Шарҳи Маснавӣ (216)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (42)

* * *

Тафсири “Мошоаллоҳу кона” (3)

* * *

Эй бародар, ақл як дам бо худ ор,

Дам ба дам дар ту хазон асту баҳор.

Эй бародар! Даме ақлатро дар сарат ҷамъ кун ва он гоҳ бингар, ки ҳамон гуна ки дар табиат баҳору хазон вуҷуд дорад, дар ту низ дам ба дам баҳору хазонӣ ҳаст.

Нукта: Дар инҷо Мавлоно аз баёни падидаҳои офоқӣ мутаваҷҷеҳи падидаҳои анфусии инсон мешавад ва масъалаи қабзу бастро дар солик тавзеҳ медиҳад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.587)

Боғи дилро сабзу тарру тоза бин,

Пур зи ғунча-в варду сарву ёсамин.

Дил ҳамонанди боғ аст. Аҳволи латиф ва маорифи зарифи он, ҳамчун анвоъи сабзаҳои тару тоза аст. Пас, боғи дилро бибин, ки пур аст аз анвоъи ғунчаҳои маърифат ва гули ҳикмат ва сарви адолату истиқомат ва ёсамини хулусу сафват. (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.2, с.757)

Вард: гули сурх.

З-анбуҳии барг пинҳон гашта шох,

З-анбуҳии гул ниҳон саҳрову кох.

Аз фарти касрату фаровонии баргҳои андешаҳо ва авроқи гуфтор, шохи дил пинҳон гаштааст. Ва аз анбӯҳии бисёри гули маориф, саҳрову кох пинҳон мешавад.

Нукта: Устод Фурӯзонфар мегӯяд: “Дилу руҳи инсониро ба лиҳози танаввуъ ва тазоҳуми афкори гуногун ва мутафовит, масал мезанад ба боғе пур аз анвоъи гул… чунонки шохҳо аз бисёрии барг, ва аморат аз анбӯҳии гул дар назар наёяд ва мавриди таваҷҷӯҳ набошад.” (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.2, с.748)

Ин суханҳое, ки аз ақли кул аст,

Бӯйи он гулзору сарву сунбул аст.

Ин суханон сохтаи ақли кулл аст, на ақли ҷузъӣ. Ин ақли кулл аст, ки илҳомбахши даруни ман аст. Ақли кулл гулзору сарву сунбуле дорад, ки ин гуна суханон ба манзилаи бӯи онҳост.

Нукта: “Ақли кулл” ҳамон содири аввал аст, ки урафо онро “нафаси раҳмонӣ” меноманд. Ва манзур ҳамон “вуҷуди мунбасит” аст, ки бар ҳайкалҳои мумкинот сориву ҷорист. Ва ин ном, муқтабас аст аз қавли Ҳақ Таъоло:

وَرَحْمَتِي وَسِعَتْ كُلَّ شَيْءٍ

(“Ва раҳматам ҳама чизро фаро гирифтааст.” (Сураи Аъроф, ояти 156)) Номи дигари он “ҳаққи махлуқ” аст. Ва ин ақл асли вуҷуди олам аст, ки сорист дар ҳамаи мавҷудот ва маротиб, яъне дар ақл ақл ҷилва мекунад ва дар нафс нафс аст ва дар олами ҷисм ҷисм аст ва дар ҷавҳар ҷавҳар аст… (Китобул-машоъир, с.173-174)

Бӯйи гул дидӣ, ки он ҷо гул набуд?

Ҷӯши мул дидӣ, ки он ҷо мул набуд?

Оё то ба ҳол бӯи гулро эҳсос кардаӣ дар ҷое, ки гул набошад? Ва оё ҷӯшиши шаробро дидаӣ дар ҷое, ки шаробе набошад? (Пас, ин ҳама калимоти нағз низ табъан бояд аз ақли кулл содир шавад. Пас, ҳар асаре ночор муассире дорад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.588))

Мул: шароб.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: