Кабирӣ дар дидор бо раиси Кумитаи ҳуқуқи башари порлумони Урупо, хостори эътои ҷоизаи Сахаров ба Бузургмеҳр Ёров шуд

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, имрӯз 28-уми сентябри 2017, бо Антониё Пансерӣ, раиси Кумитаи ҳуқуқи башар дар порлумони Урупо, дар Бруксел дидор ва гуфтугӯ карда, хостори эътои “Ҷоизаи байналмилалии Сахаров барои озодии андеша ба Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи маҳбуси тоҷик, шуд.

Ба навиштаи сухангӯи ҲНИТ, Кабирӣ бо ишора ба ҷасорат ва устувории Бузургмеҳр Ёров дар баробари ҳама гуна зулму шиканҷаи мақомот, таъкид кард, ки “Бузургмеҳр Ёров вакили тоҷик аст, ки ҳама гуна риску хатарҳоро бар хомӯш истодану дифоъ накардан аз ҳуқуқи маҳбусони сиёсӣ тарҷеҳ дод ва дар натиҷа равонаи зиндон ба муддати тулонӣ шуд, бешак сазовори ин ҷоизаи байналмилалӣ аст.”

Ба навиштаи Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ, бегоҳии имрӯз силсила дидорҳои ҳафтаи ҳуқуқи башари Тоҷикистон байни ҳайъати ҲНИТ ва намояндагони урупоӣ ба поён расид ва баъдтар ҷузъиёт нашр хоҳад шуд.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ҷаноби Антониё Пансерӣ ҳамон шахсияти бонуфузи сиёсӣ аст, ки исми Роиф Бадавӣ, блогнависи маҳбуси саудиро барои ҷоизаи Сахаров пешниҳод карда буд ва ин фаъоли сиёсии саудӣ дар натиҷа сазовори ин ҷоиза дар соли 2015 гашт.

Аз ҷумлаи шахсоне, ки соҳиби ин ҷоиза гаштанд, фаъолони сиёсие мисли Роиф Бадавӣ аз Арабистони Саудӣ (соли 2015), Малола Юсуфзай аз Покистон (соли 2013) ва Ҷаъфар Паноҳӣ ва Насрин Сутуда аз Ирон (соли 2012) мебошанд.

Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015, дар пайи ба ӯҳда гирифтани ҳимояти раҳбарони боздоштшудаи ҲНИТ ва ташкили Кумитаи дифоъ аз онҳо дастгир шуд ва дар соли 2016 ба 29 соли зиндон бо мусодираи молу мулк маҳкум шуд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар, аз ҷумла Ҳуман Райтс Вотч, Афви байналмилалӣ ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия ӯ ва фаъолони боздоштшудаи ҲНИТ-ро маҳбусони сиёсӣ унвон мекунанд ва чандин бор аз ҳукумати Тоҷикистон раҳоии бе қайду шарти онҳоро талаб карданд.

Агар Бузургмеҳр Ёров ба ин ҷоизаи байналмилалии Сахаров барои озодии андеша сазовор дониста шавад, ӯ нахустин тоҷике хоҳад буд, ки ба ин ҷоиза мукофотонида мешавад.

Реклама


Рубрики:Машоҳир, Сиёсат, Ҷомеа

Метки: , , , ,

1 reply

  1. Аз руи як маълумоти манбаи муътамад, Хосият, Бузургмехр ва Чамшед Ёровхо хамаги Ба Кабири мунтазам маслихат ва машваратхои хукуки дода, уро дар бештари маврид химоятгари мекардаанд. Аммо Кабири ба оилаи Ёровхо ваъда додааст, ки барои рахоии Бузургмехр аз зиндон кумак мерасонад. Кабири Ин гапро дар назди чанд нафар хамхизбиёнаш ваъда додааст ва баъдан гумон кардааст ки имсол соли 2017 аст на соли 1992, яъне дигарбора кабирии лаъин мардумро гумрох карда наметавонад. Аз Ин ру барои рахонидани Бузургмехр Ёров аз зиндон ки кореро анчом дода натавонистааст шиори «ХАМ ЛАЪЛ БА ДАСТ ОЯДУ ХАМ ЁР НАРАНЧАД» зимни мулокот бо Раиси кумитаи хукуки башари Аврупо хохиш кардааст, ки Ба Бузургмехр Ёров «Чоизаи байналмилалии Сахаров барои озодии андеша» дода шавад. Ин андеша холате дар сараш задааст ки Хосият Ёрова чанд руз боз аз айшу ишрат бо Кабири худдори кардааст ва хатто бо зангхояш чавоб намедодаст…

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: