Ҳама чиз дар бораи додгоҳи Бузургмеҳр Ёров аз забони хоҳараш (3)

Ёддоштҳои Хоссият Ёрова (Бахши севвум)

Дархости Бузургмеҳр вобаста ба айбҳои эълонкардашуда нисбати ӯ (идома)

(марти 2016)

(Ин матолиб ба дасти худи Бузургмеҳр навишта шудаанд.)

Дар ҷ.2.саҳ.96 ҷ.2., саҳ.96 гузориши таҳқиқотчии Раёсати таҳқиқи ВКД-и ҶТ Ахмедов Р. ба Сардори Раёсати таҳқиқи ВКД-и ҶТ аз 29.03.2011.

“… дар Раёсати таҳқиқи ВКД-и ҶТ дар асоси фармони ВКД-и ҶТ гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ вобаста ба варақаҳои муоинаи техникӣ қалбакӣ таъсис дода шудааст, аз Шумо хоҳиш менамоям, ки маводҳои ҷамъовардашударо нисбати Ёров Б. барои бурдани тафтишоти пешакӣ ба аъзоёни гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ вобаста намоед» оварда шудааст.”

Тафтишот ягон муфаттиши каблиро оиди он напурсидааст, ки тӯли чор солу шаш моҳи гузашта, нисбати ин гузориш, нисбати иҷрои фармони ВКД ҶТ чӣ кор кардаанд, нисбати Ёров Б. чӣ қарор қабул намудаанд, агар қароре қабул накарда бошанд, чаро вазифаҳои хидматии худро иҷро накардаанд, оё тӯли 4 солу 6 моҳи гузошта Вазири ин кормандони милиса Ёров Б буд ё ин ки шахси дигар? Барои бартараф кардани ин ҳодисаҳои номатлуб нисбати ин кормандони тафтишотӣ қароре барои андешидани чораҳои дахлдор ба Прокуратура нафиристодаанд. Сабаби ин дар он мебошад, ки ҳанӯз соли 2011 пурсиши маро гузаронида, манро ҷабрдида эътироф намуда, қисми маводҳои парвандаи ҷиноятиро нисбти ман бино бар дар кирдорам набудани таркиби ҷинояте қатъ намуда буданд, аммо бино бар таъқиби сиёсии ташкилкардаи Президент ин ҳуҷҷатҳоро дар парванда ҳамроҳ накарда, онро аз мо пинҳон намуда истодаанд.

Тафтишоти пешакӣ барои гумроҳ намудани суд дар ҷ.2 саҳ.122 чунин ҳуҷҷатро ҷой додааст: ҷ.2. саҳ.122 Мактуби сардори РБДА ба Тафтишот аз 11.01.16 с.

“Мувофиқи фармони ВКД ҶТ таҳти № 298 аз 05.04.2010 сол арзиши як дона варақаи талони муоинаи солонаи техникии воситаҳои нақлиёт барои соли 2010 6 сомонӣ, меъёри хироҷи БДА мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 546 замимаи 8 аз 02 ноябри соли 2007 ба маблағи 5 сомонӣ 81 дирам, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ба маблағи 150 сомонӣ ва суғуртаи ҳатмии воситаҳои нақлиёт 89 сомонӣ 25 дирам муқаррар шуда буд, ҷамъи умумии азназаргузаронии ҳолати техникии солонаи воситаи нақлиёти тамғаи Опел-Астра соли бароришаш 1995 дар соли 2010-ум 251 сомонӣ 06 дирамро ташкил медод.”

Маҳз ҳуҷҷати номбурда бори дигар пурра бегуноҳии маро нишон медиҳад, зеро ман 170 сомонӣ ба Маъруф додаам, ки аз он ӯ барои варақаи талон 6 сомонӣ, барои меъёри хироҷи БДА 5 сомонию 81 дирам, барои андоз аз соҳибони воситаи нақлиёт 150 сомонӣ, ҷамъ 170 сомонии додаи ман 161 сомонию 81 дирам супурда барои худаш боз 8 сомонию 19 дирами дигар мондааст, барои хидматҳои дар 304 соат намудааш. Автомашинаро ман ҳеч вақт бе шартномаи суғуртаи ҳатмӣ нарондаам, зеро моҳияти шартномаи суғурта ҳуқуқҳои молу мулкии маро ҳифз мекунад. Аз ин рӯ дида мешавад, ки шогирди ман Маъруфи Фархорӣ аз рӯи виҷдон ва аз рӯи қонун талони муоинаи техникии силсилаи 286695 бо тартиби қонунӣ гирифта ба ман додааст. Аз ин рӯ автомашинаи 3-4 соат дар дасти ӯ буд. Агар ки ӯ талони сохтакорона медод, пас зарурати гирифтани автомашинаи маро ба муддати 3-4 соат надошт, ин 3-4 соат ман боварии комил дорам, ки ҳангоми навбатистӣ ва гузаронидани муоинаи тахникии автомашина сарф шудааст.

Бинобар ин, хоҳиш менамоем, ки лаҳзаи номбурда бино бар дар кирдорҳои ман набудани таркиби ҷинояте қатъ шавад.

* * *

  1. Лаҳзаи тӯҳмат намудани шаҳрванд Ҳафизова Бибираҳима оиди додани 600 сомонӣ:

Бо ин лаҳза ба ман, бо моддаҳои 247.к.3 банди «а»-и КҶ ҶТ аз рӯи варианти дуюми сохтакоронаи қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда ва эълон кардани айби нав дида мешавад, ки тафтишот бар хилофи далелҳое, ки бегуноҳии манро нишон медиҳад, дар хусуси он айб эълон менамояд, ки гӯё:

“Ӯ боз тобистони соли 2010 … ба боварии шаҳрванд Ҳафизова Бибираҳима Ҳакимбеговна даромада, ба охирин ваъда додааст, ки дар баҳси судии суди н. Синои ш.Душанбе бо ҶПС «Агроинвестбонк» оид ба рӯёнидани маблағҳои қарзӣ иштирок карда, бо истифодаи шиносҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин баҳсро ба фоидааш ҳал менамояд ва бо ин мақсад аз шаҳрванд Ҳафизова Б.Ҳ. ҳамчун ҳаққи хидмат маблағи 600 сомонӣ талаб намудааст. Шаҳрванд Ҳафизова Б. ба ин фиреби Ёров Б.Р. бовар карда, маблағи 600 сомониро оварда додааст. Ёров Б. маблағи тасарруфнамудаашро бидуни ҳазинаи коллегияи мазкур, ба манфиати шахсии худ истифода бурда, ӯҳдадории ба зиммааш гирифтаро дар назди Ҳафизова Б. иҷро накарда, дар натиҷа ба ҷабрдида Ҳафизова Б. ягон хел кӯмаки ҳуқуқӣ нарасонида ба ӯ ба миқдори калон зарари моддӣ расонидааст.”

Ин хулосаи тафтишот дар ин қисм умуман нодуруст мебошад, барои ҳамин Абдурасулзода А. то имрӯз наметавонад, ки маро бо Ҳафизова Б. рӯбарӯ намояд. Зеро бараъло оиди он медонад, ки аз лаҳзаи оғози ин парванда то лаҳзаи айб – дар ин қисмат низ мисли дигар қисматҳои айб тӯҳмат рафта истодааст. Байни нишондодҳои ман ва нишондодҳои Ҳафизова Б. мухолифату зиддиятҳои ҷиддӣ дида мешавад, ки бе гузаронидани рӯбарӯкунӣ байни мо онро бартараф кардан мумкин нест.

Вобаста ба ин лаҳза дар ҷ.3. саҳ.50-56 ман нишондод оиди он дода будам, ки тобистони соли 2009 ё соли 2010 пеши ман Ҳафизова Б. ҳамчун муштарӣ барои гирифтани ёрии ҳуқуқӣ омада буд. Ӯ ҷавобгар вобаста ба баҳси даъвогари бонк дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ буд. Темиров Исмоилхон кормандони бонк бо гарави мондаи ӯ дар бонк маблағи зиёдтаре гирифта онро ба ӯ як қисмашро надода ба ин тариқ гурехта меравад. Муқобили ин даъво аз тарафи ман даъвои муқобил – нисбати бонк оиди бекор намудани шартномаи қарз ва шартномаи кредитӣ навиштам. Дар АНДМ ВА МК ҶТ вобаста ба аризаҳои навиштаи ман аз номи Ҳафизова Б. нисбати Темиров Исмоилхон парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд. Дар асоси ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо дар солҳои 2010-2011 истеҳсолоти парвандаи гражданӣ бо ҷавобгарии Ҳафизова Б. боздошта шуд. Барои тамоми меҳнатҳои намудаи ман, Ҳафизова Б. ҳамагӣ як маротиба 300 сомонӣ ба ман дода буд, ки аз он боз ман 100-150 сомониашро ба дасти адвокати ҷавон Темиров Хушнуд дода будам, ки дар ин парванда дар паҳлӯи ман ҳамкорӣ намояд. Борҳо ман Ҳафизова Б.ро дида будам, ӯ аз фаъолияти ман бобати расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар шакли сӯҳбатҳои ҳуқуқӣ бо ӯ намудан, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии овардаашро омӯхтам, онҳоро тахлил намуда, дар муқобили даъвои бонк – даъвои муқобили даъво навиштаам. Ҳамаи ин боиси он гаштааст, ки касе тӯли солҳои дароз Ҳафизова Б.ро аз хонааш накӯчонидааст. Агар ӯро солҳои 2010-2011 мекӯчониданд, пас ҳар моҳ 150-200 доллар дар як сол 7200-12000 доллар иҷорапулӣ месупурд.

Мақомоти тафтишотӣ умуман Ҳафизова Б.-ро баъди пурсиши ман оиди он намепурсанд, ки оё нисбати ӯ дар суди н.Рӯдакӣ бо даъвои бонк солҳои 2009-2010 даъвое вуҷуд дошт, агар вуҷуд дошта бошад, пас чаро нисбати ин даъво тӯли солҳои 2009-2014 ба фоидаи бонк ҳалномае набароварда шудааст? Оё ба пеши адвокат Ёров Б. барои омӯзиши ҳуқуқии ҳуҷҷатҳо ӯ бо ягон даъвои бонк омад ё не? Оё адвокат Ёров Б ба суди н.Рӯдакӣ ба манфиати ӯ ягон ҳуҷҷати ҳуқуқи мурофиавӣ – мисли даъвои зидди даъво, норозигӣ, мулоҳизаҳо, ариза оиди боздоштани истеҳсолоти парвандаи гражданӣ бино бар мавҷуд будани парвандаи ҷиноятӣ дар АНДМ ва МК ҶТ навиштааст ё ин ки не? Дар соли 2014 Ҳафизова Б. аз рӯи салоҳдиди худ, адвокат Ёров Ҷамшедро барои ҳимоя намудани ҳуқуқҳои мурофиавияш мегирад ва ба суди н. Сино бо даъвои нав нисбати бонк муроҷиат менамояд, ки ба ин даъво ман муносибате надорам.

Дар ҷ.3 саҳ.6 аризаи Ҳафизова Бибираҳима аз соли 2015 мавҷуд аст, дар ин аризааш Ҳафизова Б арз менамояд, ки ҷ.3. саҳ.6 – Аризаи Ҳафизова Бибираҳима Ҳакимбековна ист.н.Сино,к.Чортут х.96 тел.935921391

“…Тобистони соли 2009-ум бо баҳонаи расондани ёрдам…бо роҳи фиреб аз ман маробитаи якум ба маблағи 300 сомонӣ ва маротибаи дуюм ба маблағи 300 сомонӣ гирифта ваъда дод, ки дар суд баҳси шаҳрвандиро ба фоидаи ман ҳал мекунад. Пас аз гирифтани ин маблағҳо Ё.Б. ба ман ягон гуна ёрии ҳуқуқӣ нарасонда, ҳатто дар мурофиаҳои судӣ ягон маротиба иштирок накарда, ба манфиати ман ягон кор накардааст.”

Аммо аризаи навишта бар муқобили баёноти дар ҷ.3 саҳ.8-11-и додаи тӯҳматчӣ Ҳафизова Б. мебошад, зеро ин тӯҳматчӣ ба мақомоти тафтишотӣ ҳамкорӣ карда. Баъди он ки нишондоди ман вобаста ба аризаи ӯ дода мешавад – ва ман оиди гирифтани 300 сомонӣ ва адвокат Темуров Хушнуд маълум медиҳам пурра баёноту пурсиши ӯ тағйир дода мешавад. Зеро тафтишот оиди Темуров Хушнуд маълумоте надошт, баъди нишондоди худро додан, оиди шахсияти ӯ пурсида буданд.

Дар ҷ.3. саҳ.8-11 баёнот ва дар ҷ.3 саҳ.21-23 пурсиши Ҳафизова Бибираҳима оварда шудааст, ки онҳо аз ҳамдигар фарқе надоранд. Ба ин баёноту пурсиш назар меандозем. Ҷ.3. саҳ.8-11, Баёноти Ҳафизова Бибираҳима: “Дар давраи фасли тобистони соли 2009-ум ба назди ҳимоятгари маслиҳатхонаи ҳуқуқии ш.Душанбе Ё.Б. рафтам ва дар онҷо ба Ё.Б. дар бораи ин ҳолати кор фаҳмонида додам. Ё.Б. дар кабинети кориаш бо ҳамроҳи як ҳамкораш, ки Хушдил ё Хушнуд ном дошт, ба ман гуфтанд, ки ин кори мешудагӣ аст ва коғазҳои маро хонда аз дастам гирифтанду ҳамкораш Хушдил бо супориши Ё.Б. ба ман гуфт, ки ба маблағи 300 сомонӣ барои гирифтани ордер супорам, онҳо аз суд ба фоидаи ман ҳалнома гирифта медиҳанд. Ман розӣ шуда ба маблағи 300 сомонӣ….” (Афтодагӣ дар матн)

Дар баёноту пурсиш Ҳафизова Б. оиди ҳодисаи гӯё тобистони соли 2009 маълумот медиҳад, аммо Абдурасулзода А. ин ҳодисаро дар қарори айб тобистони соли 2010 нишон медиҳад.

Баъдан тӯҳматашро каме иваз намуда Ҳафизова Б. нишон медиҳад, ки “ҳамкораш Хушдил бо супориши Ёров Б. ба ман гуфт, ки ба маблағи 300 сомонӣ барои гирифтани ордер супорам, онҳо аз суд ба фоидаи ман ҳалнома гирифта медиҳанд. Ман розӣ шуда ба маблағи 300 сомонӣ ба дасти Хушдил додам.”

Аз ин қисмати пурсиш дида мешавад, ки ба дасти ман 300 сомонии аввалро, агар дар асл Ҳафизова Б. дода бошад, ба дасти Темиров Х. додааст. Дар бораи гирифтани он ман маълумоте надорам. Агар ба ман гирифтани ҳаққи меҳнатам лозим мешуд, пас бе ягон миёнарав ин ҳолатро рӯирост ба Ҳафизова Б. мегуфтам, на ин ки ба касе дар ин хусус маълумот медодам.

Мақомоти тафтишотӣ бино бар бесаводиаш ва барои дар амал таъқиби сиёсиву адвокатӣ намудан, боре ба Ҳафизова Б. оиди он саволҳо намедиҳанд, ки чаро дар ҷ.3.саҳ.6 оиди бевосита 2 маротиба ба Ёров Б. додани 300 сомонӣ арз менамояд, хол он ки ӯ ҳамагӣ 300 сомонӣ ба дасти адвокат Ёров Б. пул додааст, на ин ки 600 сомонӣ.

Аз куҷо дар ҳоле, ки адвокат Ёров Б. ба ӯ кӯмаки ҳуқуқие нарасонида бошад, оиди корманди бонк Темиров Исмоилхон маълумот дорад?

Оё кори Ҳафизова Б.ро бе дастгир намудани Темуров Исмоилхон пеш бурдан мумкин буд ё не? Умуман саволе намедиҳад.

Ба ин саволҳо далелҳои дигар, ки дар парванда вуҷуд доранд ва ҳеч вақт Абдурасулзода А. ба онҳо сарфаҳм рафта наметавонад, ҷавоб медиҳад…. (Афтодагӣ дар матн)

Чӣ тавре ки дида мешавад, дар доираи парвандаи ҷиноятии №20650 ман аз ҷавобгар Ҳафизова Б ҷабрдидаву даъвогари гражданиро табдил медиҳам. Дигар ҷавобгар Ҳафизова Б. не балки бонк ҷавобгар мебошад.

Агар ба ҷилди 3.саҳ.31-32 назар андозем, пас дида мешавад, ки тафтишоти пешокии парвандаи ҷиноятии №20650 бино бар кофтукоби Темиров Исмоилхон боздошта шудааст. Дар чунин сурат суди н. Рӯдакӣ ҳуқуқ надорад, ки даъвои бонкро нисбати Ҳафизова Б дида барояд ва то имрӯз мумкин истеҳсолоти парвандаи гражданӣ боздошта шуда бошад.

Аз баёноти пурсиши Ҳафизова Б. дида мешавад, ки “Ё.Б. дар кабинети кориаш бо ҳамроҳи як ҳамкораш, ки Хушдил ё Хушнуд ном дошт ба ман гуфтанд, ки ин кори мешудагӣ аст ва коғазҳои маро хонда аз дастам гирифтанду ҳамкораш Хушдил бо супориши Ё.Б. ба ман гуфт, ки ба маблағи 300 сомонӣ барои гирифтани ордер супорам, онҳо аз суд ба фоидаи ман ҳалнома гирифта медиҳанд. Ман розӣ шуда ба маблағи 300 сомонӣ…”

Мумкин ин сухан воқеъият дошта бошад, зеро аз соли 2009-2010 2-3 сол гузашта бошад, пас соли 2013 фаро расидааст, дар 300 сомонӣ додаи Ҳафизова Б. ман тамоми корҳое, ки бобати расонидани ёрии ҳуқуқӣ кардан лозим буд, барзиёд иҷро кардаам. Барои дар суди н.Сино пешниҳод кардани даъвои нав ордери нави адвокатӣ лозим буд, аз ин рӯ ман ба Ҳафизова Б. тавсия додам, ки адвокати дигар гирад.

Аз ҷ.3 саҳ.26-29 дида мешавад, ки 18.02.2014 сол суди н.Сино даъвои Ҳафизова Б бо иштироки дигар адвокатҳо рад менамоянд, ки ба он ман муносибате надорам.

Ваҷҳи тафтишот оиди он, ки маблағи Ҳафизова Б.ро ман ба манфиати худ сарф намудаам – хандаовар мебошад. Зеро дилхоҳ маблағе, ки адвокат мегирад, он ба манфиати шахсии худ истифода мебарад, на ин ки ба манфиати шахси дигар.

Баъдан, бигзор тафтишот дар қарори оиди он нишон диҳад, ки солҳои 2009-2013 дар куҷо, кай, кадом мурофиаи судӣ шудааст, ки ман дар он иштирок накардаам?! Ё ин ки оиди он нишон диҳад, ки агар худи Абдурасулзода А. адвокат мебуд, пас чӣ ёрии ҳуқуқӣ ва дар кадом шакл ба Ҳафизова б. Мерасонид?

Дар охир ақидаи тафтишот оиди он ки барои гирифтани ҳаққи хидматам ман Ҳафизова Б.ро фиреб карда бошам – изҳор намудани тафтишот – ин бесаводии тафтишотро бори дигар нишон медиҳад. Зеро барои гирифтани ҳаққи заҳмат касеро фиреб кардан лозим нест. Аз рӯи қонунгузории адвокатура Ҳафизова Б. ӯҳдадор буд, ки гонорари адвокатро пардохт намояд. Тафтишот аз аввали тафтишот то охири он фарқи музди меҳнати адвокатро аз ҳаҷми ҳаққи заҳмати ӯ (гонорар) фарқ карда натавонистааст. Қаллобӣ дар ҳоле мешавад, ки агар маблағи Ҳафизова Б.ро ман ғайриқонунӣ, беғараз ва ройгон гирам, 300 сомонии додаро ман дар асоси шартномаи супориши Кодекси Граждании қонунгузории адвокатура – қонунӣ гирифтаам. Онро беғаразона ҳамчун гонорар гирифтаам, яъне бо подош гирифтаам, на ин ки ройгон.

Аз ин рӯ хоҳиш менамоям, ки ин қисмати айб бино бар беасос буданаш ва дар кирдорҳои ман набудани таркиби ҷинояте қатъ карда шавад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигар

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Пароканда, Торих, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: