Дар дидори Ардуғон бо раҳбари Эрон чӣ гузашт? (Тасовир)

Раисиҷумҳури Туркия дар дидор бо Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, бо баёни ин ки Омрико, Фаронса ва Исроил мехоҳанд кишварҳоро дар Ховари Миёна таҷзия ва аз ин шароит ба нафъи худ баҳрабардорӣ кунанд, гуфт: “Онҳо барои Сурия низ ҳамин нақшаро доранд ва иттиҳод ва тасмими воҳиди Эрон ва Туркия дар ин хусус, бисёр муҳим аст.” Вай бо таъкид бар зарурати эҷоди як иттиҳоди қудратманд байни Эрон ва Туркия дар минтақа, гуфт: “Дар музокирот бо раисиҷумҳури Эрон дар хусуси Сурия ва Ироқ, тавонистем ба ҷамъбандӣ бирасем.”

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари раҳбари Эрон, чаҳоршанбешаб (04.10.2017) Оятуллоҳ Хоманаӣ бо Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор, Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамкории Эрон ва Туркия дар масоили муҳимми дунёи исломро бисёр муҳим ва асаргузор хонд ва бо ишора ба манофеи Омрико ва режими саҳюнистӣ аз баргузории ҳамапурсӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ, хотирнишон кард: “Омрико ва қудратҳои хориҷӣ ғайриқобили эътимод ва ба дунболи эҷоди як “Исроили ҷадид” дар минтақа ҳастанд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба мушкилоти ҷиддӣ дар ҷаҳони ислом, аз шарқи Осиё ва Миёнмор то шимоли Офриқо, гуфт: “Дар муқобили ин мушкилот, агар Эрон ва Туркия дар масъалае ба тавофуқ даст пайдо кунанд, он тавофуқ қатъан муҳаққақ хоҳад шуд ва нафъи он ба ҳар ду кишвар ва ба дунёи ислом хоҳад расид.”

Вай бо ибрози хурсандӣ аз ҳамкориҳои Эрон ва Туркия дар Иҷлоси Остона ва раванди рӯ ба беҳбуди қазияи Сурия дар асари ин ҳамкориҳо, афзуд: “Албатта масъала ДОЪИШ ва такфириҳо ба ин шакл поён нахоҳад ёфт ва ҳалли ин масъала ниёзманди як барномаи баландмуддат ва воқеӣ аст.”

Раҳбари Эрон, баргузории ҳамапурсӣ дар Курдистони Ироқро хиёнат ба минтақа ва мӯҷиби таҳдиди ояндаи он хонд ва бо ишора ба паёмадҳои дарозмуддати ин иқдом барои ҳамсоягон, таъкид кард: “Эрон ва Туркия бояд дар муқобила бо ин ҳодиса, ҳар иқдоми мумкинро анҷом диҳанд ва давлати Ироқ низ бояд дар ин қазия ба сурати ҷиддӣ тасмимгирӣ ва иқдом кунад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, “ҳамкорӣ, ҳамфикрӣ ва тасмимҳои воҳид ва ҷиддии сиёсӣ ва иқтисодӣ” аз сӯи Эрон ва Туркия дар муқобила бо ин қазияро бисёр муҳим донист ва хотирнишон кард: “Нигоҳи Омрико ва давлатҳои урупоӣ ба ин мавзӯъ, бо нигоҳи Эрон ва Туркия комилан мутафовит аст ва Омрико моил аст, ки ҳамвора як омили азияткунанда алайҳи Эрон ва Туркия дар ихтиёр дошта бошад, бинобар ин ба омрикоиҳо ва урупоиҳо ва мавозеъи онҳо ба ҳеч ваҷҳ наметавон эътимод кард.”

Раҳбари Эрон, хитоб ба раисиҷумҳури Туркия афзуд: “Ҳамчунон, ки ишора кардед, аз ҳаводиси ахир дар дараҷаи аввал режими саҳюнистӣ ва баъд аз он омрикоиҳо суд мебаранд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба талоши душманон барои машғулсозии Эрон ва Туркия ва дур кардани ду кишвар аз масоили муҳимми минтақа афзуд: “Қудратҳои хориҷӣ ва ба вежа режими саҳюнистӣ ба дунболи эҷоди як “Исроили ҷадид” дар минтақа ва ба вуҷуд овардани василае барои ихтилоф ва низоъ ҳастанд.

Вай таъкид кард: “Бояд бо нигоҳе баландмуддат ва роҳбурдӣ ба қазоёи ахир, тасмимоти ҷиддӣ ва сареъ гирифт ва дар қолаби иқдоми воҳид, бо ин мавзӯъ муқобила кард.”

Дар ин дидор, ки Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон низ ҳузур дошт, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия бо таъкид бар лузуми эҷоди иттиҳоди қудратманд байни Эрон ва Туркия дар минтақа, гуфт: “Дар музокирот бо раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси Сурия ва Ироқ тавонистем ба ҷамъбандӣ бирасем.”

Раисиҷумҳури Туркия бо ишора ба лузуми иқдомоти муштарак ва ҳамзамони Эрон, Туркия ва Ироқ дар масъалаи Курдистони Ироқ гуфт: “Бар асоси аснод ва шавоҳиди ғайриқобили инкор, Омрико ва Исроил дар хусуси масъалаи Курдистон ба як тавофуқи куллӣ расидаанд ва Боризонӣ бо баргузории ҳамапурсӣ, хатои ғайриқобили бахшиш муртакиб шуд.”

Ардуғон бо баёни ин ки ба ҷуз Исроил, ҳеч кас Курдистони Ироқро ба расмият нашнохтааст, гуфт: “Ҳамсоягони Ироқ қатъан наметавонанд ин тасмимро қабул кунанд, бинобар ин масъулони Курдистони Ироқ аз ин пас қадаме наметавонанд бардоранд ва роҳи раҳоӣ нахоҳанд дошт.”

Раисиҷумҳури Туркия бо баёни ин ки Омрико, Фаронса ва Исроил мехоҳанд кишварҳоро дар Ховари Миёна таҷзия ва аз ин шароит ба нафъи худ баҳрабардорӣ кунанд, хотирнишон кард: “Онҳо барои Сурия низ ҳамин нақшаро доранд ва иттиҳод ва тасмими воҳиди Эрон ва Туркия дар ин хусус бисёр муҳим аст.”

Тасовире аз ин дидор:

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: