Ҳама чиз дар бораи додгоҳи Бузургмеҳр Ёров аз забони хоҳараш (2)

Ёддоштҳои Хоссият Ёрова (Бахши дуввум)

Дархости Бузургмеҳр вобаста ба айбҳои эълонкардашуда нисбати ӯ (идома)

(марти 2016)

(Ин матолиб ба дасти худи Бузургмеҳр навишта шудаанд.)

Акнун ба лаҳзаҳо мегузарем.

Лаҳзаи тӯҳмат намудани тайёр ва истифода бурдани талони муоинаи техникӣ

Ба ин лаҳза ба ман бо моддаи 340 к.2 банди «б,в»-и КҶ ҶТ аз рӯи варианти дуюми сохтакоронаи қарор “дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда ва эълон кардани айби нав дида мешавад, ки тафтишот бар хилофи далелҳое, ки бегуноҳии маро нишон медиҳад, дар хусуси он айб эълон менамояд, ки гӯё:

“Ӯ боз моҳи сентябри соли 2010 бо мақсади сохтакорона тайёр намудани ҳуҷҷати аз ӯҳдадори озодкунанда ва дар оянда истифода бурдани ҳуҷҷати бараъло қалбакӣ ба манфиати худ бо шиносаш бо номи Маъруф шахси ба тафтишот номаълум вохӯрда, аз охирин хоҳиши бе гузаронидан аз муоинаи техникӣ ва напардохтани ҳаққи муоина, талони муоинаи техникӣ ёфта диҳад… Талони муоинаи техникии силсилаи 226695 қалбакӣ омода намуда, ба ӯ ба ивази 170 сомонӣ додааст. Ӯ бошад, аз бараъло қалбакӣ омода шудани талони муоинаи техникии автомашинааш огоҳ буда, дидаву дониста бар хилофи талаботи қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2007 таҳти №546 замимаи 8, ки тибқи он шаҳрвандон ӯҳдадоранд дар як сол, як маротиба ҳатман автомашинаи худро аз муоинаи техникӣ гузаронида, маблағи ҳаққи муоинаи муқарраршударо ба миқдори 251 сомонӣю 06 дирам пардохт намоянд, амал намуда, бо истифода аз ин ҳуҷҷати бараъло қалбакӣ автомашинаашро идора кардааст.

31.01.2011 тақрибан соати 15:10 ӯ ҳангоми идора намудани автомашина баҳри санҷиши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ боздошт карда шудааст. Зимни санҷиш ҳуҷҷатҳои Ёров Б.Р. талони муоинаи техникии силсилаи 226695 бино бар шубҳанок буданаш протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, талони муоинаи техникии силсилаи 226695 ва шаҳодатномаи ронандагиаш гирифта шудааст.

Мувофиқи хулосаи ташхиси криминалистии таҳти №201 аз 21.02.2011 аз талони муоинаи техникии силсилаи 226695 ба талаботи технологияи сохтаашон (чопӣ) мувофиқат накарда қалбакӣ дониста шудааст.

Далелҳои дар худи парванда буда – ҳолати баръакс пурра бегуноҳии манро нишон медиҳанд. Чунончи як қисмати ин қисми айб пурра бо қисмати дигараш зид мебошад. Агар, ки ман мақсади напардохтани ҳаққи муоинаи техникии автомашинаро медоштам, пас чаро ба Маъруф боз 170 сомонӣ пардохт мекардаам?! Чӣ фарқ доштааст, ки пулро ба Маъруф супорам ё ин ки ба давлат? Дар ҳар ду ҳолат ҳам аз киссаи ман 170 сомонӣ рафтааст. Ман 170 сомониро ба Маъруф барои он додаам, ки онро ба давлат супорида муоинаи техникиро гузаронад.

Мақомоти тафтишотӣ аз нишондоди дигар шахсон ва таҷрибаи тафтишотии дигар парвандаҳо оиди он маълумот доранд, ки ронандаҳо агар мақсади харидани муоинаи техникии қалбакиро дошта бошанд, пас ҳамагӣ 50 сомонӣ месупоранд, на ин ки 170 сомонӣ.

Дар ҷ.2 саҳ. 126-128 пурсиши шоҳид Ҳакимов Маъруф чунин оварда шудааст: Ҷ.2., саҳ.126-128 Пурсиши шоҳид Ҳакимов Маъруф:

“Ҳамон вақт ба ғайр аз ман боз нисбати 8 нафар аз тарафи Раёсати таҳқиқ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда буданд. Аз тарафи кормандони милитсияи ВКД ҶТ фаҳмидам, ки гӯё ман соли 2010 бо шаҳрванд Ёров Б.Р. талони муоинаи техникӣ фурӯхта бошад, лекин ҳангоми пешниҳод намудани сурати Ёров Б. ҳаминро қайд карданиам, ки ман Ёров Б.-ро намешиносам, пештар надида будам ва ба ӯ талони муоинаи техникӣ ҳам нафурӯхтаам.

Дар ҷ.2 саҳ.92-95 чунин ҳуҷҷати мурофиавӣ мавҷуд аст: Ҷ.2., саҳ.92-95 қарор дар бораи ба истеҳсолоти алоҳида ҷудо намудани як қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ аз 26.01.11 и.в.муфаттиши ВКД ҶТ Султонов Д. маводҳои парвандаи ҷиноятии № 3796-ро нисбати Зинатов Хушбахт Муҳаббатович ва дигарон дида баромада,

МУАЙЯН КАРДАМ:

(афтодагӣ дар матн)

… Мавриди гузаронидани тафтишоти пешакӣ ҳамаи ҳаракатҳои тафтишотие, ки барои муайян намудани шахсияти шахсоне, ки 61 адад талонҳои қалбакии муоинаи техникии воситаи нақлиётиро аз айбдоршавандагон Зинатов Хушбахт, Табаров Ёқуб, Раҳимов Мақсудҷон, Ҳакимов Маъруф, Ҳамдамов Фарҳод, Насридинов Диловар ғайриқонунӣ дастрас намудаанд, имконияти аниқ кардан нашуд.

Яъне ба мақомоти ҳифҳи ҳуқуқ дар соли 2010-2011 пурра маълум буд, ки мисли Ҳакимов Маъруф ва дигар ашхос мавҷуд ҳастанд, ки ба сохтакории талонҳои муоинаи техникӣ машғул ҳастанд, аммо ин ба мо ронандагон маълум набуд ва маълум низ шуда наметавонист.

Тафтишоти пешакӣ умуман ба ягон нишондоди ман диққат намедиҳад, ки дар он ман пурра тарзи чӣ тавр гузаронидани муоинаи техникии автомашинаи худро нишон додаам, аз ин пурсишҳо аён мешавад, ки ман ягон ҷинояте содир накардаам ва ягон мақсади содир кардани ҷиноятро ҳеч вақте надоштам. Назар меандозем ба ҷ.2 саҳ.102-107 ба баёноти якуми додаи ман, ки он аз аввал то охир то имрӯз аз соли 2011 тағйир наёфтааст. Ҷ.2, саҳ.102-107 Баёноти Ёров Б.Р.

“Дар моҳи сентябри соли 2010 дар Пости “Майхӯра” кормандони милиса ҳуҷҷатҳоро тафтиш намуда, оиди он гуфтанд, ки мӯҳлати муоинаи техникӣ як сол мебошад, ба ГАИ рафта, аз нав гузаронам. Дар он ҷо Маъруф ном шахс, ки дар Донишкадаи Андоз ва ҳуқуқ мехонд, дидам. Ӯ маро дида, “Устод” гуфта салом кард, пурсид, ки чӣ хизмат мебошад. Ман фаҳмонидам, ки барои гузаштани муоинаи техникӣ ГАИ омадаам. Маъруф фаҳмонид, ки пули давлатии гузаштани муоина 150 сомонӣ мебошад. Ин маблағро ба дасти ӯ диҳам, ӯ худ мошинро аз муоинаи техникии кормандони ГАИ мегузаронад ва вақти ман беҳуда намеравад. Ман ба дасти ӯ 170 сомонӣ додам, ки ана 150 сомонӣ пули давлат, 20 сомонӣ барои ёрдам карданат. Мошинро баъд ба стоянкаи тарафи рости бинои ГАИ мондам. Маъруф гуфт, ки баъди 3-4 соат биё. Тахминан 3-4 соат пас омадам. Ӯ ба дасти ман тамоми ҳуҷҷатҳои мошинро бо муоинаи техникии № 226695 дод. Ман бори дигар миннатдории худро ба ӯ изҳор намудам. Бо муоинаи техникии гирифта моҳҳои сентябр-декабри соли 2010 ва январи соли 2011 зиёда аз 30 маротиба ба ҳудуди вилояти Суғд рафтам. Баъди гурехтани маҳбусон аз СИЗО-1 боз постҳо зиёд шуданд. Дар тамоми постҳо кормандони милиса мошинро манъ карда, ҳуҷҷатҳои онро месанҷиданд ва онро ба қайд мегирифтанд. Ягон кас оиди он ки муоинаи техникӣ қалбакӣ мебошад, ба ман маълумот надодааст. Боре дар наздикии чойхонаи “Роҳат” кормандони ГАИ автомашинаро манъ карда, муоинаи техникиро бо қайчӣ аз 2 тарафаш буриданд ва гуфтанд, ки ягон шубҳа нест, он ҳақиқӣ мебошад.”

* * *

Давоми баромад

31.01.2011 ҳангоме, ки ман аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба ш.Душанбе меомадам, дар пости ГАИ, кормандони ГАИ манъ карда, тамоми ҳуҷҷатҳоро санҷиданд. Онҳо гуфтанд, ки ранги муоинаи техникӣ хира мебошад, онро барои санҷиш мегиранд. Ман ки боварии комил доштам, он дуруст мебошад, гуфтам онро санҷед. Ҳуҷҷат тартиб дода ба ман ба ҷойи ҳуҷҷати ронандагӣ ва муоинаи техникӣ маълумотнома дода шуд.

Қариб муддати 1 моҳ гузашт, ман боз ба бинои ГАИ рафтам, ки чаро ҳуҷҷати манро гирифта, касе манро ҷеғ намезанад. Дар он ҷо Ёров И. собиқ студенти Донишкадаи Андозро дидам. Ӯ сабаби ба бинои ГАИ омаданамро пурсиду ман тамоми ҳолати корро фаҳмондам. Ӯ ҳуҷҷатҳои маро дида ҷавоб дод, ки мӯҳлати суғуртавӣ ва супурдани андоз гузаштааст. Ман ба дасти ӯ маблағ додам ва бегоҳӣ ӯ боз тамоми ҳуҷҷатҳои автомашинаро ба ман тахт карда дод.

Савол: Шумо гӯед, ки дар бораи тартиби гузаронидани муоинаи техникӣ маълумот доред?

Ҷавоб: Не, ман оиди ин ҳолат ягон гуна маълумот надорам.

(Афтодагӣ дар матн)

Ҷавоб: Маъруфро ман аз солҳои 2001-2002-юм мешиносам, дар он маврид дар Донишкадаи Андоз ман дарс медодам. Байни мо ягон муносибат вуҷуд надорад. Ғайр аз муносибати собиқ донишҷӯ ва муаллим. Ӯ зодаи н.Фархор мебошад, аммо ҷойи зисти аниқи ӯро намедонам. Ҳамчунин бо назардошти он, ки Донишкадаро қариб 9-10 сол пеш хатм кардааст ва шумораи донишҷӯён хело зиёд буд, насаби пурраи ӯро дар хотир надорам.

Аллакай ба ВКД дар соли 2011-ум маълум буд, ки ман сохтакорие накардаам, вагарна худи ҳамон сол имкон доштанд, ки маро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд. Бино бар дар кирдорҳои ман набудани таркиби ҷиноят то ҳатто ҳуҷҷати ронандагии ман дар бинои Раёсати таҳқиқи ВКД ҶТ тантанавор ба ман бозпас дода мешавад. Зиёда аз чор сол касе маро намепурсад ва 28.09.15 бино бар таъқиби сиёсӣ ташкил намудани Раҳмон Юсуф, дар як рӯз бо таърихи пешин гӯё, ки корҳое дар 4-8 сол мақомоти қудратӣ накарда буданд, нисбати мо сар мезанад.

Назар меандозем ба ҷилд.2 саҳ.90-91-и парванда ҷ.2., саҳ.90-91 Қарор дар бораи ҷудо намудани қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ аз 28.09.15.

Муфатиши РТ ВКД ҶТ Ҳакимов М. маводҳои п/ч № 35743-ро нисбати шахсони номаълум ба м.м. 247 к.2, б. «а, б» ва 340, к.2, б. «а, б,в» КҶ ҶТ дида баромада,

МУАЙЯН КАРД:

Қурбонов Сайфиддин Насриддин ба ҳайси роҳбари истеҳсолоти ҶДММ «Кондор» кор карда, тахминан байни моҳи июли соли 2010 бо шиносаш Зинатов Хушбахт ва Маҳмадшоев Мирзоҷовид вохӯрда, бо мақсади ба даст овардани маблағи пулӣ бо роҳи сохтакорӣӣ, яъне бо истифодаи техникаи компютерӣ тайёр кардани 70 адад талони қалбакии муоинаи техникии воситаи нақлиётро маслиҳат менамоянд.

Пас аз маслиҳати пешакӣ ва розигии тарафайн Зинатов Х. ба ӯ фиттаи намуди «СД», ки дар он талони қалбакии муоинаи техникии воситаи нақлиёт сабт карда шуда буд, барои ғайриқонунӣ дар компютер чоп намудан медиҳад. Ӯ 70 адад талонҳои қалбакии муоинаи техникии воситаи нақлиётро дар компютери ҶДММ «Кондор» ғайриқонунӣ чоп ва тайёр карда, ба Зинатов Х.М. сараввал 20 адад талони қалбакии муоинаи техникии воситаи нақлиётро ба ӯ бо арзиши ҳар як адад талони қалбакии муоинаи техникии воситаи нақлиётӣ ба маблағи се сомонӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 60 сомонӣ ғайриқонунӣ медиҳад…

(Афтодагӣ дар матн)

Қарор кард:

1) Қисми маводҳо аз парвандаи ҷиноятии №35743 нисбати Ёров Бузургмеҳр дар шакли аслӣ барои ҳамроҳ намудан ба парвандаи ҷиноятии № 75038 бо пешбурди алоҳида ҷудо карда шавад.

Аммо тафтишоти пешакӣ ба дигар далелҳое, ки дар ин қисм бегуноҳии маро нишон медиҳад, умуман диққате намедиҳад. Агар талони муоинаи техникии автомашинаи ман қалбакӣ мебуд, пас аз рӯзи гирифтан то 31.01.2011 он борҳо ошкор мешуд. Дар 5 моҳи гузашта чандин маротиба кормандони РБДА ВКД ТҶ дар постҳо маро манъ мекарданд. Аввало бо талони муоинаи техникӣ кор менамоянд, ягон кас онро шубҳанок намешуморад.

Агар б ҷ.2. саҳ.102 диққат карда шавад, дар талони силсилаи Б 0125082 дар таърихи 12.11 навиштаҷоти ҳолӣ ва дар таърихи 08.01.11 барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурии моддаи 324 ба ман корманди РБДА ВКД ҶТ, ки нишони 06026 дорад, огоҳӣ медиҳад. Яъне 23 рӯз пеш аз 31.01.11 ва 12.11.10 ҳуҷҷати муоинаи техникии манро дида буданд, кормандони РБДА ВКД ҶТ онро шубҳанок ё ин ки сохтакорона эълон накарда буданд. Тафтишот корманди РВД Аи ВКД ҶТ, ки дорои нишони 06026 мебошад, умуман ҷустуҷӯ накардаанд ва напурсидаанд, ки чӣ тавр ба Асоев Ҷӯрахон муяссар шуд, ки ин сохтакориро ошкор намояду ба онҳо не. Чорае нисбати ин хунукназарӣ намеандешидаанд, ки чаро имкон додед, ки ҷинояткоре то 31.01.2011 онро боз истифода барад. Сабаби ҳамаи ин дар он мебошад, ки талони муоинаи техникии гузаронида ва додаи собиқ донишҷӯи мо “Маъруф” ҳеч вақт сохтакорӣ набуд ва онро минбаъд кормандони РБД худ сохтакорӣ аз рӯи мақсадҳои ғаразноки хизматии доштаи худ кардаанд. Мавҷудияти дигар ҳуҷҷатҳои автомашина ин ҳолатро пурра исбот менамояд.

Чунончи дар ҷ.2. саҳ. 110. ҷ.2. саҳ.110 Ваколатномаи Қарақулов Абдулҳафиз аз 17.12.2009 оиди рондани автомашинаи тамғаи Опел-Астра бо рақами давлатии ЕК 79-97 РТ/01 ба номи Ёров Б. ва Набиева З.З.

Он дар БДА н.И.Сомонӣ 23.04.10 ба қайд гирифта шудааст.

Ё ин ки дар ҷ.2 саҳ. 111: ҷ.2. саҳ.111 Маълумотномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ аз 18.01.2011 то 18.05.2011 мавҷуд аст. Яъне аз 23.04.2010, 18.01.2011 ман пурра ҳуҷҷатҳое, ки кормандони РБДА ВКД ҶТ месанҷанд, ба тартиб даровардаам. Зеро ҳар лаҳза санҷишро дар вақти дилхоҳ ва дар дилхоҳ мавзеъ дучор шудан лозим аст. Чӣ тавр ман ҳуҷҷатҳои дигарро ба тартиб медаровардааму ба тариқи сохтакорӣ талони муоинаи техникиро истифода мебурдаам? Ин ба ягон мантиқ дуруст намеояд.

Агар ба ҷ.2 саҳ. 112 диққат кунем ҷ.2. саҳ. 112 Диагностическая карта транспортного средства 05.02.2011

Соат 11.33.40, дар он расми мошин ва ронанда Ёров Исмоил мебошад.

Дида мешавад, ки дар соли 2011 ба ҷои “Маъруф” ин муоинаи техникиро Ёров Исмоил гузаронида истодааст. ҷ.5, саҳ.92-94 пурсиши Ёров Исмоил Солиҳович. Тел. 93-404-83-88

(Афтодагӣ дар матн)

… Соли 2011 Ёров Б. аз ман хоҳиш намуд, ки автомашинаи шахсиашро тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш ВК 79-97 РТ 01 аз муоинаи техникӣ гузаронам. Ман розӣ шудам ва аз ӯ автомашинаашро гирифта, аз муоинаи техникӣ аз ҳисоби худам дар ШВКД-1 дар н.Синои ш.Душанбе гузаронидам. Баъди гузаронидан, худи ҳамон рӯз ба Ёров Б. автомагинаашро баргардонида додам. Пеш аз ман Маъруф ба автомашинаи Ёров Б. талони муоинаи техникӣ дода буд ва як рӯз тахминан соли 2011-2012 ман ба хонаи Ёров Б. рафтам. Он ҷо чи маъракае буд. Ҳамон вақт аз суханони Ёров Б. фаҳмидам, ки аз рӯи талони муоинаи техникӣ додаи Маъруф ӯро кормандони милитсия, бино бар сабаби қалбакӣ буданаш якчанд муддат сарсону саргардон намуданд.

* * *

Яъне барои ман ва дилхоҳ ронанда фарқе надорад, ки муоинаи техникии автомашинаро ки мегузаронад Маъруф, Ёров Исмоил ё ин ки шахси сеюм. Асос бо роҳи қонунӣ гирифтани талони муоинаи техникӣ мебошад.

Дар ҷ.2. саҳ.98 Протоколи аслии 01 АА ҶТ №0739187 аз 31.01.2011 сол мавҷуд аст, ки он аз тарафи корманди РБДА ВКД ҶТ Асоев Ҷӯрахон тартиб дода шудааст. Ҳангоми пур кардани он 2-3 ранги ручка истифода бурда мешавад, ин инро аз лаҳзаи аввали пур кардани протокол дидан мумкин аст. Асоев Ҷӯрахон бе ягон шубҳа, бе ягон хулосаи ташхис оиди он тӯҳмат менамояд, ки ронанда Ёров Б. … банди 11 Қоидаи ҳаракат дар роҳ вайрон шудааст: ронанда воситаи нақлиётро бо муоинаи техникии қалбакӣ идора мекард.

Агар мисли Асоев Ҷӯрахон кормандоне бошанд, ки бе ташхис қалбакӣ будани ҳуҷҷатро муқаррар намоянд, пас Раёсати ташхиси ВКД ҶТ чи лозим аст? Тафтишот ва Асоев Ҷ. Ба он диққат намедиҳанд, ки дар ин протокол ман баёнот оиди он додаам, ки … (афтодагӣ дар матн.) Баёноти шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст. Нақлиётро мерондам, муоинаи техникиам гирифта шуд, корманди ГАИ бино бар гӯё қалбакӣ буданаш онро гирифтанд. Талони муоинаи техникӣ №286695 мебошад.

Тамоми парванда оиди сохтакории варақаи муоинаи техникии №226695 маълумот медиҳад, аммо ҳеч вақт аз ман ягон талоне бо рақами 226695 гирифта нашудааст. Ё ин ки кормандони тафтишотӣ №286695-ро аз рақами 226695 фарқ карда наметавонанд. Корманди РДВ Асоев Ҷ аз рӯи протоколи тартибдодааш аз ман фақат шаҳодатномаи ронандагии №АБ0106082-ро гирифтааст. Ӯ ягон қайд оиди он, ки маҳз кадом талони муоинаи техникиро гирифтааст, ё ин ки нагирифтааст, дар протокол дарҷ наменамояд, аз протокол бармеояд, ки умуман ӯ аз ман ягон талони муоинаи техникиро нагирифтааст. Агар мегирифт, пас онро дар конверте ҷой менамуд, конверт ширеш карда шуда, барои шубҳа пайдо нашудан, дар он имзоҳои тарафҳо гузошта мешуд. Ягон ҳолати номбурда ба вуҷуд омадагӣ нест.

Дар ҷ.2 саҳифаи 100 маълумот оиди он мавҷуд аст, ки бе бастаи мӯҳронида — талонҳо барои ташхис равона шудаанд. Дар ҳолати чунин корбарӣ дар РБДА ВКД ҶТ дилхоҳ талони ронандаҳо ба дилхоҳ дигар талонҳо иваз шуда метавонанд.

Ҷ.2. С.100.Маълумотномаи 201-и Раёсати ташхиси (эксперти) криминалистӣ аз 21.02.2011 с.

Объектҳо барои гузаронидани ташхис дар асоси мактуби сод.№23/10-750 аз 12.02.2011 с. бо имзои муовини сардори Раёсати БДА ВКД-и ҶТ бе бастаи мӯҳронида, пешниҳод карда шуд.

Барои гузаронидани ташхис пешниҳод карда шуд:

1) Панҷ (5) адад варақаҳои муоинаи техникӣ № 226695… (Афтодагӣ дар матн)

Дар назди эксперт саволи зерин гузошта шуд:

2) Оё панҷ (5) адад варақаҳои муоинаи техникӣ № 26695…. ба талаботи технологияи тайёркунии чопии аслӣ мувофиқа мекунад ё не?

Натиҷаи ташхис:

1) Ҳангоми ташхиси комплексӣ, оптикӣ ва микроскопии дар зери 7 намуд филтери бунафш (света-филтр) дар зери микроскопи МБС-10 муайян карда шуд, ки панҷ (5) адад варақаҳои муоинаи техникӣ № 226695… бо тарзи дастгоҳи чопии (принтер) ранга чоп шудааст, ки ба талаботи технологияи тайёркунии чопии варақаи муоинаҳои техникии аслӣ, мувофиқат намекунанд

Дар холе, ки ташхисгарон №21.02.2011 талони №226695-ро ташхис мегузаронанд, аз ҷ.2. саҳ.97 дида мешавад, ки баъди 7 рӯзи ин ташхис аз РБДА ба Раёсати таҳқиқи ВКД ҶТ талони тамоман дигар рақам, яъне 0226695 барои таҳқиқ равона мешавад.

Ҷ.2., с.97. Мактуби Сардори РБДА-и ВКД ҶТ ба Сардори Раёсати таҳқиқи ВКД ҶТ аз 28.02.2011 № 23/10-1054.

Ба Шумо маводҳо оид ба қалбакӣ тайёр намудани варақаҳои техникии воситаҳои нақлиёт, ки дар асоси мактуби Раёсати Ташхиси криминалистии ВКД ҶТ № 13/14-506 аз 23.02.2011 муайян карда шудааст, барои баррасӣ ва қабул намудани қарори қонунӣ ирсол карда мешаванд.

4) №0226695 – воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Астра» аломати қайди давлатиаш ЕК 79-97 РТ 01 мансуб ба шаҳрванд Ёров Б.Р.

Асоси айбро хулосаи ташхиси криминалистии №201 аз 21.02.2011 ташкил медиҳад, аммо дар парванда дар ҷ.2. саҳ.117 хулоси эксперти суди №244 аз 30.03.2011 мавҷуд аст, ки ба он тафтишот диққат намедиҳад, харчанд, ки муҳтавои ҳар дуи он як мебошад.

Инак дар парванда рақами 3 талон пайдо мешавад: 1. №286695, 2.№226695 ва 3.0226695, аммо дар ҷилди 2 саҳ.113 фақат талони силсилаи 226695 ба ташхис равона мешавад, 2 талони дигар №286695 ва №0226695 ба ташхис равона карда намешаванд. Дар 13 ҷилди парванда ман умуман се талони номбурдаро надидам, аз ин рӯ 14.03.2016 дар протоколи шинос шудани айбдоршаванда бо маводҳои парванда, оиди он хоҳиш намудам, ки тамоми далелҳои шаъйӣ ба ман нишон додашуда шинос карда шаванд.

Мақомоти тафтишоти пешакӣ талони силсилаи №286695-ро ба ташхис равона намояд ва савол оиди он монад, ки он ба талаботи технологияи тайеркунии (чопи) варақаҳои асли мутобиқат мекунд ё не? Оё навиштаҷот мӯҳр ва имзо дар талони муоинаи техникии силсилаи 286695 ба кадом тарз гузошта шудааст? Фақат баъди гирифтани хулосаи номбурда тафтишот оиди он ки Маъруф ҷинояте содир кардааст ё ин ки не, хулоса дода метавонад. Дар ҷ.2 саҳ.120 барои дарёфтани Маъруф Ҷ.2. саҳ.120.

Мактуби Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 22.01.2016.

“… Дар соли хониши 2000-2002 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишкадаи Андоз ва Ҳуқуқ ба номи Маъруф 16 нафар донишҷӯён таҳсил менамуданд, ки дар байни онҳо зодаи ноҳияи Фархор муайян карда нашуд” — пайдо мешавад, ки дар он оварда шудааст.

Аз ҷавоби ин мактуб маълум нест, ки оё тамоми донишҷӯёни шӯъбаҳои ғоибона, рӯзона, гурӯҳи зудамал ба инобат гирифта шудааст ё ин ки не?

Баъдан дар пурсиши худ дар ҷ. с. ман оиди он нишон дода будам, ки вобаста ба ҷойи таваллуди падару модар шахс худро метавонад фархорӣ гӯяд, аммо мумкин умуман дар ин ноҳия таваллуд нашуда бошад. То ҳатто вобаста ба шахсияти худ мисол овардам, ки вобаста бо дӯстии донишҷӯии доштаам бо ҷавонони вилояти Суғд қисме маро айничӣ мегӯяд, вобаста ба он ки падарам Ёров Равшан дар н. Обигарм таваллуд шудааст, қисме обигармӣ мегӯянд. Вобаста ба он ки волидони модарам Исҳоқова Ҳуринисо дар н. Ғарм таваллуд шудааст ва модарам зодаи н.Сурхандарёи Ӯзбекистон мебошад, қисме ғармӣ мегӯяд. Лекин ман на дар Айнӣ на дар Обигарм, на дар Ғарм ва на дар Ӯзбекистон таваллуд нашудаам. 09.07.1971 дар таваллудхонаи №1-и ш.Душанбе таваллуд шудаам. Аз сабаби он ки ифротгарони асосӣ …. (афтогаӣ дар матн) Прокурори ӯ Раҳмон Юсуф мебошад, бино бар дар байни мардум фитнаву иғво андохтан дар сайти ВКД ҶТ оиди он маълумот ҷой медиҳанд, ки Адвокат Ёров Бузургмеҳр зодаи Сурхандарёи Ӯзбакистон мебошад. Омӯзиши маводҳои парванда ҳолати онро нишон медиҳад, ки дар он нусхаи шиносномаҳои ман мавҷуд аст, нигаред ба ҷ.1 са.147, дар пурсишҳо ман худро аз соли 2007-ум зодаи ш.Душанбе нишон додаам ва тамоми базаи бойгонии САҲШ ва ВКД ҶТ, ки шаҳодатномаи таваллуд ва шиноснома медиҳанд, дар дасти Президент Эмомалӣ Раҳмон мавҷуд аст. Фақат барои таквият додани таъқиби сиёсб ин 2 шахс дар байни мардум иғво меандозанд. УБОП иғвогар кофта гаштааст, хол он ки ду иғвогар шабу рӯз дар пешашон мебошанд, лекин касе нисбати онҳо чорае андешиданӣ нест. Марҳамат УБОП бо тартиби муқарраркардаи қонун ин ду ифротгаро ба ҳабс гирад.

Дар ҷ.2. саҳ.101 ва 123-125 баёноту пурсиши корманди РБДА ВКД ҶТ Асоев Ҷӯрахон Мирумшоевич оварда шудааст. Ин баёноту пурсиш чунон бесаводона гирифта шудааст, ки то ҳатто кӯдаки синфи 1 аз таҳқиқгару муфаттиш бехтар метавонад, ки саволгузорӣ намояд ва таҳқиқу тафтиши дурусте гузаронад. Аз ин маълум мешавад, ки на таҳқиқгар ва на муфатиш умуман, оиди фаъолияти РБД ВКД ҶТ ва муносибати он ба ронандагон маълумоте надоранд. Фақат дар пурсиши ҷ.2. саҳ. 123-125 Асоев Ҷӯрахон, хато навиштани баёноти худро дар ҷ.2 саҳ.101 тасдиқ менамояд. Ба ӯ ягон саволе дар хусуси он ки автомашинаи Ёров Б. суғуртаи ҳатмиро гузашта буд ё не, варақаи суғуртавӣ дошт ё ин ки не? Агар ин гуна варақаҳои суғуртавӣ надошт бошад, пас чаро дар протокол оиди ин ҳолат маълумотномае дарҷ нашудааст, агар ин автомашина аз ш.Қӯрғонтепа то пости Чимтеппа, ба воситаи пости Фахрободи РБДА ВКД ҶТ гузашта дар он чо сохтакориеро ҳангоми санҷиш аён накардаанду чи тавр аён кардааст? Чаро дар протокол фақат гирифтани ҳуҷҷати ронандагиро қайд кардаасту оиди гирифтани талони муоинаи техникӣ маълумоте нест? Чаро дар баёноти ронанда Ёров Б. дар ин протокол силсилаи №286695 меравад, аммо ташхисгарон талони №226695 меравад, аммо ташхисгарон талони №226695 ва чаро РБДА ба Раёсати таҳқиқи ВКД ҶТ талони №0226695-ро барои таҳқиқ равона кардааст, аз куҷо ва барои чи ба ҷойи талони № 286695 талонҳои №226695 ва 0226695 пайдо шудаанд, барои чи дар протоколи тартибдодаи 2-3 ранги ручка пайдо шудааст ва садҳо саволҳои дигарро умуман надодааст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигар

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир, Пароканда, Торих, Ҷомеа

Метки: , ,

2 replies

  1. Бузургмехр Ёров гарчанде хазор фитнаву найранг ва маълумотхоро биёри, ки мувофики карори макомоти дахлдор ту махбас шудаи ва касе туро беасос махкам намекунад. Бояд ту ва тубаринхо хоинон махбас не бояд аз озоди махрум карда шавед.

    Нравится

  2. Мо ҷавонони Тоҷикистон пешниҳод менамоем, ки оилаи Ёровҳо ҳамчун оилаи бешараф эътироф карда шавад. Зеро ҳамагӣ аҳли оила шуруъ аз Бузургмеҳр, Ҷамшед ва (Бе)хосият хиёнаткоранд!

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: