Таъкиди Ардуғон бар муборизаи муштараки Туркия ва Эрон дар қиболи ДОЪИШ ва Ҷабҳатуннусра дар Сурия (тасовир)

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, дар нишасти матбуотии муштарак бо ҳамтоии эронии худ дар Теҳрон, бо таъкид бар талош ва муборизаи муштараки Туркия ва Эрон дар Сурия дар қиболи ДОЪИШ ва Ҷабҳатуннусра изҳор дошт: “Мутмаин ҳастам дар натиҷаи ин мубориза ба доди мардуми мазлуми Сурия хоҳем расид ва дифоъи муштараки мо аз кулли мазлумони ҷаҳон, вазифа ва дайне бар гардани мо мебошад.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, асри чаҳоршанбе (04.10.2017) дар нишасти муштараки матбуотӣ бо Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия гуфт: “Эрон ва Туркия ба унвони ду кишвари мусалмон, дӯст ва қудратманд дар минтақа, имрӯз лангари субот дар минтақаи ҳассоси Ховари Миёна ҳастанд. Равобити ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, минтақаӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, тайи солҳои ахир, рӯз ба рӯз дар ҳоли тавсиъа будааст ва дар дидори дуҷониба ва ҳамчунин нишасти муштараки ҳамкориҳои роҳбурдии ду кишвар, муқаррар гардид тасмимоте, ки дар бораи тавсиъаи сатҳи равобит иттихоз кардем, то поёни ҳафтаи оянда ниҳоӣ шаванд.”

Руҳонӣ бо ишора ба музокироти муфассал ва мавозеъи муштараки ду кишвар дар хусуси таҳаввулоти минтақа ба вежа Сурия ва ҳамапурсии ахир дар Иқлими Курдистони Ироқ, гуфт: “Ҳадафи ниҳоии ду кишвар адами тағйири марзҳои ҷуғрофиёӣ, тамомияти арзии кишварҳо ва низ субот ва амнияти минтақа аст, ки дар хусуси Сурия музокироти сеҷониба бо Русия дар қолаби музокироти Остона, ва дар хусуси Ироқ музокироти сеҷониба миёни ду кишвар ва давлати марказии Ироқ идома хоҳад ёфт.”

Раисиҷумҳури Эрон тасреҳ кард: “Эрон ва Туркия таҷзияталабӣ ва ташдиди ихтилофоти қавмӣ ва мазҳабиро, ки аз сӯи тавтиъагарон ва бегонагон барои минтақаи мо тарроҳӣ шуда, намепазиранд ва аз дидгоҳи ду кишвар, Ироқ ва Сурия кишварҳои воҳид ва якпорчае ҳастанд ва мо тағйири марзҳои ҷуғрофиёиро ба ҳеч ваҷҳ нахоҳем пазируфт.”

Руҳонӣ хотирнишон кард: “Мардуми Курдистони Ироқ ҳамсоягони хуб ва бародарони азизи мо ҳастанд ва намехоҳем фишоре бар онҳо ворид шавад, аммо тасмимоти иштибоҳеро, ки бархе сарони иқлим иттихоз карданд, бояд ҷуброн кунанд ва дар ин росто Эрон, Туркия ва Ироқ ночор ҳастанд бо тасмимоти худ аҳдофи роҳбурдиашонро дар минтақа дунбол кунанд.”

Раисиҷумҳури Туркия бо таъкид бар ин ки мубориза бо теруризм яке аз аҳдофи муҳим ва муштараки Эрон ва Туркия мебошад, изҳор дошт: “Бо ҳар гурӯҳи теруристӣ дар ҳар куҷо, ки бошанд, бояд мубориза кунем, чӣ ба номи ДОЪИШ, чӣ ба номи Ҷабҳатуннусра ва ПКК ва ё ҳар исм ва унвони дигаре дошта бошанд, теруристҳо бояд бидонанд, ки давлатҳо ва қудратҳои минтақа иҷозаи фаъолитҳои ноҷавонмардона ва зиддиинсониро ба онҳо нахоҳанд дод.

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳур Туркия низ дар ин маросим зимни гиромидошти моҳи муҳаррам ва таслияти шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш, изҳор дошт: “Умедворам ин рӯзҳои муборак мояи тақвияти ваҳдат, ухувват ва муҳаббат байни мусалмонон ва дунёи ислом бошад.”

Раисиҷумҳури Туркия чорчӯби музокироти анҷомшударо бисёр муфид ва созанда тавсиф кард ва бо ишора ба масоили минтақаӣ изҳор дошт: “Мо ҳамапурсии ғайриқонуниро, ки аз сӯи Иқлими Курдистон Ироқ анҷом шуд, ба расмият намешиносем ва дар сатҳи ҷаҳон ба ҷуз Исроил ҳеч кишваре аз Иқлими Курдистон ҳимоят накардааст.”

Раисиҷумҳури Туркия тасреҳ кард: “Аз назари мо, тасмиме, ки бо нишастан бар сари мизи музокира бо Мусод (сервиси ҷосусии Исрол) иттихоз шуда бошад, ба ҳеч ваҷҳ машрӯъ ва мавриди қабул нест ва мутмаин ҳастам, ки ин тасмим танҳо ба мунзавӣ шудани Иқлими Курдистон хоҳад анҷомид ва дар ин хусус Эрон ва Туркия мавзеъи қотеъ ва воҳиде доранд.”

Ардуғон гуфт: “Қатъан ҳамапурсии Иқлими Курдистонро номашрӯъ медонем ва тадобири хоссеро барои бархӯрд бо ин мавзӯъ дар назар гирифтаем, ки бархе аз онҳоро анҷом додаем. Дар қиболи Иқлими Курдистони Ироқ Эрон, Туркия ва давлати марказии Ироқ мавзеъи воҳиде доранд.”

Раисиҷумҳури Туркия хотирнишон кард: “Дар хусуси Сурия низ меконизми сеҷонибаеро дар назар гирифтем ва дар ин росто Эрон, Русия ва Туркия раванди музокироти Остонаро оғоз карда ва дар он чорчӯб гомҳоеро бардоштаем.”

Ардуғон бо таъкид бар талош ва муборизаи муштарак дар Сурия дар қиболи ДОЪИШ ва Ҷабҳатуннусра изҳор дошт: “Мутмаин ҳастам дар натиҷаи ин мубориза ба доди мардуми мазлуми Сурия хоҳем расид ва дифоъи муштараки мо аз кулли мазлумини ҷаҳон, вазифа ва дайне бар гардани мо мебошад.”

Тавсовире аз ин дидор:

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: