Ҳалокати се низомии саҳюнист дар Қудс ба дасти як муборизи фаластинӣ

Дар пайи амалиёти шаҳодатталабона дар шимоли ғарби Қудси ишғолӣ, 3 саҳюнист ба ҳалокат расида ва 5 низомӣ захмӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Фаластин ал-явм”, субҳи сешанбе (26.09.2017) дар пайи тирандозии низомиёни саҳюнист, як ҷавони фаластинӣ дар шимоли ғарби Қудси ишғолӣ ба шаҳодат расид.

Манобеи саҳюнистӣ эълом карданд, низомиёни ин режим ба самти як ҷавони фаластинӣ, ки даст ба анҷоми як амалиёти шаҳодатталабона дар шаҳраки Ҳоҳдор дар шаҳри Қутна дар шимоли ғарби Қудси ишғолӣ зада буд, тирандозӣ карданд, ки вай дар дам ҷон бохт.

Расонаҳои саҳюнистӣ эълом карданд, ки дар пайи амалиёти ин ҷавони фаластинӣ, се низомии саҳюнист ба ҳалокат расидаанд.

Ин дар ҳолест, ки манобеъ аз захмӣ шудани 5 саҳюнисти дигар дар пайи ин амалиёт хабар доданд, ки ҳоли шуморе аз онҳо вахим гузориш шудааст.

* * *

Қассом: “Амалиёти имрӯзи Қудс интиқоми хуни фаластиниён буд”

Гурдонҳои шаҳид Иззуддин Қассом, шохаи низомии ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос, таъкид кард, ки амалиёти имрӯз дар Қудс интиқоми хуни фаластиниён ва баҳое буд, ки режими саҳюнистӣ ба хотири ҷиноятҳояш алайҳи ин миллат пардохт кард.

Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, Абӯубайда, сухангӯи гурдонҳои Қассом тасреҳ кард, ки амалиёти шаҳодатталабонаи имрӯз дар Қудс интиқоми хуни шуҳадо ва намунае аз гузинаҳои пеши рӯйи ин миллат барои зарба задан ба душман ба хотири идомаи таҷовузот ва ҷиноятҳо алайҳи миллат ва муқаддасоти Фаластин буд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: