Дар маънии ҳуррияти исломия ва сирри ҳодисаи Карбало

Аллома Иқболи Лоҳурӣ

Ҳар ки паймон бо «ҳувалмавҷуд» баст,

Гарданаш аз банди ҳар маъбуд раст.

Мӯъмин аз ишқ асту ишқ аз мӯъмин аст,

Ишқро номумкини мо мумкин аст.

Ақл саффок асту ӯ саффоктар,

Поктар, чолоктар, бебоктар.

Ақл дар печоки асбобу илал,

Ишқ чавгонбози майдони амал.

Ишқ сайд аз зӯри бозу афканад,

Ақл маккор асту доме мезанад.

Ақлро сармоя аз бими шак аст,

Ишқро азму яқин лоянфак аст.

Он кунад таъмир, то вайрон кунад,

Ин кунад вайрон, ки ободон кунад.

Ақл чун бод аст арзон дар ҷаҳон,

Ишқ камёбу баҳои ӯ гарон.

Ақл маҳкам аз асоси чуну чанд,

Ишқ урён аз либоси чуну чанд,

Ақл мегӯяд, ки худро пеш кун,

Ишқ гӯяд: имтиҳони хеш кун.

Ақл бо ғайр ошно аз иктисоб,

Ишқ аз фазл асту бо худ дар ҳисоб.

Ақл гӯяд: шод шав, обод шав,

Ишқ гӯяд: банда шав, озод шав.

Ишқро ороми ҷон ҳуррият аст,

Ноқаашро сорбон ҳуррият аст.

Он шунидастӣ, ки ҳангоми набард,

Ишқ бо ақли ҳаваспарвар чӣ кард?

Он имоми ошиқон Пури Батул,

Сарви озоде зи бӯстони Расул.

Аллаҳ-Аллаҳ бои бисмиллаҳ падар

Маънии «зибҳун азим» омад писар.

Баҳри он шаҳзодаи хайрулмилал,

Дӯш «Хатмул-мурсалин ниъмал-ҷумал.»

Сурхрӯ ишқи ғаюр аз хуни ӯ,

Шӯхии ин мисраъ аз мазмуни ӯ.

Дар миёни уммат он кайвонҷаноб,

Ҳамчу ҳарфи «Қул ҳуваллаҳ» дар Китоб.

Мӯсиву Фиръавну Шуббайру Язид,

Ин ду қувват аз ҳаёт ояд падид.

Зинда Ҳақ аз қуввати Шуббайрӣ аст.

Ботил охир доғи ҳасратмирӣ аст.

Чун хилофат ришта аз Қуръон гусехт,

Ҳурриятро заҳр андар ком рехт.

Хост он сарҷилваи Хайрулумам,

Чун саҳоби қибла борон дар қадам.

Бар замини Карбало бориду рафт,

Лола дар вайронаҳо кориду рафт.

То қиёмат қатъи истибдод кард,

Мавҷи хуни ӯ чаман эҷод кард.

Баҳри Ҳақ дар хоку хун ғалтидааст,

Пас бинои «Ло илаҳ» гардидааст.

Муддаъояш салтанат будӣ агар,

Худ накардӣ бо чунин сомон сафар.

Душманон чун реги саҳро лотуъад,

Дӯстони ӯ ба Яздон ҳамадад.

Сирри Иброҳиму Исмоил буд,

Яъне он иҷмолро тафсил буд.

Азми ӯ чун кӯҳсорон устувор,

Пойдору тундсайру комгор.

Теғ баҳри иззати дин асту бас,

Мақсади ӯ ҳифзи ойин асту бас.

Мосивуллаҳро мусалмон банда нест,

Пеши Фиръавне сараш афканда нест.

Хуни ӯ тафсири ин асрор кард,

Миллати хобидаро бедор кард.

Теғи «Ло» чун аз миён берун кашид,

Аз раги арбоби ботил хун кашид.

Нақши «иллаллоҳ» бар саҳро навишт,

Сатри унвони наҷоти мо навишт.

Рамзи Қуръон аз Ҳусайн омӯхтем,

З-оташи ӯ шӯълаҳо афрӯхтем.

Шавкати Шому фарри Бағдод рафт,

Сатвати Ғарнота ҳам аз ёд рафт

Тори мо аз захмааш ларзон ҳанӯз,

Тоза аз такбири ӯ имон ҳанӯз.

Эй сабо, эй пайки дурафтодагон!

Ашки мо бар хоки поки ӯ расон.

Реклама


Рубрики:Барномаи зиндагӣ, Забон ва адабиёт, Машоҳир, Ошуро, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: