Ҳама чиз дар бораи додгоҳи Бузургмеҳр Ёров (5)

Бахши панҷум

Дархости Бузургмеҳр вобаста ба айбҳои эълонкардашуда нисбати ӯ (идома)

(марти 2016)

(Ин матолиб ба дасти худи Бузургмеҳр навишта шудаанд.)

12) Лаҳзаи тӯҳматнамудаи шаҳрванд Ҳамдамов Самад – оиди гӯё нагирифтани 200$-и ИМА ва гӯё таъмир намудани автомашина дар ҳаҷми 200 сомонӣ

Бо ин лаҳза ба ман бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и КҶ ҶТ аз рӯи варианти дуюми сохтакоронаи қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда ва эълон кардани айби нав, дида мешавад, ки тафтишот беасос айб эълон намудааст. Аз рӯи ин айб гӯё: —

“Ӯ боз 23.04.2014… шаҳрванд Ҳамдамов Самад… муроҷиат намудааст. Ёров Б. баъди огоҳ гаштан аз мушкилоти шаҳрванд Ҳамдамов Самад бо мақсади такроран тассаруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб, ба боварии охирин даромада, ваъда намудааст, ки дар мурофиаҳои судӣ иштирок намуда, ба фоидаашон ҳал менамояд ва барои ин аз охирин маблағи 200$ ИМА ва таъмири автомашинаи шахсиаш тамғаи Опел-Астра талаб намудааст. Ба фиреби ӯ шаҳрванд Ҳамдамов Самад бовар намуда маблағи 200$ ИМА… ва баъдан автомашинаи дар боло зикр гардидаро ба маблағи 200 сомонӣ таъмир намуда додааст. Ӯ бошад маблағи тассаруф намудаашро ба миқдори умуми 1166 сомонию 16 дирам бидуни ҳазинаи Коллегияи мазкур ба манфиатҳои худ сарф намуда, бо вайрон намудани одоби касбии адвокат дар мурофиаҳои судӣ иштирок накарда, манфиатҳои ҷабрдида Ҳамдамов С.-ро бе ҳимоя гузошта, ягон хел кӯмаки ҳуқуқӣ нарасонида, ба охирин ба миқдори калон зарари моддӣ расонидааст.”

Ин қисмати айб низ нисбати ман умуман беасос мебошад ва он рӯякӣ тафтиш шудааст. Ҳангоми пурсиши худ дар ҷ.3 саҳ.239-241 ман оиди он нишонодод додам, ки Ҳамдамов Самадро ба ман собиқ полковники милиса Ёров Умаралӣ, ки нафақагири ВКД ҶТ мебошад ва дар вазифаи Сардори Раёсати ахборотии ВКД ҶТ буд, шинос карда буд. Воқеан ба воситаи кормандони муҳосиботи коллегия, онҳо 200$ барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ супорида буданд. Минбаъд – бино бар аз тӯл кашидани супориши додаашон оид ба тайёр намудани мактуб ба номи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, шартномаи бастаашонро бо ман бекор карда, маблағи 200$-и додаашонро дар ҳузури кормандони муҳосибот аз ман гирифтанд. Бинобар ин, баъди тобистони соли 2014 дигар ягон маротиба ба ман Ҳамдамов С. на занг задааст ва на муроҷиат кардааст. Шоҳиди асосии гирифтани 200$ Ёров Умаралӣ мебошад. Зеро тамоми вохӯриҳои гузаронидаи мо дар ҳузури Ёров Умаралӣ гузаштааст. Ба талабҳои чандинкаратинаи ман оиди он ки Ёров У. бо ман рӯбарӯ карда шавад, тафтишот ин амалро намегузаронад. Ҳол он ки аз телефони Ёров У. ба ман оиди он СМС омада буд, ки 200$ онҳоро баргардонам, Ҳамдамов С. аз ман норизо буда, Ёров У. бошад шарманда шудааст. Баъди гирифтани ин паёмак ман ба бинои коллегия омада дар он ҷо 200$ гирифтаамро ба Ҳамдамов С. додам. Бинобар ин, дигар ҳеч вақт Ёров У. аз телефони доштааш (ҷ.3 саҳ.256-259 тел 917604646) ба телефонҳои ман (919-24-62-63, 93-444-02-44, 918-13-74-06) дигар ягон СМС паёмак равона наменамояд. Аммо тафтишот детализацияи ин телефон ва матни паёмакҳои равонаро намегирад, зеро медонад, ки ин ба манфиати тӯҳмати онҳо, таъқиби сиёсӣ ва адвокатии онҳо нест.

Оиди таъмири автомашина ба тафтишот Ҳамдамов С. ягон маълумот надода буд, дар рафти пурсиши ман ва протоколи рӯбарӯкунӣ ин ҳолатро ман иброз кардам. Бинобар ин, тафтишот дар ҳол боз пурсишу баёноти Ҳамдамов С.-ро сохтакорӣ карда, онро дар дигар шакл бо назардошти пурсиши намудаи ман дигаргун менамояд, ки бо таҳлили маводҳои дар парванда буда, дар ин дархост пурра бо далелҳо нишон дода мешавад.

Дар ҷ.3 саҳ. 280-284 протоколи рӯбарӯкунии байни ману Ҳамдамов Самад ҷой дода шудааст, ки дар он протокол Ҳамдамов С. ғарази доштаашро нисбати ман изҳор намуда, оиди он нишон медиҳад, ки ӯро кормандони УБОП дар асоси нусхаи шартноми ҳуқуқии бастаи ӯ бо адвокат ба бинои УБОП барои навиштани ариза даъват кардаанд.

Аз ҷ.3 саҳ. 180 яъне аз аризаи Ҳамдамов Самад дида мешавад, ки ӯ низ ба таъқибгари асосии ман президент Эмомалӣ Раҳмон муносибат дошта, ба сифати ронанда дар Дастгоҳи иҷроияи Президент кор менамояд.

Дар ҷ.3 саҳ.179 гузориши корманди УБОП оиди аз тарафи адвокат Ёров Б. гирифтани 200$ аз Ҳамдамов С. мавҷуд аст. Дар ин гузориш ягон сухан оиди маблағи автомашина нест.

Дар ҷ.3 саҳ.186 ва саҳ.188 созишномаи № 71 ва № 72 аз 23.04.2014 мавҷуд аст, ки он муносибати ҳуқуқӣ доштаи байни ману Ҳамдамов С.-ро дар ҳаҷми умумии 400 сомонии супорида барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба манфиати писари ӯ Ҳамдамов Бахтиёр Самадович дар суди ноҳияи Фирдавсӣ ва суди Ш. Душанбе маълумот медиҳад. Дар ин созишномаҳо мушахассан оиди он қайд карда мешавад, ки “пулро Ҳамдамов Самад додааст”.

Дар ҷ.3 саҳ. 187-189 ордерҳои рақами №000386 ва № 000385 оиди он мавҷуд аст, ки мутаносибан дар суди ноҳияи Фирдавсӣ ва суди ш. Душанбе манфиатҳои Ҳамдамов Бахтиёрро ҳимоя намоям.

Аз ҷ. 3 саҳ. 197 дида мешавад, ки:

(Пурра набор карда шавад)

Таъиноти суди аз 27.03.2013 сол ҳолати онро нишон медиҳад, ки баҳсҳои судии Ҳамдамов Б. ҳанӯз то 18.05.2007 сол оғоз шудаанд ва дар муддати 7-8 соли гузашта Ҳамдамов Б.-у Ҳамдамов С. бо даҳҳо адвокатҳо вохӯрда, ҳолати онро, ки дар 3-4 моҳ ягон адвокат кори онҳоро пурра тамом наменамояд иттилоот доранд ва оиди моҳияти институти адвокатура маълумоти пурра доранд. Зеро то ба ман шинос шудан, онҳо адвокат Махкамов Д.-ро хубтар мешинохтанд, ки кори онҳоро пеш мебурд.

Дар ҷ.3 саҳ. 200-201 ва дар ҷ.3 саҳ. 202 ҷавобҳои мактубҳои додаи Шӯрои адлияи ҶТ аз 21.01.2014 ва аз 20.012.2013 мавҷуд аст, ки ба Ҳамдамов Б. оиди он маълумот дода мешавад, ки кашолкории баррасии парвандаи ӯ ба шахсияти судяҳои алоҳида алоқаманд мебошад, ки нисбати ин судяҳо Шӯрои адлияи ҶТ чораҳои интизомӣ андешидааст.

Дар ҷ.3 саҳ.206 мактуби Раиси суди ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе аз 24.11.2015 мавҷуд аст, ки дар он зикр шудааст:

(Пурра набор карда шавад)

Мактуби мазкур дар муқоиса бо ҷ.3 саҳ. 186. 188 оиди он маълумот медиҳад, ки ман аз 23.04.2014 то 28.07.2014, яъне то иваз шудани адвокат Ёров Б. ба Ёров Умаралӣ бо парвандаи Ҳамдамов Самад кор бурдаам, ки 3 моҳу 5 рӯз яъне 95 рӯзи пурраро ташкил медиҳад. Баҳсе, ки аз солҳои 2003-2004 тӯли зиёда аз 10-11 сол ба итмом расида набуд. Ҳамдамов Самад норозигӣ баён менамояд, ки чаро дар 95 рӯз ҳалли худро наёфтааст. Аз ҷавоби мактуб дида мешавад, ки 20.03.2015 ин парванда аз нав бебарассӣ монда мешавад, яъне чӣ тавре ки то 28.07.2014 он бебарассӣ қарор дошт, то ҳоло ва то ҳозир он бебаррасӣ қарор дорад.

Дар ҷ.3 саҳ. 192-194 пурсиши Ҳамдамов Самад аз 12.10.2015 оиди он оварда шудааст, ки гӯё ӯ бо писараш Ҳамдамов Бахтиёр бори аввал дар Суди Олии иқтисодӣ бо ман вохӯрда бошанд, пас рӯзи дигар барои шартномаи ҳуқуқӣ бастанд бо ман ба коллегияи адвокатҳо омадааст.

Дар ин пурсиш аз тафтишот, Ҳамдамов С. шахсияти полковник Ёров Умаралиро пинҳон менамояд ва ба ҷои ӯ номи писараш Ҳамдамов Бахтиёрро меорад.

Лекин дар ҷ.3 саҳ.236-238 Ҳамдамов Бахтиёр писари Ҳамдамов Самад пурра тӯҳмати намудаи падараш Ҳамдамов С.-ро фош намуда, дурӯғ будани суханони падарашро ошкор менамояд. Дар ин пурсиш ӯ чунин нишондод медиҳад:

“Тобистони соли 2014 ман дар устохона бо таъмири автомашинаҳои мизоҷон машғул будам, ки падарам ба ҳамроҳии як марди бо ман ношинос омада гуфтанд, ки ин кас адвокат Ёров Бузургмеҳр аст ва ӯ дар парвандаи граждании дар суди н.Фирдавсӣ мавҷудбуда, кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад. Дар ҳамон ҷо Ёров Б. автомашинаи тамғаи «Опел Астра» … барои таъмир овард ва падарам ба ман гуфтанд, автомашинаи Ёров Б.-ро таъмир карда диҳам. Ман автомашинаи Ёров Б.-ро, ки системаи зажиганияш вайрон буд, таъмир карда додам. Пас аз таъмир кардан, ман бо хоҳиши падарам маблағи таъмири автомашинаро, ки 200 сомониро ташкил медод, нагирифтам.”

Аз ин пурсиш бармеояд, ки умуман тобистони соли 2014 манро Ҳамдамов Бахтиёр намешинохт, вагарна оиди он изҳор намекард, ки падарам бо ҳамроҳии як марди ношинос омадааст, ки баъдан ба ӯ маълум шудааст, ки ин шахси ношинос адвокат Ёров Б. мебошад. Агар Ҳамдамов Б. 22.01.14 як рӯз пеш аз шартномабандӣ ба Суди Олии иқтисодии ҶТ бо ҳамроҳии падараш меомад, пас ҳеч гоҳ маро як марди бо ман ношинос номбар намекард.

Баъдан ӯ фиреби дигари падари худ ва Абдурасулзода А-ро оиди он ки 23.04.2014 ман аз Ҳамдамов Самад талаб намуда бошам, ки мошини маро таъмир намояд – фош менамояд. Зеро баҳори соли 2014 автомашинаи ман ба таъмир ниёз надошт. Дар ҷ.3 саҳ.236-238 Ҳамдамов Бахтиёр изҳор менамояд, ки ин ҳолат тобистони соли 2014 буд. Абдурасулзода А. бо вуҷуди ҷияни Вазири корҳои дохилӣ будан, чизи оддиро дарк карда наметавонад, ки кадом девона баҳори соли 2014 вақте ки автомашинааш ба таъмир мӯҳтоҷ нест, таъмири онро дар шартномаи ҳуқуқӣ талаб намояд.

Умуман Абдурасулзода кирдорро аз ҷиноят фарқ карда наметавонад, чунончи дар ҷ.3. саҳ.236-238 Ҳамдамов Бахтиёр оиди он нишон медиҳад, ки “ман бо хоҳиши падарам маблағи таъмири автомашинаро, ки 200 сомониро ташкил медод, нагирифтам”.

Ҷ.3 саҳ.215-219 ҳангоми рӯбарӯкунӣ бо Сафаров Ҳикматулло шоҳид Ҳамдамов Самад чунин ҷавоб медиҳад: …

(Афтодагӣ дар матн)

… Таъмири намудаи Ҳамдамов Б. ҳамагӣ 3-4 соат ба кор омад, мошин боз баъди се чор соат дар ҳамон шакли таъмирталаб дучор шуд.

Дар рафти пурсиш ман оиди он нишон дода будам, ки вақте бо автомашинаи худ пеши Ҳамдамов С. омада будам, дар дохили мошин ҷавобгар Доронина Олга нишаста буд, мумкин адвокат Раҷабов Муҳаммадисо низ дар он буд. Мошин кор накард. Мо ба автомашинаи Холов Раҳмоналӣ ё ин ки Юсуфҷонов Саид нишаста ба суди н. Шоҳмансур рафтем, калидҳои Доронина Олга гум шуда буданд, ки мо онро аз пеши кӯчаи хонаи Ҳамдамов С. ёфта будем, дар ин ҳол Ҳамдамов С. худаш хоҳиш карда буд, ки автомашинаро монед, пеши ягон усто набаред, ман онро таъмир менамоям, гуфта изҳор намуда буд. Баъди таъмир ман арзиши онро пурсидам, Ҳамдамов С. ҷавоб дод, ки маблағе лозим нест. Шумо дар хидмати мо мебошед. Маблағе, ки аз ман пурсида нашудааст, онро имрӯз дар ҳаҷми даҳкаратаи барзиёд бо роҳи фиреб гирифта бошам гӯён айб эълон менамоянд. Ва дар айб оиди он зикр менамоянд, ки ин маблағро Ёров Б. ба ҳазинаи корхонааш насупоридаст. Оё ин ҷоҳилӣ ва беақлии Абдурасулзода А нест? Ё ин ки касе мошини Абдурасулзода А.-ро таъмир намояд ӯ маблағи усторо ба ҳазинаи ВКД ҶТ месупорад ва бо ин тариқ аз вазифаи хидматиаш суистифода менамояд.

Дар ҷ.3 саҳ.260-262 барои дурӯғу сохтакории худро каме рост кардан, пурсиши Қаюмов Сомон оварда мешавад:

Ҷ.3., саҳ. 260-262 Пурсиши Қаюмов Сомон Юсуфалиевич – корманди оперативии РМЗҶМ ВКД ҶТ аз 30.11.15 “Санаи 05.10.2015 бо РМЗҶМ аризаи шаҳрванд Ҳамдамов Самад ворид гардид ва он аз тарафи роҳбарияти Раёсат ба ман вогузор карда шуд.”

Барои таъқиби сиёсии Президентро нисбати ман пинҳон намудан корманди оперативии РМЗҶМ ВКД ҶТ Қаюмов Сомон оиди он Ҳамдамов С.-ро тӯҳмат менамояд, ки Ҳамдамов С. аввал ариза ба РМЗҶМ ВКД ҶТ менависад баъд ӯро даъват менамоянд. Дар ҷ.3 саҳ.280-284 Ҳамдамов Самад ҳолати баръаксро нишон медиҳад, ки ӯро ба УБОП даъват карданд, дар болои столи кории онҳо шартномаи бастаи ӯ бо Ёров мавҷуд буд, ки дар хусуси он ӯро пурсиданд. Тафтишоти пешакӣ бино бар зиддият доштани нишондодҳо байни Қаюмов С. ва Ҳамдамов С. рӯбарӯкуние намегузаронад, то ки муқаррар намояд, ки кадоме аз онҳо кадоми дигарашро тӯҳмат дорад!

Аз рӯи лаҳзаи Абдуллоев Ғайрат ба хулосае омадан мумкин аст, ки корманди УБОП Қаюмов С. тӯҳмат намуда истодааст, зеро Абдуллоев Ғ. ва дигаронро маҳз кормандони УБОП баъди вайрон намудани кафолатҳои фаъолияти адвокатӣ-ғайриқонунӣ бе қарори судӣ гирифтани созишномаҳои байни ман – адвокат в муштариёну Ваколатдиҳандаҳо даъват намудаанд.

Дар ҷ.3. саҳ.256-259 пурсиши шоҳид Ёров Умаралӣ оварда шудааст. Номбурда бардурӯғ оиди он изҳор менамояд, ки тобистони соли 2014 бо ҳамроҳии Ҳамдамов С. пеши ман омадаанд, каме маро интизор шудаанд, баъди омадани ман ӯ гӯё бо хоҳиши Ҳамдамов С ба беруни бино баромада бошад ва чун сӯҳбат байни адвокат Ёров Б.-у Ҳамдамов С. шудааст, ӯ намедонад. Зеро гӯё Ҳамдамов С. дарро сахт пӯшида изҳор намудааст, ки бо инҳо гап зада намешавад ва баромада рафтанд. Ин як дурӯғи рӯирост мебошад. Ёров У. собиқ полковники милиса буда, дар асоси ваколатномаи 28.07.2014, ки дар феҳрасти таҳти № 237 5724 сабт шуда, аз ҷониби нотариуси калони идораи давлатии нотариалии н.Фирдавсии ш. Душанбе Пиров С.Б. додааст ҳуқуқу манфиатҳои Ҳамдамов Бахтиёр Самадовичро ҳимоя намуда…. (Афтодагӣ дар матн) … ҳеч вақт намегузошт, ки ҳуқуқи Ҳамдамов С. халалдор шавад. Бино бар он ки дар ҳузури ӯ ва кормандони муҳосибот ин 200 доллар ба Ҳамдамов С. дода щуда буд, дигар тӯли 14 моҳи дигар ягон маротиба Ҳамдамов С. ба пеши ман наомада буд, аз телефони дастиаш №917179914 ягон маротиба ба ман занг назада буд. Тафтишот метавонад, ки детализатсияи телефонҳои моро аз 27.07.2014 то 28.09.2015 бардошта бинад.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ борҳо Қодирова Гулдаста – сармуҳосиби коллегияи адвокатҳои СИПАР ва Сафаров Ҳикматуло – ҳазинадори коллегия пурсида мешавад. Пурсишҳои сершумор ҳолати онро нишон медиҳад, ки тафтишоти бесавод – аз ҳисоби муттасил сохтакорӣ кардани далелҳо намедонаад, ки чӣ кор намояд. Бинобар ин, бо ин роҳ мехохад, ки ба шоҳидон – ба шахсоне, ки ба тариқи баланд вазифаҳои касбии худро сарбаландона иҷро намуданд, фишор диҳанд.

Диққат медиҳем ба баёноти Қодирова Г. ҷ.3 саҳ.184:

(Афтодагӣ дар матн)

Назар меандозем, ба ҷ.3 саҳ.190-191 пурсиши шоҳид Қодирова Гулдаста:

(Афтодагӣ дар матн)

Менигарем ба ҷ.3 саҳ.207-210 пурсиши Қодирова Гулдаста:

(Афтодагӣ дар матн)

Аз ин пурсишҳои ду варианти омадани Ҳамдамов С. ва гузаронидани пулаш ба коллегия дида мешавад, варианти якум бо адвокат Ёров Б омадааст, 200 доллар супоридааст, варианти дуюм бе адвокат Ёров Б. омада 200 доллар супурдааст, то ки созишномаи ҳуқуқӣ бо адвокат Ёров Б баста шавад ва ин пулро барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ додааст.

Диққат медиҳем ба ҷ.3.саҳ.185 баёноти додаи Сафаров Ҳикмат Саидович:

(Афтодагӣ дар матн)

Назар меандозем ба ҷ.3. саҳ.203-204 пурсиши Сафаров Ҳикматулло

(Афтодагӣ дар матн)

Менигарем ба ҷ.3 саҳ.212-214 пурсиши Сафаров Ҳикматулло

(Афтодагӣ дар матн)

Дар охир дар ҷ.3 саҳ.263-264 пурсиши Сафаров Ҳикматулло дар чунин шакл оварда мешавад: ҷ.3, саҳ. 263-264. Пурсиши иловагии Сафаров Ҳикматулло Саидович:

“Дар ҳақиқат моҳи апрели соли 2014 ман дар ҷойи корам будам. Ёров Б. бо ҳамроҳии Ҳамдамов Самад ба наздам омада 2 созишномаро, ки дар он имзоҳои Ҳамдамов Самад гузошта шуда буд, дода гуфт, ки реквизитҳои бланкаи созишномаро пур намоям ва ман аз Ҳамдамов С. ному насаб ва ҷои истиқоматиашро дар бланкаи созишномаҳо навишта, реквизитҳои онро тартиб додам. Баъди тартиб додани созишномаҳо ман ба Ёров Б. 2 ордер додам. Ман нишондодҳои пештар додаам каме нодуруст мебошад, чунки ин масъала он қадар дар хотирам набуд ва айни ҳол ин ҳолат ба хотирам омад. Дар ҳақиқат дар созишномаҳо имзоҳо гузошта шуда буд ва Ҳамдамов Самад дар назди ман имзо накарда буд. Ёров Б. созишномаҳоро бо имзо ба дасти ман оварда супорид.”

Аз ин 4 пурсиш варианти омадани Ҳамдамов С. ба коллегия ва рафти бастани созишномаи ҳуқуқӣ дида мешавад:

Аввало аз рӯи варианти якум пеш аз супурдани 400 сомонӣ, аввало Ҳамдамов Самад омада созишнома баст, баъд ба ҳазина адвокат Ёров Б. омада 400 сомонӣ супорид. Аз рӯи варианти дуюм Сафаров Ҳ. нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат барои бастани шартномаи Ҳамдамов С. бе адвокат Ёров Б. омада буд, аз ин рӯ ӯ дар аввал бо адвокат Ёров Б. дар сӯҳбати телефонӣ шуд, баъдан созишномаеро баст. Дар варианти сеюм Сафаров Ҳ. нишондодашро тағйир дода оиди он нишон медиҳад, ки он рӯз мизоҷ Ҳамдамов С. бо адвокат Ёров Б. якҷоя омада буданд ва Ёров Б. ду созишномаеро, ки дар он имзоҳои Ҳамдамов С. гузошта шуда буд, дода гуфтааст, ки реквизитҳои дигарро пур намоянд. Ҳамдамов С. дар ин созишномаҳо имзо накардааст.

Ҳар се варианти нишондодҳои Сафаров Ҳ. ҳолати онро нишон медиҳад, ки Ҳамдамов С. барои гирифтани ёрии ҳуқуқӣ ва бастани созишномаи ҳуқуқӣ ба коллегия омадааст, дар доираи коллегия бо ӯ шартномаи ҳуқуқӣ баста шудааст. Ҳолати он ки ӯ 200 доллар-ро ба дасти Қодирова Г., Сафаров Ҳ. ё ин ки адвокат Ёров Б. додааст, моҳияти шартномаро дигаргун наменамояд. Бо пайдоиши шартномаи баста ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳо ба вуҷуд омадаанд. Дар асоси ин шартнома ман баҳси тӯлонии аз солҳои 2006-2014 ба вуҷудомадаро омӯхта, дар судҳо парвандаҳои марбутаро хондам, барои бекор кардани истеҳсолоти парвандаҳои боздоштшуда – дархостҳо навишта, ба суд супурдам. Даҳҳо маротиба бо Ҳамдамов С. сӯҳбатҳои ҳуқуқӣ гузарондам. Дар ин муддат ягон мурофиаи судӣ доир нашуда буд, ки дар он ман ҳамчун адвокат иштирок намоям. Мумкин ягон мурофиа оғоз шуда бошад ва дар он Абдурасулзода иштирок намуда бошад. Аз ин рӯ, хоҳиш менамоям, ки дар қарори айб аз 11.02.2015 мушахас оиди он нишон дода шавад, ки кай дар куҷо, соати чанд, бо даъвати кӣ, мурофиа доир шудааст, ки ман иштирок накарда бошам дар он. Ягон мурофиаи судӣ доир нашудааст, фақат Абдурасулзода А. маро дар ин қисмат тӯҳмат намуда истодааст. Дар ҷ.3 саҳ.280-284 Ҳамдамов С. сабаби ғарази доштаашро нисбати ман дар хусуси он нишон медиҳад, ки гӯё ман ҳуҷҷатҳои ӯро ба даъвогару ҷавобгари ӯ Таноков Нуралӣ Тиллобоевич фурӯхта бошам. Дар дархости алоҳида мо аз тафтишот оиди он хоҳиш намуда будем, ки Таноков Н. пурсида шавад, оё ӯ оиди мо маълумоте дорад? Маро мешиносад ё не? Аз Ҳамдамов С. иловагӣ оиди он пурсида шавад, ки баҳсе, ки аз соли 2006 рафта истодааст, Таноков Н. ҳуқуқи пурра нусхабардорӣ кардани тамоми парвандаро дорад ва Ҳамдамов Б. ҳамчун даъвогару ҷавобгар ӯҳдадор аст, ки рафти супоридани аризаи даъвогӣ, даъвои зидди даъво тамоми далелҳои ба парванда ҳамроҳ намударо ба Таноков Н. диҳад, оё баъди 23.04.2014 то 27.07.2014 ягон далели наве дарёфт карда буд, ки ба адвокат Ёров Б. дода бошад, он ба кулли рафти парвандаро дигаргун карда бошад. Ин ҳолатхо, умуман вуҷуд надорад. Тафтишот дар хусуси масъалаҳои мондаи мо умуман Ҳамдамов С.-ро напурсидааст.

Дар ин қисмат ягон гуна одоби касбии адвокат вайрон нашудааст, баръакс ба хотири собиқ полковники милиса Ёров Умаралӣ, ман аз 200 доллар дода, ягон миқдори онро барои меҳнати намудаам бознадошта, онро пурра ба Ҳамдамов С. баргардонида додаам, зеро “Кӯҳ ба кӯҳ намерасад, лекин одам ба одам мерасад” ва тирамоҳу зимистони соли 2015 дар рафти ҳабси ғайриқонунӣ, бо шахсияти тӯҳматчӣ Ҳамдамов С вохӯрда, сарбаландона оиди кори иҷро намудаам, нишондод додам.

Абдурасулзода А. дар қарораш оиди он менависад, ки гӯё ин маблағ ба ҳазинаи коллегия супорида нашудааст, ӯ чизи оддиро дарк карда наметавонад, ки пас 400 сомонӣ додаи ман аз куҷо ва чӣ тавр дар ҳазинаи коллегия пайдо шудаанд? Ин пулҳо ба кӣ тааллуқ доштаанд?

Бино бар набудани таркиби ҷиноят дар ин қисмат дар кирдорҳои ман, айби эълон намудаи ин қисмат қатъ карда шавад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигар

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Пароканда, Торих, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: