Ничервон Боризонӣ: “Истиқлолеро, ки мунҷар ба ҷанг шавад, намехоҳем”

Нахуствазири Иқлими Курдистони Ироқ дар мусоҳиба бо як рӯзномаи туркӣ гуфт, ки бастани марзҳо ба рӯи ин минтақа ба нафъи ҳеч касе набуда ва Арбил ба дунболи ҷудоии тавъам бо ҷанг нест.

Ничервон Боризонӣ, нахуствазири Иқлими Курдистони Ироқ, дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Туркия” гуфт, ки ҳамапурсии ҷудоӣ таҳдид барои амнияти миллии Туркия набуда ва бастани гузаргоҳҳои марзӣ байни Арбил ва Онкоро, на ба нафъи Туркия аст ва на ба нафъи ҳукумати Иқлими Курдистон.

Вай гуфт, тасмими баргузории ҳамапурсӣ хости мардуми Курдистон аст.

Боризонӣ дар мавриди тасмими Туркия барои бастани марзҳои худ бо Иқлими Курдистон гуфт, ки бояд гузаргоҳҳо боз бошад; чаро ки бастани он ба нафъи ҳеч як аз тарафҳо нест.

Нахуствазири Иқлими Курдистони Ироқ, ба ҳаҷми табодули тиҷорӣ байни Онкоро ва Арбил ишора кард ва гуфт: “Ҳаҷми табодули тиҷорӣ байни ду тараф аз соли 2016 ба 10 милёрд дулор мерасад ва пешбинӣ мешавад, ки ин рақам ба 14 милёрд дар соли 2017 афзоиш пайдо кунад.

Вай дар мавриди интиқоли нафт аз Иқлими Курдистон ба Урупо низ гуфт, ки Туркия ҳамеша барои интиқоли энержии Курдистон ба Урупо гузаргоҳи амне будааст.

Боризонӣ ибрози умедворӣ кард, ки ин масъала дар оянда низ идома дошта бошад ва аз Туркия хост, мувофиқатҳои басташуда байни ду тарафро фаромӯш накунад.

Нахуствазири Иқлими Курдистони Ироқ дар мавриди шаҳри Каркук, ки Туркия онро “хатти қирмиз”-и худ медонад, гуфт, ки ин шаҳр танҳо мутаъаллиқ ба курдҳо набуда, балки шаҳри ҳамзистӣ байни курдҳо, туркманҳо, арабҳо ва масеҳиҳост.

Боризонӣ дар ҳоле ин иддаоро матраҳ мекунад, ки мақомоти Иқлими Курдистон аз муддатҳо тағйироти демугрофӣ ва курдсозии ин шаҳрро шурӯъ карда ва Каркукро “шаҳри курдӣ” медонанд.

“Ҷабҳаи туркманҳои Каркук” борҳо дар бораи интиқоли аносури гурӯҳаки теруристии ПКК ба шаҳри Каркук барои саркӯби мухолифони ҳамапурсӣ дар моҳҳои ахир ҳушдор додааст.

Нахуствазири Иқлими Курдистони Ироқ дар бахши дигаре аз ин мусоҳибаи худ гуфт: “Мо истиқлол ва ҷудоиеро, ки моро ба самти ҷанг савқ медиҳад, намехоҳем.”

Ничервон Боризонӣ ҳамчунин гуфт, ки ба рағми мавозеъи сиёсии ахири Бағдод, ба гуфтугӯ бо давлати марказӣ идома хоҳад дод.

Душанбеи ҳамин ҳафта, мақомоти Иқлими Курдистони Ироқ ба рағми хостаҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ, ҳамапурсии ҷудоиро иҷро кард.

Давлати Ироқ гуфтааст ин ҳамапурсӣ фоқиди ваҷоҳати қонунӣ аст ва иҷозаи таҷзияи ин кишварро нахоҳад дод.

Порлумони Ироқ рӯзи чаҳоршанбе аз кишварҳо хост, парвозҳо ба фурудгоҳҳои Иқлими Курдистони Ироқро аз имрӯз (ҷумъа) мутаваққиф кунанд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: