Даргузашти Наимҷон Назирӣ

Наимҷон Назирӣ, шоир ва адиби номдори тоҷик, имрӯз (01.10.2017) дар синни 81-солагӣ дори фониро тарк ва ба дори боқӣ шитофт.

Назирӣ дар таърихи 20 августи соли 1936 дар шаҳри Ӯротеппа (Истаравшани кунунӣ) зода шуда. Ӯро Аслонов ҳам мехонданд. Назирӣ фориғуттаҳсили мактаби миёнаи ба номи Горкийи ҳамин шаҳр аст. Пас аз мактаби миёна, ба муддати 5 сол дар риштаи таърих ва адаби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кардааст.

Фаъолияти эҷодии ӯ аз соли 1959 дар маҷаллаи “Хорпуштак” ва радиои ҷумҳурӣ оғоз шуда. Ӯ муддате риёсати музейи таърихӣ ва кишваршиносии шаҳри Истаравшанро бар ӯҳда дошт.

Албатта, сурудани шеърро Назирӣ ҳанӯз дар даврони навҷавонӣ шурӯъ карда, бо ин ки ба унвони шоир ва адиб дар сатҳи ҷумҳурӣ, аз оғози солҳои 60-ум маъруф шудааст.

Наимҷон Назирӣ муаллифи маҷмӯаҳои “Хӯшаҳо” (1971), “Тӯҳфаи баҳор” (1974), “Гулқайчӣ” (1980), “Хирсаки каҷпо” (1981), “Рози дил” (1983), “Бахти мо” (1986), “Бақои умр” (1987), “Тӯшаи роҳ” (1991) ва ғайра мебошад.

Вай достон ва ҳикоёт низ менавишт. Тарҷумаҳое ҳам дорад. Достоне бо номи “Хатои Насим” дорад, ки ҳикояти бисёр дилчасп аз ҳаёти донишҷӯён аст.

Инҷониб (Сайидюнуси Истаравшанӣ ба ҳамроҳи бародарам Маҳмудхон Бурҳонов) даргузашти ин фарзонаи миллатро ба хонаводаи марҳум ба хусус духтари эшон таслият мегӯем ва барои он марҳум раҳмат ва мағфират ва барои бозмондагон сабри ҷамил хоҳонем.

Худо раҳматаш кунад ва ҷойгоҳаш биҳишт!



Рубрики:Забон ва адабиёт, Машоҳир

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: