Ҳар он чи лозим аст дар мавриди Иқлими Курдистон бидонем

Дар ҳоле, ки Урупо ба сӯи ваҳдат гомҳои баланде бардоштааст, Ховари Миёна ба сӯи тафриқа пеш меравад ва ҳамакнун маркази сиқли он низ дар Ироқ ва Иқлими Курдистон аст; ҷое, ки ба рағми ҳамаи мухолифатҳо ва ҳушдорҳои байналмилалӣ, ҳамапурсии истиқлол дар ҳоли баргузорӣ аст ва чашмандози равшане низ барои он қобили тасаввур нест.

Фориғ аз таҳаввуле, ки дар ҳоли рух додан аст, ба назар мерасад пардохтан ба пешина, жеупулутик, ҷамъият, шахсиятҳо, раҳбарӣ, аҳзоб ва ба сурати куллӣ ҷузъиёти марбут ба Иқлими Курдистон, метавонад дарки муносибе аз таҳаввули имрӯз ба мо бидиҳад.

Гуфтанист, Иқлими Курдистон дорои як нерӯи низомии 60 ҳазор нафара, сервиси иттилоотӣ–амниятии мустақил, кобина, пулис ва соири малзумоти кишвардорӣ ва ҳукуматдорӣ аст, ва илова бар ин, бо содироти нафти худ аз тариқи Туркия ба бозороҳои ҷаҳонӣ, Бағдодро дар шароити душворе қарор додааст.

Заъфи давлати марказии Ироқ аз як сӯ ва шароити ҳосиломада аз ҳуҷуми теруристҳои такфирӣ ба Ироқ аз дигар сӯ, шароити идеол ва муносиберо барои қудрат гирифтани курдҳо фароҳам кард. Ва ҷолиб ин ҷост, ки дар ин муъодилот, курдҳо бо ду унсури аввал ва дуввуми ҷомеаи Ироқ (шиъа ва суннӣ) равобити хуб ва мустаҳкаме доштаанд ва бо Омрико ва Урупо низ аз сатҳи равобити болое бархӯрдоранд ва дар даврони аввал ва дуввуми риёсати ҷумҳурии Борок Убомо, Масъуд Боризонӣ раиси Иқлими Курдистони Ироқ чандин бор бо ӯ дидор карда ва мақомоти муҳимме ҳамчун раисиҷумҳури Фаронса, вузарои дифоъ ва умури хориҷаи Омрико ва чандин кишвари урупоӣ ва осиёӣ, ба Арбил рафтаанд ва тавсиъаи иқтисодии Арбил ва Сулаймония дар чанд соли гузашта, идеол будааст.

* * *

Пешина

Худмухторӣ дар Курдистони Ироқ дар воқеъ аз даҳаи 1970 бо номи Иқлими худмухтори Курдистон ба дунболи тавофуқи паймони худмухторӣ миёни ҳукумати Ироқ ва раҳбарони курди ироқӣ барқарор ва шӯрои қонунгузорӣ дар шаҳри Арбил ва низ Сулаймония таъсис шуда буд. Даргириҳои низомии мутаъаддид миёни курдҳои хоҳони худмухторӣ ва нерӯҳои ҳукумати Ироқ то замони хезиши 1991 дар Ироқ тадовум ёфт.

Дар октябри 1991 Ироқ нерӯҳои низомӣ ва кормандони ҳукуматии худро аз минтақа хориҷ сохт. Аз он замон ба баъд, Курдистони Ироқ таҳти раҳбарии ду ҳизби курдии умда: Ҳизби демукроти Курдистони Ироқ (ба раҳбарии Масъуди Боризонӣ) ва Иттиҳодияи миҳании Курдистон (ба раҳбарии Ҷалол Толибонӣ маъруф ба Мом Ҷалол), хориҷ аз контроли Бағдод ба як минтақаи мустақил табдил шуд. Иқлими Курдистони Ироқ аз он замон парчам ва суруди миллии вежаи худро баргузид.

Иқлими Курдистони Ироқ интихоботи порлумонии худро дар 1992 баргузор кард. Ҳизби демукроти Курдистони Ироқ аксарияти ороро дар манотиқи Деҳук ва Арбил ба даст овард, дар ҳоле, ки Иттиҳодияи миҳании Курдистон дар манотиқи Сулаймония ва Диёла (ба вежа Хонқин ва Куфрӣ) раъйи густардае овард. Дар натиҷаи ин интихобот, порлумони Курдистон миёни Иттиҳодияи миҳании Курдистон ба раҳбарии Ҷалол Толибонӣ ва Ҳизби демукроти Курдистони Ироқ ба раҳбарии Масъуди Боризонӣ душиққа шуд.

Ҳукумати Ироқ (дар замони Саддом Ҳусайн) пас аз хориҷ сохтани нерӯҳояш аз Курдистон дар октябри 1991, барномаи муҳосираи иқтисодии Иқлими Курдистонро ба иҷро гузошт, ки маҳдудиятҳои нафтӣ ва ғизоиро шомил мешуд.

Афзун бар ин, таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид дар қиболи Ироқ низ таъсири густардае бар иқтисоди Курдистон гузошт ва аз тиҷорат миёни курдҳо ва миллатҳои дигар ҷилавгирӣ мекард, чунонки тамоми мубодилоти иқтисодӣ миёни Курдистони Ироқ ва ҷаҳони хориҷ аз тариқи бозори сиёҳ анҷом мегирифт.

Вақте курдҳо худро барои ҳамапурсӣ дар соли 2014 омода мекарданд, ҳамзамон ДОЪИШ дар шимоли Ироқ зуҳур кард. Артиши Ироқ дар муқобили ДОЪИШ муқовимате накард. Ба ин тартиб, курдҳо вориди ҷабҳаи тозае шуданд, то ҷойи холии артиши Ироқро пур кунанд.

Ин шароит ҷойгоҳи курдҳоро ба унвони нерӯи низомии зидди ДОЪИШ ва ҳамроҳ бо эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Омрико беш аз пеш тақвият кард. Давлати Иқлими Курдистони Ироқ, ҳамапурсии соли 2014-ро ба таъвиқ андохт, то он ки тасмим гирифт ҳамапурсиро ҳамин ду рӯз пеш баргузор кунад.

* * *

Ҷуғрофиё

Иқлими Курдистон аз лиҳози ҷуғрофиёӣ байни Эрон, Ироқ, Сурия ва Туркия маҳсур шудааст, ва ба иборате дигар, роҳаш ба дунёи хориҷ танҳо аз тариқи кишварҳои номбурда аст ва дигар роҳе надорад. Курдистони Ироқ миёни шаш устон воқеъ шуда, ки аз ин миён, ҳукумати Иқлими Курдистон бар чаҳор устони Арбил, Сулаймония, Деҳук ва ба тозагӣ устони Ҳалабча аз устони Сулаймония ҷудо ва мустақил шудааст ва низ қисматҳое аз устонҳои Найнаво ва Диёла чирагӣ дорад. Ҳамчунин ҳукумати Курдистон дархости пайвастани устони Каркук ва бахшҳои бузургтаре аз устонҳои Найнаво, Диёла ва Салоҳуддинро кардааст. Арбил низ пас аз Бағдод, Басра ва Мавсил чаҳорумин шаҳри бузурги Ироқ аст ва маркази минтақаи Курдистони Ироқ ба шумор меравад.

* * *

Ҷамъият ва фарҳанг

Минтақаи Иқлими Курдистон ҷамъияте ҳудуди 5.2 милюнро дар худ ҷой додааст. Курдҳо аксарияти бофти Иқлими Курдистонро ташкил медиҳанд. Туркманҳо дуввумин гурӯҳи ҷамъиятӣ ва баъдтар гурӯҳҳои қавмие чун эзадиҳо, масеҳиён (шомили ошурён, калдонӣ, суронӣ) аз бошандагони Курдистони Ироқ ҳастанд.

Фарҳанги Курдистони Ироқ шабоҳати зиёде ба фарҳанги эронӣ дорад; аз ҷумла хешовандии забонӣ ва одобу русуму ҷашнҳое монанди ҷашни Наврӯз, ки ҷашни аслӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ низ ба шумор меравад. Албатта дар ин минтақа ақвоме монанди туркманҳо, ошуриҳо, арманиҳо, арабҳо, эзадиҳо, шабакҳо ва мандоиҳо низ сокинанд, ки вежагиҳои ҷудои фарҳангии худро низ доро ҳастанд.

* * *

Сиёсат

Курдистони Ироқ камубеш байни ду ҷараёни суронӣ ва бодинонӣ тақсим шудааст, ки ду навъ гӯиши курдии мутафовит доранд. Гӯиши суронӣ таҳти нуфузи Толибонӣ аст, ки Қулоза ва Кӯҳсанҷоб ва Арбил ва Сулаймония то Хонқинро зер пӯшиш дорад. Гӯиши бодинонӣ, ки марказаш Зоху аст минтақаи Боризонӣ аст ва то Туркия пеш меравад. Ҳар ду нерӯ саъй мекунанд дар манотиқи якдигар нуфуз кунанд ва дар таърихи муосир ағлаб миёнашон даргирии низомӣ пеш омадааст.

Аз диди таҳлилгарон, даргирии ду ҷараёни умдаи шимоли Ироқ беш аз он ки ношӣ аз ситезаҳои идеулужик ва сиёсӣ бошад, ношӣ аз тафовутҳои қавмӣ ва ашираии ду ҷараёни Боризонӣ ва Толибонӣ аст.

Пас аз ҷанги Кувайт ва Ироқ ва вазъи мамнӯияти парвози Ироқ ба болои хатти 36 дараҷа дар соли 1991, курдҳои Ироқ амалан тавонистанд ҳукумати худро таъсис намоянд ва бо ҳалли ихтилофоти гурӯҳӣ ва қиём алайҳи режими ҳизби Баъси Ироқ, ҳукумати минтақаро ба ӯҳда гирифтанд. Курдҳо ин хезишро “Ропарин” меноманд.

Ихтилофи сиёсӣ ва даргирии низомӣ ҳамвора байни ҷараёнҳои курдии минтақаи Курдистони Ироқ вуҷуд доштааст. Барои намуна метавон ба “ҷанги бародаркушӣ” дар даҳаи 1990 ишора кард.

Ҷанги дохилии Курдистони Ироқ, ки дар фарҳанги сиёсии курдҳо бо номи “ҷанги бародаркушӣ” шинохта мешавад, ба даргирии низомӣ миёни ҷиноҳҳои сиёсии рақиб дар Курдистони Ироқ дар солҳои миёни даҳаи 1990 гуфта мешавад, ки тайи он ба таври умда ду ҷараёни Ҳизби демукроти Курдистони Ироқ (Боризонӣ) ва Иттиҳодия миҳании Курдистон (Толибонӣ) бо якдигар ба даргирии низомӣ пардохтанд. Пас аз гузашти даврае, нерӯҳои низомии ҳукуматҳои Эрон, Ироқ ва Туркия низ дар ин даргириҳо дахолат карданд ва сипас нерӯҳои омрикоӣ низ ба даргириҳо пайвастанд. Байни 3 ҳазор то 5 ҳазор шибҳинизомӣ ва ғайринизомӣ дар ин ҷанг кушта шуданд, аммо манобеи маҳаллӣ аз кушта шудани 8 ҳазор нафар ғайринизомӣ дар ҷараёни беш аз се соли даргирӣ сӯҳбат мекунанд.

Дар сентябри 1998 (замони Саддом), Ҷалол Толибонӣ ва Масъуд Боризонӣ дар тавофуқе бо миёнҷигарии Иёлоти Муттаҳида мавсум ба “Паймони Вошингтун” муоҳидаи сулҳи расмӣ имзо карданд. Бар мабнои ин паймон, ду ҳизб тавофуқ карданд, ки даромад ва қудратро бо якдигар тақсим кунанд, бо истифодаи Ҳизби коргарони Курдистон (ПКК) аз шимоли Курдистон мухолифат кунанд ва ба нерӯҳои ироқӣ иҷоза надиҳанд вориди манотиқи курднишин шаванд.

Иёлоти Муттаҳидаи Омрико низ мутаъаҳҳид шуд, то аз нерӯҳои низомиаш барои ҳифозат аз курдҳо дар баробари эҳтимоли таҷовузи Саддом Ҳусайн истифода кунад. Дар ҳамин замон, пиёдасозии барномаи “Нафт дар баробари ғизо” даромадеро барои шимоли Ироқ эҷод кард ва имкони иртиқои меъёрҳои зиндагиро фароҳам сохт. Курдистони Ироқ то пеш аз он ки гурӯҳи теруристии Ансорулислом дар декабри 2001 дар минтақа эҷод шавад ва даргириҳои ҷадидеро эҷод кунад, ба як минтақаи нисбатан ором табдил шуд.

Тақрибан як моҳ пас аз он, Бил Клинтун қонуни озодии Ироқро имзо кард ва имкони кӯмаки низомӣ ба гурӯҳҳои опозисиюни ироқӣ, ва аз он ҷумла Ҳизби демукроти Курдистони Ироқ ва Иттиҳодияи миҳании Курдистон, эҷод шуд. Ҳизби демукроти Курдистони Ироқ тахмин задааст, ки аз октябри 1996 то октябри 1997, наздик ба 58 ҳазор тан аз тарафдоронаш аз манотиқи таҳти контроли Иттиҳодияи миҳанӣ ихроҷ шудаанд. Иттиҳодияи миҳанӣ низ эълом кардааст, ки 49 ҳазор тан аз тарафдоронаш аз августи 1996 то декабри 1997 аз манотиқи таҳти контроли Ҳизби демукроти Курдистони Ироқ ихроҷ шудаанд.

Иттиҳодияи миҳании Курдистон ва Ҳизби демукроти Курдистон пас аз он дар ҷараёни ишғоли Ироқ дар соли 2003 ҳамкорӣ карданд ва нерӯҳои ироқиро бо кӯмаки нерӯи ҳавоии Омрико масирёбӣ карда ва бештари минтақаи шимоли Ироқ — шомили шаҳрҳои Каркук ва Мавсилро — таҳти тасаллути худ дароварданд. Пас аз ишғол, Масъуд Боризонӣ ба унвони раиси ҳукумати Иқлими Курдистон ва Ҷалол Толибонӣ низ ба унвони раисиҷумҳури Ироқ интихоб шуданд.

Бо канор рафтани Толибонӣ аз саҳнаи қудрат, Масъуд Боризонӣ ҷойгоҳи худро дар мақоми як раҳбари курдӣ тасбит кардааст.

* * *

Нерӯи мусаллаҳ

Ҳамон тавр, ки гуфта шуд, Иқлими Курдистон, дорои як нерӯи низомии 60 ҳазор нафара, сервиси иттилоотӣ–амниятӣ ва пулиси мустақил аст.

Пас аз суқути Мавсил ва ҳамлаи густардаи ДОЪИШ ба Ироқ, нерӯҳои Пешмарги курд ба фармондеҳии Боризонӣ дар чандин ҷабҳа бо ин гурӯҳи теруристӣ вориди ҷанг шуданд ва бар асоси оморҳои расмӣ то кунун як ҳазору чаҳорсад тан аз нерӯҳои Пешмарг дар набард бо ДОЪИШ кушта шуда ва шаш ҳазор нафар аз онон маҷрӯҳ шудаанд.

Ин вазъият ду дастоварди муҳим барои Иқлими Курдистони Ироқ ба ҳамроҳ овардааст: нахуст; ҷалби ҳимоятҳои таслиҳотӣ ва сиёсӣ–иқтисодии Ғарб ва мушорикати фармондеҳони Пешмарг дар тасмимоти утоқи амалиёти эътилофи зидди ДОЪИШ ва бархӯрдорӣ аз омӯзиши мустақими мусташорони низомии омрикоӣ ва урупоӣ. Дуввум; ҷой гирифтани Иқлими Курдистони Ироқ ва шахси Масъуди Боризонӣ дар саҳнаи сиёсӣ ва байналмилалӣ ва иртиқои мизони машрӯияти Иқлими Курдистони Ироқ.

* * *

Иқтисод

Иқтисоди Курдистони Ироқ мубтанӣ бар даромадҳои нафтӣ аст, аз маҳалли даромадҳои нафтӣ сохту сози зиёде дар шаҳрҳои Курдистони Ироқ сурат гирифта ва бо ширкатҳои зиёде аз 17 кишвари ҷаҳон дар заминаҳои нафту гоз қарордоди сармоягузорӣ имзо кардааст. Ин минтақа манобеи зерзаминии гоз ва филизот низ дорад. Созгории ин ҳукумат бо низоми байналмилал дастовардҳои мусбате дар заминаҳои иқтисодӣ барои ин минтақа доштааст.

Бадеҳист, Иқлими Курдистони Ироқ чӣ дар бахши гардишгарии тафреҳӣ ва гардишгарии саломат солиёна пазирои 360000 ҳазор тан аст, ки ниме аз ин гардишгаронро бахши саломат ташкил медиҳанд ва дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла нерӯи кори эрониҳо — ба вежа курдҳои Курдистони Эрон бештар нерӯи кори эрониро ташкил медиҳад — фаъолият мекунанд.

Бар пояи омори соли 2013, ҳаҷми муносиботи тиҷорӣ миёни Курдистони Ироқ ва Туркия беш аз 8 милёрд дулор дар сол ва мубодилоти иқтисодӣ бо Эрон ҳудуди 5 милёрд дулор буд. Дар он сол нархи бекорӣ дар Курдистони Ироқ низ ҳудуди 4 дарсад гузориш шудааст.

Аз ҳамон рӯзҳои аввали соли 1991, ки Курдистони Ироқ аз контроли ҳукумати Саддом Ҳусайн хориҷ шуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон робитаи наздике бо курдҳои Ироқ доштааст. Имрӯз марзҳои расмии ин минтақа бештар барои воридоти маводди хӯрокии эронӣ ё ҳамли колоҳои хориҷӣ аз тариқи хоки Эрон ба Курдистони Ироқ истифода мешавад.

Дар чанд соли гузашта, вазъияти иқтисодӣ ва амниятии Курдистони Ироқ беҳбуд ёфта ва ин минтақа ба бозоре барои колоҳои кишварҳои минтақа табдил шудааст. Дар ибтидо Эрон яке аз бузургтарин шарикони тиҷории ҳукумати Иқлими Курдистони Ироқ буд. Навзод Ҳодӣ, устондори Арбил мегӯяд: “Эрон дар замони режими Саддом Ҳусайн барои муборизони ироқӣ, ба хусус мо курдҳо паноҳгоҳе буд. Ин боис шуд хеле аз мо дар онҷо зиндагӣ кунем ва пайвандҳои таърихӣ байни мо эҷод шавад ва ин робита то ба имрӯз идома дорад.

Аммо дар бозори ба шиддат масрафгарои Курдистон, ин колоҳои сохти Туркия ҳастанд, ки бозорро ишғол карда, на колоҳои эронӣ. Яке аз мағозадорони бозори Арбил мегӯяд: “Бештари колоҳои ӯ сохти Туркия аст, зеро мардум колои туркҳоро тарҷеҳ медиҳанд.”

Камтар аз 200 ширкати эронӣ дар Курдистони Ироқ фаъол ҳастанд, аммо беш аз 800 ширкати Туркия дар заминаҳои тиҷорат, санъати нафт ва тарҳҳои бузурги умронӣ фаъолият доранд. Пружаи як милёрд дулории сохти фурудгоҳи байналмилалии Арбил тавассути туркҳо анҷом шуд.

Навзод Ҳодӣ мегӯяд: “Адами истиқболи курдҳо аз колоҳои эронӣ ба далели тавсиъаи иқтисодии Иқлими Курдистон аст, ки сатҳи зиндагии мардумро иртиқо дода ва бинобар ин онҳо ба дунболи колоҳои марғуб ҳастанд.”

* * *

Опозисиюни давлати Иқлим

Ҳамзамон бо нооромиҳо дар кишварҳои арабӣ, ки ба “баҳори арабӣ” шӯҳрат ёфт, Курдистони Ироқ низ шоҳиди эътирозоте алайҳи ҳукумати Иқлими Курдистони Ироқ буд. Дар ин нооромиҳо теъдоде аз шаҳрвандони шаҳри Сулаймония тавассути нерӯҳои амниятӣ кушта шуданд. Ҳукумати Иқлими Курдистон мегӯяд, ки давлати ин минтақа мунтахаби як интихоботи озод аст ва набояд Курдистонро бо кишварҳои арабӣ муқоиса кард, аммо аҳзоби мухолиф мегӯянд, ки ду ҳизби ҳоким монанди режимҳои диктотурии минтақа 20 сол аст бар тамоми ҷанбаҳои зиндагии мардум ҳокиманд.

Ҷараққаи эътирозоти Курдистон замоне зада шуд, ки мардуми мӯътариз бо санг ба сохтмони шохаи чаҳоруми Ҳизби демукроти Курдистон дар Сулаймония ҳамла карданд. Нигаҳбонон ба тарафи тазоҳуркунандагон тирандозӣ карданд ва теъдоде аз мардум кушта шуданд. Ин нооромиҳо идома пайдо кард ва майдонсарои Сулаймония ба миъодгоҳи мухолифоне мубаддал шуд, ки хоҳони тағйироти асосӣ дар давлат буданд.

Ҳумо Тавфиқ, сухангӯи ҳизби мухолифи “Гурон” мегӯяд, ки Курдистон ҳукумате диктотурӣ дорад. Ӯ мегӯяд: “Агар барои 20 сол дар қудрат бошед ва ба касе иҷозаи чолиши қудратро надиҳед, ин диктотурӣ нест?!

Масъуди Боризонӣ дар ҳоле бар тасмими худ барои баргузории ҳамапурсӣ пофишорӣ кард, ки мухолифонаш мӯътақиданд ӯ дар ин солҳо натавониста дар сатҳи худмухторӣ Иқлими Курдистони Ироқро муваффақ идора кунад.

Тураҷи Атобакӣ, устоди таърихи иҷтимоии Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ дар Ҳуланд, аз мероси давлати Масъуди Боризонӣ мегӯяд: “Бояд дар ҳақиқат костии ин ҳукуматро умдатан дар надоштани сиёсатҳои дурусти ҳукуматдорӣ, шаффофият, шоистасолорӣ ва дар ҳақиқат парҳез аз фасод ҷустуҷӯ кунем. Мутаассифона корномаи ин ҳукумат корномае нест, ки нишондиҳандаи рафторе бошад, ки раҳбарони сиёсӣ дар ин солҳо талош карда бошанд ҷилави ин фасодро бигиранд ё талош бикунанд ҳаддиақали он шоистасолориро, ки қавл дода буданд, лиҳоз бикунанд. Агар нигоҳ бикунем ба сохтори сиёсии ҳукумати иқлими шимоли Ироқ, ин сохтор, ҳамон сохтори суннатии ашираӣ аст, ки силсила маротибаш ҳам риоят шуда, бидуни пойбандӣ ба қонун, қонуне, ки худи инҳо, баркашидагони курдҳо, дар маҷлиси худашон тасвиб карданд. Ҳамчунон оқои Масъуди Боризонӣ такя зада бар риёсати ин иқлим ва дар ду соли гузашта маҷлисе надоштем ва маҷлисеро, ки фаро хонданд барои ин ки ин ҳамапурсиро машрӯият бибахшанд, талошест дар ҳақиқат ба таҳкими вазъияти кунунӣ ва мавқеияти оқои Боризонӣ. Ин баҳсест, ки дар ҳақиқат ҷунбиши тағйири ҳизби “Гурон”, инҷо ва онҷо матраҳ карда. Яъне дар як калом агар бихоҳем бигӯям, яъне он чи ҷаҳон барои курдҳо умедвор буд бибинад, дар ин давраи ҳукуматдорияшон, мутаассифона ҷомаи амал ба худ напӯшонд.”

* * *

Муъзалот

Бо ин ҳол ва бо вуҷуди ҳамаи ин ҷузъиёт ва воқеиятҳо, курдҳо дар иқлим бо чанд мушкили умда рӯ ба рӯ ҳастанд, ки метавон муҳимтарини онҳоро чунин дастабандӣ кард:

1) Иқлими Курдистон аз лиҳози ҷуғрофиёӣ байни Эрон, Ироқ, Сурия ва Туркия маҳсур шудааст, ва ба иборате дигар ба дунёи хориҷ роҳ надорад;

2) Курдҳо дар Ироқ, ғайр аз даромадҳои нафтӣ, манбаи иқтисодии дигаре надоранд ва фурӯши нафту гоз аз роҳи Туркия, бо таваҷҷӯҳ ба мавзеи Туркия ва Эрон, бо ибҳомоти фаровоне рӯ ба рӯст. Дар шароити феълӣ, ки ихтилофоте байни Арбил ва Бағдод ба вуҷуд омадааст, ҳуқуқи кормандон, муаллимон ва нерӯҳои Пешмарг пардохт нашуда ва иқлим амалан дар бӯҳрони иқтисодӣ қарор гирифтааст. Илова бар ин, вежагиҳои хосси сохтори ҳизбӣ ва қудрати маврусӣ ва хонадонӣ, ронти печидаи фасоди молиро чунон тавонманд ва соягустар намуда, ки роҳе барои назорат ва ҳисобрасӣ вуҷуд надорад;

3) Ҳатто дар сурате, ки шиъа ва суннии Ироқ ба ҷудоии курдҳо ризоят диҳанд, эҳтимоли ҳал шудани муаммои печидаи манотиқи мавриди низоъ яъне Каркук ва дигар манотиқи курднишини хориҷ аз иқлим, наздик ба сифр аст;

4) Байни аҳзоби курд, рақобат ва ихтилоф, бисёр ҷиддӣ ва печида аст ва назари воҳиде дар мавриди шеваи тақсими қудрат ва таъйини раҳбарӣ вуҷуд надорад. Интиқоли қудрат ба сурати хонадонӣ ва маврусӣ, қудрат гирифтани фарзандони мақомоти иқлим ҳамчун фарзанди Мом Ҷалол Толибонӣ, фарзандони Масъуди Боризонӣ, фарзанди Кӯсрат Расул ва суистифодаи мақомоти муҳим ва фарзандони онон аз ронтҳои молӣ ва сиёсӣ, аз муҳимтарин осебҳои иқлим аст, ки метавонад дарди сарсоз шавад;

5) Омиле, ки шояд аз тамоми ин авомил муҳимтар ва ҳаётитар аст, ин аст, ки ҳеч гуна иҷмоъи назари ҷаҳонӣ ва минтақаӣ дар мавриди пазириши истиқлоли курдҳо ва эҷоди давлати мустақилли курдӣ ҳатто ба сурати сохтори маҳдуд ба курдҳои Ироқ вуҷуд надорад. Чаро ки Омрико ва Урупо ба дунболи ҳифзи мувозинаи мавҷуд ҳастанд ва бар хилофи тасаввурҳои маъмул, таҷзияи Ироқ ба суди онон нест ва кишварҳои минтақа аз ҷумла Эрон низ бо ин мавзӯъ мувофиқ нестанд.

Tabnak



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: