Ҷалол Толибонӣ, раисиҷумҳури собиқи Ироқ даргузашт

Ҷалол Толибонӣ, раисиҷумҳури собиқи Ироқ, имрӯз дар синни 84-солагӣ ба далели беморӣ дар Олмон даргузашт.

Ба гузориши хабаргузории Форс ба нақл аз шабакаи телевизиюнии Иқлими Курдистони Ироқ, Ҷалол Толибонӣ, раисиҷумҳури собиқи Ироқ ва дабири кулли Ҳизби Иттиҳодияи Миҳании Курдистон, ҳудуди се ҳафта пеш барои дармон ба Олмон рафта буд.

Вай, ки дар миёни мардуми курд ба “Мом Ҷалол” (Аму Ҷалол) маъруф буд, зодаи 12 ноябри 1933 аст, ӯ раисиҷумҳури Ироқ дар фосилаи солҳои 2005 то 2014 ва раҳбари Ҳизби Иттиҳодияи Миҳании Курдистон буд.

Тибқи китоби зиндагиномаи вай, Толибонӣ яке аз курдҳои Эрон буд, ки хонадони вай аз Эрон ба Ироқ муҳоҷират кардаанд. Мом Ҷалол фориғуттаҳсили риштаи ҳуқуқ дар соли 1959 аз яке аз донишгоҳҳои Бағдод буд.

Дар тавсифи ӯ гуфтаанд, ки: “Мом Ҷалол ҳуқуқдон ва сиёсатмдоре боҳуш, дорои тавонои хоссе дар иттиҳод ва ҳамбастагии курдҳо ва таъсиргузор рӯи дӯсту душман, маҳбубияте фавқулода дар байни курдҳо, дар Ироқ ва хориҷи он аст.”

Аввалин бор дар 18 декабри 2012, расонаҳои ироқӣ хабар аз сактаи мағзӣ ва вахим будани ҳоли вай доданд. Ӯ дар ҳамон сол (2012) барои дармон ба Олмон рафт. Ҳудуди як сол баъд дар декабри 2013 аввалин тасовири ҷадид аз ӯ мунташир шуд, ки нишондиҳандаи беҳбуди вазъияти ҷисмониаш буд. Ӯ баъд аз муддатҳо дар 19 июли 2014 ба кишвараш Ироқ бозгашт.

Реклама


Рубрики:Машоҳир, Ҷаҳони ислом

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: