф. Сулаймонова Ф., Бозоров К. ва дигарон пешниҳод намуд. Ин ба куллӣ манфиатҳои ман буда, боз ҳам вазъро тағйир дод. Акнун бевосита такя ба далелҳои дар парванда буда, беасос будани 24 қисмати айби сохтакорона кушода мешавад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигар



Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир, Пароканда, Торих, Ҷомеа

Метки: , ,

1 reply

  1. Хай аку Хочи Халимуш ранги харомихо мурдай, сумои эронихо дар у сухт, Кабири дига чи кор мекарда боша? охи ухам террористайку албат миллион доллархо аз Эронихо гирифтаги боша ки ма ура ё ягон одами босаводи точика мекушум, вале афсус Кабири дига наметони Точикистон холо шерои марди ватандустор бисёр дора.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: