Абӯбакри Бағдодӣ дар паёме савтӣ: “Мо душманони худро шикаст хоҳем дод”

Абӯбакри Бағдодӣ дар паёме савтӣ гуфт, аносури ДОЪИШ ҳамон гуна, ки дар Мавсил, Риққа, Ҳамо ва Дейраззур ҷангиданд ва хунҳо рехтанд, дар оянда низ душманони худро шикаст хоҳанд дод.

Хабаргузории “Аъмоқ” вобаста ба гурӯҳи теруристии ДОЪИШ, фойли савтие мунташир кардааст, ки дар он Абӯбакри Бағдодӣ, саркардаи ДОЪИШ суханронӣ мекунад.

Бағдодӣ дар ин паёми савтӣ аносури ДОЪИШ-ро ба истиқомат ва сабр дар баробари душманон фаро хонд.

Саркардаи ДОЪИШ мегӯяд, давлати Омрико дучори заъф шуда ва мутаҳаммили қарзҳои зиёде аст.

Бағдодӣ гуфт, Русия аз заъфи Омрико суистифода карда ва парвандаи Сурияро ба даст гирифтааст.

Саркардаи гурӯҳи теруристии ДОЪИШ дар бахше аз паёми худ, ба масоил ва муноқишот дар шибҳиҷазираи Куре ишора кард ва гуфт, ки Куреи шимолӣ бо қудрати атомии худ, кобусе барои Омрико ва Жопун шудааст.

Бағдодӣ ба Туркия ишора кард ва гуфт, ки мақомоти ин кишвар аз густариши нуфузи курдҳо ва тамоюли онҳо ба истиқлол ва ҷудоӣ дар ин кишвар нигаронанд.

Абӯбакри Бағдодӣ гуфт: “Даргирии курдҳо бо Туркия ҳатмист. Туркия ба далели мухолифати арбобони омрикоӣ ва урупоии худ, наметавонад онҳоро саркӯб кунад.”

Саркардаи ДОЪИШ дар бахше аз суханони худ муддаӣ шуд, ки Эрон ба дунболи ишғоли Макка ва Мадина ва чаповули нафти минтақаи халиҷи Форс аст.

Вай ҳамчунин муддаӣ шуд, ки Эрон ба дунболи сайтара бар Яман аст.

Абӯбакри Бағдодӣ гуфт, ки аносури ДОЪИШ ҳамон гуна, ки дар Мавсил, Риққа, Ҳамо ва Дейраззур ҷангиданд ва хунҳо рехтанд, дар оянда низ душманони худро шикаст хоҳанд дод.

Вай ҳамчунин аҳли суннати Ироқ ва Сурияро ба иқдом алайҳи шиъаён ва Эрон таҳрик кард.

Бағдодӣ аз аносури теруристии ДОЪИШ хост, мабодо ба фикри таслим бошанд ё худро шикастхӯрда бибинанд.

Саркардаи гурӯҳи теруристӣ аз аносур ва ҳомиёни худ хост, дар ҳар маконе ҳастанд, ба душманони худ ҳамла кунанд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Такфир, ҷаҳон

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: