Шарҳи Маснавӣ (217)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (43)

* * *

Тафсири “Мошоаллоҳу кона” (4)

* * *

Бӯ қаловуз асту раҳбар мар туро,

Мебарад то хулду кавсар мар туро.

Бӯ ҳукми далелу роҳбари туст. Ва агар бӯро истишмом кунӣ, ҳатман туро ба сӯи биҳишту кавсар мебарад. (Пас, ин суханон низ ба сони бӯест аз гулзори ақли кулл.)

Қаловуз: пешоҳанг. Хулд: давом, бақо.

Нукта: Дар бораи калимаи “кавсар” тафсирҳои бисёр навиштаанд. Ин лафз аз решаи “касрат” бар вазни “фавъал” аст ва маънии он “хайри касир” аст. (Тафсири Маҷмаъул-баён, ҷ.10, с.548)

Бӯ давои чашм бошад нурсоз,

Шуд зи бӯйе дидаи Яъқуб боз.

Бӯ давоест, ки чашмро нуру равшанӣ медиҳад, чунонки чашми ҳазрати Яъқуб (а) аз бӯ гушуда ва бино шуд.

Нукта: Дар ояти 96 сураи Юсуф омадааст:

فَلَمَّا أَن جَاء الْبَشِيرُ أَلْقَاهُ عَلَى وَجْهِهِ فَارْتَدَّ بَصِيرًا

Пас аз он ки башоратдиҳанда муждаи Юсуф (а)-ро овард ва пироҳани ӯро ба рухсорааш афканд, бино шуд…”

Бӯйи бад мар дидаро торӣ кунад,

Бӯйи Юсуф дидаро ёрӣ кунад.

Бӯи табоҳ мусалламан чашмро тор кунад ва бӯи Юсуф (а) ба биноии чашм кӯмак мерасонад.

Ту ки Юсуф нестӣ, Яъқуб бош,

Ҳамчу ӯ бо гиряву ошӯб бош.

Ту, ки Юсуф (а) нестӣ, пас Яъқуб (а) бош ва монанди ҳазрати Яъқуб (а) ҳамеша гирёну зорон бош.

Нукта: Яъне, то вақте ки ба мақоми муродӣ нарасидаӣ, ҳамчунон бояд муриду толиб бошӣ. Устод Фурӯзонфар гӯяд: “Юсуф мисоле аз валийи комил ва пир аст, ки симати маъшуқият ва маҳбубият дорад, Яъқуб (а) намудори толибу солик аст, ки бояд бар пир ишқ варзад. Толиб то дар қайди талаб аст, ва солик то роҳро тай накарда, набояд фирефта ва мағрур гардад ва ба мухтасар кашфу ҷидду ҳолате, ки аз файзи пир бад-ӯ мерасад, даъвии камол кунад.” (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.2, с.750)

Бишнав ин панд аз Ҳакими Ғазнавӣ,

То биёбӣ дар тани кӯҳна навӣ:

Аз ҳазрати Ҳаким Саноии Ғазнавӣ ин пандро бишнав ва тибқи он кор кун, то дар тани кӯҳнаат тозагӣ биёбӣ ва қалби пажмурдаатро бо ин суханони ҳаётбахш зинда ва тоза нигаҳ дорӣ. (Он чи Ҳаким Саноӣ фармуда, ду байти зайл аст, албатта мазмуни он.)

Нозро рӯйе бибояд ҳамчу вард,

Чун надорӣ, гирди бадхӯӣ магард.

Барои ноз кардан бояд рухсорае зебо ва латиф ҳамчун гул дошт. Агар рухсораи зебое чун гул надорӣ, беҳуда ноз макун.

Зишт бошад рӯйи нозебову ноз,

Сахт бошад чашми нобинову дард.

Зеро рухсоре, ки зебо набошад, нозаш ҳам зишт аст. Ва нобиноӣ ва дард хеле душвор аст. (Ин буд панди Ҳаким Саноӣ)

Пеши Юсуф нозишу хубӣ макун,

Ҷуз ниёзу оҳи яъқубӣ, макун.

Дар баробари Юсуф изҳори нозу зебоӣ макун, балки фақат бояд изҳори ниёз кунӣ ва яъқубвор оҳ баркашӣ.

Нукта: Дар ҳузури аҳли камолу асҳоби ҷалол, ки Юсуфони кӯйи ҳақиқату маърифат ҳастанд, камолоти худро арза макун, балки яъқубвор назди онон изҳори талабу ниёз кун, то ба висоли онҳо бирасӣ. (Шарҳи ҷомеаи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.590)

Маънии мурдан зи тӯтӣ буд ниёз,

Дар ниёзу фақр худро мурда соз.

Маънои мурдани тӯтӣ эҳсоси фақру ниёз буд, пас, ту ҳам дар айни ниёзу фақр худро мурда гардон. Яъне ба мартибаи фақри орифона бирас ва манзили худбиниро тарк кун.

Нукта: “Фақр” дар инҷо ба маънои ниёзмандии молӣ нест, шарҳаш дар оянда ба тафсил хоҳад омад.

То дами Исо туро зинда кунад,

Ҳамчу хешат хубу фархунда кунад.

Агар ба чунин марге бирасӣ, дами масеҳӣ туро зинда мегардонад, ва он дами исавӣ туро монанди худаш хубу фархунда месозад. (Агар мепиндорӣ, ки бидуни тайи марҳилаи фақру хоксорӣ дами асҳоби маърифат туро зинда мегардонад, посухи ин пиндори беҳударо инчунин бишнав:)

Аз баҳорон кай шавад сарсабз санг?

Хок шав, то гул намоӣ ранг-ранг.

Бо фаро расидани баҳор кай сангҳо сарсабз мешаванд? Пас, хок шав, то ҳамчун гулҳои рангоранг рӯйиш намоӣ ва сар аз хоки табиати ғаризӣ берун орӣ.

Солҳо ту санг будӣ, дилхарош,

Озмунро як замоне хок бош.

Ту солҳо санги сифту сахте будӣ, ки дилро меозурдӣ, инак муддате ҳам хок шав ва хоссияти ин хоксориро имтиҳон кун ва бибин, ки бар асари хок шудан ва мутавозеъ гаштан, чӣ маърифате дар дилат намоён мешавад.

Нукта: Дар чаҳор байти фавқ, аз марги ихтиёрӣ, ки хоссси инсонҳои вораста аст, сухан рафтааст. Ва ин мурдан иборат аст аз: гузар аз нафс ва худбинӣ ва рӯй гардондан аз лазоизи ҷисмонӣ ва муштаҳаёти нафсонӣ, ки инро дар истилоҳи ирфонӣ, “мавти аҳмар” (марги сурх) гӯянд. Марги ихтиёрӣ фақат хосси инсон аст, чунонки Шабистарӣ гӯяд:

Ҷаҳонро нест марги ихтиёрӣ,

Ки онро аз ҳама олам ту дорӣ.

(Шарҳи ҷомеаи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.590)

Поёни қиссаи бозаргон ва тӯтӣ.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: