Дастовардҳои муҳимми Конфронси ахири САҲА дар Варшав

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Нишасти САҲА, ки ҳамасола баргузор мешавад ва ҷаласаи ахири он дар шаҳри Варшав, пойтахти Лаҳистон баргузор гардид ва ҳузури намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва низ намояндаҳои опозисиюн ва нерӯҳои мухолифи ҳукумати феълии кишварамон дар он мисли соли гузашта бисёр пурранг буд, ин нишаст, бо ин ки як ҷаласаи машваратӣ аст ва аз салоҳияти қабули қарорҳои иҷроӣ бархӯрдор нест, аммо аҳаде дар як маврид тардид надорад. Ва он ин ки: натиҷагириҳои ин нишаст — ки ба сурати баёния ва гузоришҳо ба кишварҳо ва созмонҳо ироа мешавад — бешак дар чигунагии шаклгирии равобит ва таъомули ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба хусус кишварҳои урупоӣ бо кишваре, ки ҳукуматаш ба нақзи ҳуқуқи башар ва саркӯби дигарандешон муттаҳам мешавад, таъсиргузор аст. Яъне, дар воқеъ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои таъсиргузор, шакли равобит ва таъомули худ бо он кишварро, дар партави ҳамин гузоришҳо сурат медиҳанд. Дар ин амр касе тардид надорад.

Бо ҳамин муқаддима, дар ин навиштор, ба баёни дастовардҳои муҳимми нишасти ахир ва ҳошияҳои он мепардозам. Аммо дар оғоз лозим медонам, хулосаи гапу гуфтугӯеро, ки дирӯз бо яке аз дӯстонам дар Русия доштам, бароятон бозгӯ намоям. Он чи ӯ бароям гуфт, бе иртибот ба мавзӯи мавриди баҳси мо нест. Ин дӯстам, ки албатта ҳама ӯро мешиносанд ва намехоҳам феълан аз ӯ инҷо ном бибарам, як коршинос ва таҳлилгари бисёр маъруф аст дар Русия, тоҷик ҳам ҳаст, назару дидгоҳҳояш дар тасмимҳои сиёсии мақомоти русӣ ба инобат гирифта мешаванд. Гуфтугӯи ман бо вай, дар бораи сиёсатҳои ахири Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон буд. Аз ӯ хостам, назар ва таҳлилашро дар хусуси иқдомҳои ахири Мирзиеёв бигӯяд. Дар зайл хулосаи дидгоҳи ӯро меоварам:

* * *

Назари коршинос дар бораи чароии рӯйкардҳои ислоҳгароёнаи Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев ҳамон Мирзиёеви замони Каримов аст; касе, ки дар замони Ислом Каримов ба унвони як нахуствазири бисёр сахтгир маъруф буд, ӯ ҳамон аст, чизе тағйир накарда. Аммо ин ки аз ибтидои риёсати ҷумҳуриаш, бо як рӯйкарди комилан мутафовит бо рӯйкарди Каримов по ба арса гузошт, далелаш рабте ба шахсияти ӯ надорад, балки ношӣ аз дарки дурусти ӯ аз вазъияти кишвараш дар ҷаҳон аст, ки Ӯзбакистон чӣ ҷойгоҳе дар ҷаҳони муосир дорад.

Дар даврони Ислом Каримов, Ӯзбакистон дар афкори умумӣ ва дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба хусус дар Урупо, ба унвони як кишвари “баста” шинохта мешуд; кишваре, ки ҳукуматаш ҳеч тараҳҳуме ба мухолифони сиёсиаш надорад, зиндонҳояш пур аз сиёсиҳост. Албатта, Каримов аз тариқи ду духтараш, хост, аз Ӯзбакистон як чеҳраи мусбат ва мутамаддин барои ҷаҳониён нишон бидиҳад, ки ин талошҳо ҳеч тағйире дар тармими чеҳраи ин кишвар ба вуҷуд наёвард.

Хулоса, ҳамин воқеиятҳои талх буданд, ки дар навбати аввал, монеъи тавсиъаи иқтисодии ин кишвар мешуданд. Кишварҳои таъсиргузор ба вежа кишварҳои урупоӣ ва Омрико, алоқаманд ба ин набуданд, ки бо кишваре, ки ҳукуматаш дар ҷаҳон чеҳраи манфӣ дорад ва ба қалъу қамъи мухолифон ва ба худкомагӣ маъруф аст, равобит дошта ва бо ӯ таъомули некӯ намоянд. Ин як воқеияти бисёр талхи даврони Каримов аст.

Ҳол, Мирзиёев ҳамин нуктаро дарк кардааст. Ӯ мехоҳад, дар гоми аввал, чеҳраи кишварашро тармим намояд. Лозимаи ин ҳам, дар қадами аввал, таҷдиди назари куллӣ дар сиёсатҳои дохилии кишвараш буд, ки Мирзиёев дар ҳоли анҷоми он аст. Зеро ӯ ин нуктаро хуб дарк кардааст, ки муқаддимаи ҳар навъ тавсиъа, аъамм аз иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва беҳбуди вазъи шаҳрвандони ӯзбакистонӣ, тармими чеҳраи манфии ин кишвар дар ҷаҳон аст.

(Ин буд хулосаи он чи дӯстам дар робита бо чароии рӯйкардҳои ислоҳгароёнаи Мирзиёв баён дошт.)

* * *

Ҳадаф аз нақли ин дидгоҳ дар навиштори мазбур он аст, ки бидонем, чеҳраи манфӣ доштани як кишвар дар ҷаҳон ва ба унвони кишваре, ки режими ҳокимаш ба худкомагӣ ва диктотурӣ ва таъомули ғайрисозанда бо дигарандешон маъруф аст, чӣ қадр дар наҳваи таъомули ҷомеаи ҷаҳонӣ бо вай, ба хусус дар заминаи иқтисодӣ, таъсиргузор ҳастанд.

Дар ҳамин кишвари ҳамсояамон, яъне Ӯзбакистон, дар замони Ислом Каримов дар ҳоле, ки ӯ ба қалъу қамъи мухолифони сиёсиаш дар дохил машғул буд ва таваҷҷӯҳе ҳам ба афкори умумӣ дар ҷаҳон надошт, опозисиюни Ӯзбакистон — ки саронаш бештар дар Урупо мутамаркиз ҳастанд — бо ҳузури фаъол дар конфронсҳо ва нишастҳои байналмилалӣ ва барқарории тамос бо созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар, ба бозгӯ кардани воқеиятҳои талхи кишварашон мепардохтанд. Яъне, агар Ӯзбакистон дар замони Каримов чеҳраи бисёр манфӣ дар ҷаҳон дошт ва касе ҳозир ба барқарории равобити ҳасана бо ӯ набуд ва имрӯз Мирзиёев ба тармими ин чеҳра мепардозад, дар воқеъ, ин опозисиюни Ӯзбакистон буданд, ки ин воқеиятҳои талхро барои ҷаҳониён мунтақил мекарданд.

Аз ин рӯ, таъсири ҳузур ва бозгӯ кардани воқеиятҳои як кишвар дар нишастҳои байналмилалӣ, ба ҳеч ваҷҳ камранг нестанд.

* * *

Дастовардҳои нишасти САҲА дар Варшав

Бо таваҷҷӯҳ ба он чи дар боло гуфта омадем, ба назари ман, аз муҳимтарин дастовардҳои ин нишаст (ва албатта нишасти соли гузашта), мавориди зерин ҳастанд:

1) Ҷомеаи ҷаҳонӣ як тасаввури воқеӣ аз вазъи мавҷуд дар кишвари азизамон ҳосил намуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз хилоли суханрониҳо ва гузоришҳое, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва опозисиюни тоҷик — ба хусус Муҳйиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, Алим Шерзамонов, фаъоли сиёсии тоҷик, Равшан Темуриён, намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, Темур Варқӣ, рӯзноманигор ва фаъоли ҳуқуқӣ, Холиди Муҳаммадсаъид, фаъоли сиёсӣ, Муҳаммадсаъид Ризоӣ, узви Риёсати Олии ҲНИТ, Шарофуддин Гадоев, фаъоли сиёсӣ ва дигарон – дар ин нишаст ироа доданд, мутаваҷҷеҳ шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон на ба қалъу қамъи “теруристҳо” ва “экстримистҳо” ва “доъишиҳо” – чунон ки иддао мекунад – машғул будааст, балки дар ҳоли саркӯб ва хафа кардани мухолифони сиёсии комилан мусолиматомезаш будааст. Зеро, на танҳо ба суханрониҳои раҳбарон ва намояндагони “теруристҳо”-и мавриди иддаои мақомоти тоҷик дар нишастҳои расмӣ гӯш супурд, балки аз наздик бо онҳо нишаст ва гуфтугӯ кард ва дид, на танҳо ҳеч як аз алоим ва нишонаҳои доъишиҳо дар онҳо дида намешавад, балки инҳо ба маротиб демукротиктар аз касоне будаанд, ки иддао доранд, низомашон низоме “демукротик, озод ва ҳуқуқбунёд” аст.

Албатта, ин нуктаро ҳам ёдовар шавам, ки: инки дар вуҷуди онҳо ҳеч як аз алоими доъишиҳоро надид, на ба ин аст, ки инон зоҳире доштанд ғайр аз зоҳири масалан як доъишӣ. Масъала, масъалаи зоҳир ва либосу пӯшиш ё галстук доштан нест. Ин бисёр кӯтаҳандешӣ аст агар гумон бишавад, ки бо тағйири зоҳир, битавон касеро мутақоъид кард, ки ту масалан терурист нестӣ. Терурист ва доъишӣ будани ту, аз адабиётат зоҳир мешавад, аз сулукат зоҳир мешавад, аз рафторат зоҳир мешавад, на сару либосу зоҳират. Агар як доъишӣ фаразан ришашро комилан битарошад ва галстук ҳам бигирад, бо аввалин бархӯрд ва гуфтугӯ, доъишӣ буданаш барои инсон ҳувайдо мегардад.

Балки манзур ин аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба аён дид, ки адабиёти опозисиюни тоҷик адабиёти ифротгароёна нест, рафтораш рафтори тундравона нест, сулукаш ҳеч шабоҳате бо сулуки теруристҳо надорад.

2) Ҷомеаи ҷаҳонӣ мутаваҷҷеҳ шуд, ки намояндагони опозисиюни тоҷик танҳо исломгароён набудаанд чунон ки иддао мешавад, балки дар миёни онҳо секулорҳо ва касоне, ки дорои андеша ва афкори аҳёнан мухолиф бо исломи сиёсӣ мебошанд низ вуҷуд доштаанд. Ҳузур ва суханронии Алим Шерзамонов, Темур Варқӣ ва Равшани Темуриён дар нишастҳои расмии САҲА, ба вузуҳ ин амрро нишон дод.

3) Ҷомеаи ҷаҳонӣ мутаваҷҷеҳ шуд, ки тамоми иттиҳомоте, ки ҳукумат ба ҲНИТ ворид карда ва бар асоси он, фаъолияти ин ҳизбро мутаваққиф ва раҳбарони аршадашро маҳкум ба зиндон намуд — мабнӣ бар ин ки гӯё дар шӯриши женерол Абуҳалим Назарзода саҳим будаанд – ҳама бе поя ва асос будааст. Ин ҳақиқат ба хусус аз хилоли пахши гуфтугӯи телефонии муовини раиси КДАМ Абдулазиз Ҷаълов бо Абдуқаҳҳори Давлат, узви зиндонии Риёсати Олии ҲНИТ собит гардид.

4) Ҷомеаи ҷаҳонӣ мутаваҷҷеҳ шуд, ки дастгоҳҳои амниятӣ ва нерӯҳои интизомии Тоҷикистон, бо нодида гирифтан ва поймол кардани тамомии меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қавонини байналмилалӣ ва ҳатто қавонини Тоҷикистон дар мавриди боздоштшудаҳо ва зиндониён, ба озору шиканҷаи зиндониҳо ва боздоштшудаҳо ва ҳатто бастагон ва наздиконашон мепардохтааст. Ин масъала ба вежа бо ироаи як гузориши комил аз вазъи Муҳаммадалӣ Ҳаит, муовини зиндонии раиси ҲНИТ ва ирсоли аризаи вай ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид бармало шуд.

Баёнияи муштараки 23 созмони бонуфузи байналмилалӣ хитоб ба вузарои молия ва хориҷаи Иёлоти Муттаҳида мабнӣ бар ворид кардани исми Саймӯъмин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон ба феҳристи афроди таҳти таҳрими ин кишвар, аз натоиҷи малмуси ин талошҳо буд.

5) Ҷомеаи ҷаҳонӣ мутаваҷҷеҳ шуд, ки дар Тоҷикистон на танҳо озодии баён маҳалле аз эъроб надоштааст, балки ҳатто вакилони мудофеъ (адвокатҳо) низ аз дифоъи як муттаҳам дар додгоҳ — ҳамон тавре ки худашон салоҳ медонанд — маҳрум будаанд ва бояд ба сурате аз ӯ “дифоъ” мекардаанд, ки “дифоъ”-ашон бо назари ба истилоҳ айбдоркунанда ҳамоҳанг буда бошад, ва дар ғайри ин сурат, вакили мудофеъ низ ҳамроҳи муттаҳам равонаи зиндон мешудааст. Дар қазияи Бузургмеҳр Ёров ин ҳақиқати талх ба вузуҳ ошкор гардид.

6) Ҷомеаи ҷаҳонӣ мутаваҷҷеҳ шуд, ки дар Тоҷикистон на танҳо фазои такгароӣ ва хости як фард дар арсаи сиёсӣ ҳоким будааст, балки ҳукумати феълӣ дар ҳоли таҳмили якрангӣ дар арсаи фарҳанг ва иҷтимоъ будааст, аз хилоли таҳмили пӯшиши якнавохт (ба иддаои либоси миллӣ) ва манъи бонувони пойбанд ба дин аз ин ки сатр бар сар бигиранд ва ғайра; коре, ки сареҳан хилофи Қонуни Асосии кишвар мебошад, ки дар он ба озодии шаҳрвандон дар андеша ва сулук тасреҳ шудааст.

7) Ҷомеаи ҷаҳонӣ мутаваҷҷеҳ шуд, ки ҳукумати феълӣ бо зери пой гузоштан ва пушт кардан ба тамоми таъаҳҳудоташ ба Созишномаи сулҳи Тоҷикистон — ки дар соли 1997 байни ӯ ва ИНОТ баста шуда ва ба мӯҷиби он ҷанги шаҳрвандӣ поён пазируфт – онро сареҳан нақз кардааст. Дар суханронии Равшани Темуриён дар яке аз ҷаласаҳои расмии САҲА, ба ин матлаб ишора гардид.

8) Бозтоби густардаи нишасти САҲА дар расонаҳои ҷаҳон ва интишори мақолаҳо ва гузоришҳо дар бораи он дар баъзе аз расонаҳои мӯътабар, яке дигар аз дастовардҳои ин нишаст ба шумор меравад, ки дар ошно сохтани афкори умумӣ аз воқеиятҳои вазъи мавҷуд дар Тоҷикистон бисёр таъсиргузор буд.

Ин буд чанд маврид аз дастовардҳои муҳимми нишасти ахири САҲА, ки албатта ба ҷуз он чи ишора шуд, метавон аз дастовардҳои дигаре низ ёд кард, вале навиштори мазбур гунҷоиши зикри так-таки онҳоро надорад.

* * *

Дар поёни ин ҷустор, лозим медонам як нуктаро ёдовар шавам. Ва он ин ки: ҳукуматҳои оқил ва дурандеш дар ҷаҳон, ҳаргиз коре намекунанд, ки ҷойгоҳ ва эътибори кишварашон лаккадор шавад; коре, ки ҳукумати феълии Тоҷикистон, ба вежа шахси ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, дар садади иртикоби он дар мавриди Тоҷикистони азизамон аст.

Вақте шумо ба шаҳрвандони худатон фишор меоваред ва дар ҷомеа як фазои хафақон дуруст мекунед ва садои мухолифро хомӯш ва соҳибашро саркӯб менамоед, табиист, ки саркӯбшудаҳо барои эҳқоқи ҳаққашон бапо хезанд ва садои худро ба гӯши ҷаҳониён бирасонанд. Онҳо одаманд, на тӯдаи чорпо. Онҳо каромат доранд, на ин ки ба ҳар зиллате тан диҳанд.

Аз ин рӯ, агар бихоҳед эътибор ва ҷойгоҳи кишварамон — ки барои ҳамаи мо азиз аст — беш аз ин лаккадор нашавад, лутфан ба фишорҳо ва таъқибҳо ва ситамҳо ва саркӯбҳо нуқта гузоред, зиндонҳои худро аз вуҷуди зиндониҳои сиёсӣ тахлия кунед, ба аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ озодии фаъолият диҳед, фишор бар расонаҳо ва рӯзноманигоронро мутаваққиф намоед. Дар ин сурат, на касе аз шаҳрвандонатон бо ширкат дар нишастҳои байналмилалӣ, аз шумо шикоят хоҳад кард ва на ҳеч созмон ва кишваре дар садади таҳрими мақомоти кишвар хоҳанд баромад.

Пештар дар як мақола ба ин нукта ишора карда будам ва инҷо боз такрораш мекунам, ки опозисиюни тоҷик ҳаргиз дар садади инқилоб нест. (Лоақал онҳое, ки мешиносам ва бо барномаҳояшон ошно ҳастам.) Опозисиюни тоҷик ба Қонуни Асосӣ худро пойбанд медонад. Ӯ фақат ҳаққи табиӣ ва қонунии худро мехоҳад. Ӯ мехоҳад, бе ҷиҳат муттаҳам ва равонаи зиндон нашавад. Ӯ мехоҳад, интихобот дар кишвараш — чунон ки дар Қонуни Асосӣ ба он ишора шудааст – озод ва шаффоф баргузор гардад ва ба раъйи мардум эҳтиром шавад. Ӯ мехоҳад, аз сиёсатҳои ҳукумат, агар хато ва иштибоҳ бошанд, озодона интиқод намояд. Ӯ тавсиъа ва пешрафти кишварашро мехоҳад.

Оё инҳо дархостҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ ҳастанд? Дар қарни 21, ин дархостҳо, аз заруритарин ва оддитарин ҳуқуқи шаҳрвандон маҳсуб меояд, ки ҳамаи инҳо дар Тоҷикистони мо вуҷуд надоранд.



Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: