Талафоти маргбортарин тирандозии таърихи Омрико ба 50 кушта ва 400 захмӣ расид (Тасовир)

Тирандозии субҳи имрӯз дар шаҳри Лос Вегос, ба кушта шудани дастикам 50 нафар ва захмӣ шудани беш аз 400 нафар мунҷар шудааст.

Раис пулиси Лос Вегос эълом кард, дар яке аз маргбортарин тирандозии ҷамъӣ дар таърихи Омрико, ки имрӯз дар шаҳри Лос Вегос дар аёлати Неводо ба вуқӯъ пайваст, дастикам 50 нафар кушта ва беш аз 400 нафар захмӣ шуданд.

Манобеи хабарӣ гуфтаанд, зориб аз табақаи 32-и ҳутели Mandalay Bay, ки дар хиёбони аслии Лос Вегос қарор дорад иқдом ба тирандозӣ ба ҷамъияти ҳозирон дар як консерти мусиқӣ кард.

Пулиси Лос Вегос эълом кард, дар пайи ин тирандозӣ дастикам 406 нафар ба бемористон ва марокизи дармонӣ мунтақил шудаанд.

Манобеи хабарӣ зорибро Истефен Подук (Stephen Paddock)-и 64-сола муаррифӣ кардаанд. Пулис мегӯяд, вай ба зарби гулӯла кушта шудааст. Маҳалли сукунати шарики зиндагии зориб шиносоӣ шуда ва пулис ибтидо эълом кард, дар таъқиби ин зани 62-сола барои бозҷӯӣ аз ӯст.

Бо вуҷуди ин, пулиси Лос Вегос соатҳое баъд, эълом карда бо ин зан тамос гирифта шуда ва гумон намеравад вай дахолате дар тирандозии маргбори Лос Вегос дошта бошад.

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, дар вокуниш ба тирандозии Лос Вегос дар ҳисоби корбариаш дар Твиттер, онро ба қурбониёни ҳодиса ва хонаводаҳои онҳо таслият гуфт.

Манобеи хабарӣ гуфтаанд, гумон намеравад ин тирандозӣ бо теруризм муртабит бошад.

 



Рубрики:ҷаҳон

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: