Агар Стивен Паддок мусалмон буд…

Ёддошти Томас Фридман (Thomas Friedman) дар New York Times

Агар Стивен Паддок (Stephen Paddock) мусалмон буд… Агар ӯ қабл аз гушудани оташ ба рӯи ҳозирон дар консерт, фарёди “Аллоҳу Акбар!” сар дода буд… Агар ӯ узви ДОЪИШ буд… Агар аксе аз ӯ бо Қуръон дар як даст ва силоҳ дар дасти дигараш мавҷуд буд… Агар тамоми инҳо иттифоқ меафтод, ҳеч кас ба мо намегуфт, ки бо сӯҳбат кардан дар бораи иқдомоти пешгирона, ҳурмати қурбониёнро нашиканед ва қатли омми Паддокро сиёсӣ накунед!..

На, на. Он мавқеъ медонистем бояд чӣ кор кунем. Фавран дар бораи бадтарин рӯйдоди теруристӣ, ки баъд аз 11 сентябр иттифоқ афтода, дар Кунгра (Конгресс) ҷаласоти истимоъ баргузор мекардем. Баъд, Тромп дуруст ҳамон кореро анҷом медод, ки баъд аз ҳар ҳамлаи теруристӣ дар Урупо, дақиқан бо ҳадафи сиёсӣ кардани он ҳамалот, анҷом медиҳад ва мудом твитт мекард, ки: ‘”Гуфта будам ин тавр мешавад!” Он вақт, ба суръат дархостҳое барои ташкили кумитаи таҳқиқ матраҳ мешуд, то бибинем, бояд чӣ қонунҳое вазъ кард, то ин иттифоқот такрор нашаванд. Баъд, мегуфтем, дар ҳоли баррасии “тамоми гузинаҳо” алайҳи кишваре ҳастем, ки омили ҳамла тобеи он аст…

Аммо вақте, ки омили қатл як омрикоии парешонҳолест, ки то ба дандон ба силоҳҳое муҷаҳҳаз шуда, ки қонунан харидорӣ карда ё ба далели қавонини бемаънои худамон дар заминаи силоҳ, ба соддагӣ ба онҳо даст пайдо карда, чӣ иттифоқе меафтад?

Иттифоқе, ки медонем меафтад ин аст, ки: раисиҷумҳур ва Ҳизби Ҷумҳурихоҳ муҷиддона талош мекунанд, то мутмаин шаванд об аз об такон нахӯрад. Баъд, таъкид мекунанд, ки ҳодисаро набояд сиёсӣ кард ва аз ҳама, ба вежа худашон, мехоҳанд, ки дар мухолифатҳояшон бо қонуни силоҳ, таъаммуле дубора кунанд.

42 қабза силоҳ аз маҳалли сукунати Стивен Паддок пайдо шуда, дар ҳоле ки созандагон ва фурӯшандагони силоҳ ва лоббиҳои онҳо дар Кунгра, бар ҳайъати ҳокимаи Омрико ҳамеша фишор меоранд, то дар қонуни фурӯши аслиҳа тағйире сурат нагирад. Яъне фасод дар инҷо нақш дорад. Зеро, ин раванд дар манофеи молӣ ва зиёдахоҳиҳои созандагон ва фурӯшандагони силоҳ реша дорад ва тамоми қонунгузороне, ки “харидорӣ” шудаанд ва ба онҳо ҳаққуссукут пардохт шудааст, онҳо ба хубӣ медонанд, ки аксари омрикоиҳо намехоҳанд ҳаққи мардум “ба хотири шикор ва дифоъ аз худ” салб шавад. Тамоми он чи мо хоҳони аз байн рафтани он ҳастем, ҳаққи инсонест, ки силоҳҳои низомиро дар хонааш ва утоқаш дар ҳутел анбор карда ва аз онҳо алайҳи омрикоиҳои бегуноҳ истифода мекунад.

New York Times

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, ҷаҳон

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: