Ислом ва Эронзамин (78)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (41)

Ирфон ва тасаввуф

Яке аз улуме, ки дар домани фарҳанги исломӣ зода шуд ва рушд ёфт ва такомул пайдо кард, илми ирфон аст. Дар бораи ирфон аз ду ҷанба метавон баҳсу таҳқиқ кард: яке аз ҷанбаи иҷтимоӣ, ва дигар аз ҷанбаи фарҳангӣ.

Урафо бо соири табақоти фарҳанги исломӣ — аз қабили муфассирон, муҳаддисон, фуқаҳо, мутакаллимон, фалосифа, удабо, шуаро… — як тафовути муҳим доранд. Ва он ин ки: илова бар ин ки як табақаи фарҳангӣ ҳастанд ва илме ба номи ирфон ба вуҷуд оварданд ва донишмандони бузурге дар миёни онҳо зуҳур карданд ва китобҳои муҳимме таълиф карданд, як фирқаи иҷтимоӣ дар ҷаҳони ислом ба вуҷуд оварданд бо мухтассоти махсус ба худ, бар хилофи соири табақоти фарҳангӣ аз қабили фуқаҳо ва ҳукамо ва ғайруҳум, ки сирфан табақаи фарҳангӣ ҳастанд ва як фирқаи муҷаззо аз дигарон ба шумор намераванд. Аҳли ирфон ҳар гоҳ бо унвони фарҳангӣ ёд шаванд, бо унвони “урафо” ва ҳар гоҳ бо унвони иҷтимоияшон ёд шаванд, ғолибан бо унвони “мутасаввифа” ёд мешаванд.

Урафо ва мутасаввифа ҳарчанд як иншиоби мазҳабӣ дар ислом талаққӣ намешаванд ва худ низ муддаии чунин иншиобе нестанд ва дар ҳамаи фирқаҳо ва мазоҳиби исломӣ ҳузур доранд, дар айни ҳол як гурӯҳи вобаста ва ба ҳам пайвастаи иҷтимоӣ ҳастанд. Як силсила афкор ва андешаҳо ва ҳатто одоби махсус дар муоширатҳо ва либос пӯшиданҳо ва аҳёнан ороиши сару сурат ва сукунат дар хонақоҳҳо ва ғайра, ба онҳо ба унвони як фирқаи махсуси мазҳабӣ ва иҷтимоӣ ранги махсус дода ва медиҳад. Ва албатта ҳамвора урафое буда ва ҳастанд, ки ҳеч имтиёзи зоҳирӣ бо дигарон надоранд ва дар айни ҳол амиқан аҳли сайру сулуки ирфонӣ мебошанд ва дар ҳақиқат урафои ҳақиқӣ ин табақаанд, на гурӯҳҳое, ки садҳо одоб аз худ ихтироъ карда ва бидъатҳо эҷод кардаанд.

Мо дар ин баҳсҳои торихӣ ба ҷанбаи иҷтимоӣ ва фирқаӣ ва дар ҳақиқат ба ҷанбаи “тасаввуф”-и ирфон коре надорем; фақат аз ҷанбаи фарҳангӣ, он ҳам аз назари тасалсули торихии ин шохаи фарҳангӣ вориди баҳс мешавем. Яъне ба ирфон ба унвони як илм ва як шоха аз шохаҳои фарҳанги исломӣ, ки дар тӯли торихи ислом ҷараёне муттасил ва бидуни вақфа будааст назар дорем, на ба унвони як равиш ва тариқа, ки фирқае иҷтимоӣ пайрави он ҳастанд.

Ирфон ба унвони як дастгоҳи илмӣ ва фарҳангӣ дорои ду бахш аст: бахши амалӣ ва бахши назарӣ.

Бахши амалӣ иборат аст аз он қисмат, ки равобит ва вазоифи инсонро бо худаш ва бо ҷаҳон ва бо Худо баён мекунад ва тавзеҳ медиҳад. Ирфон дар ин бахш монанди ахлоқ аст, яъне як “илм”-и амалӣ аст бо тафовуте, ки баъдан ишора хоҳем кард. Ин бахш аз ирфон илми “сайру сулук” номида мешавад. Дар ин бахш аз ирфон тавзеҳ дода мешавад, ки “солик” барои ин ки ба қуллаи манеъи инсоният яъне “тавҳид” бирасад, аз куҷо бояд оғоз кунад ва чӣ манозил ва мароҳилеро бояд ба тартиб тай кунад ва дар манозили байни роҳ чӣ аҳволе барои ӯ рух медиҳад ва чӣ воридоте бар ӯ ворид мешавад. Ва албатта ҳамаи ин манозил ва мароҳил бояд бо ишроф ва муроқибати як инсони комил ва пухта, ки қаблан ин роҳро тай карда ва аз “расму роҳи манзилҳо” огоҳ аст сурат гирад. Ва агар ҳиммати инсони комиле бадрақаи роҳ набошад, хатари гумроҳӣ аст. Урафо аз инсони комиле, ки заруратан бояд ҳамроҳи “навсафарон” бошад, гоҳе ба “тоири қудс” ва гоҳе ба “Хизр” таъбир мекунанд:

Ҳимматам бадрақаи роҳ кун эй “тоири қудс”!

Ки дароз аст раҳи мақсаду ман “навсафарам”.

* * *

Тарки ин марҳила бе ҳамраҳии “Хизр” макун,

Зулумот аст битарс аз хатари гумроҳӣ.

Албатта тавҳиде, ки аз назари ориф қуллаи манеъи инсоният ба шумор меравад ва охирин мақсади сайру сулуки ориф аст, бо тавҳиди мардуми оммӣ ва ҳатто бо тавҳиди файласуф (яъне ин ки воҷибулвуҷуд якест на бештар), аз замин то осмон мутафовит аст.

Тавҳиди ориф яъне мавҷуди ҳақиқӣ мунҳасир ба Худост, ҷуз Худо ҳар чӣ ҳаст “намуд” аст на “буд”. Тавҳиди ориф яъне “ҷуз Худо ҳеч нест” . Тавҳиди ориф яъне тайи тариқ кардан ва расидан ба марҳилаи ҷуз Худо ҳеч надидан.

Ин марҳила аз тавҳидро мухолифони урафо таъйид намекунанд ва аҳёнан онро куфру илҳод мехонанд, вале урафо мӯътақиданд, ки тавҳиди ҳақиқӣ ҳамин аст ва соири маротиби тавҳид холӣ аз ширк нест. Аз назари урафо, расидан ба ин марҳила кори ақлу андеша нест, кори дил ва муҷоҳида ва сайру сулук ва тасфия ва таҳзиби нафс аст.

Ба ҳар ҳол, ин бахш аз ирфон, бахши амалии ирфон аст. Аз ин назар, монанди илми ахлоқ аст, ки дар бораи “чӣ бояд”-ҳо баҳс мекунад, бо ин тафовут, ки:

Аввалан, ирфон дар бораи равобити инсон бо худаш ва бо ҷаҳон ва бо Худо баҳс мекунад ва умдаи назараш дар бораи равобити инсон бо Худост, ва ҳол он ки ҳамаи системҳои ахлоқӣ зарурате намебинанд, ки дар бораи равобити инсон бо Худо баҳс кунанд, фақат системҳои ахлоқии мазҳабӣ ин ҷиҳатро мавриди иноят ва таваҷҷӯҳ қарор медиҳанд.

Сониян, сайру сулуки ирфонӣ — ҳамчунон ки аз мафҳуми ин ду калима пайдост — пӯё ва мутаҳаррик аст, бар хилофи ахлоқ, ки сокин аст. Яъне дар ирфон сухан аз нуқтаи оғоз аст ва аз мақсаде ва аз манозил ва мароҳиле, ки ба тартиб солик бояд тай кунад, то ба сарманзили ниҳоӣ бирасад. Аз назари ориф, воқеан ва бидуни ҳеч шоибаи маҷоз, барои инсон “сирот” вуҷуд дорад ва он сиротро бояд бипаймояд ва марҳила ба марҳила ва манзил ба манзил тай намояд, ва расидан ба манзили баъдӣ бидуни гузар кардан аз манзили қаблӣ номумкин аст.

Аз ин рӯ, аз назари ориф, руҳи башар монанди як гиёҳ ва ё як кӯдак аст ва камолаш дар нумув ва рушдест, ки тибқи низоми махсус бояд сурат гирад, вале дар ахлоқ сирфан сухан аз як силсила фазоил аст аз қабили ростӣ, дурустӣ, адолат, иффат, эҳсон, инсоф, исор ва ғайра, ки руҳ бояд ба онҳо музайян ва ороста гардад. Аз назари ахлоқ, руҳи инсон монанди хонаест, ки бояд бо як силсила зеварҳо ва зинатҳо ва наққошиҳо музайян гардад бидуни ин ки тартибе дар кор бошад, ки аз куҷо оғоз шавад ва ба куҷо интиҳо ёбад, масалан аз сақф шурӯъ шавад ё аз деворҳо ва аз кадом девор, аз болои девор ё аз поин. Дар ирфон баръакс, аносури ахлоқӣ матраҳ мешавад, аммо ба истилоҳ ба сурати диалектикӣ, яъне мутаҳаррик ва пӯё.

Солисан, аносури руҳии ахлоқӣ маҳдуд аст ба маъонӣ ва мафоҳиме, ки ғолибан онҳоро мешиносанд, аммо аносури руҳии ирфонӣ басе васеътар ва густардатар аст. Дар сайру сулуки ирфонӣ аз як силсила аҳволу воридоти қалбӣ сухан меравад, ки мунҳасиран ба як “солики роҳ” дар хилоли муҷоҳидот ва тайи тариқҳо даст медиҳад ва мардуми дигар аз ин аҳвол ва воридот бехабаранд.

Бахши дигари ирфон (яъне ирфони назарӣ) марбут аст ба тафсири ҳастӣ, яъне тафсири Худо ва ҷаҳон ва инсон. Ирфон дар ин бахш монанди фалсафа аст ва мехоҳад ҳастиро тафсир намояд, бар хилофи бахши аввал, ки монанди ахлоқ аст ва мехоҳад инсонро тағйир диҳад. Ҳамчунон ки дар бахши аввал бо ахлоқ тафовутҳое дошт, дар ин бахш бо фалсафа тафовутҳое дорад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ирфони амалӣ, Ирфони назарӣ, Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: