Чӣ касе дар Тоҷикистон ба дунболи шӯрондани мардум аст?

Зоҳиран, дар Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои қудратӣ ба шиддат дар пайи шӯрондани мардум алайҳи ҳукумати кунунӣ аст. Феълан наметавон ба сурати мушаххас гуфт, ин ниҳод кадом ниҳод аст, шояд бо гузашти айём маълум шавад. Тасарруфоти ҷунуномези ин ниҳоди қудратӣ дар бархӯрд бо шаҳрвандон, тафсире ҷуз ин надорад.

Рафтори кормандони милиса дар Хуҷанд, ки як шаҳрванди оддиро водор бар бардоштани сатр аз сараш мекунанд, он ҳам дар манзилаш ва на дар маҳалли кор, оё тафсире ҷуз ин дорад, ки бигӯем, инҳо дар пайи шӯрондани мардум ҳастанд? Вагарна, ин чӣ маъно дорад, ки ту ба манзили як шаҳрванд – ки ҳарими хусусии вай ба шумор меравад – биёӣ ва аз ӯ бихоҳӣ, ки дигар сатр бар сар нагирад?! Тоза, таҳдидаш ҳам бикунӣ, ки агар ин корро накард, равонаи зиндон хоҳад шуд.

Ба гузориши сойти Ахбор (Мирзои Салимпур) ба нақл аз Азия Плюс, “Наргис Қурбонова, сокини маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд мегӯяд, кормандони милиса ду дафъа ба хонааш омада, талаб кардаанд, ки ҳиҷобашро бикашад. Баъди шунидани ҷавоби рад кормандони милиса ӯро дашном дода, ба шӯъба бурдаанд.”

Гузориш меафзояд, Наргис Қурбонова ба Азия Плюс гуфтааст: “Субҳи имрӯз ду корманди милитсия бидуни огаҳӣ ба хонаи ман зада даромаданд, ки яке аз онҳо нозири минтақавӣ буда, боре аз ман талаб карда буд, ки тибқи қонун ҳиҷобамро кашам. Ман он вақт посух дода будам, ки дар қонунгузорӣ ин муқаррарот вуҷуд надорад ва ман ҳеҷ гоҳ ҳиҷобамро намекашам, чунки ин тасмими ман ва фармудаи Аллоҳ аст. Он замон ӯ рафт, вале имрӯз бо кадом як корманди ношиноси милитсия омада, ба ҳақорату дашноми ман пардохтанд ва маҷбур карданд, ки бо писарам ба шуъбаи милитсия равем. Ҳамчунин таҳдид карданд, ки зиндонӣ мекунанд.”

Бар пояи ин гузориш, “Наргис Қурбонова қаблан дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд омӯзгори забони англисӣ буд, вале 4 сол пеш вақте пӯшидани ҳиҷобро ихтиёр кард, маҷбур шуд, корро бас карда хонашин шавад. Ӯ баъди боздошташ ба сабаби пӯшидани ҳиҷоб ба телефони боварии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва телефони боварии раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд занг зада, аз ин қонуншиканӣ хабар додааст. Баъди расонаӣ шудани хабари боздошти ӯ, як подполковник аз раёсати вилоятӣ ҳамроҳи 4 нафари дигар барои баррасии қазияи ӯ омадаанд.”

Бону Қурбонова дар сӯҳбат бо Азия Плюс дар ин хусус гуфтааст: “Аз ман дархост карданд, ки дар бораи ҳодисаи рухдода ариза нависам ва ҳамон подполковник гуфт, ки ба он расидагӣ мекунад. Ҳамроҳи ӯ се нафар бо либоси мулкӣ — ду зан ва як мард аз ҳукуматӣ маҳаллӣ омада буданд. Баъди навиштани ариза маро дар мавриди ҳолатҳои ҳодиса бозпурсӣ карда, ба хонаам ҷавоб доданд.”

Ин ҳам, ки гуфтем, ин гуна рафторҳо рафторҳои инфиродӣ нестанд, балки созмондиҳишуда ҳастанд, далелаш посухи катбии додситони ноҳияи Ғафуров дар мавриде шабеҳи ҳамин маврид аст, ки гуфтааст, ин корҳо қонунӣ ҳастанд. Ба гузориши пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, Пираҳмад Р.Қ., додситони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар посухи катбӣ ба Муҳаббат Давлатова гуфт: “Аз моҳи марти соли 2015 комиссияи доимоамалкунанда оид ба корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ, муошират, риояи анъанаҳои миллии либоспӯшӣ, симои зоҳирӣ ва рафтори шаҳрвандон ташкил шудааст. Аз ин рӯ, аз ҷониби кормандони мақомоти ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шӯъбаи корҳои дохилӣ ба сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ роҳ дода нашудааст. Дар кирдори онҳо амалҳои зиддиҳуқуқӣ ҷой надорад.”

Реклама


Рубрики:Ҷомеа

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: