Дидорҳои раиси ҲНИТ бо масъулини урупоӣ дар Бруксел

Ҳайъати ҲНИТ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, рӯзҳои 26-ум то 28-уми сентябри 2017 дар шаҳри Бруксел бо мақомоти мухталифи урупоӣ мулоқот ва гуфтугӯ намуд. Илова бар дидор бо масъулини сохторҳои иҷроӣ ва дафтари Президенти Шӯрои Урупо, дидорҳои ҷудогонае низ бо намояндаҳои порлумони Урупо ва дигар масъулини урупоӣ сурат гирифт.

Ба навиштаи сухангӯи ҲНИТ дар сафҳааш дар Фейсбук, мавзӯъҳои мавриди баҳсу табодули назар дар дидорҳои Раиси ҲНИТ бо мақомоти урупоӣ, иборат буданд аз: баррасии вазъи сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон, вазъи ҳуқуқи башар ва озодиҳо, зиндониёни сиёсӣ ва омилҳои рушди ифротгароӣ дар минтақа.

Ба навиштаи Маҳмудҷон Файзраҳмонов, Раиси ҲНИТ мавзеъи сохторҳои гуногуни урупоиро нисбат ба Тоҷикистон дар умум созанда ва муфид хонда, хостори таваҷҷӯҳи бештар ба ҳолатҳои поймолшавии рӯзафзуни ҳуқуқи башар, маҳдудшавии озодиҳои сиёсӣ, динӣ ва фарҳангии мардум ва бештар шудани омилҳои таъсиррасон ба рушди ифротгароӣ дар кишвар шуд.

Дар ин дидорҳо ба хусус рӯи ин мавзӯъ таъкид шуд, ки бо баҳонаи мубориза бо теруризм ва ифротгароӣ, мақомот талош мекунанд, то озодиҳо ва ҳуқуқи мардумро бештар маҳдуд намуда, пояҳои ҳокимияти авторитарӣ ва хонаводагиро мустаҳкамтар намоянд ва ҷонибдорони сохтани як ҷомеъаи озоду мардумиро саркӯб кунанд.

Ҳамчунин хотиррасон шуд, ки зиндонӣ ва ё аз байн бурдани аксари роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии кишвар, ба муҳоҷират водор намудани ҳазорҳо фаъолони сиёсӣ, фикрӣ ва ҳунарӣ, инчунин, аз байн бурдани гуногунандешии сиёсӣ ва фарҳангӣ дар ҷомеъа, боиси шакл гирифтани як фазои баста ва буҳронӣ дар кишвар гаштааст.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон, ки пас аз имзои Созишномаи сулҳ умеди ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои пайдоиши як кишвари озоду пешрафта дар минтақаи Осиёи Марказӣ буд, қадам ба қадам дастовардҳои худро аз даст дода, имрӯз дар сархатти фасодзадатарин, қашшоқтарин, заъифтарин ва саркӯбгартарин кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст.

Роҳбари ҲНИТ ин ҳамаро натиҷаи паёмоншикании ҳукуматдорон ба сулҳу ормонҳои миллат, бесалоҳиятӣ дар идораи давлат ва набуди рақобати солим дар сиёсату иқтисод донист.

Раиси ҲНИТ вазъи муҳоҷирини тоҷик дар Урупоро бо ҳамсӯҳбатони худ мавриди баррасӣ қарор дода, аз онҳо дархост намуд, то ба мақомоти марбут ба умури паноҳандагони тоҷик тавсияҳои лозимиро пешниҳод намоянд.

Пешгирӣ аз рушди афкори тунд байни муҳоҷирин, шомил шудани бештари онҳо дар барномаҳои таълимӣ, касбомӯзӣ ва фарҳангӣ аз масоили дигаре буд, ки дар ин дидорҳо дар бораи он табодули назар сурат гирифт.

Масъалаи зиндониҳои сиёсӣ, поймолшавии ҳуқуқҳояшон ва мавриди шиканҷа қарор гирифтани онҳо, ҳамчун гаравгон истифода шудани наздикони фаъолони сиёсӣ аз тарафи ҳукумат, аз мавзӯъоти дигаре буд, ки дар ин дидорҳо мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифтанд.

Ҳамчунин пешниҳоди Раиси ҲНИТ барои эҳдои яке аз ҷоизаҳои бонуфузи байналмиллалӣ, аз ҷумла ҷоизаи Сахаров ба вакили зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров аз тарафи ҳамаи ҳамсӯҳбатҳои урупоӣ мусбат пазируфта шуд.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ҳафтае пеш дар ҳошияи конфронси САҲА дар Варшав, бо чандин масъулини урупоӣ, намояндагони корпусҳои диплумотӣ, масъулини созмонҳои байналмилалӣ ва мудофеъони ҳуқуқи башар низ дидор ва гуфтугӯ кард.

Тасовире аз дидорҳо:

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа, ҷаҳон

Метки: , , ,

1 reply

  1. Аз Ин хабар оид Ба дидор маълум гардид, ки тамоман Кабири ягон дидори судманде доир накардааст ва на ному на вазифаи бо ки сухбат карданаш хаст. Дигар инки маълум мегардад ки Чаноби хамсухбати Кабири бо хохиши у дари утоки парчамхояшро кушодаву фарзандашро дастур додааст, ки бо Кабири якчоя якду бейчикро дар сари синаашон овехта акс гиранд то мехмони нохонда норохат нашавад. Аксхо хамааш бозгуи хакикат

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: