Ислом ва Эронзамин (77)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (40)

Фалсафа ва ҳикмат (19)

(Фалосифаи муосири Эрон)

Табақаи сию севвум

Ин табақа, табақаи асотиди худи мо ҳастанд. Мо ба мулоҳизоте аз тарҷумаи ин табақа дар ҳоли ҳозир худдорӣ мекунем ва ба вақти дигар ва фурсати муносибтаре мавкул мекунем.

Ин табақабандӣ (аз 1 то 33) назар ба ин ки аввалин бор аст, ки сурат мегирад ва то кунун надидаем касе дигар ба ин шакл баррасӣ карда бошад, табъан холӣ аз нақс нахоҳад буд. Аввалин нақс ин аст, ки ҷомеъ нест; афроди бисёре аз қалам афтодаанд ё худ аз қалам андохтаем, зеро ғараз зикри ҳамаи ҳукамо ё ҳакиммашрабони давраи исломӣ нест, ҷамъоварии ҳамаи онҳо кори осоне нест, қасди мо танҳо мутаваҷҷеҳи афродест, ки таъсири равшане аз роҳи таълиф ё тадрис ва тарбияти шогирдон, дар насли баъдӣ дошта ва парчамдори ин фанн буда ва дар идома ва истимрори ин бахши азими фарҳанги исломӣ нақши мусбате доштаанд. Дар поён ёдоварии нукотеро лозим медонем:

1) Ин табақабандӣ монанди ҳар табақабандии дигар тақрибист, ҳарчанд бо меъёри устодӣ ва шогирдӣ анҷом ёфта. Мо медонем, ки афроде, ки аз як устод истифода мекунанд (агар он устод солҳо ба кори тадрис пардохта бошад) сад дар сад ҳамзамон ва ҳамдавра нестанд; маъмулан куҳансолони як табақа, навъе тақаддум нисбат ба ҷавонсолони он табақа доранд.

Масалан, Ҳоҷӣ Сабзавориро ба эътибори ин ки шогирди Мулло Исмоили Исфаҳонӣ буда ва ӯ шогирди Мулло Алии Нурӣ будааст, бо Мирзои Ҷилва ва Ҳаким Қумшаӣ — ки онҳо низ шогирди шогирдони Нурӣ будаанд — ҳамтабақа шумурдем, дар сурате, ки Ҳоҷӣ аз куҳансолони ин табақа аст ва мухтасаре худи Нуриро дарк карда ва дар соли 1289 даргузашта, аммо Мирзои Ҷилва аз ҷавонсолони ин табақа аст ва то соли 1314 ҳаёт дошта ва худ дар ибтидо қасд дошта аз маҳзари Ҳаким Сабзаворӣ дар Сабзавор истифода кунад.

2) Аз нимаи аввали қарни севвум, ки торихи фалосифаи давраи исломӣ оғоз мешавад то поёни қарни чаҳорум “давраи тарҷума” аст. Дар ин давра бисёре аз файласуфон мутарҷим будаанд ва бисёре аз мутарҷимон худ файласуф будаанд. Албатта мутарҷимоне ҳам будаанд, ки файласуф набудаанд ва ё файласуфоне, ки мутарҷим набудаанд. Давраи тарҷума аз давраи таълиф ва таҳқиқ муҷаззо нест; чунон нест — он чунон ки баъзе гумон кардаанд — дар давраи исломӣ як қарн ё ду қарн мунҳасиран ба тарҷума машғул будаанд, баъдҳо афроди соҳибназар, ки онҳоро “файласуф” меномем, зуҳур карда бошанд, балки ҳамзамон бо тарҷумаҳои аввалӣ соҳибназаре камназир ба номи Яъқуб ибни Исҳоқи Кендӣ пайдо шуд, файласуфоне тарбият кард ва ин ришта идома ёфт. Кендӣ ҳамзамон аст бо мутарҷимоне аз қабили Ҳунайн ибни Исҳоқи Ибодӣ ва Абдулмасеҳи Ҳимсӣ, ва тақаддуми замонӣ дорад бар бисёре аз мутарҷимин аз қабили Собит ибни Қурра ва ғайра.

3) Мутарҷимин ғолибан яҳудӣ ё масеҳӣ ё собиӣ будаанд. Камтар мутарҷими мусалмон дар миёни онҳо меёбем, ҳамчунон ки мутарҷими зартуштӣ пайдо намешавад. Аз миёни мутарҷимон танҳо Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ аст, ки эҳтимолан метавон гуфт зартуштӣ будааст, вале ӯ ҳам зартуштӣ набуда, монавӣ буда, ва ба илова баъд мусалмон шуд. Вале файласуфон ва соҳибназарони ин давра, ки аз худ андешае доштаанд, ҳама мусалмонанд. Мо ҳатто як файласуфи соҳибназари ғайримусалмон пайдо намекунем. Ва ин худ аз назари таҳлили илмӣ ва ҷомеашиносӣ, қобили мутолеа аст.

4) Дар давраи баъд аз давраи тарҷума то қарни шашум ва ҳафтум ва то андозае дар давраи тарҷума, аксарияти қариб ба иттифоқи фалосифа зимни ин ки файласуфанд, дар фанни пизишкӣ маҳорат доранд, ҳамчунон ки Бӯалӣ ҳам файласуф аст ва ҳам пизишк. Дар бисёре аз онҳо пизишкӣ бар фалсафа ғалаба дорад.

Дар ин давра, ки давраи “файласуфи пизишкӣ” аст, мусалмон ва яҳудӣ ва масеҳӣ ширкат доранд. Аз собииён дар ин давра бар хилофи давраи тарҷума, хабаре нест. Дар ин давра мо ба пизишкони баландқадри масеҳӣ ё яҳудии зиёд бармехӯрем, ки зимнан файласуф ҳам ҳастанд, вале ба файласуфи баландқадре аз яҳудиён ё масеҳиён барнамехӯрем.

Масалан Абулфараҷ ибни ат-Тайиб, ки муосири Ибни Синост, аз назари пизишкӣ дар мартибае аст, ки Ибни Сино онро меситояд, вале дар фалсафа ба ҳеч ваҷҳ мавриди таваҷҷӯҳи Ибни Сино ва ғайри Ибни Сино набудааст. Абулбаракоти Бағдодӣ ва ҳатто Абулхайр Ҳасан ибни Савор метавонанд истисное аз ин ҷиҳат ба шумор раванд, зеро Абулбаракот як файласуфи соҳибназари яҳудӣ буд ва Абулхайр як файласуфи масеҳӣ, вале чунонки медонем ин ду низ бар дини аввалӣ боқӣ намонданд ва ҳар ду охири кор мусалмон шуданд. Ин оморҳо метавонад мавзӯи мутолеаи ҷолибе аз назари ҷомеашиносӣ бошад, ки масалан дар табақаи “мутарҷимони файласуф ва файласуфони мутарҷим” файласуфони соҳибназар ҳама мусалмонанд ва ё дар табақаи “пизишкони файласуф ва файласуфони пизишк” файласуфони соҳибназар ҳама мусалмонанд ва ғайримусалмонон, бо ин ки пизишкони бисёр олиқадр доранд, файласуфи соҳибназар надоранд. Ин далели ин аст, ки руҳи исломӣ бо таъаққулоти фалсафӣ аз соири руҳҳои ҳоким бар мазоҳиби дигар созгортар аст.

Аз ҳама ҷолибтар ин ки дар тӯли торихи тақрибан дувоздаҳ қарнии фалсафа ва пизишкии давраи исломӣ, на ба як файласуфи зартуштӣ бармехӯрем ва на ба як пизишки зартуштӣ (ва зоҳиран аз ин қабил аст ҷамъи риёзидонон). Бадеҳист, ки ҳамчунон ки яҳудиён ва масеҳиён метавонистаанд дар ин наҳзати илмӣ ва фарҳангӣ ва фалсафӣ ширкат кунанд ва саҳим бошанд, зартуштиён ҳам метавонистанд ширкат кунанд, вале ширкат накардаанд, ҳамчунон ки дар даврони қабл аз ислом ҳам ширкате дар фарҳанги ҷаҳонӣ надоштаанд. Дар даврони қабл аз ислом, эрониёне, ки машъалдори илму фарҳанг будаанд, масеҳӣ ва ё яҳудӣ ва ё собиӣ будаанд ва ҳамонҳо ҳастанд, ки донишгоҳи Ҷундишопурро идора мекардаанд.

Дар давраи исломӣ дар миёни фалосифа танҳо Баҳманёр ибни Марзбони Озарбойҷонӣ аст, ки зартуштӣ буд, вале ӯ ҳам баъд мусалмон шуд, ва дар миёни пизишкон танҳо Алӣ ибни Аббоси Аҳвозӣ маъруф ба Ибн ал-Маҷусӣ аст, ки пизишки олиқадрест, вале ӯ ҳам ҳамчунон ки Эдворд Броун дар тибби исломӣ ва дигарон гуфтаанд ва ба илова номаш гувоҳӣ медиҳад, ниёгонаш зартуштӣ будаанд, на худаш.

Ҳақиқат ин аст, ки руҳи зартуштигарӣ ба сурате буда (ё дароварда буданд), ки ба ҳеч ваҷҳ бо илму фалсафа созгор набуда ва агар аҳёнан афроде занҷирро пора мекардаанд ва ба улум мегароидаанд, зартуштигариро бадруд мегуфтаанд.

5) Дар миёни фалосифаи мусалмон, аксарият бо фалосифаи шиъа аст. Фалосифаи ғайришиъӣ ба истиснои файласуфони Андалус, ки аз муҳит ва андешаи ташайюъ дур будаанд, аксарияти қариб ба иттифоқ тамоюли шиъӣ доранд. Ин низ метавонад далел бар матлабе бошад, ва он ин ки ақли шиъӣ аз аввал ақли фалсафӣ будааст. Мо дар китоби “Сайре дар Наҳҷул-балоға” дар бораи ин матлаб баҳс кардаем; баҳси бештар фурсати бештаре мехоҳад.

6) Эрониён дар қисмати фалсафа ва ҳикмат — аз маҷмӯаи фарҳанги исломӣ, ки эронӣ ва ғайриэронӣ дар он ширкат доштаанд — нисбат ба ғайриэрониён аксарияти қотеъ доранд. Хусусан дар қуруни мутааххиртар — яъне аз давраи муғул ба баъд ва бахусус аз қарни даҳум ба баъд, ки Эрон яксара шиъа мешавад — фалсафаи исломӣ мухтасси Эрон аст. Эрониён фалсафаи исломиро оғоз накарданд — аввалин файласуфи исломӣ араб аст — вале пас аз ошноӣ бо фалсафа, беш аз ҳар қавми дигар ба он часпиданд. Ба ақидаи мо, ин ҷиҳат ду реша дорад: яке ин ки ақлияти эронӣ алорағми мумониатҳои зартуштии қабл аз ислом, ақлияти фалсафӣ аст. Дигар, нуфузи ташайюъ дар Эрон аст. Агар аз фалосифаи эронӣ, ки аз назари нажод араб ё турк ё нажоди дигаранд, сарфи назар кунем аз қабили Фахруддини Розӣ, Ҷалолуддини Даввонӣ, Садруддини Даштакӣ, Ғиёсуддини Даштакӣ ва иддаи дигар, фалосифаи ғайриэронӣ ба нисбат бисёр андаканд. Фалосифаи ғайриэронӣ ё ғайримусалмонанд ва онҳо гурӯҳе аз пизишкони файласуфи Миср ва Шом ва Андалус ва ғайраанд, ва ё мусалмонони ғайриэронианд аз қабили Ибни Ҳайсами Мисрӣ, Абулбаракоти Бағдодӣ, Алӣ ибни Ризвони Мисрӣ, Кендӣ, Ибни Рушд, Ибни Туфайл, Ибни Ассоиғ, Қутбуддини Мисрӣ, Камолуддин Юнуси Мавсилӣ ва эҳтимолан Форобӣ, ки ададашон зиёд нест.

7) Маркази таълиму таъаллуми фалсафа қабл аз Ибни Сино Бағдод буд. Ибни Сино марказиятро ба Эрон мунтақил кард. Ибни Сино асосан ба Бағдод нарафт, балки ӯ дар фалсафа устод надоштааст. Андаке мантиқ пеши устод хондааст. Нубуғу шӯҳрати Ибни Сино, аз атрофу акноф толибони ҳикматро ба сӯи ӯ ва мутолеаи кутубаш кашонид. Китобҳояш носихи китобҳои пешиниён шуд. Асотиди китобҳои ӯ фақат дар Эрон пайдо мешуданд ва аз Эрон ба хориҷи Эрон густариш пайдо кард. Бо нуфузи андешаҳои Ибни Сино ва берақиб будани китобҳояш ва эронӣ будани шогирдонаш, ки мутахассисони он китобҳо буданд, Бағдод аз марказият афтод. Албатта дар Бағдод китобҳои фалсафа ва аз он ҷумла кутуби Ибни Сино тадрис мешуд, вале дигар он марказияти пешро надошт.

Баъдҳо ба василаи Абулаббоси Лукарӣ шогирди шогирди Ибни Сино, ҳавзаи фалсафа — ки дар замони Ибни Сино қисматҳои марказӣ ва аҳёнан ҷанубии Эрон буд — то Хуросон густариш ёфт.

8) Бо омадани муғул аз як тараф ва ҳамалоти амсоли Ғаззолӣ аз тарафи дигар, басоти фалсафа аз ғайри Эрон каму беш барчида шуд. Дар Эрон шӯълаи каме боқӣ буд, вале тадриҷан ҳамин шӯълаи заъиф рӯ ба қувват ниҳод. Ин кор бештар дар ҳавзаи Форс сурат гирифт. Бо тулӯъи давлати Сафавия ва наҳзати ҷадиди илмӣ ва фалсафӣ дар Исфаҳон, бори дигар ба василаи Мирдомод ва Садрулмутааллиҳин фалсафа равнақи ҷадиде ёфт.

9) Аз замони Сафавия ба ин тараф, ки фалсафаи исломӣ дар инҳисори шиъаёни эронӣ қарор мегирад, ҳамаи ноҳияҳои Эрон ба нисбати мутасовӣ саҳим нестанд. Баъзе минтақаҳо бо ин ки дар улуми нақлӣ саҳми қобили таваҷҷӯҳе доранд, дар улуми ақлӣ ё саҳме надоранд ва ё саҳми қобили таваҷҷӯҳе надоранд. Хузистон бо ин ки дар адаб, ҳадис ва фақоҳат саҳми муҳимме дорад, дар фалсафа ва ҳикмат ва улуми ақлӣ саҳме надорад, ҳамчунин устони Систон ва Балучистон. Абӯсулаймони Мантиқии Сиҷистониро бояд як истисно дар минтақаи Систон шумурд. Баъзе устонҳо саҳми андаке доранд мисли Озарбойҷон. Аз Озарбойҷон Баҳманёр, Шамсуддини Хусравшоҳӣ, Мулло Раҷабалӣ, Мулло Ҳусайни Ардабилӣ ва Оқо Алии Ҳакими Занузӣ, ва дар асри мо Алломаи Таботабоиро бояд ном бурд. Вале баъзе дигар аз устонҳои Эрон саҳми бештаре доранд аз қабили Хуросон, Исфаҳон, Форс…

Он чӣ мумкин аст ғайримунтазира талаққӣ шавад ин аст, ки бештарин саҳмро дар улуми ақлӣ аз замони Мирдомод то асри мо, шимоли Эрон яъне Гилон ва Мозандарон ва Гургон дорад. Дар ҳудуди 30 нафар аз бузургон ва асотиди фалсафа аз ин ноҳияанд ва дар миёни онҳо файласуфони бисёр бузург ва номдоре вуҷуд доранд аз қабили Мирдомод, Мулло Исмоили Хоҷуӣ, Оқо Муҳаммади Бедободӣ, Мулло Алии Нурӣ, Мирфиндирискӣ, Абдурраззоқи Лоҳиҷӣ, Мулло Муҳаммадҷаъфари Лангарудӣ ва ғайруҳум. Ин гурӯҳ агарчӣ маркази таҳсил ё тадрисашон Исфаҳон будааст, вале худашон аз шимоли Эронанд.

10) Табақоти фалосифа ба тартибе, ки мо ба даст овардаем, як силсилаи муназзам ва мураттаб ва бидуни вақфа аст ва нишонаи як фарҳанги мустамир аст, ҳамчунон ки назири онро дар фиқҳ, ҳадис, ирфон ва адабиёт ва ҳатто риёзиёт метавонем ироа диҳем.

Аз назари устоду шогирдӣ, фақат дар ду нуқта аст, ки ба нуқтаи маҷҳул мерасем: яке дар Мулло Исмоили Хоҷуӣ, ки замонаш муқорин бо фитнаи афғон аст; на худаш ва на дигарон (дар ҳудуде, ки мо ба даст овардаем) аз асотиди ӯ ёд накардаанд. Ва дигар дар Фахруддини Саммокӣ устоди Мирдомод аст, ки асотиди ӯро намешиносем. Албатта дар ин ду нуқта вақфае пайдо нашудааст, тасалсули устоду шогирд ба ҳам нахӯрадааст, балки феълан бар мо маҷҳул аст, шояд баъдҳо ба даст ояд. Агар аз ин ду нуқтаи маҷҳул сарфи назар кунем, метавонем силсилаи асотиди худро то Бӯалӣ мушаххас кунем ва агар Шайх Баҳоиро ба унвони устоди фалсафа бипазирем, яке аз ду нуқтаи ибҳом бартараф мешавад. Яъне аз тариқи Шайх Баҳоӣ ва устодаш Мулло Абдуллоҳи Яздӣ — на аз тариқи Мирдомод — то Бӯалӣ силсилаи устоду шогирдӣ мушаххас аст.

Бӯалӣ шахсан вазъи дигаре дорад. Ӯ асосан устоди фалсафа надоштааст; истифодааш сирфан аз китобҳои дигарон будааст.

11) На танҳо Бӯалӣ дар фалсафа устод надоштааст ва бо мутолеаи китобҳои дигарон файласуф шудааст, Форобӣ ва Кендӣ — ки ду сарсилсилаи дигар ҳастанд — низ устоди фалсафа надоштаанд. Торих аз ҳеч файласуфе ба унвони устоди Кендӣ ёд намекунад, балки асосан дар он вақт файласуфе дар муҳити Кендӣ вуҷуд надоштааст, аз ин рӯ файласуфии Кендӣ аз шахси худаш оғоз мешавад. Форобӣ низ фақат мантиқро назди устод (Юҳанно ибни Ҳайлон) хондааст. Қаблан гуфтем ин ки мегӯянд Форобӣ шогирди Абӯбашари Матто будааст, асоси дурусте надорад.

Бинобар ин, мусалмонон аз назари китобҳои фалсафӣ мадюн ва раҳини ғайримусалмононанд, на аз назари муаллими фалсафа.

Акнун навбати он аст, ки ба хадамоти эрониён дар риштаи ирфон ва тасаввуф бипардозем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: