Озодии ронандагии занони саудӣ, оғози асри ҷадид дар Арабистон

Мақолае дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Asriran

Шоҳзодаи машҳури саудӣ Валид бен Талол дар замони “баҳори арабӣ” гуфта буд: “Роҳе ба ҷуз ислоҳот, пеши рӯйи Арабистон қарор надорад”. Валид бен Талол дуруст мегуфт. На танҳо Арабистон бо он ҳама интиқодот аз вазъияти иҷтимоӣ ва сиёсиаш, балки ҳамаи кишварҳо роҳе ҷуз ислоҳот ва барӯз кардани сиёсатҳои худ ҳамроҳ бо замон надоранд.

Ҳудуди як солу ними пеш Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон аз “чашмандози 2030” парда бардошт; тарҳе барои ислоҳоти иқтисодӣ дар Арабистон барои раҳоӣ аз эътиёд ба нафт. Ин чашмандоз аз тақвияти нақши занон дар бозори кор сухан мегуфт, аммо дар он замон Муҳаммад бен Салмон аз барномаҳои ояндааш барои афзоиши озодиҳои иҷтимоии занони саудӣ ба вежа озодии ронандагии занон чизе нагуфт.

“Чашмандози 2030” бар мушорикат додани занон дар зиндаги иҷтимоӣ ва боло бурдани мизони мушорикати онҳо дар бозори кор аз 22 дарсад ба 30 дарсад таъкид дорад.

Ҳамон замон дар ҷавоби интиқодҳо гуфта буд, ки: “Дар оянда тағйироти мусбате сурат мегирад, аммо акнун наметавон мамнӯияти ронандагии занонро бардошт, чун ҷомеа пазирои он нахоҳад буд ва наметавон чизеро бар ҷомеа таҳмил кард”.

Манзури Муҳаммад бен Салмон аз ҷомеа, дар воқеъ тундравони Арабистон буд, на ҷомеаи саудӣ.

Муҳаммад бен Салмон, мутаваллиди 1985, подшоҳи ояндаи Арабистон, дишаб нишон дод, ки тавоноии ғалаба бар тундравони Арабистонро дорад ва ба ин натиҷа расидааст, ки агар бихоҳад дар қудрат боқӣ бимонад ва маҳбубияти дохилӣ ва байналмилалӣ дошта бошад ва дер ё зуд бо мавҷи эътирозоти дохилӣ мувоҷеҳ нашавад, бояд ба ислоҳот рӯй биёварад; ислоҳоте, ки сухан гуфтан аз онҳо дар Арабистон солҳои сол тобу буд.

Расонаҳои саудӣ дишаб эълом карданд, ки подшоҳи Арабистон дастури озодии ронандагии занонро содир кард; маҳдудияте, ки дар Арабистон бобати интиқод аз он, чӣ боздоштҳое сурат нагирифт ва чӣ кампинҳо барои рафъи он ташкил нашуд.

Ҳамзамон бо ин хабар, Арабистон як занро барои симати сухангӯи сафораташ дар Вошингтун интихоб кард.

Пеш аз он ҳам, иҷозаи ҳузур ба занони саудӣ барои аввалин бор дар варзишгоҳи “Малик Фаҳд” дар маросими рӯзи миллӣ дода шуд – чизе, ки ҳанӯз дар Эрон мамнӯъ аст — ва барои аввалин бор як зан ба симати муовини шаҳрдор таъйин шуд; тасмиме, ки гуфта шуд, ки дар чорчӯби “Чашмандози иқтисодии 2030” иттихоз шуда, ки ба аҳаммияти тасаддии постҳои муҳим тавассути занон аҳаммият медиҳад.

Ҳамчунин Арабистон барномае барои таътилии ҳайъати “Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар”-ро ҳам дар назар дорад. Ҳайъате муташаккил аз маъмурон ва худравҳои гаштӣ, ки назорат бар ҳусни иҷрои қавонини исломӣ (шариат) дар ҷомеаро бар ӯҳда дорад. Қабл аз ин давлати саудӣ тасвиб кард, ки гаштиҳои ин ҳайъат дигар ҳаққи боздошти афродро надоранд.

Бархе мӯътақиданд, ин иттифоқот ҳикоят аз рӯйи кор омадани насле бо рӯйкарде ҷадид ва ислоҳталаб дар Арабистон дорад, ки мехоҳад кишварро аз қолаби суннатӣ ба самти қолаби мудерн бибарад, ки оғозаш ислоҳоти иҷтимоӣ аст, аммо бо ин ҳол, бояд мунтазир монд ва дид, ки оё Арабистони Саудӣ дар заминаи ҳуқуқи башар низ қасд дорад барномаи ислоҳотро иҷро кунад ё хайр?! Ба унвони мисол, шумори зиёде аз зиндониёни сиёсӣ бидуни муҳокима, тафҳими иттиҳом, муҳокимаи одилона, дар зиндон нигаҳдорӣ мешаванд.

* * *

Нукта: Арабистон танҳо кишвари ҷаҳон буд, ки на бар асоси қонуни расмӣ, балки бо истинод ба фатвоҳо ва назароти уламои динии тундрав ронандагии занон дар он мамнӯъ буд.

Asriran



Рубрики:Бонувон, Ҷаҳони ислом, Ҷомеа

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: