Фалсафа ва равиши реализм (121)

Иллат ва маълул (3)

Оё қонуни иллият қонунест ҳақиқӣ? (2)

Қонуни иллият

Мо дар баёноти худамон асли куллии иллиятро аз ду қонуни дигари фаръӣ, ки онҳоро ба номи “қонуни синхият” ва “қонуни ҷабри иллӣ ва маълулӣ” мехонем, муҷаззо шинохтем, вале дар баёноти бисёре аз донишмандон, ин таҷзия ба амал наомада, ва ҳамин адами таҷзия ба навбаи худ мӯҷиби иштибоҳот ва суистинбототе шудааст ва аҳёнан дида мешавад, ки бархе аз донишмандон ба қонуни иллият ҳамла кардаанд. Ва пас аз диққат, маълум шуда, ки ҳамлаи онон ба асли куллии иллият нест, балки ба яке аз ду қонуни муншаъиб аз асли иллият ё ба соири қонунҳои муншаъиб аз он аст. Ҳарчанд диққати фалсафӣ собит мекунад, ки инкори қонуни синхият ё қонуни ҷабри иллӣ ва маълулӣ мусталзими инкори асли куллии иллият аст, вале таъаммул дар гуфтори донишмандоне, ки асли иллиятро мавриди ҳамла қарор додаанд, равшан мекунад, ки назари ин донишмандон эъроз аз асли иртибот ва пайвастагии иллӣ ва маълулӣ нест, балки манзур эъроз аз низоми муайян ва мураттаби иллӣ ва маълулист, ки натиҷаи қонуни синхият аст, ё манзурашон эъроз аз адами ҷавози инфикоки маълул аз иллати томма аст, ки муфоди қонуни ҷабри иллӣ ва маълулӣ аст.

Масалан, мутакаллимон он ҷо, ки муддаӣ мешаванд, ки “мавҷуди шоъир (дорои шуъур)-и мурид, фоъили осори хеш аст, на иллати онҳо”, ду манзур доранд: яке он ки мехоҳанд ба ин васила назарияи маъруфи ҳукаморо дар тартиби судури мавҷудот аз зоти Борӣ, ки натиҷаи қонуни синхият аст мутазалзил созанд ва тартиби сабабӣ ва мусаббабиро инкор кунанд ва иродаи зоти Бориро биловосита дар ҳар ҳодисае дахолат диҳанд. Ва дигар он ки мехоҳанд назарияи дигари ҳукаморо доир ба адами таноҳии буъди замонӣ ва лоятаноҳӣ будани силсилаи замон ва замониёт, ки аз имтиноъи инфикоки маълул аз иллати томма натиҷа мешавад ибтол намоянд. Вагарна онон низ мӯътарифанд, ки фоъил вуҷуддиҳандаи феъли хеш аст ва мафҳуми “иллият” ҳам чизе ҷуз ин нест.

Ҳамчунин дар изҳороти баъзе аз уламои физики нав, ки қонуни иллият тахтиъа мешавад, пас аз баррасӣ ва диққат маълум мегардад, ки мақсуди аслӣ, нафйи қонуни иллият нест, балки манзур нафйи вуҷуди низоми муайян ва қатъӣ дар ҷаҳони заррот аст ва мо баъдан иборати яке аз уламои боризи физики ҷадидро дар ин замина нақл хоҳем кард.

Оре, тарафдорони назарияи ваҳдати вуҷудро, ки дар саффи аввали урафои худамон қарор гирифтаанд, метавон мункири қонуни иллият шумурд, зеро тибқи назарияи ин идда, “ғайр аз Ёр, дайёре нест” ва ҷуз воқеияте воҳид мин ҷамиъилҷиҳот воқеияте нест ва билохира дугонагӣ дар кор нест, то сухани иртибот ва вобастагии воқеияте бо воқеияти дигар маврид дошта бошад. Урафои ваҳдати вуҷудии холис, аз истеъмоли луғати “иллият ва маълулият” парҳез доранд.

Як дастаи дигарро низ метавон мункири қонуни куллии иллият шумурд, ва онон касоне ҳастанд, ки дар тасаввури иллият ва маълулият дармондаанд ва натавонистаанд дарк кунанд, ки чӣ гуна мумкин аст чизе ба чизи дигар вуҷуд ва воқеият бидиҳад?! Ва чунин пиндоштаанд, ки вуҷуд додани чизе ба чизе амре маҳол ва мумтанеъ аст. Тамоми касоне, ки муддаӣ ҳастанд “шайъ лошайъ намешавад ва лошайъ шайъ намешавад” ё он ки мегӯянд, “хилқат аз адам амре маҳол ва мумтанеъ аст” ва ин матлабро далел бар адами вуҷуди сонеъи кулл ва мабдаи кулл мегиранд, ҷузъи ин даста бояд шумурда шаванд. Мо дар мақолаи 8 он ҷо, ки роҷеъ ба “имтиноъи маъдум шудани мавҷуд ва мавҷуд шудани маъдум” баҳс мекардем, собит кардем, ки имтиноъи мавҷуд шудани маъдум ва маъдум шудани мавҷуд ба он маъно, ки фалсафа мепазирад ва тафсир мекунад, на мусталзими азалият ва абадияти мавҷудот аст ва на мусталзими нафйи маълулият ва хилқат ва офариниш онҳо. Баъдан низ дар ин бора баҳс хоҳем кард.

* * *

Эҳтиёҷ ба иллат

Аз дастаи урафо, ки тарафдори ваҳдати вуҷуданд ва аз иддаи маъдуде, ки тасаввури иллият ва маълулият барои онҳо ба сурати амре маҳол ва мумтанеъ ҷилва карда бигузарем, соири макотиб ҳама тарафдори қонуни иллият ҳастанд.

Барои тарафдорони иллият як суоли муҳим пеш меояд, ки посухи он, душвориҳои зиёде ҳамроҳ дорад, ва он суол ин аст: “Манот (меъёр, милок)-и эҳтиёҷ ба иллат чист?”

Қаблан гуфтем, ки мафҳуми “чаро?” суол аз иллати вуҷуди шайъ аст ва ҳар ҳодисае, ки пайдо мешавад, мо аз иллати он ҳодиса суол мекунем ва албатта дар мақоми ҷавоби суол аз иллати ҳар ҳодиса, бо баёни иллати он ҳодиса посух медиҳем. Вале як суоли муҳим ва куллӣ дар фалсафа боқист, ки посухи онро фалсафа бояд бидиҳад. Ва он суол ин аст, ки “иллати эҳтиёҷ ба иллат чист?” Маънои ин суол ин аст, ки чӣ хусусият аз хусусиёти шайъ аст, ки сабаб шуда он шайъ вуҷудаш ношӣ аз иллат бошад?! Ба таносуби посухе, ки тарафдорони макотиби мухталиф ба ин суол медиҳанд, ақидаи худро дар бораи ин матлаб баён мекунанд, ки оё ҳар мавҷуде мӯҳтоҷ ба иллат аст ва мавҷуде, ки вуҷудаш муттакӣ ба иллат набошад маҳол аст? Ё он ки ишколе надорад, ки мавҷуде бениёз аз иллат ва ғайримуттакӣ ба иллат бошад?! Ва бино бар фарзи дуввум, манот (милок, меъёр)-и ин бениёзӣ ва ниёзмандӣ чист? Ва чӣ хусусияте дахолат дорад, ки як мавҷуд бениёз аз иллат аст ва як мавҷуди дигар ниёзманд? Маҷмӯи назарияҳое, ки аз тарафи тарафдорони қонуни иллату маълул дар ин замина иброз шуда чаҳор назария аст:

1) Назарияи ҳиссӣ:

Мутобиқи ин назария, иллати эҳтиёҷ ба иллат, чизе сивои вуҷуд доштан нест, ва вуҷуд мулозим бо маълулият аст, ва бинобар ин бояд гуфт: “маноти эҳтиёҷ ба иллат ҳамоно мавҷуд будан аст”, ва ҳар чизе, ки мавҷуд аст мӯҳтоҷ ба иллат ва муттакӣ ба иллат аст ва вуҷуди мавҷуде, ки муттакӣ ба иллат набошад маҳол аст.

Ин назария мутаъаллиқ ба моддигароёни ҷадид аст, ки силсилаи иллатҳо ва маълулҳоро ғайримутаноҳӣ медонанд ва ба вуҷуди воҷибулвуҷуд ва иллатулилал қоил нестанд. Ин назария дуруст нуқтаи муқобили назарияи он дастаи дигар аз моддигароён аст, ки вуҷуд доштанро мунофӣ бо маълулият ва махлуқият медонистанд. Ин назария дар сахофат, камтар аз он назария нест. Далели тарафдорони ин назария ин аст, ки мо то кунун ҳар чӣ дида ва ҳисс карда ва таҷриба намудаем, вуҷуди ашё ва ҳаводисро маълули иллатҳое ёфтаем, пас, аз инҷо мефаҳмем, ки мавҷуд будан мулозим бо маълул будан аст. Гумон намеравад, ки нақси ин истидлол мӯҳтоҷ ба баён бошад. Ин даста аз моддигароён барои исботи ин манзур, дониста ё надониста, гоҳе мағлатаи хоссе ба кор мебаранд ва изҳор медоранд, ки агар бино бишавад мавҷуде бошад, ки маълули иллате набошад, лозим меояд, ки вуҷуди он мавҷуд ба ҳасби судфа ва иттифоқ воқеъ шуда бошад ва ақлан судфа маҳол аст. Ин гурӯҳ аз ҳамин ҷиҳат яке аз далелҳои худро бар адами вуҷуди воҷибулвуҷуд, имтиноъи судфа қарор додаанд. Масалан, дуктур Аронӣ дар ҷузваи “Ҷабру ихтиёр” сафҳаи 3 мегӯяд:

Наметавонем тасаввур кунем, ки дунё “мумкин” бошад, зеро дар ин сурат лозим мешавад силсилаи иллату маълулии худро дар ҷое мутаваққиф пиндорем, ва ин мухолифи аслест, ки фавқан қабул намудаем, зеро бояд он маҳалли таваққуфро маълули беиллат бидонем, ва ин мантиқан маҳол аст…

Ҳамчунин дар сафҳаи 10 ҳамон ҷузва мегӯяд:

Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки эътиқод ба “иттифоқ” моро мустақиман водор ба имон ба умури хориқулода ва эъҷоз намуда маҷбур ба қабули хилқат аз адам ва соири аботили дигар мекунад, чунонки Арасту ва Сисирун ва Лойбнитс ва Кристён Вулф барои исботи сонеъ мутамассик ба ақидаи иттифоқ гардид…

Ин муғолата як муғолатаи бисёр возеҳе аст. Судфа ва иттифоқ, ки ҳама кас маҳол будани онро идрок мекунад ин аст, ки “чизе, ки вақте набуда ва баъд буд шуда, бе иллат буд бишавад”. Ин чӣ рабте дорад ба вуҷуди воҷибулвуҷуд, ки қадим ва азалӣ ва қоим ба зот аст?! Ва то кунун ҳеч ҳакиме ҳам барои исботи сонеъ, мутамассик ба ақидаи иттифоқ нагардида ва ин гурӯҳе аз моддигароён будаанд, ки пайдоиши ҷаҳонро бо иттифоқ тавҷеҳ кардаанд.

Аҷибтар ин ки ин оқоён дар мақоми нафйи мабдаи кулл ва холиқи кулл, гоҳе ба қоидаи иллият мутамассик мешаванд ва гоҳе ба назарияи имтиноъи хилқат аз адам, ва ҳол он ки назарияи имтиноъи хилқат аз адам агар дуруст мавриди мудоққа қарор гирад, нуқтаи муқобили қонуни иллият аст. Сурати ҷомеъи тақрири шубҳаи “имтиноъи хилқат аз адам”, ки баён шуда ва фалосифа ба он посухҳои дандоншикан додаанд, ин аст, ки: “Хилқат ва иллият (ё ҳар чӣ мехоҳед ном бигузоред) ва билохира вуҷуд додани чизе ба чизе маҳол аст, ба ҷиҳати он ки он маълул ва махлуқ ё маъдум аст ё мавҷуд, агар маъдум аст лозимаи таъсири иллат дар маълул ин аст, ки адамро табдил ба вуҷуд кунад ва инқилоби адам ба вуҷуд маҳол аст, ва агар мавҷуд аст пас ниёзе ба иллат надорад ва иллат наметавонад мавҷудро мавҷуд кунад ва таҳсили ҳосил намояд. Пас дар ҳар ҳол таъсири иллат ва холиқ дар эҷоди махлуқ ва маълул маҳол аст”.

Мо агар ин назарияро тибқи ин истидлол бипазирем, на танҳо “иллият” мафҳуми дурусте нахоҳад дошт, балки асосан маъдум шудани мавҷуд ва мавҷуд шудани маъдум амре маҳол ва мумтанеъ хоҳад буд, ва бинобар ин, кавну фасод ва ҳаракату таҳвилу таҳаввул, маъно пайдо нахоҳад кард, зеро лозимаи ин умур лоақал маъдум шудани ҳолате ва мавҷуд шудани ҳолат дигар аст. Вале моддигароён дар мақоми нафйи вуҷуди холиқи кулл ва мабдаи кулл, ин қадр шитоб ва аҷала ба харҷ медиҳанд, ки таваҷҷӯҳе ба ин таноқузҳо надоранд ва шояд дар инҷо бо тағйири лафзи “хилқат” ба лафзи “иллият” худро розӣ сохтаанд, ҳамон тавре, ки назири ин бозӣ бо лафзро аз мутакаллимин низ, ки ба ҷойи луғати “иллият” луғати “фоъилият” ба кор бурданд дидем.

Гузашта аз ин ки далели ин даста барои нишон додани маноти эҳтиёҷ ба иллат — мабнӣ бар ин ки “ҳар мавҷуде мӯҳтоҷ ба иллат аст” — заъиф ва бепоя аст, далелҳои вуҷуди мабдаи кулл ва холиқи кулл, бутлони ин назарияро равшан мекунад ва махсусан бурҳони маъруф ба “бурҳони сиддиқин”, ки олитарин ва шарифтарини бурҳонҳои ин матлаб аст ва аз ғавр дар ҳақиқати вуҷуд натиҷа мешавад, бутлони ин назарияро беш аз пеш равшан месозад. Бурҳони сиддиқин аз асолати вуҷуд ва ташкики вуҷуд истинтоҷ мешавад ва танҳо фалосифаи исломӣ ҳастанд, ки ба ин бурҳон танаббуҳ пайдо кардаанд. Дар мақолаи 14 муфассалан дар атрофи муқаддимот ва натоиҷи ин бурҳон баҳс хоҳад шуд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: