Ардуғон аҳдофи сафари худ ба Теҳронро ташреҳ кард

Раҷаб Тайиб Ардуғон эълом кард: “Ин ҳафта дар ҷараёни сафар ба Теҳрон, дар хусуси авзоъи шимоли Ироқ бо мақомоти олирутбаи Эрон музокира хоҳам кард.”

Ба гузориши пойгоҳи туркии Daily Sabah, Ардуғон дар дидор бо фармондеҳони кулли нерӯҳои заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ ва ҳамчунин ноиби раиси ситоди муштараки артиши ин кишвар гуфт: “Дар ин сафар бо Ҳасан Руҳонӣ, раисиҷумҳурӣ ва Оятуллоҳ Сайидалии Хоманаӣ, раҳбари Эрон дидор хоҳам кард ва пас аз ин дидорҳо, нақшаи роҳро ба таври ҷиддӣ мушаххас хоҳем кард.”

Вай баён кард: “Ҳамчунин дар сафар ба Теҳрон нишасти Шӯрои олии ҳамкории роҳбурдии ду кишвари Туркия ва Эрон баргузор хоҳад шуд.”

Ардуғон аз сафари имрӯзи артишбуд Хулусӣ Окор, раиси ситоди муштараки артиши Туркия ба Теҳрон хабар дод.

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия қарор аст рӯз чаҳоршанбе дар раъси як ҳайъати баландпоя аз мақомоти турк ба Теҳрон сафар кунад.

* * *

Раиси ситоди артиши Туркия вориди Теҳрон шуд

Раиси ситоди артиши Туркия шоми якшанбе (01.10.2017) бо истиқболи муовини умури байналмилали ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон вориди Теҳрон шуд.

Ба гузориши ИРНО, артишбуд Хулусӣ Окор, раиси ситоди артиши Туркия, дар раъси як ҳайъати олирутбаи низомии артиши Туркия вориди Теҳрон шуд.

Вай қарор аст дар сафар ба Эрон, бо бархе аз мақомоти эронӣ дидор ва гуфтугӯ дошта бошад.

Гуфтанист, ин сафар дар ростои сафари як моҳи гузаштаи ҳайъати олирутбаи низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба масъулияти сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба кишвари Туркия сурат гирифтааст.

Бар асоси ин гузориш, пешбинӣ мешавад, ки дар сафари ҳайъати низомии Туркия ба Теҳрон тавофуқоти суратгирифта дар Онкоро, дар чорчӯби як барномаи амалиётӣ ва иҷроӣ дар Теҳрон мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн қарор гирад.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: