Ҳама чиз дар бораи додгоҳи Бузургмеҳр Ёров (4)

Бахши чаҳорум

Дархости Бузургмеҳр вобаста ба айбҳои эълонкардашуда нисбати ӯ (идома)

(марти 2016)

(Ин матолиб ба дасти худи Бузургмеҳр навишта шудаанд.)

  1. Лаҳзаи аз тарафи шаҳрванд Абдуллоев Ғайрат додани гонорари адвокатӣ дар ҳаҷми 5000$

Бо ин лаҳза, ба ман бо моддаи 247 к.4 банди «б»-и КҶ ҶТ аз рӯи варианти дуюми сохтакоронаи қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда ва эълон кардани айби нав дида мешавад, ки тафтишот бар хилофи далелҳое, ки бегуноҳии маро нишон медиҳад, дар хусуси он айб эълон менамояд, ки гӯё:

“Ӯ боз моҳи августи соли 2014 “баъди огоҳ гаштан аз мушкилоти шаҳрванд Абдуллоев Ғ. бо мақсади такроран тасарруфи молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб ба боварии охирин даромада, ваъда намудааст, ки бо навиштани шикояти кассатсионӣ ҳукми судро нисбати бародараш Абдуллоев Азамат тағйир дода, мӯҳлати адои ҷазоро ним кам мекунад ва бар ивази хидматаш аз охирин маблағи 5000$-ро талаб намудааст. Ба ин фиреби Ёров Б. шаҳрванд Абдуллоев Ғ. бовар карда… ба Ёров Б.Р. маблағи 5000$-ро додааст. Ӯ бошад маблағи тасарруфнамудаашро бидуни ҳазинаи коллегияи мазкур ба манфиати худ сарф намуда, бо вайрон намудани одоби касбии адвокат, дар мурофиаи суди иштирок накарда, манфиати судшаванда Абдуллоев А-ро беҳимоя гузошта, ягон хел кӯмаки ҳуқуқӣ нарасонида, ба ҷабрдида Абдуллоев Ғ. ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидааст…”

Ин хулосаи тафтишот дар ин қисм умуман бо далелҳое, ки дар парванда мавҷуд мебошад мухолиф мебошад. Баръакс далелҳои ҷамъ намуда ҳолати онро нишон медиҳад, ки байни ману Абдуллоев Ғ. муносибатҳои шартномавӣ вуҷуд доранд.

Дар ҷ.3 саҳ.85 аризаи Абдуллоев Ғайрат аз 30.09.15 оиди он мавҷуд аст, ки гӯё адвокат Ёров Б. дар моҳи августи соли 2014 ба тариқи фиреб 200$ ва 640 сомонии ӯро гирифта, фиреб дода бошад. Бо аризааш номбурда шинос шуда, аз рӯзи аввал ба муфаттиш Фатҳуллоев С. оиди он ман иброз намудам, ки аризаи Абдуллоев Ғ. нисбати ман тӯҳмат буда, он маҷбурӣ ва дар зери фишор навишта шудааст. Зеро Абдуллоев Ғ. ба ман на 200$ -у на 640 сомонӣ, балки аз рӯи шартномаи баста 5000$ додааст. Агар ки ман ӯро фиреб карда бошам, пас чаро ӯ ҳолати додани 5000$-ро ба ман аз тафтишот пинҳон менамояд?! Дар натиҷаи маълумоти додаи ман ҷ.3 саҳ.124-130 ҳангоми тартиб додани протоколи рӯбарӯкунии ман бо Абдуллоев Ғ. охирин Абдуллоев Ғ. оиди он иқрор мешавад, ки аризаро 30.09.2015 дар асоси даъвату фишори кормандони УБОП нисбати ман навиштааст. Ҳеч вақт адвокат Ёров Б. ӯро фиреб накардааст, барои омода шудан ба зинаи назоратии Суди Олии ҶТ бобати ҳимояи додари ӯ – якҷоя бо адвокат Б. аз Ҳукумати ш.Турсунзода ҳуҷҷатҳои дахлдорро талаб карда, ҷамъ намудаем. Вобаста ба вазъи ба вуҷуд омада 200$ маро бахшида, бино бар минбаъд дар ҳабс будани ман, номумкин будани иҷроиши шартнома дар ин ҳолат хоҳиши баргардонидани 4800$-ро намуд.

Ӯ баёноте, ки дар ҷ.3. саҳ.86-88 оиди он додааст, ки … (Афтодагӣ дар матн) … умуман тасдиқ накард. Сабаби тасдиқ накардани нишондодҳои додаи бардурӯғи Абдуллоев Ғайрат дар он зоҳир мешавад, ки дар ҷ.3. саҳ.84 … (Афтодагӣ дар матн) оварда шудааст. Ин ҳамон майори милиса Давронов Ф. мебошад, ки ҳанӯз 2 рӯз пештар дар УБОП нисбати шахсияти ман тӯҳмат оиди он намуда буд, ки гӯё 28.09.2015 соати 17.00 дар ошёнаи дуюми УБОП ҳангоми таъқиби сиёсӣ ва адвокатии ман, ба ӯ муқобилият карда бошам ва пагонҳои ӯро канда бошам. Давронов Ф. бо дигар кормандони УБОП аз дохили корхонаи мо шартномаҳои ҳуқуқии бастаи маро бо муштариёну ваколатдиҳандаҳо гирифта, ба ин тариқ ғайриқонунӣ сирри адвокатиро дастрас намуда – бо роҳҳои гуногун ба тӯҳмат намудани ман машғул мешаванд. Дар қарори айб оиди он нишон дода мешавад, ки гӯё ман дар марҳилаи кассатсионӣ ба судшаванда Абдуллоев Азамат ёрие нарасонда бошам ва ӯро беҳимоя гузошта бошам. Ин хулосаи тафтишот умуман муқобили ҳуқуқи конситутсионии шаҳрванд ба ҳимоя ва меъёрҳои КМҶ ҶТ мебошад. Зеро агар адвокат фарз кардем, ки Абдуллоев Азаматро бе ҳимоя монад, пас ҳеч вақт Суди Олии ҶТ судшавандаро беҳимоя намемонад ва ӯро ба ҳимоя таъмин мекунад.

Ақидаи тафтишот оиди он ки дар моҳи августи соли 2014 мо бо Абдуллоев Ғайрат шинос шудаем, умуман нодуруст мебошад. Абдурасулзода А. ба ҷ.3 саҳ.90 умуман, ягон маротиба диққат накардааст, вагарна дар ин саҳифа созишномаи №38-и баста байни ману Абдуллоев А аз 19.10.2014 мавҷуд аст, ки аз он бармеояд, ки ман аз 19.10.2014 Абдуллоев Ғайратро мешиносам, на аз моҳи августи соли 2014. Баъдан тафтишот аз сабаби надонистани марҳилаҳои мурофиаи ҷиноятӣ оиди он намедонад, ки дар асоси созишномаи №38 ӯҳдадории расонидани ёрии ҳуқуқии ман дар зинаи назоратӣ оғоз мешавад, на дар зинаи касатсионӣ. Фақат барои он ки дар зинаи назоратӣ мо бештар имкони аз худ кардани далелҳо ва ҷамъоварии далелҳоро пайдо намоем, бе бастани ягон гуна созишнома оиди расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар марҳилаи касатсионӣ, барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ машғул шудаем.

Аз ҷ.3.саҳ.101-106 дида мешавад, ки ҳукми судӣ нисбати Абдуллоев Азамат 12.08.2014 баромадааст… (Афтодагӣ дар матн) … Яъне дида мешавад, ки зинаи назоратии ин парванда баъди 06.01.2015 оғоз шудааст ва муштарӣ Абдуллоев Ғайрат умуман ягон ҳуқуқе надорад, ки дар зинаи касатсионии суди олии ҶТ, ба ман нишондоде барои дар кадом шакл иштирок кардан диҳад.

Аз ин таъиноти номбурдаи судӣ дида мешавад, ки дар қатори ҳимоягарон номи адвокат Миралиев М. ва шикояти кассатсионии махкумшуда Абдуллоев А. навишта шудааст. Адвокат Миралиев Исмоил – адвокати коллегияи адвокатҳои ҶТ СИПАР буда, бо супориши ман барои дастрас кардани иттиолоти дақиқ оиди парвандаи Абдуллоев Азамат, ба парванда дар зинаи касатсионӣ дохил мешавад. Дар ҷ.3. саҳ.121-123 пурсиши Абдуллоев Азамат дар чунин шакл оварда шудааст:

(Афтодагӣ дар матн)

… Мақомоти тафтишотӣ пешакӣ аз парвандаи шахсии маҳбус Абдуллоев Азамат, ки дар муассисаи 3\1 п\я я\с-и СРҶҶ ВАҶТ чойгир аст, умуман маълумотнома оиди он намегиранд, ки чанд маротиба адвокатҳо Миралиев Исмоил ва Ёров Б. ба пеши Абдуллоев Азамат даромадаанд, зеро медонанд, ки гирифтани ин маълумотномаҳо накшаҳои ҷинояткоронаи онҳоро оиди тӯҳмат намудани ман дар каллоби фош менамоянд.

Дар ҷ.3 саҳ.131-133 пурсиши адвокат Шарипов Абдураҳмон дар чунин шакл овард шудааст:

(Афтодагӣ дар матн)

Дар ҷ.3 саҳ.134-136 пурсиши адвокат Миралиев Исмоил оиди он оварда шудааст, ки бо супориши Раиси коллегияи адвокатҳо Ёров Б. ӯ дар СИЗО-1 бо судшаванда Абдуллоев Ғайрат вохӯрда буд, нуктаҳои шикояти касатсионӣ, шахсияти судшаванда Абдуллоев Азаматро омӯхта баъдан дар зинаи касатсионии суди Олии ҶТ 06.01.2015 иштирок намудааст.

Абдурасулзода А. бо гурӯҳи муфаттишонаш дарк наменамоянд, ки бидуни шартномае оиди расонидани ёрии ҳуқуқӣ мо ба Абдуллоев Азамат ёрии ҳуқуқӣ расонидаем ва бардурӯғ оиди он менависанд, ки “бо вайрон намудани одоби касбии адвока”. Абдуллоев Ғайрат ҳамчун муштарӣ ягон маротиба нисбати фаъолияти ман, ба ман ё ин ки Раёсати коллегияи адвокатҳо ё ин ки суд дар хусуси он муроҷиат накардаааст, ки ман одоби касбии адвокатро вайрон намуда бошам. Абдурасулзода қонунҳои адвокатураро надониста, аз пеши худаш чизеро мехохад онро дар қарор нависад. Ҳол он ки Абдуллоев Ғ. дар вақти рӯбарӯ намудан бо ман, оиди он изҳор намуда буд, ки шартномаи бастаи мо зиёда аз 10000 $-ро дарбар мегирифт ва бо назардошти тағьироту иловаҳое, ки ба Кодекси ҷиноятӣ ворид карда мешуд, бояд, ки назорати шикоятӣ навишта мешуд – яъне иҷроиши минбаъдаи шартнома бо баровардани тағьиротҳо ба қонунгузории ҷиноятӣ алоқаманд буд, то ки дуюмбора дар шикоятҳои назоратӣ мо масъалаи мутобиқкунии ҷазоҳо, банду басти ҷиноятро намонем. Гонорари гирифтаро дар шакли 5000$ -и ИМА аз рӯи салоҳдиди худ, ман ба манфиати шахсии худам истифода мебарам. Ҳеч вақт онро ба манфиати муфаттишон ё ин дигар ашхос сарф наменамоям. Мо дар доираи қонун ёрии ҳуқуқӣ ба Абдуллоев Азамат расонидем, агар тафтишот фикр намояд, ки чунин ёриро нарасонидем, пас бигзор дар қарорашон нишон диҳанд, ки дар кадом шакл ёрии ҳуқуқӣ расонидан мумкин аст. Аз Абдурасулзода муфаттиши нағз намебарояд, мумкин аз ӯ адвокати хуб барояд. Вобаста ба таҳлили ин далелҳо. аз Прокуратура хоҳиш менамоем, ки дар он қисмат бино бар дар кирдорҳои ман набудани таркиби ҷиноят, ин қисмати айбнома қатъ кард шавад.

* * *

  1. Лаҳзаи тӯҳмат намудани шаҳрванд Одинаев Эмомалӣ оиди додани 200$-и ИМА

Бо ин лаҳза, ба ман бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «а,в» -и аз рӯи варианти дуюми сохтакоронаи қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда ва эълон намудани айби нав дида мешавад, ки тафтишот беасос айб эълон намудааст. Аз рӯи он гӯё, ки:

“Ӯ боз моҳи марти соли 2012… (афтодагӣ дар матн) ба ӯ шаҳрванд Одинаев Эмомалӣ Талбакович муроҷиат намудааст. Ёров Б.Р. ба ин муроҷиати шаҳрванд Одинаев Э.Т. розӣ шуда, бо мақсади такроран тассаруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё суистифодаи боварӣ, расман созишномаи ҳуқуқӣ набаста, аз охирин маблағи 200$-и ИМА талаб намуда, ваъда додааст, ки дар рафти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ иштирок намуда, бегуноҳии Одинаев Э.-ро исбот месозад. Ба ин фиребу ӯ шаҳрванд Одинаев Э. бовар карда, аз шиносҳояш маблағи 200 $ қарз гирифта ба Ёров Б. додааст. Сипас Ёров Б. маблағи тассаруфнамудаашро бидуни ҳазинаи коллегияи мазкур ба манфиати худ сарф намуда, бо вайрон намудани одоби касбии адвокат, ҳамагӣ дар як амали тафтишотӣ иштирок намуда, ба ҷабрдида Одинаев Э. ягон кӯмаки ҳуқуқӣ нарасонида, ба охирин зарари ҷиддӣ расонидааст.”

Ин қисмати айб низ нисбати ман нодуруст мебошад, агар ба пурсиши ман дар ҷ.3 саҳ. 161-166 диққат карда шавад, пас дида мешавад, ки дар ин пурсиш ман аз рӯи аризаи Одинаев Э. нишондод дода истодаам, ки ӯ дар он оиди додани 200 $ қарз ба ман аён намудааст. Вобаста ба ин ман нишондод дода будам, ки ҳеч вақт Одинаев Э. ба ман 200$ қарз додагӣ нест. Зеро ман маоши хуб мегирам, оилаам кор менамояд, маоши хуб мегирад, ба хоҷагидорӣ машғул ҳастам. Чӣ зарурат дорад, ки аз шахси бегона қарз гирам?! Оиди он нишон дода будам, ки Одинаев Э.-ро бо воситаи хусурбачаам Набиев Зафар мешиносам. Набиев Зафар бо додари Одинаев Эмомалӣ — ба номи Иброншо, ки корманди ВКД мебошад, дар як кӯча истиқомат менамояд ва масофаи хонаи онҳо 25-30 метр мебошад. Ҳангоме, ки Одинаев Э.-ро ба ҳабс гирифтанд, Иброншову Зафар ҷои кори ман омада, Иброншо 400 ё 500 сомонӣ барои ҳимояи Одинаев Э. дод.

Минбаъд тафтишот нишондоди манро гирифта, аризаи Одинаев Э., баёноту пурсишҳои ӯро дигаргун менамояд, дигар дар ин ҳуҷҷатҳо тӯҳмати додани қарз нест, гӯё ӯ барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ пул дода бошад. Ин сохтакории тафтишотро аз он исбот намудан мумкин аст, ки дар ҷ. 3 саҳ 161-166 муфаттиш ягон маротиба оиди он савол намедиҳад, ки шумо оиди кадом қарз нишондод дода истодаед, зеро дар аризаи Одинаев Э. умуман ягон сухан оиди додани қарз нест? Ё ин ки тафтишот ба дараҷаи “олӣ” бесавод буд, ки намедонад, ки дар кадом хусусе пурсиши манро гузаронида истодааст. Чӣ дар кор чунин тафтишоту Абдурасулзода А., ки мо ва мардумро фиреб карда истодааст?! Аз ҳисоби андозҳои мо маош гирифта – ба сохтакории далелҳо машғул аст.

Ба тафтишот ман стенограммаи сӯҳбати оилаам Набиева З. ва тӯҳматчӣ Одинаев Эмомалиро оиди сабабҳои тӯҳматаш, ки дар заминаи таъқиби сиёсӣ – маҷбурӣ аз тарафи ӯ ба вуҷуд омадааст, пешниҳод кардам. Инчунин дар пурсиши охирини худ дар протоколҳои дастнавис ман ин ҳолатро нишон додам.

(Стенограмма набораш монда шавад)

Аз ин стенограмма дида мешавад, ки чӣ тавр Одинаев Э. ва наздиконашонро маҷбур намудаанд, ки тӯҳмат намоянд. Аз ҷ.3 саҳ.154-156 пурсиши Талбакзода Иброншо Талбак дида мешавад, ки ӯ додари Одинаев Э. буда, корманди ВКД ҶТ мебошад. Аз ҷ.3 саҳ 145-148 пурсиши Одинаев Эмомалӣ дида мешавад, ки ӯ айни ҳол дар КВД «Обукорезии шаҳри Душанбе» сардори шӯъбаи аудити дохилӣ кор менамояд. Аз ҷ.3 саҳ.144а-144в, ҷ.3 саҳ. 144АБВ дида мешавад:

(Пурра набор карда шавад)

Яъне дида мешавад, ки дузд Одинаев Эмомалӣ, ки дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ то соли 2012 миллионҳо сомонии супоридаи донишҷӯёнро дуздида буд, имрӯзҳо равиши ҷамъшавӣ ва хароҷоти милионҳо пуле, ки сокинони шаҳри Душанбе ба КВД «Обукорезии ш. Душанбе» мусупоранд – аудит менамояд. Тӯҳматчӣ ва дузд Одинаев Эмомалӣ бо дастгирии президент Эмомалӣ Раҳмон дар дигар ҷой ба дуздӣ машғул мешаванд, фақат барои озодона дуздӣ намудани ӯ як шарт гузошта мешавад. — «Ту Ёров Б.-ро тӯҳмат намо, то ки номзадиашро ба мансаби Президентӣ дар соли 2020 намонад».

Абдурасулзода аз ҷиҳати бесаводӣ умуман на ба Одинаев Э. на ба Талбакзода Иброншо оиди он савол намедиҳад, ки «Оё шумо хусурбачаи Ёров Б. – шаҳрванд Набиев Зафарро мешиносед, ё ин ки не? Масофаи байни хонаи шумо ва Набиев Зафар чанд метр аст? Оё ҳар хафта аз рӯи душанбе то рӯзи ҷумъа саҳару шом Ёров Б., оилааш ва ду кӯдаки хурдсолашро ба хонаи хушдоманаш, ки аз пеши хонаи Шумо гузашта мебурд ё ин ки не? Агар гузашта мебурд пас 3 сол шумо ӯро чӣ тавр дарёфт карда натавонистед?»

Тафтишоте, ки оддитарин саволҳоро имкони додан надорад, чӣ зарурат аст, ки мо онро нигоҳ дорем? Оё аз будани он набуданаш беҳтар нест? Ба тафтишот бо дастгирии муфаттиш Ҳакимов М. ман аз компютерии кории дар дасти муфаттиш Ҳакимов М. буда пурра тамоми амалиётҳои тафтишотие, ки бо шахсияти Одинев Э. гузаронида шудааст, доираи шоҳидоне, ки барои дастгирии ӯ ариза навиштаанд, пешниҳод намудам. Тафтишоти пешакӣ ин далелҳоро бо маводҳои парвандаи ҷиноятии Одинаев Э. умуман муқоиса накардаанд.

Дар ҷ.3 саз 171-173 пурсиши дигари Одинаев Эмомалӣ мавҷуд аст.

(Пурра набор карда шавад)

Аз ин пурсиш дида мешавад, ки Одинаев Э. қисмати нишондодҳои манро тасдиқ менамояд, аммо тафтишот аз бесаводӣ савол оиди он монда наметавонад, ки: “Чаро шумо тӯҳматчӣ Одинаев Э. дар аризаю баёноту пурсиши пештараатон ин ҳолатҳоро пинҳон кардед? Чаро ба Шумо ёрии ҳуқуқӣ дар шакли 2 аризаи муҳим, бардоштани доғи судӣ ва рӯёнидани 4000 сомонӣ навишта шуд? Шумо оё ягон имтиёзе барои гирифтани ёрии ҳуқуқии бепул доштед ё ин ки не? Дар ҳоле, ки 4000 сомониро ба воситаи донишҳои ҳуқуқии Ёров Б. гирифтед дар ин шакл ба шумо оё ёрии ҳуқуқӣ расонида нашудааст? Шумо ягон мукофотпулӣ баъди гирифтани 4000 сомонӣ ба Ёров Б. додед ё не? Адвокат Ёров Б. аз соли 2012 шуморо фиреб додааст, чаро боз ба пеши Ёров Б. рафтеду ба пеши адвокат Раҳмонов Меҳрубон барои навиштани 2 аризаи боло нарафтед? Чӣ фарқ дар байни адвокат Ёров Б. ва Раҳмонов М. дида мешавад? Агар шумо ба адвокат Ёров Б. 200$ дода бошед, ӯ ба шумо ғайр аз иштирок дар парвандаи ҷиноятӣ, навиштани ариза оиди бардоштани доғи судӣ боз 4000 сомонӣ ёрӣ додааст, ки маблағатонро баргардонида диҳанд. Пас аз 200$ — чӣ миқдор пулро барои меҳнати Ёров Б. ҷудо намудед?”

Аз сабаби он, ки умуман Одинаев Э. пуле додагӣ нест, ин саволҳо ба ӯ дода нашудаанд. Сабаби ба тариқи ройгон – бепул расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба Одинаев Э. аз тарафи ман дар он иборат буд, ки додари ӯ Иброншоҳ рафиқи хусурбачаам Набиев Зафар буд. Одинаев Эмомалӣ ҳамчун зодаи навоҳии Ғарм солҳои ҷанги гражданӣ дар хонаи падару модари оилаи ман Набиева З.З. пинҳон шуда буд – аз ин рӯ аз пули медода ва ё намедодаи ӯ ман ҳеч гоҳ бою камбағал намешудам, дар ин ҳолат агар ӯ пул медод, пас аз пули додааи худаш миннатдор мешуд, на ин ки аз Набиев Зафар. Бинобар ин, ман ӯ маблағе нагирифтам.

Дар ин лаҳза ва дигар лаҳзаҳо, тафтишот барои ба тариқи сунъӣ тайёр намудани далелҳои айбдоркунии сунъӣ оиди он дар айб ҷой медиҳад, ки “аз шиносҳояш қарз гирифта”. Одинаев Э. умуман ба ман маблағе надодааст, барои прокурори тафтишот изҳор намуданиям, ки барои адвокат вақте, ки ҳаққи хидматашро мегирад фарқ надорад, ки муштарию ваколатдиҳанда барои иҷро намудани ӯҳдадориҳояш аз куҷо, чӣ тавр қарз мегирад. Онҳо хоҳанд аз Президент Эмомалӣ Раҳмон, ё ин ки аз Абдурасулзода А. қарз гиранд? Ман намепурсам, ки ин пулҳо кай, дар кадом станоки пулдиҳӣ чоп шудааст, чӣ тавр, бо поезд ё бо самолёт ба Душанбе омадааст. Он пул чанд бор дар гардиши кӣ буд, ба ман лозим нест. Дар лаҳзаҳои Наҷотов Абдулло, Ниёзова Аслия, Ҷӯраев Қурбоналӣ, Қурбонов Дӯстмурод, Хоҷаев Беҳрӯз, Ҳафизова Бибираҳим, Ҳоҷизода Фирдавс, Одинаев Эмомалӣ, Яқубова Адиба ин ҳолати сохтакории сунъии далелҳо пурра ва баръало дида мешаванд.

Тафтишот ба Одинаев Э. савол намедиҳад, ки қариб як миллион сомонии зарари расонидааш ба Донишкадаи Андоз ва Ҳуқуқро аз куҷо пардохт кард? Оё қарзе барои пардохти ин маблағ гирифта буд, ё ин ки ӯ тӯли солҳои дароз дуздӣ карда пулҳои дуздидаашро умуман сарф намекард? Агар пулҳои дуздидаро сарф намекард, чаро ин пулҳоро медуздад? Ӯ баъди аз озодӣ баромадан дар ҳеч куҷое муддати дароз кор намекард, пас оё барои пеш бурдани рӯзгори оилааш, ки 7 фарзанд дорад, оилааш, дар ягон ҷой кор наменамояд, ниёз ба қарз надошт?

Надодани ин саволҳо пурра таъқиби сиёсӣ ва адвокатиро баръало нишон медиҳад.

Бино бар набудани таркиби ҷиноят ва набудани ҷиноят, дар ин қисм – қисмати айбнома нисбати ман қатъ карда шавад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигар

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Пароканда, Торих, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: