Меркел дар масири чаҳорумин давраи садриаъзамӣ

Натоиҷи аввалияи интихоботи порлумонии Олмон аз пирӯзии Ҳизби демукрот-масеҳӣ ба раҳбарии Онгело Меркел, садри аъзами Олмон ҳикоят дорад.

Ба навиштаи расонаҳои олмонӣ, муттаҳидони Меркел тавонистаанд 32.5 % аз ороро ба даст оварданд ва дар садри аҳзоби ширкаткунанда дар интихобот қарор гиранд. Дар сурати таъйиди ниҳоии ин натиҷа, Ҳизби демукрот-масеҳӣ 217 курсӣ аз маҷмӯи 631 курсии порлумонро дар ихтиёр хоҳад дошт.

Бо ин натиҷа, ҳарчанд Меркел садрнишин аст ва эҳтимолан садри аъзам мемонад, аммо барои ташкили давлат бояд бо яке дигар аз аҳзоб эътилоф кунад.

Меркели 64-сола аввалин бор дар соли 2005 ба унвони садри аъзами Олмон интихоб шуд.

* * *

Ростҳои ифротӣ дар порлумон

Натиҷаи муҳимми дигари интихоботи дирӯз, қудрат гирифтани ҳизби рости ифротии “Олтернатив барои Олмон” аст. Ин ҳизб тавониста бо касби 13.5 % оро ба унвони ҳизби севвум роҳии порлумон шавад. Ин аввалин ҳузури як ҳизби рости ифротӣ дар порлумон аз замони поёни ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ хоҳад буд.

Ин ҳизб, ки мухолифи пазириши анбӯҳи паноҳҷӯёни хориҷӣ аст, рӯйкардҳои ба шиддат зиддиисломӣ дошта ва ба сароҳат алайҳи мусалмонон мавзеъгирӣ кардааст.

Раҳбари ин ҳизб натиҷаи интихоботи дирӯзро “таърихӣ” ва ҳаракате ба самти тағйир тавсиф кардааст.

* * *

Худдории сусиёол-демукротҳо аз эътилоф

Дар интихоботи дирӯз, Ҳизби сусиёл-демукрот ба раҳбарии Мортин Шултз бо касби 20 % оро дар ҷойгоҳи дуввум қарор гирифтааст.

Шултз ҳарчанд дар дақоиқи нахусти шумориши оро шикаст дар интихоботро пазируфт, аммо эълом кард, ки тасмиме барои эътилоф бо ҳизби Меркел надорад.



Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: