Фалсафа ва равиши реализм (122)

Иллат ва маълул (4)

Оё қонуни иллият қонунест ҳақиқӣ? (3)

Эҳтиёҷ ба иллат (2)

2) Назарияи ҳудусӣ:

Тибқи ин назария, хусусияте, ки мӯҷиб мешавад шайъ ниёзманд ба иллат бошад, ҳамоно “ҳудус” аст, ва хусусияте, ки мӯҷиб мешавад шайъ бениёз аз иллат бошад, “қидам” аст. Яъне идроки мо аз қонуни куллии иллият — ки маншаи истифҳоми зеҳнии “чароӣ” мешавад — ин аст, ки ҳар амри ҳодис — яъне чизе, ки вақте “набуд” ва баъд “буд” шуд — ҳатман иллате дорад ва маҳол аст, ки чунин мавҷуде бе иллат ба вуҷуд ояд (судфа), ва дар чунин мавориде аст, ки ҷойи истифҳоми “чароӣ”, ки суол аз иллат аст боқист. Вале агар мавҷуде қадим буд, наметавон гуфт иллате дорад ва ҷойи ин истифҳом боқӣ нест; зеро замоне набуда, ки он мавҷуд мавҷуд набуда, то мо битавонем суол кунем, ки “ин мавҷуд, ки набуд ва баъд буд шуд, чаро буд шуд?” Ва чун маънои иллият ин аст, ки ҳар мавҷуде, ки вақте набуд ва баъд буд шуд, ҳатман иллате дорад, мо наметавонем (монанди моддигароён) вуҷуди мавҷуди қадимро ба ҳукми қонуни иллият нафй кунем ва бигӯем, “мумкин нест, ки мавҷуде қадим бошад” аз роҳи ин ки мусталзими истисно дар қонуни иллият аст, ба ҷиҳати он ки қонуни иллият аз аввал фақат шомили мавҷудоти “ҳодис” аст ва ба ҳеч ваҷҳ наметавонад шомили мавҷудоти қадим буда бошад, ва возеҳ аст, ки ин истисно нест. Истисно дар қонуни иллият ҳангоме пайдо мешавад, ки фарз кунем як мавҷуди ҳодис — ки вақте набуд ва баъд пайдо шуд — билосабаб пайдо шавад.

Ин назария мутааллиқ ба мутакаллимин ва бисёре аз муддаиёни фалсафа аст. Мутакаллимин рӯи ин назарияи хеш “қадим”-ро мунҳасир ба зоти Борӣ медонанд ва барои ҳама чиз ибтидои замонӣ қоиланд. Он даста аз илоҳийин, ки мекӯшанд дар мақоми исботи вуҷуди мабдаи кулл барои тамоми ҷаҳон, ибтидои замонӣ пайдо кунанд ва ҳамчунин он даста аз моддигароён, ки дар нуқтаи муқобил, назарияҳои лоятаноҳӣ будани замон ва замониётро пеш мекашанд ва онҳоро далел бар адами вуҷуди мабдаи кулл қаламдод мекунанд, ҳамин тарзи фикрро доранд. Нависандагони таворихи фалсафа ва энсиклопедияҳо ғолибан дучори ҳамин тарзи фикр ҳастанд ва аз ин рӯ ҳар як аз фалосифаро, ки дидаанд замонро лоятаноҳӣ медонад ё он ки моддаро қадим медонад “моддӣ” ва лоақал “санавӣ” муаррифӣ мекунанд. Ва ин худ маншаи иштибоҳоти бузурге дар таърихи фалсафа шуда. Шояд мо муваффақ шудем дар мақолаи 11 дар атрофи ин матлаб нукотеро ёдоварӣ кунем.

* * *

3) Назарияи моҳувӣ:

Мутобиқи ин назария, иллати эҳтиёҷ ба иллат, моҳият доштан аст ва ҳар чизе, ки моҳияте дорад ва вуҷуде, ва зоташ — яъне моҳияташ- ғайр аз вуҷуди воқеияташ мебошад, ниёзманд ба иллат аст, хоҳ он ки он мавҷуд ҳодис бошад ё қадим, ва аммо мавҷуде, ки зоташ айни вуҷуд ва воқеият аст ва ҳақиқаташ муаллаф аз моҳият ва вуҷуд нест, бениёз аз иллат аст. (Дар поварақиҳои мақолаи 7 фарқи “моҳият” ва “вуҷуд” баён шуда, муроҷеа шавад). Ва албатта чунин мавҷуде чун мавҷудият айни зоташ аст ва нисбати зоташ бо мавҷудият, “зарурат” аст, на “имкон”, маҳол ва мумтанеъ аст, ки маъдум бошад, ва чун маҳол аст, ки маъдум бошад, пас азалӣ ва абадӣ хоҳад буд, яъне ҳамеша хоҳад буд. Мутобиқи ин назария, мавҷуди бениёз аз иллат, ки онро “воҷибулвуҷуд” мехонем, қадим аст, ва лекин ҳар қадиме бениёз аз иллат нест ва ишколе надорад, ки мавҷуди қадимӣ ёфт бишавад, ки дар зоти худ имкони вуҷуд дошта бошад ва ба ифозаи воҷибулвуҷуд азалан ва абадан мавҷуд бошад.

Ин назария мутааллиқ аст ба умуми ҳукамои асолати моҳиятӣ ва ҳамчунин ҳукамое, ки таваҷҷӯҳе ба асолати вуҷуд ва асолати моҳият надоштаанд, ва ҳатто фалосифаи асолати вуҷудӣ низ аз ҳамин назария пайравӣ кардаанд. Ин назария яке аз мавориди ихтилофи бузурги ҳукамои илоҳӣ ва мутакаллимин аст. Ҳукамо тибқи ин назария, мумкинулвуҷудро мунҳасир ба ҳодисот, ва қадимро мунҳасир ба зоти Борӣ намедонанд, бар хилофи мутакаллимин, ки мумкинро мусовӣ бо ҳодис ва қадимро мусовӣ бо воҷиб медонанд.

Далели ин даста барои исботи ин ки “иллати эҳтиёҷ ба иллат, моҳият доштан аст” мураккаб аз ду муқаддима аст:

а) Ҳар моҳияте — мисли моҳияти инсон, дарахт, санг, хатт, ҳаҷм ва ғайра — дар зоти худ бо ҳар як аз вуҷуд ва адам нисбати мутасовӣ дорад ва мешавад мавҷуд бошад ва мешавад маъдум бошад. Моҳият ба худии худ лоиқтизои аз вуҷуд ва адам аст, яъне на метавонад иқтизои вуҷуд дошта бошад ва на иқтизои адам. Ҳукамо дар истилоҳоти худ номи ин лоиқтизоият ва тасовии нисбатро “имкон” мегузоранд ва мегӯянд: “Моҳият дар зоти худ “мумкин” аст”, ё он ки мегӯянд: “Имкон аз лавозими моҳият аст”.

б) Ҳар чизе, ки бо ду чиз нисбати мутасовӣ дошта бошад, ақлан маҳол аст, ки бидуни он ки омили мураҷҷиҳе барои як тарафи бахусус пайдо шавад, он чиз ба он тараф мутамоил шавад. Имтиноъи тамоюли як чиз, ки бо ду тараф нисбати мутасовӣ дорад ба як тарафи бахусус бидуни мураҷҷиҳ, ҳамон қоидаи ақлии маъруфест, ки “имтиноъи тарҷеҳи биломураҷҷиҳ” ном дорад. Имтиноъи тарҷеҳи било мураҷҷиҳ аз бадеҳиёти аввалияи ақл аст ва ҳар касе, ки дуруст онро тасаввур кунад, хоҳ нохоҳ тасдиқ хоҳад кард. Барои тасаввури ин қоидаи ақлӣ бо ин мисолҳо метавон маънус шуд:

Фарз кунед ҷисме рӯи хатти мустақим дар ҷиҳати муайяне ҳаракат мекунад. Дар хилоли ҳаракат, ба омиле бармехӯрад, ки монеъи идомаи ҳаракати он ҷисм дар он ҷиҳати муайян аст, ва фарз кунед, ки амр доир аст байни ин ки он ҷисм ба тарафи рост ё ба тарафи чап мутамоил шавад, вале ҳеч омиле дар воқеъ вуҷуд надорад, ки мӯҷиби мазияти тарафи рост ё тараф чап бишавад. Оё дар ин сурат мумкин аст, ки он ҷисм худ ба худ ва бидуни он ки ҳеч мураҷҷиҳе дар кор бошад, як тарафи муайянро ихтиёр кунад? Албатта на. Ё фарз кунед тарозуеро, ки ду каффааш дар ҳоли таъодул истодаанд. Албатта агар мо бихоҳем яке аз он ду каффа бар дигарӣ бичарбад, бояд коре кунем, ки фишори қувваи сиқл бар он тараф зиёдтар шавад, мисли он ки вазнае рӯи он тараф бигузорем ё он ки аз тарафи дигар чизе кам кунем. Ҳоло фарз кунед, ки ҳеч амале, ки мӯҷиби издиёди қувваи фишори сиқл бар як тараф бошад ва мураҷҷиҳи он тараф шавад анҷом нашуд ва ҳеч омиле — чӣ аз авомиле, ки мо метавонем дарк кунем ва чӣ аз авомиле, ки наметавонем дарк кунем — пайдо нашуд ва шароит комилан мусовӣ аст; оё ақлан мумкин аст, ки худ ба худ ба як тараф мутамоил бишавад? Қонуни “имтиноъи тарҷеҳи било мураҷҷиҳ” як қонуни ақлист ва ба далоиле, ки бар хонанда махфӣ нахоҳад буд, намешавад таҷрибӣ бошад, вале дар улуми таҷрибӣ мавриди истифода қарор мегирад ва аз ин рӯ агар донишманди таҷрибӣ ба мавориди мушобеҳи ду мисоли мазбур барбихӯрад ва он чизеро, ки нисбаташро бо ду тараф мусовӣ мепиндошт, бибинад ба як тараф мутамоил шуд, ҳатм мекунад, ки шароит мусовӣ набуда ва омили махфӣ дар кор аст, ки аз назари ӯ махфист ва ба кунҷковӣ барои пайдо кардани он омили махфӣ мепардозад. Дар таърихи илм аз ин шавоҳид метавон ёфт.

Ба ҳар ҳол “тараҷҷуҳи било мураҷҷиҳ” — яъне қобиле, ки қобили пазириши ду тараф бошад ва нисбаташ ба ҳар ду тараф мутасовӣ бошад, бидуни омили мураҷҷиҳ як тарафро бипазирад — ва ҳамчунин “тарҷеҳи било мураҷҷиҳ” — яъне фоъиле, ки ду феъли мухталиф аз вай сиҳҳати судур дорад, бидуни он ки тағйире дар вазъи он фоъил пайдо шавад, ки як тарафро муайян, як тарафро интихоб кунад – ақлан маҳол ва мумтанеъ аст. Оре, касоне, ки ғаври комиле дар ин масоил надоранд, як ришта мисолҳои авомонаеро мавриди нақз қарор дода ва иддао кардаанд, ки тарҷеҳи било мураҷҷиҳ маҳол нест, мисли он ки гуфтаанд, ки агар ду косаи об, ки аз ҳар ҷиҳат мутасовӣ бошанд, дар ҷилави ташнае бигузорем, ӯ қаҳран яке аз он ду косаро бархоҳад дошт, дар сурате, ки нисбати шахси бардоранда бо бардоштани ин коса ва он коса мутасовист, ва ҳамчунин аст ҳоли касе, ки аз роҳе меравад ва ба сари дуроҳӣ мерасад ва ҳар ду роҳ ӯро ба як наҳв ба мақсад мерасонанд, ва ҳамчунин аст ҳол касе, ки матоъе мехоҳад таҳия кунад ва аз навъи он матоъ, афроди мутасовӣ вуҷуд дорад, қаҳран яке аз он афродро интихоб мекунад.

Дар ин мисолҳо мо иллати мураҷҷиҳро — яъне он чизе, ки мӯҷиб мешавад ирода ба як тарафи бахусус мутамоил шавад – намешиносем, на ин ки чунин мураҷҷиҳе вуҷуд надорад. Ин ашхос гумон кардаанд, ки инсон ҳамвора метавонад иллатҳоеро, ки мӯҷиби таъаллуқи ирода ба як тараф мешавад, тамйиз бидиҳад, ва ҳол он ки дар илмуннафс собит шуда, ки ҳазорон авомили нафсӣ дар мартибаи шуъури махфии мо, дар тарҷеҳи ирода дахолат мекунад, ки шуъури зоҳири мо ба куллӣ аз онҳо беиттилоъ аст. Пас, ин мисолҳоро наметавон далел бар вуқӯъи “тарҷеҳи било мураҷҷиҳ” гирифт.

Баъд аз ин ду муқаддима (тасовии нисбати моҳият бо вуҷуд ва адам, ва имтиноъи тараҷҷуҳи било мураҷҷиҳ), мо метавонем муддаои ҳукаморо роҷеъ ба “иллати эҳтиёҷ ба иллат” бифаҳмем. Ҳукамо мегӯянд: ҳар моҳияте нисбаташ бо вуҷуд ва адам мутасовист (муқаддимаи аввал). Ва ҳар чизе, ки нисбаташ бо ду чиз мутасовист, агар бихоҳад ба як тарафи махсус мутамоил шавад, эҳтиёҷ ба мураҷҷиҳ дорад (муқаддимаи дуввум). Натиҷа ин ки: моҳият дар мавҷуд будан ва маъдум будан, эҳтиёҷ ба мураҷҷиҳ дорад ва мо номи мураҷҷиҳи вуҷуд ё адами моҳиятро “иллат” гузоштаем.

Пас, ҳамвора мавҷуд будан ва маъдум будани моҳият, вобаста ба иллат аст. Чизе, ки ҳаст вуҷуди моҳият вобаста ба вуҷуди иллат ва адами моҳият вобаста ба адами иллат аст. Яъне вуҷуди иллат, мураҷҷиҳи вуҷуди моҳият аст ва адами иллат, мураҷҷиҳи адами моҳият аст. Тибқи ин назария, идроки қонуни куллии иллият аз қонуни “тараҷҷуҳи било мураҷҷиҳ” натиҷа мешавад ва маншаи истифҳоми “чароӣ” ҳам ҳамин қонуни “имтинои тараҷҷуҳи било мураҷҷиҳ” аст. Яъне зеҳни инсон фақат дар ҷое суоли “чаро”-ро, ки суол аз иллат аст саҳеҳ медонад, ки як чиз нисбаташ бо ду тараф, мутасовӣ бошад ва он гоҳ ба як тараф мутамоил шуда бошад.

Мутобиқи ин назария, имтиноъи судфа — яъне ин ки “чизе, ки вақте набуд баъд бе иллат буд бишавад”, ки ҳама кас медонад ақлан маҳол аст — аз мутафарреъоти қонуни “имтиноъи тараҷҷуҳи било мураҷҷиҳ” аст; зеро ақл чунин мебинад, ки ин чизе, ки вақте набуд ва баъд буд шуд, агар зотан иқтизои вуҷуд дорад, пас мебоист қаблан низ мавҷуд буд, ва чун қаблан мавҷуд набуда маълум мешавад, ки имкони вуҷуд ва адам дорад, яъне нисбаташ бо вуҷуд ва адам мутасовист. Пас, чунин чизе агар бе иллат мавҷуд шавад, мусталзими тараҷҷуҳи било мураҷҷиҳ аст, пас мумтанеъ аст, ки чизе, ки вақте набуд ва баъд буд шуд, бе иллат буд шавад.

Ба ақидаи ҳукамо, касоне, ки маноти эҳтиёҷ ба иллатро “ҳудус” медонанд, дуруст диққат ва таҷзия дар ҳукми ақл ба амал наовардаанд ва пиндоштаанд, ки иллати ин ки мумтанеъ аст, ки чизе, ки як замон набуда баъдан бе иллат мавҷуд бишавад, сирфан ҳамин аст, ки як замон набуда ва баъд буд шуда, ва ҳол он ки ин хусусият — яъне масбуқияти вуҷуд ба адам, ки номаш “ҳудус” аст — дар ҳукми ақл ба эҳтиёҷ ба иллат, дахолате надорад ва он чӣ дар маноти ҳукми ақл дахолат дорад, имкони моҳият яъне тасовии нисбати моҳият бо вуҷуд ва адам аст, ки бо инзимоми ҳукми ақл ба “имтиноъи тараҷҷуҳи било мураҷҷиҳ, “эҳтиёҷ ба иллат”-ро натиҷа медиҳад. Пас, маноти эҳтиёҷ ба иллат, имкон аст на ҳудус, ва ҳам метавон гуфт, иллати эҳтиёҷ ба иллат, моҳият аст, зеро моҳият иллат ва маноти имкон аст, ва имкон иллат ва маноти эҳтиёҷ ба иллат аст.

Ҳукамо мегӯянд, дар ҳукми ақл моҳият муқаддам бар имкон аст, ва имкон муқаддам бар эҳтиёҷ аст, ва эҳтиёҷ муқаддам бар эҷоб ва эҷоди иллат аст ва эҷоб ва эҷоди иллат муқаддам бар вуҷуб ва вуҷуди маълул аст, ва вуҷуди маълул муқаддам бар ҳудуси маълул аст. Ин ки мегӯем, “вуҷуди маълул муқаддам бар ҳудуси маълул аст” аз он ҷиҳат аст, ки ҳудус масбуқияти вуҷуд ба адам аст ва васфи вуҷуд аст, ва албатта мавсуф ақлан муқаддам аст бар васф. Лозим ба тазаккур нест, ки ҳамаи ин тақаддумҳо тақаддуми рутбӣ ва ақлист, на тақаддуми замонӣ.

Ба ҳар ҳол, мутобиқи назарияи ҳудусӣ, идроки зеҳнро роҷеъ ба қонуни иллият ва маълулият ин тавр бояд баён кард: “Ҳар ҳодисе — яъне ҳар мавҷуде, ки вақте набуд ва баъд пайдо шуд — ҳатман иллате дорад”, вале мутобиқи назарияи моҳувӣ, идроки зеҳнро роҷеъ ба ин қонун ин тавр бояд таъриф кард: “Ҳар мумкине ҳатман иллате дорад”.

Ду роҳе, ки дар матн дар мақоми баёни қонуни иллият тай шуда, яке роҳи ҳудусист ва яке роҳи моҳувӣ.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: