Шикасти сангини ДОЪИШ аз Толибон дар маркази Афғонистон

Мақомоти маҳаллии вилояти Ғур дар Афғонистон, аз шикасти ДОЪИШ аз Толибон дар ин вилоят ва хуруҷи аъзои ин гурӯҳи теруристӣ аз рустоҳои шимолии Ғур хабар медиҳанд.

Ба гузориши хабаргузории Tasnimnews, мақомоти маҳаллии вилояти Ғур дар маркази Афғонистон, аз тарки ин вилоят тавассути ДОЪИШ хабар доданд.

Женерол Ғулом Мустафо Муҳсинӣ, фармондеҳи пулиси Ғур дар ин бора изҳор дошт: “Аъзои вобаста ба гурӯҳи теруристии ДОЪИШ зимни шикасти сангин дар набард бо Толибон, ин вилоятро тарк кардаанд.”

Вай афзуд: “Аъзои вобаста ба ДОЪИШ, ки дар чанд соли ахир дар рустои Мурғоби шаҳристони Фирӯзкӯҳи ин вилоят мустақар ва ба дунболи эҷоди пойгоҳ буданд, дар даргирӣ миёни Толибон мутаҳаммили шикаст шуда ва дар ҳоли ҳозир тамоми рустоҳои Ғур холӣ аз вуҷуди ҳар гуна доъишӣ шудааст.”

Муҳсинӣ ёдовар шуд: “Хушбахтона нақшаҳои ДОЪИШ дар Ғур нақши бар об шуд.”

Носир Хозеъ, волии вилояти марказии Ғур низ зимни таъйиди ин хабар гуфт: “Тамоми аъзои гурӯҳи теруристии ДОЪИШ пас аз даргирӣ бо Толибон, рустоҳои шимолии Фирӯзкӯҳро тарк карданд ва мардуми маҳаллӣ низ нақши бузурге дар ихроҷи онҳо доштанд.”

Вай идома дод: “Теъдоде аз бозмондагони ДОЪИШ дар рустои Мурғоб ҳузур доранд, ки онон гуфтаанд, мехоҳанд бо давлат байъат кунанд, аммо ҳанӯз ин афрод таъйини таклиф нашудаанд.”

Ин дар ҳолест, ки дар солҳои ахир ҳузури ДОЪИШ дар Ғур мушкилсоз буда ва ноамниҳои фаровоне барои мардум ва сокинони ин вилоят эҷод кардааст.

Муддатҳо дар ин вилоят Толибон бо гурӯҳи теруристии ДОЪИШ даргир буда ва ахиран шиддати даргириҳо афзоиш ёфта буд.



Рубрики:Такфир, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: