Haaretz: “Исроил ирсоли силоҳ барои артиши Миёнморро мутаваққиф намекунад”

Рӯзномаи исроилии Haaretz навишт: “Кобинаи режими саҳюнистӣ ирсоли силоҳ барои артиши Миёнморро мутаваққиф намекунад.”

Ин рӯзнома навишт, алорағми гузоришҳои мухталиф аз сӯи Созмони Милал дар бораи наслкушии артиши Миёнмор алайҳи ақаллияти мусалмонон дар Руҳингиё, аммо Исроил содироти силоҳ ба ин кишварро мутаваққиф намекунад.

Намояндаи кобинаи режими саҳюнистӣ рӯз душанбе дар ҷаласаи додгоҳи олӣ, ки барои баррасии додхосте ҷиҳати таваққуфи содироти силоҳ аз сӯи “Исроил” ба Миёнмор баргузор шуда буд, гуфт, дастгоҳи қазоӣ набояд дар умури хориҷа дахолат кунад.

Пас аз ин додгоҳ, ҷаласаи хусусӣ пушти дарҳои баста бо ҳузури мақомоти қазоӣ ва намояндаи кобинаи режими саҳюнистӣ баргузор шуд. Ҳанӯз ҳукме дар ин бора содир нашуда, аммо кобинаи Исроил ба ирсоли силоҳ барои артиши Миёнмор исрор дорад.

Haaretz пештар гузориш дода буд, ки женерол Оунг Ҳелоинг, аз фармондеҳони артиши Миёнмор, дар сентябри соли 2015 тайи сафар ба “Исроил” бо Рувин Ривлин, раиси ниҳоди содироти силоҳ дар Исроил дидор дошта ва қарордодҳоеро барои хариди таслеҳоти мухталиф имзо карданд.

Ҳамчунин раиси Идораи ҳамкориҳои низомии Вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ дар тобистони ҳамон сол ба Миёнмор сафар карда ва қарордҳои бештаре барои фурӯши таслеҳот ба ин кишвар имзо кард.

Исрори режими саҳюнистӣ барои фурӯши таслеҳот ба Миёнмор дар ҳолест, ки ҳатто Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва Иттиҳодияи Урупо низ ҳар гуна содироти силоҳ ба ин кишварро мамнӯъ ва таҳрим кардаанд.

Додаҳои Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳад, ки аз замони оғози саркӯбгарӣ ва наслкушии ақаллияти мусалмон дар Миёнмор тавассути будоиён ва артиши Миёнмор, то кунун беш аз 4 ҳазор нафар кушта ва наздик ба ним милюн нафар овора шудаанд.



Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: