Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии “Мубориза бо теруризм дар Уруосиё”

Конфронси байналмилалии “Мубориза бо теруризм ва ифротгароӣ дар Уруосиё” 29 сентябри соли ҷорӣ дар Маркази таҳқиқоти истротежии Риёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс дар Душанбе, Конфронси байналмилалии “Мубориза бо теруризм ва ифротгароӣ дар Уруосиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаи муштарак” 29 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар маҳалли Маркази таҳқиқоти истротежии Риёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар ин конфронс намояндагони давлатӣ, намояндагони порлумони Тоҷикистон ва Русия, диплумотҳои сафоратхонаҳои кишварҳои Осиёи Марказии муқим дар Душанбе, муовинони дабирхонаи Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ, Маркази зидди теруризми Созмони ҳамкории Шонгҳой ва ҳамчунин руасои муассисот ва марокизи мутолеоти истротежики Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ширкат хоҳанд кард.

Ширкаткунандагони ин конфронс дар мавриди масоили калидии марбут ба амнияти минтақаӣ ва мушкилоти сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварҳои минтақа табодули назар хоҳанд кард.

Ҳамчунин тайи ин конфронс масирҳо, шаклу равишҳои тасбити талошҳои Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон, чашмандози ҳамкорӣ байни ин кишварҳо дар чорчӯби Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шонгҳой ва ширкати фаъоли ҷомеаи маданӣ ва расонаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Бар асоси ин гузориш, ин рӯйдод метавонад гоме муҳим дар таъйини дастури кори феълии кишварҳои минтақа дар заминаи амнияти минтақаӣ, ташкили гурӯҳҳои кори доимӣ бо ҳамкории муназзам ва ҳимояти намояндагони кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шонгҳой ва Афғонистон бошад.

Реклама


Рубрики:Сиёсат

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: