Ислом ва Эронзамин (76)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (39)

Фалсафа ва ҳикмат (18)

(Аз Фозили Хуросонӣ то Козими Ассор)

Табақаи сию дуввум

1) Ҳоҷ Шайх Аббосалии Фозили Хуросонӣ. Чунонки гуфтем, дар маъқул аз шогирдони бовоситаи Ҳоҷӣ Сабзаворӣ ва дар манқул аз шогирдони марҳум Мирзои Шерозӣ аст. Вай аз намунаҳои фазл ва ҷомеъияти як қарни ахир аст.

Се нафар дар он аср зарбулмасали ҷомеъият ва диққат ва таҳқиқ будаанд: Ҳоҷ Фозили Хуросонӣ дар Машҳад, Ҳоҷ Шайх Абдуннабии Нурӣ дар Теҳрон, Ҳоҷ Мирзо Ҳусайни Алавии Сабзаворӣ дар Сабзавор. Мегӯянд, Ҳоҷ Мирзо Ҳусайн афзали онҳо будааст. Марҳум Ҳоҷ Фозил дар замони худаш мударриси расмии китобҳои фалсафа дар ҳавзаи боравнақи Машҳад буд. Эшон дар ҳамон сол, ки ҳамтои теҳрониаш марҳум Ҳоҷ Шайх Абдуннабӣ даргузашт (соли 1344), дар Машҳад вафот ёфт.

2) Мирзо Аскарии Шаҳидии Машҳадӣ, маъруф ба Оқобузурги Ҳаким. Аз аҳфоди марҳум Мирзо Маҳдии Шаҳид аст, ки ҳамтабақаи Мулло Алии Нурӣ аст ва дар табақаи бисту ҳаштум аз онҳо ёд шуд. Байти Шаҳидӣ дар Машҳад дар ҳудуди 150 сол байти илму ҳикмату руҳоният буд. Марҳум Оқобузург фарзанди марҳум Мирзо Забеҳуллоҳ аст ва ӯ фарзанд ва шогирди марҳум Мирзо Ҳидоятуллоҳ ва ӯ фарзанд ва шогирди марҳум Мирзо Маҳдии Шаҳид аст, ки шогирди марҳум Оқо Муҳаммади Бедободӣ ва Шайх Ҳусайни Омилӣ будааст.

Аз таҳсилоти марҳум Оқобузург иттилои дурусте надорем. Зоҳиран ибтидо шогирди падараш ва марҳум Мулло Ғуломҳусайни Шайхулислом ва Мирзо Муҳаммади Сарвқадӣ дар Машҳад буда ва баъд ба Теҳрон омада ва андаке замони марҳум Ҷилваро дарк карда ва назди Ҳаким Ишкеварӣ ва Ҳаким Кирмоншоҳӣ низ дарс хондааст.

Ин банда (Мутаҳҳарӣ) дар ибтидои таҳсили муқаддамоти арабӣ дар Машҳад (солҳои 1352- 1354) ӯро, ки пирамарде сафедмӯй ва соддазист буд дида будам. Вай фарзанде дошт ба номи Мирзо Маҳдӣ, ки дар ҳамаи ҳавзаи азим ва пурравнақи Машҳад дар он вақт аз назари фазлу фазилат монанди ситора медурахшид. Устоди “Шарҳи Манзума” ва “Асфор” ва “Кифоя” буд. Он вақт синини миёни 30 ё 40-ро тай мекард. Он ҷавон дар соли 1354 даргузашт ва Машҳадро азодор сохт. Соли баъд худи марҳум Оқобузург даргузашт ва бо даргузашти ин ду нафар парвандаи руҳоният ва ҳикмату фалсафа дар ин хонадон баста шуд.

Марҳум Оқобузург ба ворастагӣ ва сароҳати лаҳҷа ва озодагӣ ва озодманишӣ шӯҳра буд. Бо ин ки дар ниҳояти фақр мезист, аз касе чизе намегирифт. Яке аз уламои марказ, ки бо ӯ собиқаи дӯстӣ доштааст, пас аз иттилоъ аз фақри ӯ, дар Теҳрон бо мақомоти боло тамос мегирад ва иблоғи муқаррарии қобили таваҷҷӯҳе барои ӯ содир мешавад. Он иблоғ ҳамроҳи номаи он олими марказӣ ба Оқобузург дода мешавад. Марҳум Оқобузург пас аз иттилоъ аз муҳтаво зимни нороҳатии фаровон аз ин амали дӯсти теҳрониаш, дар пушти покет менависад: “Мо обрӯи фақру қаноат намебарем…” ва покетро бо муҳтавояш пасмефиристад.

3) Оқо Сайидҳусайни Бодкӯбаӣ. Марҳум Бодкӯбаӣ дар соли 1293 дар деҳе аз деҳоти Бодкӯба мутаваллид шуд. Пас аз таҳсили муқаддамот ба Теҳрон омад ва риёзиётро назди Мирзои Ҷилва (охирҳои умри Ҷилва) омӯхт ва фалсафаро аз маҳзари Ҳаким Ишкеварӣ ва Ҳаким Кирмоншоҳӣ истифода кард. Он гоҳ ба Наҷаф рафт ва ба такмили улуми нақлия дар ҳавзаи Охунд Мулло Муҳаммадкозими Хуросонӣ ва Шайх Ҳасани Мамқонӣ пардохт.

Мутобиқи нақли Алломаи Теҳронӣ дар “Нуқабоул-башар”, марҳум Бодкӯбаӣ дар Наҷаф дар улуми ақлӣ ва нақлӣ шӯҳрат ёфт ва ба тадриси риштаҳои мухталифи нақлӣ ва ақлӣ пардохт. Гурӯҳи бисёре аз маҳзараш баҳраманд шуданд. Ҳазрати устоди мо оқои Ҳоҷ Сайид Муҳаммадҳусайн Таботабоӣ (соҳиби тафсири “Алмизон”) табииёт ва “Илоҳиёти Шифо”-ро аз аввал то охир назди ин марди бузург дар Наҷаф таҳсил кардаанд. Мутобиқи нақли Алломаи Теҳронӣ, ин мард ва марҳум Ҳоҷ Шайх Муҳаммадҳусайни Ғаравӣ ду чеҳрае буданд, ки дар он замон дар Наҷаф ба иттилоъ бар улуми ақлия шинохта мешуданд. Эшон дар соли 1358 дар Наҷафи Ашраф даргузашт.

4) Оқо Мирзо Муҳаммадалии Шоҳободии Теҳронӣ, исфаҳониюласл. Ҷомеъи маъқулу манқул буд. Дар фалсафа ва ирфон шогирди Мирзои Ҷилва ва Мирзои Ишкеварӣ будааст. Дар манқул шогирди Ҳоҷ Мирзо Ҳасани Оштиёнӣ дар Теҳрон ва Охунд Хуросонӣ ва Мирзо Муҳаммадтақии Шерозӣ дар Наҷаф ва Сомирро будааст. Дар Теҳрон ба мақоми марҷаъият ва фатво расид. Дар солҳои иқомати марҳум Ҳоҷ Шайх Абдулкарими Ҳоирӣ дар Қум, солҳо ба Қум муҳоҷират кард ва фузало аз маҳзараш камоли баҳраро мебурданд. Дар ирфон имтиёзи берақибе дошт. Устоди бузурги мо Оятуллоҳ Хумайнӣ дар он муддат аз маҳзари пурфайзи ин марди бузург истифода бурда буд ва ӯро ба хусус дар ирфон, бениҳоят месутуд. Эшон дар соли 1369 дар Теҳрон даргузашт.

5) Сайидалии Муҷтаҳиди Козирунии Шерозӣ, фарзанди марҳум Ҳоҷ Сайидаббоси Муҷтаҳиди Козирунӣ. Дар 1278 мутаваллид шуд. Дар 1291 аз Козирун ба Шероз омад ва то соли 1304 дар Шероз ба таҳсили маъқул ва манқул пардохт. Маъқулро назди Шайх Аҳмади Шерозии Наҷафӣ — ки шогирди Ҳаким Аббоси Доробӣ буда — ва Шайх Муҳаммадҳусайни Шонасоз таҳсил кард. Эҳтимолан охирҳои давраи тадриси Ҳаким Аббос (вафотёфтаи 1300)-ро низ дарк кардааст.

Аз соли 1304 то 1315 дар Наҷаф иқомат кард ва аз ҳавзаи дарси Охунд Мулло Муҳаммадкозим баҳраманд шуд ва ба мақомоти олӣ ноил омад. Аз соли 1319 то поёни умр (1343) дар Шероз ба тадрис, хусусан тадриси фалсафа ва ирфон, иштиғол дошт. Бисёре аз мударрисин ва фузалои шерозӣ дар маъқул ва манқул шогирди ӯ будаанд. Марҳум Сайидалӣ намунае аз салафи солеҳ будааст. Шогирдони ӯ ва соири мардуми Шероз достонҳо аз сафои нафс ва тақвои ӯ доранд.

6) Шайх Муҳаммади Хуросонии Гунободии Исфаҳонӣ, маъруф ба Оқо Шайх Муҳаммади Ҳаким ва Оқо Шайх Муҳаммади Хуросонӣ. Муқими мадрасаи Садри Исфаҳон ва аз шогирдони марҳум Ҷаҳонгирхон ва Охунд Мулло Муҳаммади Кошӣ (ва бештар Ҷаҳонгирхон) будааст. Баъд аз даргузашти он ду нафар, устоди мусаллами фалсафаи Исфаҳон буд. Марҳум Ҳоҷ Мирзо Алиоқои Шерозӣ ва оқои Ҷалолуддини Ҳумоӣ, устоди Донишгоҳи Теҳрон, аз шогирдони ӯянд. Ҳаким Хуросонӣ дар ворастагӣ ва покӣ камназир буд ва монанди Ҷаҳонгирхон ва Охунд Кошӣ то охири умр муҷаррад зист. Дар соли 1355 даргузашт.

Пас аз даргузашти Ҳаким Хуросонӣ, дар Исфаҳон ду нафари дигар буданд, ки ин шамъро равшан нигаҳ медоштанд: марҳум Ҳоҷ Садри Купоӣ ва марҳум Шайх Маҳмуди Муфид. Бо даргузашти ин ду нафар, ин чароғи чаҳорсадсола тақрибан ба хомӯшӣ гароид.

7) Ҳоҷ Шайх Муҳаммадҳусайни Ғаравии Исфаҳонӣ. Дар тақво ва илм, манқулан ва маъқулан, ягона буд. Дар соли 1296 дар Наҷаф мутаваллид шуд. Падараш бозаргоне буд мутадайин муқими Козимайн. Марҳум Исфаҳонӣ то наздик ба 20-солагӣ дар Козимайн муқим буд ва таҳсил мекард. Баъд ба Наҷаф мушарраф шуд ва дар дарси марҳум Охунд Мулло Муҳаммадкозими Хуросонӣ ҳозир шуд ва то поёни умри устод идома дод.

Вай дар улуми маъқул, шогирди марҳум Мирзо Муҳаммадбоқири Ҳакими Истаҳбонотӣ аст. Марҳум Исфаҳонӣ таълифоти зиёде дар фиқҳу усул дорад ва андешааш ҳамакнун ҷузъи андешаҳои зиндаест, ки дар миёни уламо ва фузалои ҳавзаҳои дарси фиқҳу усул матраҳ аст. Манзумае дар фалсафа дорад бисёр олӣ ба номи “Тӯҳфатул-Ҳаким”. Рисолае ҳам дар маъод навиштааст. Ҳазрати устоди мо оқои Таботабоӣ дар солҳои миёни 1344-1354 аз маҳзари ин бузург баҳраҳои фаровон бурда ва ифтихори шогирдиашро доранд. Эшон дар соли 1361 бо сактаи мағзӣ даргузашт.

8) Шайх Муҳаммадтақии Омулӣ. Дар соли 1304 дар Теҳрон мутаваллид шуд. Қисмате аз дуруси маъқул ва манқулро назди падараш Шайх Муҳаммади Омулӣ (1263-1336), ки ӯ худ аз файласуфон ба шумор мерафт, таҳсил кард. Сипас дар дарси марҳум Мирзои Кирмоншоҳӣ ширкат намуд. Баъд аз фавти Кирмоншоҳӣ, қариб 14 сол аз маҳзари Ҳоҷ Шайх Абдуннабии Муҷтаҳиди Нурӣ баҳраманд шуд. Аз он пас ба Наҷаф рафт ва ба такмили фиқҳу усул дар маҳзари оқоён Ҳоҷ Мирзо Ҳусайни Ноинӣ ва Сайидабулҳасани Исфаҳонӣ ва Оқо Зиёуддини Ироқӣ пардохт ва ба мақомоти олӣ расид. Дар ахлоқ аз маҳзари орифи комил Ҳоҷ Мирзо Алии Қозӣ файз мегирифт. Эшон дар муддати иқомат дар Теҳрон, ҳам манқул тадрис мекард ва ҳам маъқул.

Муҳимтарин асари маъқули ӯ ҳошияи ӯст бар “Шарҳи Манзума”-и Сабзаворӣ, ки мукаррар чоп шудааст, ва муҳимтарин асари манқулиаш шарҳест истидлолӣ бар “Урватул-вусқо”. Эшон дар соли 1391 қамарӣ дар Теҳрон даргузашт.

9) Мирзо Маҳдии Оштиёнӣ. Аз асотиди мусаллам ва мутабаҳҳири қарни мо буд. Падараш Мирзо Ҷаъфар мулаққаб ба Мирзо Кучак, аз шогирдони Оқо Муҳаммадризо Ҳакими Қумшаӣ буд ва модараш духтари Ҳоҷ Мирзо Ҳасани Оштиёнӣ муҷтаҳиди маъруфи Теҳрон буд. Марҳум Мирзо Маҳдӣ аз таломизи Мирзо Ҳасани Кирмоншоҳӣ ва Мирзо Ҳошими Ишкеварӣ будааст. Солҳо дар Теҳрон мударриси фалсафа ва ирфон буд ва унвони мударриси расмии мадрасаи “Сипаҳсолор”-и қадимро — ки бар ҳасби вақфнома, бояд моҳир дар ақлиёт ва нозир дар шаръиёт бошад — дошт. Дар ҳудуди солҳои 1365- 1366 ҳиҷрии қамарӣ ба истидъои фузало ва туллоби ҳавзаи илмияи Қум чанде ба Қум муҳоҷират кард ва ба тадрис ва ифоза пардохт. Ин банда (Мутаҳҳарӣ) дар он муддати қалил, тавфиқи истифода аз маҳзари ӯро ёфт.

Эшон осори арзандае аз худ боқӣ гузошт. Бар “Шарҳи Манзума” ҳошия дорад ва чоп шудааст. Китобе ба номи “Асосут-тавҳид” дар бораи қоидаи “алвоҳид” ва ваҳдати вуҷуд дорад, ки он низ чоп шудааст. Шояд осори дигаре ҳам дошта бошад, ки ман намедонам. Дар соли 1372 даргузашт.

10) Оқо Мирзо Аҳмади Оштиёнӣ. Эшон кучактарин фарзанди Ҳоҷ Мирзо Ҳасани Муҷтаҳиди Оштиёнӣ буд. Ҷомеъи маъқулу манқул ва зарбулмасали тақво ва порсоӣ буд. Беш аз 40 сол дар Теҳрон ба тадриси фиқҳу усул ва маъқул пардохт. Эшон низ аз шогирдони Ҳаким Кирмоншоҳӣ ва Ҳаким Ишкеварӣ буд.

Дар ҳудуди солҳои 1345-1350 барои такмили улуми нақлӣ ба Наҷаф рафт ва худ низ тадрис мекард. Дар дарси “Асфор”-и ӯ фузалои дараҷаи аввали он айёми Наҷаф, ки бисёре аз онҳо муҷтаҳиди мусаллам буданд ширкат мекарданд. Ҳазрати устод Аллома Таботабоӣ дар ҳамон айём аз маҳзари ин марди бузург истифода карда, қисмате аз “Асфор”-ро назди ӯ хондаанд. Эшон дар соли 1395 дар ҳоле, ки қариб 100 сол аз умраш мегузашт зиндагониро бидруд гуфт.

11) Оқо Мирзо Тоҳири Туникобунӣ. Ӯ низ аз асотиди мусаллами фалсафа дар даврони ахир буд ва мутахассис дар фалсафа буд. Иҳотаи вай ба мутун ва орои фалосифа ҳайратангез будааст. Дар соли 1280 дар Калордашти Мозандарон мутаваллид шуд. Барои такмили таҳсилот ба Теҳрон омад. Давраи Мирзои Ҷилва ва Ҳаким Қумшаӣ ва Ҳаким Мударрисро дарк кардааст. Инки аз дарси Ҳаким Кирмоншоҳӣ ва Ҳаким Найрезӣ истифода кардааст ё на, чизе намедонем. Пас аз давраи ин се ҳаким, ӯ аз асотиди мусаллам ба шумор рафтааст ва дар соли 1360 вафот ёфт.

12) Сайидабулҳасани Рафиъии Қазвинӣ. Аз машоҳир ва маъорифи асотид дар ним қарни ахир буд. Ҷомеъи маъқулу манқул буд. Фалсафаро назди Ҳаким Кирмоншоҳӣ ва Ҳаким Ишкеварӣ омӯхта буд. Пас аз таъсиси ҳавзаи илмияи Қум дар соли 1340 ба василаи марҳум Ҳоҷ Шайх Абдулкарими Ҳоирии Яздӣ, эшон ба Қум муҳоҷират кард ва зимни истифода аз маҳзари оқои Ҳоирӣ, худ ба тадриси “Шарҳи Манзума”-и Сабзаворӣ ва “Асфор”-и Мулло Садро пардохт. Фузало аз дарсаш истифода мекарданд. Устоди бузурги мо Оятуллоҳ Хумайнӣ “Шарҳи Манзума” ва қисмате аз “Асфор”-ро назди ӯ хондаанд. Ӯро ба хусус аз назари ҳусни тақрир ва баён месутуданд. Марҳум Рафиъӣ дар замони ҳаёти марҳум оқои Ҳоирӣ ба Қазвин муроҷиат кард. Толибони ҳикмат аҳёнан барои истифода аз маҳзараш ба Қазвин мерафтанд. Солҳои охир, Теҳронро маҳалли иқомат қарор дод ва аз мароҷеъи тақлид ба шумор мерафт. Дар соли 1394 ҷаҳонро видоъ гуфт.

13) Шайх Муҳаммадҳусайни Фозили Тунӣ. Аз машоҳири мударрисони фалсафа дар асри ахир буд. Рисолае дар илоҳиёт дорад. Дар муқаддимаи он рисола навишта, ки шогирди Ҷаҳонгирхон ва Ҳаким Ишкеварӣ будааст.

Пас аз таъсиси донишгоҳ, солҳо дар донишкадаи адабиёт ва донишкадаи маъқул ва манқул тадрис мекард. Фозили Тунӣ бар муқаддимаи “Шарҳи Фусус”-и Қайсарӣ ҳошия навиштааст. Вай дар соли 1309 мутаваллид ва дар ҳудуди соли 1380 даргузашт.

14) Сайид Муҳаммадкозими Ассор. Аз асотиди фалсафаи асри ахир ба шумор мерафт. Дар соли 1305 мутаваллид шуд ва дар 18-солагӣ ба Исфаҳон рафт ва се сол ба таҳсили фалсафа (зоҳиран назди Ҷаҳонгирхон ва Охунд Мулло Муҳаммади Кошӣ) пардохт. Баъд ба Теҳрон омад ва шаш сол назди асотиди Теҳрон: Ҳаким Ишкеварӣ ва Ҳаким Кирмоншоҳӣ ва Ҳаким Найрезӣ фалсафа таҳсил кард. Он гоҳ ба атабот рафт ва даҳ сол улуми манқулро назди асотиди фанн такмил кард ва дар синни 35-солагӣ (соли 1340 қамарӣ) ба Теҳрон муроҷиат кард ва ба тадриси маъқул ва манқул (ба хусус маъқул) пардохт. Пас аз таъсиси Донишгоҳи Теҳрон дар соли 1313 ҳиҷрии шамсӣ (тақрибан 1353 қамарӣ), дар донишкадаи адабиёт ва донишкадаи улуми маъқул ва манқул ба тадрис пардохт. Аз ҳудуди соли 1365, ки мадрасаи олии “Сипаҳсолор” номи донишгоҳи руҳонӣ ёфт, дар онҷо машғули тадрис шуд ва тақрибан то поёни умраш идома ёфт.

Марҳум Ассор марде хушмаҳзар ва базлагӯ буд; ҳеч чизро ба ҷидд намегирифт. Аз марҳум Ассор осоре дар ваҳдати вуҷуд ва бадо ва илмулҳадис ва тафсир боқӣ мондааст.

Баъзе аз он осор ахиран чоп шудааст. Эшон дар соли 1394 даргузашт.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: