Амири Қатар: “Ҳамкорӣ бо Эрон як зарурати иҷтинобнопазир аст” (тасовир)

Амири Қатар дар дидор бо Муҳаммадҷавод Зариф дар Дуҳа, гуфт, машварат ва ройзанӣ ва ҳамкорӣ бо Эрон як зарурати иҷтинобнопазир аст.

Ба гузориши хабаргузории Tasnimnews, Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, ки дар Дуҳа ҳузур дорад, субҳи имрӯз бо Шайх Тамим бен Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар дидор ва дар хусуси равобити дуҷониба ва масоили минтақаӣ гуфтугӯ ва табодули назар кард.

Бар пояи ин гузориш, Зариф дар ин дидор бар сиёсати усулии давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон барои доштани беҳтарин равобит бо ҳамаи ҳамсоягони худ таъкид ва ибрози умедворӣ кард, ки равобити дуҷонибаи Эрон ва Қатар дар ҳамаи заминаҳо беш аз пеш густариш ёбад ва дастгоҳҳои расмии ду кишвар имконот ва тасҳилот барои муровидоти бештари мардум ва бахши хусусиро барои истифода аз фурсатҳои тиҷорӣ ва иқтисодии якдигар фароҳам намоянд.

Вай ҳамчунин бо таваҷҷӯҳ ба шароити ҳассоси минтақа ва осори зиёнбори бархӯрдҳо ва мунозиъоти хушунатбор таъкид кард, ки ҳеч як аз бӯҳронҳои минтақа роҳи ҳалли низомӣ надорад ва ҳамаи тарафҳо бояд ба гуфтугӯ ва роҳи ҳаллҳои мусолиматомез пойбанд бошанд.

Дар ин дидор, амири Қатар низ зимни ибрози хушнудӣ аз раванди рӯ ба тавсиъаи равобити дуҷониба байни Қатар ва Эрон, таъкид кард, ки давлат ва миллати Қатар ҳамвора хостори беҳтарин равобит бо ҳамсоягони шимолии худ будаанд.

Вай зимни истиқбол аз дидгоҳи Эрон дар хусуси масоили минтақаӣ ва зарурати ёфтани роҳи ҳаллҳои мусолиматомез барои бӯҳронҳои ҷорӣ гуфт: “Ҳамкорӣ ва машварат ва ройзании мустамир бо кишварҳои минтақа аз ҷумла Эрон, як зарурати иҷтинобнопазир аст.”

* * *

Дидори вузарои хориҷаи Эрон ва Қатар

Дар ҳамин росто, вазири хориҷаи Эрон бо ҳамтоии қатарии худ низ дидор кард.

Равобити дуҷониба бо таъкид бар ҳамкориҳои иқтисодӣ, авзоъи ҷорӣ дар кишварҳои минтақаи халиҷи Форс, аз ҷумлаи мавзӯъҳои мавриди гуфтугӯ ва табодули назар байни вазири умури хориҷаи Эрон ва Қатар буд.

Зариф аз омодагии кишвараш барои ҳамкориҳои дарозмуддат бо Қатар ва табдили ин кишвар ба унвони як шарики иқтисодӣ сухан гуфт.

Тасовире аз ин дидорҳо:

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: