Нақшаи ҷадиди Ховари Миёна

Мақолае аз Ҷефри Гулдберг (Jeffrey Goldberg) дар нашрияи Atlantic (таърихи нашр 19 июни 2014)

Тақрибан ҳафт сол пеш буд, ки ман барои тарҳи ҷилди маҷаллаи Atlantic мақолаеро дар бораи фурӯпошии нақшаи Ховари Миёна пас аз ҷанги ҷаҳонии аввал ба риштаи таҳрир даровардам. Мо дар поизи 2007 пеш аз риёсати ҷумҳурии Борок Убомо ва “баҳори арабӣ” ва пеш аз хеле чизҳои дигар, гузоришеро таҳти унвони “Пас аз Ироқ: Ховари Миёна чӣ гуна хоҳад шуд?” (After Iraq: What Will the Middle East Look Like) омода кардем. Аммо ҳатто пеш аз ин ҳам, ба андозаи кофӣ равшан буд, ки суботи Ховари Миёна дар ҳоли наздик шудан ба рӯзҳои поёнии худ аст.

Нақшае, ки дар боло мебинед, тасвири аслии ин мақола буд, ки дар январ/феврали 2008 ба чоп расид. Ман пешдаромади мақоларо ин гуна навиштам:

Дар ҳоле, ки Омрико ба 5-умин солгарди ҳамла ба Ироқ наздик мешавад, феҳристи паёмадҳои нохостаи ин ҷанг, бепоён аст. (Бар хилофи паёмадҳои дар назар гирифташуда, ки бисёр мухтасар аст). Ин феҳрист шомили эҳтимоли истиқлоли курдҳо ва тақсими Ироқ ба се бахш аст. Аммо ин феҳрист мавориди дигарро низ шомил мешавад. Дар Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, мушаххасоти сохтагӣ ва ғайривоқеии чандин кишвар ба воситаи посухи шадиди Омрико ба ҳамалоти 11 сентябр, беш аз ҳадд мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст.

Дар воқеъ, танҳо Ироқ ва Афғонистон нестанд, ки аз иҷтимое аз таноқузоти фирқаҳо ва қабоили мухталиф ташкил шудаанд. Балки бесуботии кишварҳое монанди Лубнон ва Покистон аз қабл аз ҳамла ба Ироқ ҳам вуҷуд доштааст. Аммо ба ҳар ҳол, ҷанг алайҳи Алқоъида ва Толибон ва ба вежа Саддом Ҳусайн, мӯҷиб шуда, то давоми сохтори кишварҳои феълӣ дар Ховари Миёна зери суол биравад, ки албатта тафовути чандоне бо ҳафт сол пеш ҳам надорад.

Дар гузашта, сахттарин ва дур аз зеҳнтарин суоле, ки касе метавонист дар мавриди Ховари Миёна матраҳ кунад, ин буд, ки: чӣ теъдод кишвар, як ё ду, Исроил ё Фаластин ва ё шояд ҳар ду, дар оянда дар сарзаминҳои байни дарёи Медитарона (Миёназамин) ва рӯди Ӯрдун вуҷуд хоҳанд дошт?

Имрӯз ин суол, дар қиёс бо суоле, ки ҳоло матраҳ мекунам, пешипоафтода ба назар мерасад. Суол ҳоло ин аст: чанд кишвар дар оянда байни дарёи Медитарона ва рӯди Фурот вуҷуд хоҳад дошт? Се? Чаҳор? Панҷ? Шаш? Ва чаро дар каронаи ғарбии Фурот мутаваққиф шавад? Чаро масири худро то рӯди Синд идома надиҳад? Имрӯза байни Медитарона ва рӯди Синд сарзаминҳои Фаластин ва Исроил, Лубнон, Сурия, Ӯрдун, Ироқ, Эрон, Афғонистон ва Покистон қарор дорад. Бесуботии дарозмуддат метавонад ба таҷзияи бисёре аз ин кишварҳо мунҷар шавад.

Ман, бо иттилооте, ки аз коршиносони дигар ба даст оварда будам, пешбиниҳои дигаре ҳам доштам:

Муҳимтарин натиҷаи ҷанги Ироқ аз диди аксари коршиносоне, ки бо онҳо сӯҳбат карда будам, эҳтимоли бурузи даргирии минтақаӣ байни суннӣ ва шиъа бар сари бартарии сиёсӣ дар Ховари Миёна аст. Дар ин ҷанг, гурӯҳҳое ба ниёбат аз Арабистон ба унвони парчамдори сунниҳо алайҳи Эрон ва дар майдони ҷанги Ироқ, Лубнон, Сурия ва устонҳои шиъанишини Арабистон, ки бештари манобеи нафтии ин подшоҳӣ дар он қарор дорад, хоҳанд ҷангид. Шояд ҳам ин ду кишвар мустақиман дар баробари ҳам қарор гиранд.

Яке аз далоиле, ки ман худамро барои фурӯпошии мусаллами Ироқ комилан омода кардам (ва яке аз далоиле, ки фикр намекунам дахолати Омрико дар Ироқ барои бартараф кардани ин мушкил оқилона бошад) ин аст, ки мӯътақидам, ки эҳтимолан ҳеч моддаи часпноке наметавонд ин кишварро ба ҳам пайваста нигаҳ дорад. Ин парвандае аст, ки эҳтиёти табиии Убомо дар он ва талоши қобили даркаш барои убур аз кушторгоҳи Ховари Миёна чизи хубест. Ва бо Колин Кол (Colin Kahl) мувофиқам, ки Убомо бозандаи Ироқ набудааст. (Ҳарчанд орзу мекунам, ки кош вай дар ҳамон авоил аз шӯришиёни миёнарави сурияӣ ҳимоят мекард.)

Ман ҳамчунин бо қотеъият дар кампи миллигароёни курд ҳастам. Иллати истиқлоли курдҳо як чиз аст: инкори ҳаққи таъйини сарнавишти худ барои курдҳо – бузургтарин ҷамъияти мардумӣ бидуни кишвари ҷаҳон — дар тӯли 100 соли гузашта, як ноадолатии ваҳшатнок будааст. Курдистони Ироқ пеш аз ин ҳам аз назари иҷроӣ мустақил буд. Имрӯз беш аз он рӯзҳо мустақил аст. Бисёр хуб мешуд агар як Курдистони воқеан мустақил аз дили ҳарҷу марҷҳои кунунӣ берун меомад ва як бор ва барои ҳамеша аз султаи Ироқи араб хориҷ мешуд.

Замоне, ки мо барои омодасозии нақша ҳамроҳи мақола кор мекардем, таваҳҳум ва иғроқро канор гузоштем. Бо ин ҳол, вақте ки имрӯз ба он менигарем, аслан хаёлӣ ба назар намерасад. Мо тақсими Судон ба ду кишварро пешбинӣ карда будем. (Агарчи он чиро, ки имрӯз Судони Ҷанубӣ меноманд, “Судони ҷадид” ном ниҳодем.) Мо пешбинӣ кардем, дар шимоли Лубнон дар канори савоҳили Медитарона дар Сурия “Ҷумҳурии Алавӣ” қарор хоҳад дошт. Ин яке аз натоиҷи ҷанги Сурия ба раҳбарии Башшор Асад аст.

Ҳамчунин дар нақшаи мо, Сурия манотиқеро ба “Дурзистон” вогузор мекунад, ки дар манотиқи наздик ба марзҳои “Ӯрдуни Кабир” қарор дорад. Албатта Ироқ ҳам ба чанд кишвар тақсим шуда ва кишвари Курдистон контроли манотиқи курднишини Туркияро ҳам ба даст мегирад.

Яке аз илҳоқоти нимаҳушмандона ба ин нақша — минтақаи худмухтори Бедунҳо – аст; чизе, ки метавонист пеш аз кудетои низомии ахири Миср ва нақшаи артиши Миср барои ҳифзи саҳрои Сино аз қабоили ҷиҳодӣ дар шибҳиҷазираи Сино дар он минтақа такмил шавад.

Ман дар он мақола мунтақиди бисёр ҷиддии ғурури империёлистӣ будам, ки муҳаррики тақсимбандии Сойкс-Пикуи Ховари Миёна тавассути Бритониё ва Фаронса буд. Аммо бо ин ҳол, ба назарам чиниши Сойкс-Пику мутараққӣ буд.

Созандагони Ховари Миёнаи ҷадид (тибқи пешбинии мо) мардуме аз ақвоми мухталиф ва эътиқодоти мутанаввеъ (ва ё ҷараёнҳои мухталиф аз як мазҳаб)-ро дар кишварҳое, ки қарор буд мудерн, чандфарҳангӣ ва чандфирқаӣ бошанд қарор доданд.

Кетмони ҳақиқат аст, ки бигӯем Ховари Миёна ҷое нест, ки чунин озмоишҳое дар он муваффақ шуда бошад. Фикр намекунам арзиш дошта бошад, ки сармояҳои Омрико, ва аз он муҳимтар ҳаёти омрикоиҳоро, барои ин ки Ироқро як кишвари воҳид нигаҳ дорем, ба хатар биандозем. Албатта муҳим аст, ки дар тарҳҳое, ки аз эҷоди пойгоҳҳои доимии ҷиҳодиҳо мумониъат мекунад, сармоягузорӣ кунем ва Иёлоти Муттаҳида бояд дар ин маврид ҳушёр бошад; ҳушёртар аз чизе, ки то ба ҳол будааст. Аммо ин ки Ироқ бояд кишвари воҳиде боқӣ бимонад, оқилона ба назар намерасад.

Танҳо як нуктаро, ки аз бозхонии он мақола ба ёд овардам, дубора менависам ба хусус ин ки нишондиҳандаи эҳсоси Убомо дар бораи Ховари Миёна бошад. Дар қисмате аз он мақола аз Дэвид Фромкин (David Fromkin), нависандаи китоби “Сулҳе барои поёни тамоми сулҳҳо” дар бораи ояндаи минтақаи Ховари Миёна пурсидам. Ин чизе буд, ки вай дар соли 2007 гуфт:

Ховари Миёна ҳеч ояндае надорад!

Atlantic

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Торих, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: