Ӯзбакистон ва ваъдаҳои тозаи Мирзиёев; аз давлатмадорӣ ба шаҳрвандмадорӣ?

Гузориши Шаҳзода Самарқандӣ дар Radiozamaneh

Дар рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта (20 сентябр), барои аввалин бор Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон, дар Маҷмаъи Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кард. Суханронии ӯ пур аз ваъдаҳои беҳбуд додани вазъи ҳуқуқи башар ва озодии баён ва андеша буд ва ҳамин тавр гузориш аз ислоҳоте, ки дар як соли ахири кишвар анҷом шудааст; яъне давроне, ки пас аз марги Каримов ва зимомдории Мирзиёев оғоз шудааст.

Суханронии оқои Мирзиёев бо ин ки бисёреҳоро нисбат ба ояндаи Ӯзбакистон хушбин мекунад, аммо ин шаккро низ барангехта, ки ин навъ гузоришҳои мусбат ва ваъдаҳои холӣ метавонад нақши сарпӯш барои як саре иқдомот барои нақзи ҳуқуқи башар ва саркӯбҳои сохториро дошта бошад.

* * *

Ваъдаҳои Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев дар суханронии худ аз фароҳам кардани фазои муносиб барои таҷриба ва ибрози ақидаҳои динӣ ва сиёсӣ, беҳбуд додани вазъи иқтисодӣ барои шаҳрвандони кишвар гуфт ва ваъдаҳои мукаррар дод, ки барнома дорад Ӯзбакистонро ба кишваре шаҳрвандмеҳвар табдил кунад ва тамоми таваҷҷӯҳи давлат аз ин баъд рӯ ба ниёз ва алоқаҳои мардум хоҳад буд. Ӯ гуфт, мехоҳад давлатмадорон дар хидмати мардум бошанд ва на он гуна ки то ҳол буда яъне мардум дар хидмати давлатмадорон будаанд.

Оқои Мирзиёев аз омодагии кишвараш барои ҳамбастагӣ бо созмонҳои байналмилалӣ гуфт ва аз ин ки қарор аст моҳи ноябр ҳамоиши бузурги Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Самарқанд, яке аз бузургтарин шаҳрҳои Ӯзбакистон, баргузор бишавад, то фурсате бошад барои расидан ба тасмимҳои муштарак барои решакан кардани исломгароии ифротӣ ва низ теруризми байналмилалӣ дар минтақа.

Мирзиёев ҳамин тавр аз гурӯҳҳои теруристӣ интиқод кард, ки ҷавонони кишварро бо номи ислом ба хушунат ва ифротгароӣ мекашонанд ва аз ин ки тасмим гирифтааст роҳи ин навъ исломҳои воридотиро бибандад ва исломи маҳаллиро, яъне он исломеро, ки Имом Бухорӣ дар китоби “Саҳеҳи Бухорӣ” муаррифӣ кардааст, ҷойгузини ин гуна исломҳои хориҷӣ кунад. Ӯ гуфт, қарор аст дар шаҳри Самарқанд маркази пажӯҳиш бо номи Бухорӣ ба кор шурӯъ кунад ва он хонишеро, ки Бухорӣ дар китоби худ баён мекунад ба иҷро дароваранд. Ӯ аз Имом Бухорӣ ба унвони яке аз чеҳраҳои барҷастаи даврони ренусонси Осиёи Миёна ёд кард, ки аз ислом ва Қуръон хониши дуруст ва инсондӯстонае ба мардум ироа кардааст.

Оқои Мирзиёев аз як соли гузашта ба унвони шурӯъи ислоҳот дар Ӯзбакистон гуфт ва эълом кард, дарҳои кишвар ба рӯи ҳар навъ ҳамкорӣ бо созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва байналмилалӣ боз аст. Ин дарҳо дар даврони риёсати Ислом Каримов, ба хусус пас аз қатли омми Андиҷон дар соли 2005, баста шуд ва ҳар навъ ҳамкорӣ ва ҳузури созмонҳои байналмилалӣ дар Ӯзбакистон мамнӯъ буд. Ҳанӯз низ расонаҳои хориҷт имкони фаъолият дар дохили кишварро надоранд ва рӯзноманигорони ӯзбак ҳатто дар хориҷ аз кишвар низ таҳти пайгирд ва таъқиб қарор доранд.

Гуфта мешавад, ки зиндонҳои Ӯзбакистон аз маҳбусони ақидатӣ ва сиёсӣ пур аст ва бисёре аз онҳо бидуни баргузории додгоҳ ё додхоҳии мунсифона ба беш аз даҳ сол ё бештар ба ҳабс маҳкум шудаанд.

Оқои Мирзиёев дар суханронии худ дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал гуфт, ки оморҳо нишон медиҳанд, ки бисёре аз хушунатҳо ва зӯровариҳо аз ҷавонони зери 30 сол сар мезанад. Ӯ ба Созмони Милал пешниҳоди барномаи вежае барои таваҷҷӯҳ ба ниёзҳо ва алоқаҳои насли ҷавон ва дахил кардани онҳо дар ояндаи кишвар дод.

Мирзиёев гуфт, ки афзоиши исломгароии ифротӣ ва теруризм дар ҷаҳон, нишондиҳандаи он аст, ки танҳо муборизаи мусаллаҳона алайҳи теруризм кофӣ нест ва балки бояд бо чизе даргир шуд, ки боиси тарвиҷи идеулужии он шудааст. Ӯ омӯзишро яке аз муҳимтарин ва муфидтарин роҳҳои мубориза хонд ва эълом кард, ки қарор аст Ӯзбакистон саҳми муҳимме дар тарбияти кодр ва мутахассис дар Афғонистон ва боло бурдани сатҳи омӯзиш дар ин “кишвари захмӣ ва ҳамсоя”-и худ анҷом диҳад.

Ӯ ҳамин тавр аз “вирус”-и идеулужӣ гуфт, ки мағзи ҷавононро ҳадаф қарор гирифта ва ҳам аз фоҷеаи дарёчаи Орол ва осебҳои он ёд кард, ки ба саломати мардуми маҳаллӣ расондааст.

Бо вуҷуди аҳаммияти суханронӣ ва ваъдаҳои ислоҳоти оқои Мирзиёев, равшанфикрони ӯзбак дар дохили кишвар ҳанӯз вокунише нишон надодаанд ё мунтазиранд натиҷаи амалии ин ваъдаҳоро мулоҳиза кунанд. Гузоришҳои мусбат ва шурӯъи ислоҳотеро, ки оқои раисиҷумҳур аз он гуфт, барои бисёре аз шаҳрвандони Ӯзбакистон тозагӣ дошт. Онҳо одат надоранд, ки раҳбаронашон аз ҳуқуқи онҳо сӯҳбат кунанд ё қадаме барои боз кардани фазои сиёсӣ бардоранд.

Аз оғози ҳукумати оқои Мирзиёев намунаҳои зиёде аз фароҳам шудани фурсатҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои тиҷории хориҷӣ ва боз шудани роҳҳои ҳавоӣ байни кишварҳои ҳамсоя дида мешавад, ба хусус танишзудоӣ бо Тоҷикистон пас аз 20 соли қатъ ва сардии робита, аз мисолҳои мусбати ин ислоҳот аст.

Раисиҷумҳури Ӯзбакистон гуфт, кишвараш омодааст аз ҳар навъ ҳамкориҳое, ки дар ростои барқарории сулҳ ва мубориза бо бесаводӣ ва ҳимоят аз суботи ҷаҳонӣ бошад истиқбол кунад, то ислоҳоти шурӯъшударо густариш диҳад. Ӯ суханрониашро бо ин ҷумла ба поён расонд: “Ҳадафи аслии ислоҳоти мо таваҷҷӯҳи вежа ба инсон, ниёзҳои инсонӣ ва алоқаҳои инсон аст.”

* * *

Гуфтугӯ бо Тураҷи Атобакӣ ва Мирзои Салимпур

Оё Ӯзбакистон вориди марҳилаи умедбахше мешавад ё вориди фазои дугонае, ки бисёре аз кишварҳои диктотурӣ пеш гирифтаанд? Оё ин ҳама ваъдҳҳое, ки раисиҷумҳури ҷадиди Ӯзбакистон дод шуданист?

Дар ин бора бо ду коршинос гуфтугӯ кардаем. Бо Тураҷи Атобакӣ, муаррих ва пажӯҳишгари бособиқа дар масоили сиёсӣ ва таърихии кишварҳои истиқлолёфтаи ҷануби Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва Мирзои Салимпур, сардабири сойти хабарии “Ахбор” дар Прог.

Тураҷи Атобакӣ суханронии Мирзиёевро паёме медонад, ки киштиро киштирони дигар омада ва Ӯзбакистон кишвари даврони Каримов нест. Ҳарчанд оқои Атобакӣ мӯътақид аст, ки он давроне, ки Ислом Каримов, раисиҷумҳури аввали Ӯзбакистон буд ва беш аз ду даҳа дар он ҳукумат ронд ва фазои “бастаи сиёсиро шакл дод”, дар равоншиносии ҷамъӣ ва тӯдаии мардуми Ӯзбакистон барои солҳо идома хоҳад дошт. Оқои Атобакӣ бо зикри тағйироте, ки раисиҷумҳури ҷадиди Ӯзбакистон дар сиёсати дохилии кишвар ба вуҷуд оварда гуфт, ки ҳанӯз шоҳиди амалӣ шудани ин ваъдаҳо, ба ҷуз мавориде андак, нестем.

Ба гуфтугӯи комили Тураҷи Атобакӣ метавонед дар инҷо гӯш диҳед:

Мирзои Салимпур, сардабири сойти хабарии “Ахбор” дар Прог, мӯътақид аст, ки вазъияти иқтисодӣ ва сиёсии Ӯзбакистон дар муқоиса бо Тоҷикистон ва дар муқоиса бо ҳукумати даврони Ислом Каримов умедворкунанда аст.

Салимпур мӯътақид аст, ки Ӯзбакистон аз лиҳози ҷуғрофиёӣ имконоти бештаре аз дигар кишварҳои ҳамсоя дар ихтиёр дорад, ва агар битавонад ин ваъдаҳо ва барномаҳои шурӯъкардаи худро муҳкамкорона идома диҳад, дар замони кӯтоҳе метавонад бо кишвари Қазоқистон, ки дар айни ҳол аз қавитарин ва муваффақтарин кишварҳои Осиёи Миёна аст, ба сурати танготанг рақобат кунад.

Оқои Салимпур талошҳои то имрӯз анҷомдодаи Мирзиёевро мусбат арзёбӣ мекунад ва мегӯяд, агар мақомоти маҳаллии боқимонда аз даврони Каримов чӯб лойи чархи ӯ нагузоранд, ӯ метавонад даврони ҷадидеро дар таърихи сиёсии кишвар шурӯъ кунад. Давроне, ки комилан мутафовит аз ҳукумати Ислом Каримов хоҳад буд.

Мирзои Салимпур ба ин суол, ки чӣ миқдор аз ин ваъдаҳои Мирзиёев шуданӣ аст, посух дод, ки бахше аз он дар амал низ анҷом шудааст. Ӯ аз созмонҳое мисол зад, ки дар вилоятҳои мухталиф ва дурафтодаи кишвар роҳандозӣ шуда ва рӯзонаномаҳо шикояти шаҳрвандонро мепазиранд ва барои расидагӣ ба дархост ва шикоятҳои мардум иқдомҳое ҳам гузориш мешавад. Аммо бо вуҷуди ин, оқои Салимпур ҳамин тавр аз мақомоте ном бурд, ки амалан бо ислоҳоте, ки оқои Мирзиёев шурӯъ карда мухолифат мекунанд ва комилан бо ӯ ҳамдил нестанд.

Ба сӯҳбатҳои Мирзои Салимпур метавонед дар инҷо гӯш диҳед:

Radiozamaneh

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: