Дар чунин шароите, маргро ҷуз некбахтӣ ва зиндагӣ бо худкомагонро чизе ҷуз ранҷу хорӣ намебинам!

Хутбаи Имом Ҳусайн пас аз вуруд ба Карбало

Ҳангоме ки номаи Убадуллоҳ ибни Зиёд ба дасти Имом Ҳусайн (алайҳис салом) расид, Имом бархостанд ва пас аз ҳамду санои илоҳӣ ин хутбаро хонданд:

* * *

Ба дурустӣ, ки рӯйдодҳои рӯзгори мо ҳаминест, ки менигаред; шароити рӯзгор дигаргун шуда, зиштиҳо ва мункарот ошкор гашта ва фазилатҳо ва арзишҳо аз муҳити ҷомеа барчида шудааст.

Аз арзишҳо ҷуз андаке ҳамчун қатраҳои таҳмондаи зарфи об боқӣ намонда ва ҷомеа дар шароити зиллатбор ва нангине ба сар мебарад.

Ҳон, оё наменигаред, ки ба ҳақ амал намекунанд ва аз ботил рӯй намегардонанд?!

Шоиста аст, ки дар чунин муҳити нангине инсони мӯъмин (барои барқарории ҳаққу адолат бапо хезад ва) ба дидори Парвардигораш биштобат.

Ман дар чунин шароите маргро ҷуз некбахтӣ ва зиндагӣ бо худкомагонро чизе ҷуз ранҷу хорӣ намебинам!
Ба дурустӣ, ки мардум бандагони дунё ҳастанд ва дин лақлақаи забонашон беш нест, то он ҷо пайрави динашон ҳастанд, ки зиндагиашон ба комашон бошад ва ҳар гоҳ мавриди озмоиш қарор гиранд, диндорон бисёр андак мешаванд.

(Торихи Табарӣ, ҷилди 4, сафҳаи 305, Мақталул Ҳусайни Хоразмӣ, ҷилди 1, сафҳаи 237)

* * *

قام عليه السلام خطيبا، فحمد الله وأثني عليه، ثم قال

اِنَّهُ قَدْ نَزَلَ مِنَ الْاَمْرِ ما تَرَوْنَ، وَاِنَّ الدُّنْيا قَدْ تَغَيَّرَتْ وَتَنَکَّرَتْ، وَاَدْبَرَ مَعْرُوفُها، وَلَمْ تَبْقَ مِنْها اِلَّا صَبابَه کَصَبابَه الْاِناءِ، وَخَسيسُ عَيْشٍ کَالْمَرْعَي الْوَبيلِ

اَلا تَرَوْنَ اِلَي الْحَقِّ لا يُعْمَلُ بِهِ، وَاِلَي الْباطِلِ لا يُتَناهي عَنْهُ، لِيَرْغَبَ الْمُؤْمِنُ في لِقاءِ رَبِّهِ حَقّاً حَقّاً، فَاِنّي لا اَرَي الْمَوتَ اِلَّا سَعادَه، وَالْحَياه مَعَ الظَّالِمينَ اِلَّا بَرَماً

اِنَّ هذِهِ الدُّنْيا قَدْ تَغَيَّرَتْ وَتَنَکَّرَتْ، وَاَدْبَرَ مَعْرُوفُها، فَلَمْ يَبْقَ مِنْها اِلَّا صَبابَه کَصَبابَه الْاِناءِ وَخَسيسُ عَيْشٍ کَالْمَرْعَي الْوَبيلِ

اَلا تَرَوْنَ اَنَّ الْحَقَّ لايُعْمَلُ بِهِ، وَاَنَّ الْباطِلَ لايُتَناهي عَنْهُ، لِيَرْغَبَ الْمُؤْمِنُ في لِقاءِ اللَّهِ مُحِقّاً، فَاِنّي لا اَرَي الْمَوْتَ اِلَّا سَعادَه وَلَا الْحَياه مَعَ الظَّالِمينَ اِلَّا بَرَمَاً

اِنَّ النَّاسَ عَبيدُ الدُّنْيا، وَالدّينَ لَعِقٌ عَلي اَلْسِنَتِهِمْ، يَحُوطُونَهُ ما دَرَّتْ مَعايِشُهُمْ، فَاِذا مُحِّصُوا بِالْبَلاءِ قَلَّ الدَّيَّانُونَ

تاریخ طبرى، ج 4، ص 305؛ مقتل الحسین خوارزمى، ج 1، ص 237

Реклама


Рубрики:Барномаи зиндагӣ, Инсони муваффақ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Ошуро, Торих, Қиёми Имом Ҳусайн (а)

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: