Ин кор, гуноҳ аст ё “анҷоми таклифи шаръӣ”?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бештари мо, мусалмонон ба ахлоқи нописанд, ки Қуръон ва ё суннат аз онҳо манъамон карда ошно ҳастем, масалан, медонем, ки ғайбат ҳаром аст, дашном ҳаром аст, суханчинӣ ҳаром аст ва ғайра, вале намедонем, ки оё фалон кор ғайбат ва ё суханчинӣ ба шумор меравад ё на? Яъне, мо, бо ин ки медонем ғайбат ва суханчинӣ ҳаром аст, лекин аз мисдоқи ғайбат ё суханчинӣ, ки фалон амали мо оё ғайбат ё суханчинӣ маҳсуб мешавад ё на, мутталеъ нестем.

Масалан, фарз кунед, шумо як шахси хоссро фосиқу фоҷир мешуморед ва ташхисатон ин аст, ки вай дар ақида ва дин мунҳариф аст, ва албатта, ин ташхис ташхиси шумост ва шояд дар воқеъ чунин набошад. Дар ин сурат, оё шумо ҳақ доред ба дигарон дар бораи вай баду бероҳ бигӯед? Оё ин коратон ғайбати вай маҳсуб меояд ё на? Оё ин кори шумо суханчинӣ ба ҳисоб меояд ё на?

Дар нигоҳи аввал, фикр мекунед, кори шумо ғайбат нест, суханчинӣ нест ва чунин мепиндоред, ки вақте шумо дар бораи ин шахс баду бероҳ бигӯед, ба вазифа ва таклифи шаръии худ амал кардаед. Аммо оё воқеан чунин кореро метавон “анҷоми таклифи шаръӣ” донист?

Он чи шариати ислом дар бораи бархӯрд бо дигар мусалмонон тавсияамон мекунад ин аст, ки: вақте ту аз як бародари мусалмонат кореро мебинӣ, ки ба назарат хилофи шаръ аст ва гумон мекунӣ, вай бо ин кораш “кофир” ё “фосиқ” ё “фоҷир” гардидааст, саъй кун, то модоме ки бароят яқин ҳосил нашудааст, кор ва амали ӯро ба ваҷҳи беҳтар ҳамл бикунӣ. Масалан, агар дидӣ дар наздикии як мағозаи шаробфурӯшӣ истода ва машғули нӯшидани як мойеъ аст, зуд магӯ, ки ӯ шароб менӯшад. Балки бигӯ, он чи менӯшад об аст, ва буданаш дар наздикии ин мағоза, иттифоқӣ аст. Ва ё масалан, агар аз як бародари мусалмонат сухане шунидӣ, ки ба ту гуфтаанд, ки чунин сухане ширк аст ё куфр аст ё фисқ аст… зуд ба қазоват напардоз, балки бигӯ, шояд ман дар ташхис дучори иштибоҳ шудаам, шояд ҳарфи касонеро, ки ба ман гуфтаанд, ки ин кор “куфр” аст, дуруст нафаҳмидаам.

Бад нест инҷо сухани соҳиби китоби “Ал-баҳрур‒роиқ” (ҷ.1, с.207)-ро, ки дар ҳамин мавзӯъ аст биёварам. Ӯ менависад:

في الْخُلَاصَةِ أَنَّ الْمَسْأَلَةَ إذَا كان فيها وُجُوهٌ تُوجِبُ التَّكْفِيرَ وَوَجْهٌ وَاحِدٌ يَمْنَعُ فَعَلَى الْمُفْتِي أَنْ يَمِيلَ إلَى ذلك الْوَجْهِ

Дар китоби “Хулоса” омадааст: ҳар гоҳ дар масъала эҳтимолоти мухталиф бошад ба ин сурат, ки чанд то эҳтимол сабаби такфир ва фақат як эҳтимол монеъи такфир бошад, дар инчунин маврид, муфтӣ бояд ҷониби эҳтимолеро бигирад, ки монеъи такфир аст…” Яъне  ӯ бояд ба мусалмон ҳусни занн дошта бошад.

Бинобар ин, мусалмон бояд аз довариҳо ва қазоватҳои бархоста аз занну гумон бипарҳезад. Зеро агар гумони ӯ хато ва иштибоҳ бошад, муртакиби ғайбат ва суханчинӣ шудааст, ки бадтарини гуноҳон дар ислом маҳсуб мешаванд. Дар ривоят аст, ки Расули Худо (с) хитоб ба асҳоб фармуданд:

— Оё шуморо аз бадтаринатон огоҳ созам?

Арз карданд:

— Бале, бифармоед!

Ҳазрат (с) фармуданд:

— Бадтарини шумо касоне ҳастанд, ки дар байни мардум суханчинӣ мекунанд ва миёни дӯстон ҷудоӣ меандозанд ва ҳамвора қасд доранд, ки барои одамҳои пок айб битарошанд.

Ҷойе ин ҳикоятро хонда будам (ҳоло ёдам нест куҷо буд), ки дар қадим шахсе ғуломеро фурӯхт ва ба харидор гуфт:

— Ин ғулом як айб дорад ва айбаш суханчинӣ аст.

Харидор ба ин муомила розӣ шуд ва ғуломро харид. Ғулом, пас аз он ки муддате дар хонаи он шахс монд, рӯзе ба зани соҳибаш гуфт:

— Бидон, ки шавҳарат ба ту алоқае надорад ва хиёли дубора хонадор шуданро дорад.

Зан аз шунидани ин сухан бисёр нороҳат шуд. Ғулом гуфт:

— Нороҳат набош, каме аз мӯи зери гулӯи шавҳаратро биёр, то ман дуое бихонам, ки қалбаш ба ту майл пайдо кунад.

Аз тарафи дигар, ба шавҳари он зан гуфт:

— Зани ту бо як кас рафту омад дорад ва дар фикри куштани ту афтодааст. Агар бовар намекунӣ, имшаб худро ба хоб бизан, то ҳақиқати сухани ман бар ту равшан шавад.

Он шаб мард худро ба хоб зад ва нисфи шаб дид, зан теғ дар даст гирифта ба тарафи ӯ меояд. Хиёл кард, ки зан барои куштани ӯ меояд. Пас зуд аз ҷо бархосту зани худро кушт. Наздикони зан аз ҳодиса бохабар шуданд ва бо шавҳар ба ҷангу ҷидол даст заданд, то он ҷо ки байни қабилаи зану шавҳар задухӯрд шуд ва бисёреҳо кушта шуданд.

* * *

Расули Худо (с) фармудаанд: “Ҳар кас дар суханчинӣ байни мардум қадам бадорад, Худованд дар қабраш оташеро бар ӯ иҳота мекунад, ки ӯро бисӯзонад.”

Реклама


Рубрики:Ахлоқи писандида, Барномаи зиндагӣ, Достон ва ҳикоёт, Ислом, Ислоҳи динӣ, Омӯзаҳои набавӣ, Фиқҳи исломӣ

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: