Чаро куштори хунини Лос-Вегос теруристӣ эълом нашуд?

Таҳлиле дар нашрияи Раъюл-явм

Дар гузориши хабаргузориҳои байналмилалӣ ва хабарнигорони шабакаҳои телевизиюнии Омрико ва ҷаҳон дар бораи куштори шаҳри Лос-Вегос, ки як шаҳрванди сафедпӯсти омрикоӣ муртакиби он шуда буд, аз калимаи “теруризм” истифода нашудааст. Дар ин куштор 59 нафар кушта ва 527 нафар маҷрӯҳ шуданд. Чунин рафторе ба мо собит кард, ки иттиҳоми “теруризм” ба таври инҳисорӣ дар бораи мусалмонон ба кор меравад ва дигарон аз ин иттиҳом пок ва мубарро ва ба унвони беморони равонӣ, шоистаи дармон ҳастанд.

Дафтари таҳқиқоти Федероли Омрико (FBI), ки асноди расмии он собит мекунад ин марказ то кунун аз беш аз даҳ ҳазор мусалмони омрикоӣ ба иттиҳоми иртибот бо теруризм бозҷӯӣ карда ва ба манозили маскунии мусалмонон юриш бурдааст, фавран таъйид кард, ки омили ин куштор ҳеч иртиботе бо гурӯҳи теруристии ифротгаро надорад. Ин дафтар баёнияи ДОЪИШ-ро, ки эълом кард, Стивен Паддок (омили ҳамлаи хунини Лос-Вегос) яке аз сарбозони ДОЪИШ будааст, ки чанд моҳ қабл ислом оварда ва ба “Абдулбарр Омрикоӣ” мулаққаб аст, рад кард.

Мо тарафдори гузориши Дафтари таҳқиқоти Федерол (FBI) ҳастем ва онро мепазирем ва дар бораи баёнияи ДОЪИШ тардид дорем; зеро тибқи маъмул, ҳар вақт низомиёни ДОЪИШ дар ҳар амалиёте, ки аз тарафи ин гурӯҳ ва ё ба тавсияи он анҷом медоданд, осор ва шавоҳиде ба ҷой мегузоштанд, то собит кунад узви ДОЪИШ ҳастанд, ҳамон тавр ки дар инфиҷорҳои Бруксел ва Порис иттифоқ афтод. Ба унвони мисол, аксе аз ДОЪИШ дар пойгоҳҳои иҷтимоӣ қарор медиҳанд ё парчам, китобе динӣ, эъломия ва аксҳоеро дар хонаҳо ба ҷой мегузоранд, аммо ин бор “Абдулбарр Омрикоӣ” чунин коре анҷом надод.

Мо яқин дорем, Дафтар таҳқиқоти Федероли Омрико моил буд, ки омили ин куштор аз миёни мусалмонони қадимӣ ё ҷадид бошад, то бо ин баҳона, оташи нажодпарастӣ ва ситамро алайҳи омрикоиҳои асолатан мусалмон шӯълавартар кунанд. Ин нажодпарастӣ аз замоне, ки Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико қудратро дар даст гирифт дубаробар шудааст.

Агар битавонем як нуктаи мусбат аз миёни ҷанозаҳои бегуноҳон ва хунҳояшон, ки ба дасти ин терурист (яъне Стивен Паддок) кушта шудаанд биёбем, ин аст, ки ин амалиёт бори дигар собит кард, теруризм мунҳасиран ба мусалмонон бознамегардад ва бар хилофи он чи кишварҳо ва гурӯҳҳои нажодпараст дар ғарб таблиғ мекунанд, теруризм аз марзи адён, мазоҳиб, кишварҳо ва нажодҳо фаротар рафтааст ва шоистаи маҳкумият аст ҳамон тавр ки қурбониёни теруризм аз ҳар нажод ва дине сазовори ҳамдардӣ ва ҳамдилӣ ҳастанд.

Дарси дигаре, ки метавон аз ин куштор гирифт ин аст, ки бояд аз ҳамаи баёнияҳое, ки ДОЪИШ ё дигарон пас аз ҳар ҳамлаи теруристӣ дар ғарб ё кишварҳои исломӣ мунташир мекунанд, мутмаин шуд; чаро ки баъид нест бархе гурӯҳҳо дар утоқҳои торик чунин баёнияҳоеро мунташир мекунанд, то мусалмононро ба теруризм муттаҳам ва дахолатҳои низомӣ, ишғоли кишварҳо ва иҷрои тарҳҳояшон барои таҷзияи кишварҳоро тавҷеҳ кунанд.

Raialyoum



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, ҷаҳон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: