ҲНИТ, Ихвонул-муслимин, демукросӣ ва теруризм

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар таърихи 7 августи ҳамин сол, мақолае таҳти унвони “Ҳақиқат дар бораи наҳзатиҳо: ҲНИТ як шохаи Ихвонул-муслимин аст ва аз теруризми ақидавӣ ва амалӣ кор мегирад” ба қалами ҷаноби Исомиддин Шарифзода, номзади улуми фалсафа, дар хабаргузории “Ховар” мунташир шуд. Хулосаи он чи муаллифи мӯҳтарам бо ин мақола мехоҳад ба гӯши хонанда бирасонад (ки аз унвони мақола ҳам комилан пайдост) ин аст, ки ҳон мардум! Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шохае аз Ихвонул-муслимин аст, инҳо мехоҳанд “хилофат” барпо бидоранд ва чандон фарқе ҳам бо амсоли Алқоъида ва ДОЪИШ надоранд!

Ин аст чакида ва хулосаи муҳтавои он мақолаи аризу тавил. Агар мақола аз сӯи як муаллифи гумном навишта мешуд, ниёзе ба посух надошт; зеро яке ду сол аст, ки дар расонаҳои давлатӣ (расмӣ ва ғайрирасмии он) мӯд шуда, ки ҳар ёва ва чаранде, ки ба зеҳнашон расид, дар бораи ҲНИТ бинависанд. Аммо чун мақолаи мазкур тавассути фарде ба риштаи таҳрир даромада, ки иддао дорад донишманд ва огоҳ аст, лозим дидам чаҳор панҷ нуктаро барои эшон ва барои хонандагони азиз ёдовар бишавам.

* * *

Дар оғози ин навиштор лозим медонам ба ин нукта ишора бикунам, ки банда, на дар гузашта узви ҲНИТ будам ва на дар ҳоли ҳозир узви ин ҳизбам. Аммо ҳамвора вақте дидаам, дар бораи ин ҳизб як ҳарфи беҷо ва ё тӯҳмати нораво зада мешавад, аз он дифоъ ба амал овардаам; зеро ин корро барои худам як вазифаи инсонӣ ва миҳанӣ ва аз ҳама муҳим, як таклифи шаръӣ медонам. Аз ин рӯ, ҳар чи дар ин ҷустор менависам, андешаи марбут ба худам аст ва рабте ба дидгоҳҳои расмии ҲНИТ надорад.

Ва аммо он чанд нукта:

* * *

1) Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз оғози таъсис ва то ба имрӯз, бар мабнои Ойинномааш – ки дар сойти расмии ин ҳизб мавҷуд аст ва ҳар фарде метавонад аз муҳтавои он мутталеъ шавад – фаъолият карда ва мекунад. Афкор ва андешаҳои ин ҳизб низ дар осори барҷоймонда аз поягузоронаш (ба хусус марҳум Устод Нурӣ ва Устод Ҳимматзода) ва низ дар лобалои суханони раҳбарони қаблӣ ва кунунии он мавҷуданд, ки то ба ҳол аҳаде нашунидааст, ки гуфта бошанд, мо шохае аз Ихвонем!

Аммо ин ки сарон ва фаъолони ҲНИТ китобҳо ва осори Имом Ҳасанул-Банно ва Сайид Қутб ва Мавдудӣ ва назири онҳоро мехондаанд, оё ин бад-он маъност, ки ҲНИТ-ро шохае аз Ихвон қаламдод бикунем?! Ва бар фарз агар аз афкор ва андешаҳои онон таъсир ҳам пазируфтаанд, оё ин эроде дорад?! Асосан, ҷаноби шумо оё ҳеч китоберо аз ин бузургон хондаед?! Оё медонед, андеша ва афкори онҳо чист ва чӣ гуфтаанд?! Мутмаиннам, агар аз андешаҳои онон мутталеъ мебудед, медонистед, ки онҳо ҷуз аз ислом ва маорифи исломӣ чизе дигар нагуфтаанд.

Оре, касе, ки бо асли ислом ва маорифи он аз реша мушкил дорад ва яксара ҳамаро “хурофа” мепиндорад – ҳамон гуна ки инро аз ҷаноби шумо борҳо хондаам – табиист, ки дар ин сурат, на танҳо андешаҳо ва афкори бузургоне амсоли Имом Ҳасанул-Банно, балки суханони шахси ҳазрати Паёмбар (с)-ро ҳам носаҳеҳ ва нодуруст бишуморад.

2) Сониян, дар истротежӣ ва роҳкорҳои Ихвон, дар умри ҳудуди 90-солааш, борҳо тағйиру таҳаввулҳое сурат гирифта, аз ин рӯ Ихвони имрӯз бо Ихвони масалан 60 ё 70 сол пеш, аз замин то ба осмон фарқ мекунад. Бинобар ин, касе, ки бихоҳад дар бораи Ихвон изҳори назар кунад, ба хусус як коршинос ва муҳаққиқ, бояд ба ин тағйиру таҳаввулҳо ошно ва огоҳ бошад. Дар ғайри ин сурат, баъид нест бо ағрози комилан сиёсӣ, Ихвон ва ҲНИТ-ро дар канори гурӯҳҳое мисли ДОЪИШ ва Алқоъида қарор бидиҳад, ҳамон тавре ки ҷаноби шумо муртакиби инчунин иштибоҳи фоҳише шудаед; коре, ки шоистаи касе, ки муддаист коршинос аст намебошад.

Агар касе бо Ихвони имрӯз ва бо барномаҳо ва роҳкорҳои сиёсиаш – ки дар сойти расмии ин ҷамоат омада — ошно мебуд, ҳаргиз намегуфт, Ихвон ҳамон ДОЪИШ ва ё Алқоъида аст! Дар ҳоле, ки ДОЪИШ на танҳо дар аҳдоф ва роҳкорҳо бо Ихвон фарқ мекунад, балки дар навъи бардошт аз ислом ва дар идеулужӣ, бо вай аз замин то ба осмон мутафовит аст, то ба ҷое, ки ДОЪИШ Ихвонро такфир кардааст.

3) Солисан, чӣ касоне ва кадом кишварҳое Ихвонро “теруристӣ” хондаанд, ки ҳоло шумо бо ин иддао, ки “ҲНИТ як шохаи Ихвонул-муслимин аст”, чунин илқо бикунед, ки пас ҲНИТ низ ҳизбе “теруристӣ” аст?! Оё фикр мекунед, бо “теруристӣ” хондани Ихвон аз сӯи диктотур ва худкомае чун Абдулфаттоҳ Ассисӣ ва ё тавассути як кишвари подшоҳии муртаҷеъ (ки ҷомеаи худро тибқи қавонини қуруни вустоӣ идора мекунад), ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷаҳониён боварашон шуда, ки воқеан Ихвон як гурӯҳи “теруристӣ” будааст?!

Терурист будан, ки бо “терурист” хондан собит намешавад, балки терурист будани туро амалат ва рафторат нишон медиҳад. Бо ин ҳисоб, оё Ихвонул-муслимин, ки намояндааш бо як роҳи комилан мусолиматомез ва бо раъйи мардум (ва барои аввалин бор дар таърихи Миср) ба унвони раисиҷумҳури ин кишвар интихоб мешавад ва сипас алайҳи ӯ кудетои низомӣ сурат гирифта ва дар як рӯз ҳазорон ҳаводоронаш – ки ба хотири дифоъ аз қонун ва машрӯият гирд омада буданд – ба рагбор баста шуда ва ҳама кушта мешаванд, “терурист” аст, ва ё касе, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ва ғайримашрӯъ мунтахаби мардумро бо кудето сарнагун ва сипас зиндонияш мекунад, терурист аст?! Кадомин?!

Оё ҷаҳониён ин чизҳоро намебинанд ва намефаҳманд?! Оё ҷаҳониён дар терурист донистан ва ё терурист надонистани як гурӯҳ ва ё ҳизб, мунтазир мемонанд, то як худкома – касе мисли Ассисӣ – ва ё фарде мисли ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ӯро терурист бихонад, он гоҳ хоҳанд фаҳмид, ки он гурӯҳ “терурист”, “ифротгаро” ва “экстримист” будааст? Оё воқеан чунин фикр мекунед?!

Ин аст демагогия (авомфиребӣ), ки дар мақолаи худ такрор ба такрор ин мафҳумро дар бораи ҲНИТ ва ё Ихвон ба кор бурдаед.

Такрор мекунам, агар он мақола тавассути як нависандаи гумном навишта мешуд, ҳаргиз ниёзе барои посух навиштан намедидам, аммо касе он ҳарфҳоро навишта, ки муддаист донишманд ва “номзади улуми фалсафа” аст.

4) Робеъан, шумо дар ҷое аз мақолаи худ навиштаед: “Ҳадафи ниҳоии Ихвонул-муслимин ташкили хилофати исломӣ мебошад, ки, ба қавли пешвоёнашон Ҳасан-Ал-банно ва Саидқутб, бояд аз Испания то Филлипину Индонезия густариш ёбад.”

Аввалан, ҳадафи Ихвон – ҳамон тавре ки дар Ойинномааш омада ва шумо метавонед аз сойти расмиаш онро бихонед – ҳаргиз барпоии “хилофат” нест, балки тамоми ҳарфаш ин аст, ки кишварҳои исломӣ, аз Марокаш то Андунезӣ, дар айни ин ки ҳар кадом сохтор ва низоми махсус ба худро доранд ва ин мардумонаш ҳастанд, ки навъи сохтори кишвари худро бармегузинанд, дар айни ҳол, бояд “Иттиҳодияе шабеҳи Иттиҳодияи Урупо” ташкил диҳанд ва пулашон воҳид бошад, байни онҳо низоми раводид (визо) ҷорӣ набошад, артиши воҳиде шабеҳи НАТО дошта бошанд ва ғайра… Тамоми ҳарфашон ҳамин аст.

Хуб, оё ин бад аст?! Чаро барои кишварҳои урупоӣ ин ҳалол будааст, вале барои кишварҳои исломӣ ва мусалмонҳо ҳаром?! Куҷои ин идея нописанд аст?!

5) Хомисан, асосан шумо нигарони чӣ чизе ҳастед, ки ин ҳама сару садо роҳ андохтаед? Ин ки “ғуле” ба номи ҲНИТ вазъи “идеол”-и мавҷуд дар кишвари моро ба ҳам хоҳад зад ва ҳамаро ба “қуруни вусто” бархоҳад гардонд ва “хилофат” барпо хоҳад дошт?! Яъне, ҳукумати Тоҷикистон, мошоаллоҳ, як ҳукумати комилан демукротик аст, интихобот дар кишвари мо озод ва шаффоф баргузор мешаванд, шаҳрвандон аз озодии комил бархӯрдор ва расонаҳо дар интиқод аз сиёсатҳои ҳукумат озод ва ҳеч фасоде ҳам дар идораҳои ҳукуматӣ нест (аҳаде ришва намедиҳад ва намегирад, масалан ба миқдори як милюн дулор) ва иқтисоди воқеан олие ҳам дорем, ва хулоса, ҳама чиз рӯ ба роҳ аст, ва ҳоло нигаронии шумо аз ин аст, ки ҲНИТ, ин “ғул” ва ин “дев”, мехоҳад ин ҳамаро ба ҳам бизанад?! Оё нигаронии шумо ҳамин аст?!

Шумо чаро аз ояндае нигаронед, ки ҲНИТ дар он шояд “хилофат” барпо бисозад ва ҷомеаро ба “қуруни вусто” баргардонад, вале аз ҳоли ҳозир ва кунунии худ комилан бехабаред ва ё худро ба бехабарӣ мезанед? Ингор намебинед, ки алъон дар кишвари мо, на ин ки “хилофат”, балки “подшоҳӣ” дар ҳоли барқарор шудан аст! Подшоҳӣ, ки шоху дум надорад. Подшоҳӣ яъне ин ки дар як кишвар қудрат аз падар ба писар мунтақил мешавад, чӣ он ки номашро подшоҳӣ биномем ва ё риёсати ҷумҳурӣ ё як унвони дигар масалан “пешвоӣ”.

Оё сазовор нест одам бештар аз ҳоли ҳозираш нигарон бошад, то ояндае, ки ҳанӯз маълум нест чӣ гуна хоҳад буд?

Агар ҳунар доред, пас бисмиллоҳ, бибинем, чӣ хоҳед кард?! Оё ҷуръати инро доред, ки аз вазъи бисёр таассуфбори кунунӣ ҳам интиқод ба амал оваред ва мисли яке аз ҳамкоронатон, ки ҳозир ба қабули қонуни “пешвоӣ” нашуд, шумо ҳам ин корро бикунед?

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: