Оё “Исроил” дилаш ба курдҳо месӯзад, ё косае зери номкоса аст?

Мақолае дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Irdiplomacy

Ҳамапурсии Иқлими Курдистон рӯзи гузашта дар ҳоле баргузор шуд, ки ба назар мерасад “Исроил” танҳо қудрати хориҷӣ аст, ки аз ин ҳамапурсӣ ҳимоят мекунад. Мақомоти иқлим бар баргузории ҳамапурсӣ дар ин бурҳаи замонӣ таъкид доштанд; чаро ки мегуфтанд, алъон Ироқ ва минтақа дар вазъияте аст, ки метавонанд иродаи худро бар он таҳмил кунанд. Бесуботӣ ва заъиф будани давлати марказӣ аз як сӯ ва ҷанг бо теруризм ва ДОЪИШ аз сӯи дигар, ду далели равшане аст, ки курдҳо диданд фурсате фароҳам карда, ки метавон аз он ниҳояти истифодаро барои расидан ба истиқлол бурд.

Курдҳои ироқӣ солҳост дунболи фурсате ҳастанд, то ба истиқлол бирасанд. Аз Мулло Мустафо Боризонӣ то кунун ҳамаи мақомоти курд мутарассиди фурсате барои эъломи истиқлол будаанд. Ҳатто метавон гуфт, ки мақомоти феълии Курдистон ҳамагӣ касоне ҳастанд, ки солҳо орзуи расидан ба истиқлол доштаанд ва бисёре аз онҳо барои расидан ба ин ҳадаф солҳо аз умри худро ҷангидаанд.

Фориғ аз ҳар гуна далеле, ки комилан равшан аст, Масъуд Боризонӣ бар расидан ба истиқлол пофишорӣ мекунад. Вай истиқлолро ҳадафи ғоии худ таъриф карда ва худро муҷоз медонад, ки барои расидан ба ин ҳадаф, аз тамомии абзорҳои мавҷуд истифода кунад. Барои ҳамин, ба ҳеч кадом аз ҳушдорҳои дохилӣ ва хориҷӣ таваҷҷӯҳ намекунад ва бо бастани чашми худ ба рӯи воқеиятҳо ва ҳақоиқе, ки вуҷуд дорад, чашмбаста ба самти расидан ба истиқлол метозад. Боризонӣ барои расидан ба ин ҳадаф, танҳо ҳимояти “Исроил”-ро пушти сари худ дорад.

* * *

Бӯи тавтиъа

Дар инҷо наметавонем собит кунем, ки Масъуд Боризонӣ шахсан бо исроилиҳо ҳамкорӣ мекунад, то истиқлоли Курдистонро ба натиҷа бирасонад; агарчи худро муҷоз медонад, ки барои расидан ба ин ҳадаф, ҳатто дасти дӯстӣ ба сӯи исроилиҳо дароз кунад. Аммо аз он сӯ ба назар мерасад, ки “Исроил”, Боризонӣ ва куллан Иқлими Курдистонро мӯҳраи хубе барои ба бозӣ гирифтан барои пешбурди аҳдофи худ мебинад.

Дар ин миён, беамалии Омрико низ таъаммулбарангез аст. Омрикоиҳо дар тамосҳои мукаррари худ бо мақомоти ироқӣ ва аз минбарҳои мухталифи расмӣ ба сароҳат эълом кардаанд, ки бо баргузории ҳамапурсии истиқлоли Курдистон мухолифанд. Онҳо ҳатто мегӯянд, ки мустақиман бо мақомоти иқлим тамос гирифтаанд ва маротиби мухолифати худро бо ҳамапурсии Курдистон эълом кардаанд. Аммо амалан намебинем, ки омрикоиҳо коре дар ҷиҳати мухолифат бо ҳамапурсии иқлим анҷом дода бошанд. Ҳаддиақал интизор меравад агар омрикоиҳо воқеан бо ҳамапурсии Курдистон мухолифанд, нерӯҳои худро аз ин минтақа берун бикашанд. Дар ҳоле, ки ҳатто як нерӯи омрикоӣ аз Курдистон хориҷ нашудааст.

“Исроил” мураттабан эълом кардааст, ки аз ҳамапурсии истиқлоли Курдистон ҳимоят мекунад. Ҳатто аз ин фаротар, Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил гуфт, ки ба мақомҳои омрикоӣ фишор меоварад, ки ҳамапурсии Иқлими Курдистонро қабул кунанд ва монеъ аз баргузории он нашаванд. Чаро Натонёҳу ин қадр аз ҳамапурсӣ ҳимоят мекунад?

Далоили бисёре барои посух ба ин суол вуҷуд дорад. Як посух ин аст, ки усулан “Исроил” аз таҷзияи ҳар кишваре истиқбол мекунад ва ҳатто ба дунболи фароҳам кардани заминаҳои лозим барои таҷзияи кишварҳост. Таҷзияи ҳар кишваре ба маънои тазъифи он кишвар аст ва ёфтани рафиқе аз дили он кишвар, ки ин дар ниҳоят ба суди “Исроил” аст. Ҳоло агар он кишвар душмани “Исроил” ҳам бошад, барои таҷзияи он ва ҷазби дӯст аз даруни он, бештар талош мекунад.

Ҳамапурсии Иқлими Курдистони Ироқ дақиқан дар замоне анҷом мешавад, ки кори теруристҳои ДОЪИШ ва дигар гурӯҳҳои теруристӣ дар минтақа дар ҳоли поён аст. “Исроил” наметавонад бовар кунад, ки кори гурӯҳҳои теруристӣ ба ин соддагӣ поён ёфта бидуни ин ки худ манфиате аз онҳо бурда бошад ё ба он чи мехоста дар паси фаъолиятҳои теруристӣ нарасида бошад.

Чанд ҳафтае аст, ки “Исроил” садояшро баланд карда ва дар ҳар ҷое мегӯяд, ки Эрон ҳузури худ дар Сурияро тасбит карда ва ҷойи холии гурӯҳҳои теруристиро дар Ироқ ва Сурия пур кардааст. Натонёҳу ҳатто барои ҷилавгирӣ аз ҳузури Эрон дар марзҳояш, ба Русия сафар кард ва шахсан аз Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия хост, ки ҷилави ҳузур ва нуфузи Эронро дар Сурия бигирад. Ӯ аз Русия хост, ба Эрон фишор биёварад, ки нерӯҳои худ ва муттаҳидонашро ҳаддиақал 50 километр дуртар аз марзҳои “Исроил” нигаҳ дорад. Ин масъала шомили баландиҳои Ҷулон низ мешавад, ки “Исроил” беш аз ҳар чиз бими он дорад, ки аз ин ноҳия мавриди таҳдид қарор бигирад. Минтақае, ки наздик ба 50 сол аст таҳти ишғоли “Исроил” қарор дорад. Илтиҷоҳои Натонёҳу дар Русия ба дари баста хӯрд. Ҳатто дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал низ ҳушдорҳои “Исроил” алайҳи Эрон харидоре пайдо накард. Барои аввалин бор дидем, ки Маҷмаъи умумии Созмони Милал якпорча алайҳи Омрико ва “Исроил” дар баробари Эрон шуд. Дақиқан дар ҳамин замон аст, ки ҳамапурсии Иқлими Курдистон баргузор мешавад.

“Исроил” умед дорад бо шӯълавар кардани ҷабҳаи курдҳо шояд битавонад нигоҳҳоро мутаваҷҷеҳи курдҳо кунад ва бо ташдиди танишҳо ва ҳатто расондани он ба марҳилаи ҷанг (ки феълан дур аз зеҳн аст) нерӯҳои эрониро аз манотиқи перомуни худ дур кунад. Шояд “Исроил” ба ин ҳам фикр карда бошад, ки агар оташи ҷанге дар ин минтақа шӯълавар нашавад, масъалаи Курдистонро, ки бо Эрон ва Туркия ва Сурия ҳаммарз аст, он қадр ҳассосиятбарангез кунад, ки битавонад аз он ба унвони як баргаи муомила дар баробари Эрон ва Туркия истифода кунад.

Наметавонем бигӯем, ки Боризонӣ аз ниятҳои “Исроил” огоҳ аст ва бар асоси сенориюи Телавив ҳаракат мекунад. Аммо дар айни ҳол барои Боризонӣ ҳам чандон муҳим нест, ки чунин сенориюе вуҷуд дошта бошад, чаро ки барои ӯ муҳим танҳо расидан ба истиқлол аст. Ҳол ин ки дигарон чӣ фикр мекунанд ва чӣ дар сар доранд, дар ваҳлаи дуввуми аҳаммият барои ӯ қарор дорад. Шояд Боризонӣ фикр мекунад, баъд аз истиқлол битавонад диплумосии фаъолеро ташкил диҳад ва чунин шубуҳотеро аз худ дур кунад.

Ба ҳар ҳол, Боризонӣ ба дунболи расидан ба истиқлол ба ҳар қимате аст, то номе ҷовидон аз худ дар таърихи Курдистон ба ҷой бигузорад, ва “Исроил” дунболи фурсате аст, то битавонад ҳалқаи фишори Эронро дафъ кунад ва таҳдиди Эронро аз марзҳои худ дур кунад ва дар сурати имкон ба марзҳои Эрон бирасонад. Курдистон метавонад дар ҷиҳати манофеъи “Исроил” амал кунад. Мумкин аст курдҳо чунин нияте надошта бошанд, аммо нохоста имкон дорад ба доми ниятҳои “Исроил” биафтанд.

Таҳаввулоти рӯзҳои оянда сиҳҳату суқми ин сенориюҳоро бештар собит хоҳад кард. Авзоъ ҳассос аст ва ниёз ба санҷидагии болое дорад. Бешак наметавон барои ҳеч иқдоме бегудор ба об зад. Ҳар иқдоме бояд комилан ҳисобшуда бошад. Ин масъаларо тамомии кишварҳои перомуни курдҳо ба хубӣ огоҳанд.

Irdiplomacy



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: