Интиқоди Шайх Қарзовӣ аз Қоҳира ба далели манъи баргузории маросими ташйеъи раҳбари собиқи Ихвонулмуслимин

Раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон, манъи мақомоти Миср аз баргузории маросими ташйеъи ҷанозаи Муҳаммад Маҳдӣ Окиф, раҳбари собиқи Ихвонулмуслиминро ба боди интиқод гирифт.

Шайх Юсуф Қарзовӣ шанбешаб барои Муҳаммад Маҳдӣ Окиф, раҳбари пешини ҷамоати Ихвонулмуслимини Миср, дар манзили худ дар Дуҳа, намози майити ғоиб баргузор кард.

Шайх Қарзовӣ пас аз намоз дар ҷамъи ҳуззор гуфт, ки давлати Миср баргузории маросими ташйеъи ҷаноза ва баргузории намози майити ғоиб барои Окифро мамнӯъ карда, аммо милюнҳо мусалмон дар саросари ҷаҳон барои вай намоз иқома карданд.

Шайх Қарзовӣ дар ин маросим, ки бо ҳузури Холид Машъал, раиси собиқи дафтари сиёсии Ҳамос ва теъдоде аз раҳбарони муъоризи Миср ва ҷамъе аз руҳониҳо баргузор шуд, мавозеъи Окиф ва ҷиҳод ва собитқадамии вай дар даъват ба роҳи ҳақро сутуд.

Раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон ҳамчунин аз Тамим бен Ҳамад, амири Қатар, ба далели иҷоза ба вай ҷиҳати баҷо овардани намози майити ғоиб барои Окиф қадрдонӣ кард.

Холид Машъал низ равобити мутамойизи Окиф бо гурӯҳҳои мухталифи фаластиниро сутуд ва гуфт, ки манзили вай маҳалли тараддуди раҳбарони Фатҳ ва Ҳамос ба хусус Ёсир Арафот буд.

Ба навиштаи рӯзномаи Алқудсул-арабӣ, Машъал ҳамчунин гуфт, ки Окиф алоқаи шадиде ба иттиҳоди мавозеъи фаластиниён дошт ва ҳамвора ба ваҳдат ва оштӣ байни Фатҳ ва Ҳамос даъват мекард.

Рӯзи ҷумъа гурӯҳи Ихвонулмуслимин даргузашти Окиф дар синни 89-солагӣ пас аз интиқоли вай аз зиндон ба бемористоне дар Қоҳираро эълом кард. Давлати Миср рӯзи шанбе бо манъ аз баргузории маросими ташйеъи ҷанозаи Окиф, танҳо ба хонаводаи ӯ иҷоза дод, то субҳи зуд бо ҳузури нерӯҳои амниятӣ, маросими хоксупориро дар яке аз қабристонҳои шарқи Қоҳира баргузор кунанд.

Пас аз баргузории маросими хоксупорӣ, Улё духтари Окиф дар сафҳаи худ дар Фейсбук танҳо ин ҷумларо навишт: “Аз ҳама чиз манъ карданд!



Рубрики:Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: