Хоссият Ёрова: “Аз рӯзи аввали боздошт Бузургмеҳрро шиканҷа мекарданд”

Дар ҳоле, ки масъулини СИЗО мегӯянд, “масъалаи азияту шиканҷа шудани Бузургмеҳр Ёров асос надорад”, хоҳари Бузургмеҳр, Хоссият Ёрова дар ёддоште дар сафҳааш, бо баёни ин ки “ҳамин ҳоло хабар расид, ки гӯё Бузургмеҳр Ёров боре ҳам шиканҷа нисбаташ надидааст ва шахсан худи роҳбарияти СИЗО ӯро зери назорат гирифта будааст”, навишт: “Аз рӯзи аввали дастгиршавӣ шиканҷа нисбати ӯ дида мешуд, вале ҳар дафъа мегуфтанд, паҳн накунед, то аҳволаш бадтар нашавад, гап назанед аҳволаш бадтар нашавад…”

Ҳуриннисо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ки дар моҳҳои охир писараш дар боздоштгоҳ мавриди азияту шиканҷа қарор гирифтааст. Ба гузориши пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, ӯ рӯзи 27-уми сентябр, баъд аз нӯҳ моҳи муроҷиатҳо, дар боздоштгоҳи рақами яки Душанбе бо писараш мулоқоти кӯтоҳ анҷом дод. Исҳоқова гуфт, ки писарашро кормандони СИЗО латту кӯб кардаанд ва ӯ ҳатто як дафъа ба бемористон бурда шудааст.

Ба пояи ин гузориш, созмони ҳомии ҳуқуқи инсон – Human Rights Vision Foundation – низ аз вазъи Бузургмеҳр Ёров дар боздоштгоҳ, изҳори нигаронӣ карда, аз Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи башар, Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо, Омрикову Конода ва Иттиҳодияи Урупо даъват кардааст, ки ба қонунувайронкунӣ дар мавриди вакили мудофеъ тадбирҳо ҷуста, алайҳи мақомот таҳримҳо роҳандозӣ кунанд. Ин созмон зикр кардаст, ки ҳаёти вакили мудофеъ таҳти хатар қарор дорад.

Ва ин дар ҳоле аст, ки масъулини СИЗО гуфтанд, ки “масъалаи азияту шиканҷа шуданаш асос надорад”.

Дар ҳамин ҳол, Хоссият Ёрова, хоҳари  Бузургмеҳр, дар ёддоште дар сафҳааш дар Фейсбук, бо баёни ин ки “ҳамин ҳоло хабар расид, ки гӯё Бузургмеҳр Ёров боре ҳам шиканҷа нисбаташ надидааст ва шахсан худи роҳбарияти СИЗО ӯро зери назорат гирифта будааст”, навиштааст:

Аз рӯзи аввали дастгиршавӣ, шиканҷа нисбати ӯ дида мешуд, вале ҳар дафъа мегуфтанд паҳн накунед, то аҳволаш бадтар нашавад. Гап назанед, аҳволаш бадтар нашавад. Хайр ана хап кардему нагуфтему нанавиштем… Чӣ иваз шуд? Ҳеч чиз. Аз ин бадтар шуду беҳтар не. Агар аз гуфтаҳову навиштаҳои мо якбора зада мекуштанаш беҳтар аз он буд, ки ҳамарӯза азобу шиканҷа медиҳанд.”

Вай афзудааст: “Ҳанӯз рӯзи 29 сентябри соли 2015 ӯро дар УПОБ чунон шиканҷа дода буданд, ки баъдтар шоҳидони ҳодиса низ инро тасдиқ карданд. Инчунин рӯзи 29-30 сентябри соли 2015 ман ва Ҷамшед ба ИВС хӯрок бурдем, аз он ҷо ба мо либосҳояшро доданд. Дар куртаи сафедаш нақши хун буд. Мо либосҳоро аз назар гузаронида истода будем, ки кормандони Радиои Озодӣ ҳам расида омаданд. Фарзон он вақт ҳамроҳи оператор буд. Мо даррав либосҳоро ба пакет андохтем, вале фикр мекунам ӯ пай бурда буд, чунки якумин саволаш оиди шиканҷа шудани Ёров буд. Баъдтар кормандони ИВС низ гуфтанд, ки дар УПОБ шаби 30 сентябр сахт зада оварданаш, азбаски фардош аз суд ба пешаш бояд медаромаданд, даррав либосҳои ӯро иваз карда, ба Ёров либосҳои шахси дастгиршудаи дигарреро пӯшондаанд, то ки осори шиканҷа дида нашавад.”

Хоссият Ёрова дар идомаи ёддошти худ хотирнишон кардааст: “22 октябри соли 2015 маро барои навиштани баёнот ба бинои Упоб дароварда буданд. Ман як соат якравӣ кардам, ки чизе наменависам. Баҳс оиди беҳуҷҷат ва ғайриқонунӣ автомобили маро гирифтан буд. Кормандони Убоп аниқтараш Давронов Фаридун ва Қаюмов Сомон махсусан маро ба якум ошёна дароварданд, то садоҳои доду войи мардум, ки аз таҳхона меомад, ба гӯшам расаду тарс маро фарогир кунад. Воқеан даҳшат буд!

Вай меафзояд: “Ман аз суханони Ҷамшед ва навиштаҳои Бузургмеҳр борҳо мушоҳида кардаам, аз дасти чунин зӯроварӣ пеши онҳо чанд нафар қасди худкушӣ низ кардааст, шахсоне, ки бо ҷурмҳои дуздӣ ва ё маводди мухаддир дастгиршуда. Чунин шахсон шояд ислоҳ мешуданд, вале руҳияи онҳо, ки шикаста шуд, онҳо ба чунин кор даст заданд.”

Хоссият дар поён ёдовар шуда: “Хуллас, ман намедонам чӣ кадари дигар тоб меорад бародари ман ин ҳама зулму ситамро. Хоҳиш карданам ҳам чизе аз касе бефоида аст, чун чизе ҳам ба ҷуз дуо аз дасти мо намеояд. Мо бояд барои беҳбудии вазъи худ кӯшиш кунем, ба умеди ягон ҳамсоя нашавем. Дар хонаи ҳамсоя агар байни зану шавҳар ҷанҷол шавад, мо кордор намешавем, чун фикр мекунем кори оилавист. Пас ҳолати мо низ чунин аст. Камар бубандем! Роҳи наҷоти бародарон, падарон ва хоҳарони худро пайдо намоем! Фикр мекунам, ки мушти мо пурзӯр шудааст, вале ҷуръати бардоштанро надорад.”

Реклама


Рубрики:Ҷомеа

Метки: ,

1 reply

  1. Бехосият мушти шумо пурзур нашудааст, балки пушти шумо пурзур шудааст, зеро хар руз бо як хоричие дидору мулокот мекуни ва хатман аз руи рафторат маълум аст, ки каме айшу сафо низ мекуни. Ба назарам тамоми намуди асбоби одамизодро дидаи? Ин кадар бо кушиши том сухан мероники одам гумон мекунад як бонуи равшанфикри, аммо кас мебинадат гумон мекунад ки як бехосияте беш нести.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: