Қирғизистон мизбони Конфронси байналмилалии “Ислом дар кишварҳои секулор”

Дафтари Риёсати Ҷумҳурии Қирғизистон аз баргузории конфронси байналмилалӣ бо унвони “Ислом дар кишварҳои секулор” ба ибтикори Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури ин кишвар хабар дод.

Ин конфронс имрӯз (28 сентябр) кори худро оғоз мекунад ва 2 рӯз ба кори худ идома медиҳад.

Дар ин конфронс раисони ниҳодҳои муртабит дар ҳавзаи динӣ аз 19 кишвар, намояндагони созмонҳои мӯътабари байналмилалӣ ва коршиносони исломии барҷаста ширкат хоҳанд кард.

Дар ин конфронс роҳкорҳо ва равишҳои таъдил ва ҳамоҳангии равобит дар ҷомеаи исломӣ баррасӣ мешавад.

Табодули таҷрибаи ҳамкорӣ байни давлат ва дин ва ҳифзи ҳувияти фарҳангии кишварҳо ба унвони равиши ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ, аз мавзӯъҳои аслии ин конфронс хоҳад буд.

Ҳамчунин дар чорчӯби ин конфронс тавсияҳое дар ҷиҳати такмили гуфтугӯи байнидавлатӣ ва ҳамкорӣ дар ҳавзаи динӣ, тасвиби қатънома дар мавриди нақши ислом дар кишварҳои секулор ироа мешавад.

Беш аз 100 донишманд аз кишварҳои ҳамсоя ва Қирғизистон дар ин конфронс ширкат хоҳанд кард.



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: