Фалсафа ва равиши реализм (123)

Иллат ва маълул (5)

Оё қонуни иллият қонунест ҳақиқӣ? (4)

Эҳтиёҷ ба иллат (3)

4) Назарияи фақри вуҷудӣ:

Тақрири комили ин назария мавқуф бар ин аст, ки роҷеъ ба имкон ва вуҷуби “ҳақиқати вуҷуд” беш аз он андоза, ки дар мақолаи 8 ва ин мақола баҳс кардаем, нукотеро ёдоварӣ кунем. Ва мо ин матлабро барои мақолаи 14 гузоштаем ва шак надорем, ки ин масъала, ки ҷанбаи фалсафии холис дорад, аз пурумқтарин қисматҳоест, ки то кунун башар дар онҳо ғавр кардааст, вале барои ин ки хонандаи мӯҳтарамро филҷумла ошно созем, то он андоза, ки мутаносиб бо ин мақола аст, тавзеҳ медиҳем.

Аз се назарияе, ки то кунун баён кардем, назарияи ҳиссӣ аз лиҳози нишон додани маноти эҳтиёҷ ба иллат, ҳовии матлабе набуд; зеро ин назария ҳаддиаксари истидлолаш ин буд, ки чун то кунун он чӣ мо дида ва шуҳуд кардаем ин буда, ки мураттабан як силсила қазияҳо пушти сари як силсила қазияҳои дигар пайдо мешаванд ва ҳар гоҳ ин даста қазияҳо пайдо шуд он даста қазияҳо пайдо мешавад ва ҳар гоҳ ин даста аз байн рафт, он даста аз байн меравад, пас мефаҳмем, ки ҳамвора як идда қазияҳо иллати як идда қазияҳои дигар ҳастанд ва сипас як таъмими куллӣ медиҳем ва надидаҳоро бар дидаҳо қиёс мегирем ва мегӯем: “Ҳар мавҷуде мӯҳтоҷ ба иллат аст ва вуҷуди мавҷуде, ки муттакӣ ба иллат набошад маҳол аст”.

Заъфи ин истидлол аз ин роҳ аст, ки аввалан, мо агар сирфан ба миқдори шуҳуд ва эҳсоси худ қаноат кунем, фақат бояд бигӯем, ки: “Баъзе аз қазияҳо мутаъоқиб ё муқорини баъзе қазияҳои дигар пайдо мешаванд” ва наметавонем бигӯем: “Баъзе иллати баъзеи дигар ҳастанд”. Зеро мо иллиятро бо эҳсос наметавонем дарк кунем. Ва сониян, он чӣ мо ба ҳукми эҳсос ва таҷриба ва қонуне, ки аз ин таҷриба натиҷа мешавад метавонем натиҷа бигирем ин аст, ки: “Тамоми мавҷудоте, ки мушобеҳ бо мавҷудоти таҷрибии мо ҳастанд, мӯҳтоҷ ба иллате мушобеҳ бо иллатҳои таҷрибашуда ҳастанд, вале мавҷудоте, ки таҳти таҷрибаи мо дарнаёмадаанд ва машҳуди мо нестанд ва мушобеҳ бо машҳудоти мо низ нестанд ва асосан мо аз вуҷуд ва адами онҳо иттилое надорем, хориҷ аз ҳавзаи нафю исботи мост”. Музҳик ин аст, ки муддаӣ шавем, “вуҷуди қоим ба зот ва ғайримуттакӣ ба иллат, истисно дар қонуни иллият аст”! Истисно вақте аст, ки мо маноти иллият ва маълулият ва эҳтиёҷ ба иллатро бидонем ва он гоҳ мавҷудеро, ки он манот дар вай ҳаст, било иллат фарз кунем, ва ҳол он ки ин худ аввали матлаб аст. Пас бо истинод ба “имтиноъи истисно дар қонуни иллият”, наметавонем муддаӣ шавем, ки ҳар мавҷуде мӯҳтоҷ ба иллат аст.

Боқӣ мемонад назарияи дуввум ва севвум. Ҳақ ин аст, ки эроди ҳукамо бар назарияи мутакаллимин ворид аст ва “ҳудус”-ро наметавон маноти эҳтиёҷ ба иллат донист, вале назарияи ҳукамо низ, ки моҳият ва имкони моҳиятро маноти эҳтиёҷ ба иллат донистаанд, қобили қабул нест. Қоидаи куллии “имтиноъи тараҷҷуҳи било мураҷҷиҳ” саҳеҳ аст ва қобили ҳеч гуна муноқишае нест, вале мавзӯи тасовии нисбати моҳият бо вуҷуд ва адамро мисдоқи ин куллӣ ва суғрои ин кубро қарор додан, холӣ аз ишкол нест. Ин тарзи истидлол, ки аз қадимтарини замонҳо то асри ҳозир мавриди қабули ҳукамо буда фақат рӯйи назарияи “асолати моҳият” саҳеҳ аст, ки моҳиятро қобили мавҷудият ва маъдумият ва маълулияти воқеӣ медонад ва ҳар як аз мафҳуми “вуҷуд” ва “адам”-ро мафҳуме эътиборӣ медонад, ки аз ду ҳолати мухталифи моҳият интизоъ мешавад.

Ва аммо бино бар “асолати вуҷуд”, дар таҳаққуқ ва дар маълулият, моҳият аз ҳарими иртибот бо иллат барканор аст. На вуҷуди иллат тараҷҷуҳе ба моҳият медиҳад ва на адами иллат. Моҳият ҳамвора ба ҳоли тасовии худ боқӣ аст.

Оре, ҳангоме, ки зеҳн мулзам аст ҳукм кунад, ки “фалон моҳият (масалан моҳияти инсон) мавҷуд аст”, ин тасовӣ маҷозан аз байн рафтааст, на ҳақиқатан. Ва ҳарчанд баҳамхӯрдагии ин тасовии маҷозӣ, аз ҳақиқате ношӣ мешавад, вале он ҳақиқат вуҷуд ва воқеияти худи моҳият аст, на вуҷуди иллати хориҷӣ. Ва моҳият дар эҳтиёҷ ба иллат ва адами эҳтиёҷ ба иллат, тобеъи ҳамон вуҷуд ва воқеият аст ва аз худ асолате надорад. Яъне агар он вуҷуд мӯҳтоҷ ва маълул буд, моҳият низ табиатан ва маҷозан мӯҳтоҷ ва маълул аст, ва агар он вуҷуд ғайримӯҳтоҷ ва ғайримаълул буд, моҳият низ табиатан ғайримӯҳтоҷ ва ғайримаълул аст.

Мо дар муқаддимаи мақолаи 8 гуфтем, ки бино бар асолати вуҷуд маънои “имкони моҳият” чизе ғайр аз он чиз хоҳад буд, ки қаблан қоилон ба асолати моҳият ё ғофилон аз асолати вуҷуд ва асолати моҳият медонистанд (муроҷиа шавад).

Бинобар ин, мо наметавонем аз роҳи моҳият, бо истинод ба қоидаи “имтиноъи тараҷҷуҳи било мураҷҷиҳ”, эҳтиёҷ ба иллатро исбот кунем. Бино бар асолати вуҷуд, дар таҳаққуқ ва дар маълулият, сурати ин масъала ба куллӣ иваз мешавад ва сурати дигаре пайдо мешавад.

Ҳукамо ва мутакаллимин то кунун аз “иллати эҳтиёҷ ба иллат” баҳс мекарданд ва ҳар дастае маълулро чизе ва эҳтиёҷи маълулро чизи дигар ва иллати эҳтиёҷро чизи севвуме фарз мекарданд. Ҳоло бибинем, воқеан ҳамин тавр аст ё на?

Мо қаблан дар мақолаи 8 таҳлиле ба амал овардем ва бурҳон иқома кардем, ки агар робитаи иллӣ ва маълулӣ дар ҷаҳон вуҷуд дошта бошад (ва албатта вуҷуд дорад), наметавони зоти маълулро чизе ва он чиро, ки маълул аз ноҳияи иллат дарёфт мекунад, чизи дигаре ва таъсири иллатро дар маълул чизи севвуме фарз кунем. Дар онҷо собит кардем, ки дар маълулот, “вуҷуд” ва “мавҷуд” ва “эҷод” яке аст. Яъне ҳувияти маълул айни ҳувияти вуҷуд ва айни ҳувияти эҷод аст. Аз он чӣ дар онҷо баён кардем, маълум шуд, ки робита ва вобастагии маълул бо иллат ва эҳтиёҷи маълул ба иллат айни ҳувияти маълул аст. Яъне ҳувияти воҳид аст, ки ба вай “вуҷуд” ва “мавҷуд” ва “эҷод”, ва ҳамчунин “робита” ва “муртабит”, ва “нисбат” ва “мунтасаб”, ва “вобаста” ва “вобастагӣ”, ва “мӯҳтоҷ” ва “эҳтиёҷ” бо эътибороти мухталиф гуфта мешавад. Ва асосан ин такассур, сохтаи тарзи андешасозии зеҳн аст, вагарна дар хориҷ касрате аз ин лиҳоз нест ва маҳол аст, ки чунин касрате айнӣ бошад.

Мутобиқи ин баён, агар дар ҷаҳон иллату маълуле вуҷуд дошта бошад, чунин нест, ки воқеияти маълул чизе ва эҳтиёҷи маълул ба иллат чизи дигаре ва маноти эҳтиёҷ ба иллат чизи севвуме буда бошад, то навбати ин суол бирасад, ки иллат ва маноти эҳтиёҷи фалон шайъ ба иллат чист? Ин суол дуруст монанди ин аст, ки бигӯем, иллати эҳтиёҷ ба иллати он чизе, ки ҳувияташ айни эҳтиёҷ ба иллат аст, чист? Айнан мисли ин аст, ки бипурсем, “иллати ин ки адади 4, адади 4 аст чист?”, ё “иллати ин ки хатт хатт аст чист?”… Оре, метавонем вазъи суолро тағйир бидиҳем ва аз маълули воқеӣ, ки худи вуҷуд аст сарфи назар кунем ва тибқи одати зеҳни худ, моҳиятро, ки маълули билмаҷоз аст мавриди пурсиш қарор диҳем ва аз худ бипурсем: “Маноти эҳтиёҷи моҳият ба иллат чист?”. Дар ҷавоби ин суол метавон гуфт, ки иллати эҳтиёҷи моҳият (албатта эҳтиёҷи маҷозӣ) ҳамоно “фақри вуҷудӣ” аст ва яъне иллати ин ки моҳият дар мавҷудият ва маъдумияти маҷозии худ тобеъи иллати хориҷист ин аст, ки наҳваи вуҷуди моҳият, наҳваи вуҷуди эҷодӣ ва таъаллуқӣ ва иртиботӣ аст. Ин суол дар мавриди моҳият аз он ҷиҳат саҳеҳ аст, ки мо бо як мусомиҳаи зеҳнӣ “мӯҳтоҷ”-ро ғайр аз “эҳтиёҷ” ва ғайр аз “иллати эҳтиёҷ” фарз кардаем, вале ин суол дар мавриди “вуҷуд” саҳеҳ нест, зеро ин тафкик, дар вуҷуд муяссар нест.

Агар мо маълулро бо ин васф шинохтем, ки ҳувияташ айни эҷод ва айни эҳтиёҷ ва айни вобастагист, ду натиҷаи муҳим мегирем: яке ин ки бидуни он ки эҳтиёҷе ба бурҳонҳои “имтиноъи тасалсули иллатҳо” дошта бошем, вуҷуди иллати биззот ва воҷибулвуҷудро — яъне ҳувияте, ки воқеияташ ҳувияти таъаллуқӣ ва иртиботӣ ва эҷодӣ нест, балки ҳувияташ айни ғино ва истиқлол ва қиёми биззот аст — исбот мекунем ва фарзияи ҳиссии моддӣ мабнӣ бар ин ки “ҳар мавҷуде маълул аст” бо возеҳтарин баёне ботил шинохта мешавад. Тафсили ин матлабро дар мақолаи 14 хоҳем дид. Дигар ин ки рӯи ҳар як аз се назарияи боло ҳаддиаксари пайвастагӣ ва иртиботе, ки миёни мавҷудот метавонем таъаққул кунем ин буд, ки мавҷудот ҳама ба манзилаи ҳалқаҳои як занҷир ва олот ва абзори як корхона аст, ки ба якдигар пайваста ва муртабит аст. Вале мутобиқи ин назария, пайвастагӣ ва иртибот айни ҳувияти мавҷудот аст ва ҷаҳонро мо бояд ба манзилаи як хатти муттасил ва ё ба манзилаи як ҳақиқати маввоҷ таъаққул кунем ва танҳо ихтилофе, ки байни аҷзоъи он фарз мешавад, ихтилофоти шиддату заъфӣ ва камолу нақсӣ аст. Ин матлабро низ дар маҳалли дигаре тавзеҳи кофӣ хоҳем дод.

Назарияи фақри вуҷудӣ, ки дар муқобили се назарияи гузашта аст, натиҷаи қатъии усули “Ҳикмати мутаолия” аст ва бештар аз ҳар чиз бо асолати вуҷуд ва ташаккуки вуҷуд робита дорад. Рӯи назарияи асолати вуҷуд дар таҳаққуқ ва дар маҷъулият, аз назарияи моҳувӣ, ки мавриди қабули қотибаи ҳукамои пешин буда барои ҳамеша бояд даст кашид, вале чизе, ки мӯҷиби тааҷҷуб мешавад ин аст, ки пайравони Ҳикмати мутаолия ва ҳукамои асолати вуҷудӣ низ дар изҳорот ва истидлолоти худ ба ҳамон назарияи моҳувӣ эътимод кардаанд ва онро мақбул ва мусаллам гирифтаанд ва то кунун дида нашуда, ки хадшае бар он ворид карда бошанд. Шояд иллати ин эътимод ин аст, ки натиҷаи ин истидлол бо назарияи фақри вуҷудӣ якест ва ҳамон тавре, ки тибқи назарияи моҳувӣ, ҳудуси мавҷудот далел бар имкони моҳувӣ ва кошиф аз адами вуҷуби зотии онҳост, тибқи ин назария низ ҳудуси мавҷудот далели эҳтиёҷи вуҷудӣ ва вобастагии онҳо ба шароит ва муқаддимоти хоссе аст. Ва инчунин ҳамон тавре, ки тибқи назарияи моҳувӣ қидами замонӣ бо маълулият мунофӣ нест, тибқи ин назария низ мунофӣ нест. Мутобиқи назарияи моҳувӣ, моҳият доштан нишонаи тасовии нисбати зоти шайъ бо вуҷуд ва адам (имкон) аст ва ин тасовӣ далел бар эҳтиёҷ ба иллат ва мураҷҷиҳ аст. Дар ин назария низ (ба баёне, ки дар мақолаи 14 хоҳад омад), моҳият доштан далел бар фақри вуҷудӣ аст. Пас натиҷаи муҳосиба тибқи ин ду назария якест ва ҳарчанд усули назарияи моҳувӣ ғалат аст, вале чун билмаъол ҳамон натиҷаро медиҳад, ки назарияи фақри вуҷудӣ медиҳад ва аз тарафе муҳосибааш осонтар аст, монеъе надорад, ки дар қисматҳои муқаддимотӣ онро ба кор бибарем; дуруст мисли ин ки мо медонем усул ва мабонии аввалии ҳайъати Батламюс (Ptolemaios) ғалат аст ва усули ҳайъати Коперник (Copernic) саҳеҳ аст, вале ҳеч монеъе надорад, ки барои андозагирии бархе ҳаракоти аҷроми осмонӣ ва пешбинии хусуфу кусуф ва баъзе чизҳои дигар, бо усули батламюсӣ муҳосиба кунем ба ҷиҳати он ки натиҷаи муҳосиба дар бисёре аз маворид якест ва басо ҳаст, ки дар бархе маворид рӯи усули ғалати батламюсӣ муҳосиба осонтар бошад.

Албатта инҷониб шахсан воқиф аст, ки он чӣ дар мақоми баёни робитаи иллату маълул ва маноти эҳтиёҷи маълул ба иллат рӯи усули Ҳикмати мутаолия баён кардем ва гуфтем “маълул айни эҳтиёҷ аст”, аз матолибе нест, ки барои ҳама кас қобили ҳазм бошад ва басо ҳаст, ки барои касоне, ки тамрини зиёде дар ақлиёти фалсафӣ надоранд ва махсусан касоне, ки тарзи тафаккури ҳиссӣ доранд, ин гуфтаҳо сирфан “лаффозӣ” ҷилва кунад ва мо низ интизор надорем, ки бо ин баёни мухтасар он ҳақиқати олиро, ки ҷузъи шоҳкорҳои эъҷозомези фикри башар аст бифаҳмонем, вале хонандаи мӯҳтарам бояд бидонад, ки ин назария ҷузъи он даста назариёти фалсафист, ки барои касе, ки дуруст ба усул ва мабодӣ ошно бошад, аз як масъалаи риёзӣ яқинитар аст. Зимнан барои касоне, ки филҷумла мақсудро ёфтанд ва ба роҳи ақлонии ин мақсуд, ки аз баррасии анбӯҳи андешаҳои ғалатандози зеҳн ба даст омад низ воқиф шуданд, ҷумлаеро, ки мукаррар дар ду мақолаи пеш гуфтаем такрор мекунем: “То зеҳнро нашиносем, наметавонем фалсафа дошта бошем”.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: